Monday, August 11, 2008

First Bronze Medal

Нахустин медоли брунз

Дуруду офарин бар Расул Бокиев, ки дар мусобикоти чуду (дзюдо) дар бозихои Улампики Пекин бо пирузй бар Дирк ван Тишеле - пахлавони белжикй барои Точикистон ифтихор офарид ва медоли брунз ба даст овард!

Расул Бокиеви 25-сола (зодаи 29 септомбри 1982) аз чехрахои барчастаи варзиши Точикистон аст. Вай дар соли 2005 дар мусобикоти кахрамонии Осиё дар Тошканд низ дар вазни 73 кг. медоли брунз бурда буд.

Рузи 28 февриеи 2008 Расул аз миёни 56 ширкаткунандаи мусобикоти Абарчоми Чахони Отто барандаи макоми севвум шуд ва 7-8 жуан (июн)-и имсол дар мусобикоти байнулмилалии чудуи Торри дар Итолиё баранда шуд ва бо медоли тило ба Точикистон баргашт. У соли гузашта дар мусобикоти Чоми Чахонии Будопест (Будапешт) хам барандаи медоли тило шуда буд.

Вай дар мусобикоти як чахоруми нихойии бозихои Улампики Пекин Си Ричигава - пахлавони чуду (дзюдо) аз кишвари мизбон (Чин)-ро шикаст дод ва ба мусобикаи ниманихойи рох ёфт. Аммо ин бор аз ракибаш Ванг Ки-чин аз Куреи Чанубй шикаст хурд ва медоли брунз ба даст овард.

Ин нахустин медоли варзишкорони Точикистон дар мусобикоти улампик аст.

Акси боло баргирифта аз BBC

13 comments:

Anonymous said...

Umrat darozu khushhol bod!
Sad tashakkur!!!

Anonymous said...

Dorood
Khabare besyar shad konandeyi bood . be omide be dast amadane neshanhaye khoshrangtar .
Shad bashed .
Mohammad hoseyn

Anonymous said...

Дар торнигори худ менависед “медоли брунз”. Магар точикии “нишони биринчй” чй бадй дорад ва магар аз “медоли брунз” ба маротиб бехтар нест?

Охир набояд забонро аз эронихое омухт, ки худ турканд ва ин забон барояшон хоричист. Ё ман иштибох мекунам ва мо бояд хар чизе ки эронихо гуфтаанд хамчун асл кабул кунем.

Шариф

D said...

Шарифи гиромй.

Бисёр сипосгузорам аз ин пурсиши мантикии шумо, чун худи ман хам мехостам ба бахонае дар ин бора чизе бигуям.

На, ин таклиди куркурона аз хамзабонони бурунмарзй нест, албатта, балки талош барои корбурди дурусти вожахо ва мафхумхост. «Брунз» ва «биринч» хар ду филизанд, аммо аз якдигар тафовути асосй доранд, аз ин ру ин ду вожа наметавонанд чойгузини якдигар шаванд.

Брунз омеза ё олёже (сплав) аст аз мис ва калъ (олово), алюминиюм, кремний ва бериллий, ба истиснои руй (цинк) ва никел. Дар холе ки биринч (арабишудаи вожаи порсии «пиринг») омезаест аз хамон таркибхое, ки дар брунз вучуд надорад – яъне олёжи мису руй (цинк) ва гохо сурб. Бино ба Фарханги Муъин, аз биринч абзорхои мухталифе монанди самовар ва синй (лаълй) месозанд. Дар холе ки брунз, он тавре ки медонем, бисёр гаронбахотар аст.

