Равони кухани Эрон. Бахши 2
Маргарит дел Гидис
(National Geographic; August 2008)
Чугрофиё, яъне сарнавишт
Ба ростй, бахши азиме аз торихи Эрон огуштаи чангу хунрезихо, юришу тачовузхо ва шаходатхост. Дар дахаи 1980 хам писарони навчавоне, ки калиди плостикии дари бихиштро ба гардан овехта буданд, бо далерй дар майдонхои мингузоришуда рох мерафтанд ва минрубй мекарданд. Далели аслии ин сарнавишти пурходиса мавкеъияти чугрофиёии Эрон аст. Агар руи накша аз дарёи Миёназамин (Медитароне) то Пекин ё аз Пекин то Кохира ё аз Порис то Дехлй хат бикашид, дар хар се холат он хатхо аз руи Эрон хоханд гузашт. Эрон минтакаест, ки дар он Ховару Бохтар ба хам меоянд. Тайи 26 сада аст, ки дар ин минтака соишу омезиши тамаддунхо чараён дорад – тичорат, доду ситади фархангй, бархурдхо – ва Эрон дар калби ин хаводис аст.
Афзун бар ин, сарват ва мавкеъияти рохбурдй (стротежик)-и кишвар боъис шуда, ки мухочимони зиёде онро ишгол кунанд; импротурии Эрон борхо по гирифту сукут кард ва дигарбора по гирифт, ки созандагонаш Хахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён буданд. Саранчом ин импротурй ба хок нишаст. Мухочимон туркхо, Чингизхон ва мугулхо ва мухимтар аз хама, кабилахои араб буданд. Арабхо, ки таъассуби кеши навини ислом барояшон неру медод, дар садаи хафтуми мелодй импротурии бостонии Эронро барои хамеша забун карданд. Давраи шавкату шукухи ислом огоз гирифт, ки ошкоро эронй (порсй) буд. Тавсеъаи арабхо яке аз фавкулъодатарин чунбишхои навъи башар дар торих ба шумор меояд. Эрон рохи сахтеро паймуд. Аз он замон то кунун эрониён хамвора кушидаанд ба гунае хуввияти худро хифз кунанд ва аз дигар мусалмонон ва аз чахони араб мутамоиз бошанд. Юсуфи Мачидзода, як бостоншиноси барчастаи эронй, мегуяд: «Эрон бисёр бузургу бисёр бостонист, аз ин ру калбу зехну хуввияти мардуми ин сарзамин ба осонй тагйир нахохад кард.»
Барои намуна, онхо дуст доранд бигуянд, ки вакте мухочимон ба Эрон омаданд, натавонистанд эрониёнро ба худашон табдил кунанд, балки баръакс, худи мухочимон эронй шуданд. Гуфта шудааст, ки фотехони Эрон худашон хуввияти эрониро пазируфтаанд. Масалан, Искандар пас аз вайрон кардани Эрони шикастхурда фарханг ва шеваи кори идории эрониёнро кабул кард, бо духтаре эронй (Рухшона) издивоч кард ва ба хазорон тан аз сарбозони худ хам дастур дод, ки ба таври дастачамъй арусй кунанд. Эрониён ифтихори фаровоне доранд, ки тавонистаанд абъоди созгори фарханги мухочимонро бипазиранд, бидуни ин ки фарханги асили худро аз даст дода бошанд. Пойбандй ба фарханги худй дар калби хуввияти эронй карор дорад.
Ба Оротто хуш омадeд
Кухантарин гузоришхо дар бораи сукнои одамон дар Эрон ба дастикам 10 хазор сол пеш бармегардад ва номи кишвар баромада аз номи кавми Ориёст, ки худуди соли 1500 пеш аз мелод ба ин минтака куч карданд. Лояхои тамаддун, ки дар даххо хазор махалли бостоншинохтй мадфун аст, хануз ба куллй ковиш нашудааст. Яке аз ёфтахои тоза, ки дар соли 2000 дар канори шахри Чируфт кашф шуд, бар зарабони калби мардум афзуд. Дар он сол обхези руди Халил дар чануби шарк хазорон гури куханро аз зери хок берун овард. Дар ин махал тоза шаш мавсими ковиш (хаффорй) анчом шуда ва хануз чизи зиёде ба даст наомадааст. Аммо шумори андаке аз ашёи бостонии ёфтшуда ба хадди кофй барангезанда аст (аз чумла сари брунзии як тандиси буз, ки шояд 5000 сол кидмат дорад) ва акнун ин эхтимол матрах шудааст, ки шояд Чируфт яке аз нахустин марказхои тамаддуни муъосир бо тамаддуни Байнанахрайн буда бошад.
