Имруз барои торнигористони точикй рузи хуше нест. Точвар, гардонандаи пурхонандатарин торнигори точикй бо як падруди андухгин аз кор дар Андеша даст кашидааст. Коре, ки чуз хуни дил хурдан ачри ошкоре надорад, аммо ачри пинхони он таваччухи фарогири чавонони Точикистон ба торнигорхо, ба вижа Андеша, ва торнигорсозй буд. Точвар мегуяд, вазъи саломаташ хуб нест ва тахдидхои фаровон имкони идомаи корро намедихад ва аз ин ба баъд карор аст Рустами Субхонй чойгузини Точвар шавад ва матолиби сирфан хунарию фархангй бинависад.
Албатта, чои хушй бокист, ки Андешае, ки Точвар барафрухта буд, хамчунон фурузон хохад монд ва чароги хидоятро ба сарзамини тираи фархангу хунар хохад бурд. Аммо канорагирии Точвар мояи нигаронии жарфи хонандагони Андеша хохад шуд. Пурсишхои бешумор хаводорони ин торнигорро озор хохад дод, ки акнун Точвар дар чй шароите вазъиятест ва он тахдидхо то кучо чиддй будаанд, ки дастрасй ба матолиби Андеша хам махдуд шудааст.
Анкабути чомеъаи Точикистон дар берун аз марзхои он хам тор танидааст, ба гунае, ки дар хеч гушаи чахон як шахрванди кишварамон наметавонад ба дур аз изтироби паёмадхои баёни харфи сареху сахехаш чизе бигуяд. Ин дардноктарин мавриди иттифокест, ки бо Андеша уфтод. Агар карор аст шамъхои заъифе, ки дар гушахое аз торонаи Интернет равшан шудаанд, ба хамин шева якояк камнуртар шаванд, чи гуна метавон шамъи умед ба ояндаи равшанро фурузон нигох дошт?
Албатта, пардохтан ба масоили фархангу хунар хам коре бунёдин аст ва гохо метавонад дигаргунихоеро ба армугон оварад, ки хеч навъ мабхаси сиёсй кодир ба анчомаш нест. Агар фарханги мардум ислох шавад ва рухияи бардагй чои худро ба рухияи озодманишй дихад, сиёсат хам худ ба худ ислох хохад шуд ва хукумактхои бехтаре аз мардуми мо намояндагй хоханд кард. Мухим он аст, ки ба масоили решаии фарханг бипардозем, то зиштии фарханги хокими имруз нахуст собит ва сипас ислох шавад. Фарханге, ки маълул ё натичаи садсолахои саркуби мардуми мост, ки мунчар ба бардахуии фарогир шудааст.
Ба Точвари гаронмоя, хар чои дунё ки хаст, орзуи офияти зудрасро мекунам ва умедворам хеч газанде ба пайкару равони шарифаш ориз нашавад ва ба зудй дубора ба чамъи мо бипайвандад. Умедворам Рустами Субхонй ба хубии Точвар мурокиби машъали Андеша бошад ва дар болотар бурдани чойгохи он ба монанди Точвар бикушад.
Поянда бод Андешасарои Точвар!
No comments:
Post a Comment