Дар забонхои дигар хам брунз ва биринч ду вожаи мутафовитанд. Дар инглисй «брунз» хамон bronze аст (баргирифта аз bronzo-и итолиёйи) ва «биринч» brass аст. Дар забони русй ин вожа хо ба тартиб «бронза» ва «латунь» хастанд. Дар Википедиёи русй таърифи ин ду вожаро мехонем:

Бро́нза (название от Брундизи - городка, из которого в Рим привозили медь) — сплав меди с оловом, алюминием, кремнием, бериллием и другими элементами, за исключением цинка и никеля.
Латунь — сплав, состоящий из 60,5—97 % меди и 3—39,5 % цинка.
Ба чои вожаи фарангии «bronz» дар забони порсй гохо аз муъодили тозй (арабй)-и он (мифраг) кор мегиранд. Ва ба «биринч» дар Эрон хам «биринч» мегуянд, сарфи назар аз ин ки «турк»-анд ё порс. Бо ин ки ман дидгохи шумо дар бораи «турк будан»-и «эрониён»-ро чизе чуз як шухй намедонам. Мутмаиннам, шумо хам хуб огохед, ки озарихо турктабор нестанд, балки туркизабонанд. Ва имруза озариёни Эрон беш аз пеш дар холи бозгашт ба асли эронии худ хастанд.Навиштахои Ахмади Касравй – аз бузургмардони озарии Эрон дар бораи забону кавми озарй ин мавзуъро пур равшан кардааст.

Поянда бошед.

Anonymous said...

Абарчом, калимаи зебо а

D said...

Оре.

Фикр мекунам, нахустин касе, ки онро ба кор бурд, footballtj-и гиромй буда бошад;)

Anonymous said...

Muhim nest, ki nakhustin userash ki bud, muhimtar pazirishi on ba zaboni forsist,

ajib ast, eroniho chi megufta boshand ba SuperCub?

Didam, ki dar bakhshi forsii somonai Konfederosyuni futboli Osiyo va dar somonai federosyuni futboli Afghoniston Challenge Cub menavisand bo khatti forsi.

Radioi Ozodi niz bo tarjuma az rusii "Kubok Vizova" onro jomi Da'vat meguft va az Ozodi in iboraro Asiaplusi tojiki niz girift.

FutbolTJ onro Jomi cholish guft, ki ma'noan ba Challenge Cub durusttar meoyad va ham gushnavoztar az Da'vat ast, va BBC Tajikistan niz Jomi cholish istifoda burd,

D said...

Чоми Чолиш ва Абарчом танхо вожахоест, ки ба махзи шунидани муъодилхои инглисии он ба зехни як фарди огоху бархурдор аз забони порсй мерасад. Мухим нест дигарон чй мегуянд. Хамин вожахои порсй ба зудй дар хама чо чо хохад уфтод.

Anonymous said...

Turki purki megenu khudi qahramonaton ham uzbakai ku.

D said...

Агар ба баъзехо ичоза бидихй, бахши аъзами чамъияти Точикистонро узбак хоханд гуфт ва дар хуввияти худашон хам шакк хоханд кард. Расул Бокиев точик аст.

Anonymous said...

Директор филиала ОАО «Точиксодиротбонк» столичного района Сино Муллоёр Ёров объявил о намерении открыть Фонд имени Расула Бокиева, первого и пока единственного олимпийского медалиста в истории независимого Таджикистана.

По его словам, на имя таджикского дзюдоиста уже открыт банковский счет в филиале ОАО «Точиксодиротбонк» в районе Сино. На днях решится вопрос о создании Фонда имени Расула Бокиева.

«Мой первоначальный взнос на этот счёт составляет 300 сомони, - отметил М. Ёров. - Я надеюсь, что таджикский народ последует моему примеру и вознаградит, по возможности, настоящего патриота, завоевавшего бронзовую медаль на Олимпийских играх в Пекине».

Банкир также сообщил, что любой гражданин Таджикистана, а также другие желающие, проживающие за рубежом, могут внести свой вклад на счет спортсмена-олимпийца Р. Бокиева.

Реквизиты: Филиал ОАО «Точиксодиротбонк» в р-не Сино г. Душанбе, ул. Маяковского 89, ИНН: 040025587, МФО: 350101216, К/с.20402972312161, Р/с.22602972600000000021, Тел: 600 41 68 600 41 62, Клиент: Бокиев Расул В/сч: 20206840311000032290, Р/сч: 20202972911000032290

Далер Гуфронов, Asia-plus

Anonymous said...

Nagufted, ki eroniho Supercubro chi meguyand,

D said...

Мутаваччех набудам, ки чунин пурсише хам буд. Пузиш.

Дар Эрон ба он "Чоми бартар" мегуянд, ки он хам писандида аст.