Бостоншинос Юсуф, ки аз хибрагони бостоншиносии хазораи севвуми пеш аз мелод аст, ин ковишро рахбарй мекунад. Вай дар гузашта раиси шуъбаи бостоншиносии Донишгохи Техрон буд, аммо пас аз инкилоб шуглашро аз даст дод ва ба Фаронса накли макон кард. Вай мегуяд, бо гузашти замон «авзоъ иваз шуд.» Алока ба бостоншиносй дубора зинда шуд ва аз у хостанд, ки баргардад ва ковиши Чируфтро рахбарй кунад. Юсуф мепиндорад, ки шояд ин махал хамон сарзамини афсонаии «гумшуда»-и Ороттои асри мифраг (биринчй) аст. Дар ривоятхо омадааст, ки чунин сарзамине бо пешаву хунархои шигифтангезе вучуд дошта ва хамин хунархо ба Байнанахрайн рох ёфтаанд. Аммо то кунун дар ин бора шавохиде ба даст наомадааст ва дигар донишмандон дар дурустии ин ривоят шак доранд. Чи чизеро бояд пайдо кард, то казия ба куллй равшан шавад? У орзумандона табассуме карду гуфт: «Чизе ба монанди як токи мунаккашро бояд ёфт, ки руяш ин чумла хак шуда бошад: «Ба Оротто хуш омадед.»
Дурнамои анчоми хаффорихои бештар дар хазорон махалли дастнахурдаи дигар хеле умедворкунанда нест. Дар Эрон кимати гушт боло рафтааст, фурсатхои иштиголй андак аст, девонсолорй (бюрократия) печидаву нуфузнопазир ва бекифоят аст ва фасоди давлатй (он гуна ки се тан бароям тавсиф карданд), як «рози ошкор», «бадтар аз хар замони дигар» ва «ниходинашуда» аст.
Юсуф мегуяд: «Кишвар ниёзхои фаровоне дорад ва табъан, бостоншиносй ниёзи аввалияи он нест. Аммо аз замоне ки Чируфт кашф шуд, хамаи устонхои дигар низ ба хаффорихои бостоншинохтй алока зохир мекунанд ва хар шахраки кучаке мехохад ба монанди Чируфт дар чахон шинохта шавад. Онхо ифтихор мекунанд ва дар ин миён ракобат хам хаст.»
Юсуф ба хушй ба сандалии чармине дар дафтари ношираш лам дода буд (такя зада буд) ва донахои рези ангури сабзро мечавиду тааммул мекард, ки чаро эрониён ин гуна хастанд. Ба назари у, беш аз хар чизи дигаре омили чугрофиё дар ин маврид накш доштааст. Чун бегонагон пушти сари хам ба ин кишвар юриш мебурданд ва «эрониён ба кучо бояд панох мебурданд – ба биёбон? Чои дигаре набуд, ки сарпанохашон шавад.» Дар натича онхо мондагор шуданд, бо мухочимон канор омаданд, тазохур ва таъоруф карданд. «Дарахти ин чо решаи дарозе дорад.»
Равони кухани Эрон. Бахши якум
2 comments:
Navishtahoi ajib va jolibkunanda. Yak khato, Ruhshona ironi nabud, dar ba'ze sarchashmaho dukhtari bokhtarist va dar digare dukhtari sughdist, ki hargiz ironi ne balki turonist.
Дуруст аст. Голибан Рухшона дар осори торихй сугдй унвон шудааст. Аммо он замон Искандар ба Сугд на, балки ба импротурии Эрон хамла карда буд ва Сугд хам порае аз Эрон ба шумор меомад. Гузашта аз ин, сугдиёну бохтариён чи аз руи забон ва чи аз лихози нажод эронй буданд. Турон як таъбири устурайист ва харгиз дар чугрофиёи дунявй мо сарзамине бо номи "Турон" надоштем.
Post a Comment