Равони кухани Эрон
Маргарит дел Гидис
(National Geographic; August 2008)
Чизе, ки дар вайронахои Тахти Чамшед дар чануби Эрон такондиханда аст, набуди хушунат дар тасвирхои бокимонда руи деворхои он аст. Тахти Чамшед пойтахти импротурии Эрон аст, ки тавассути Искандари Макдунй тасхир шуд ва ба коми оташ рафт. Дар миёни деворнигорахо сарбозонро хам метавон дид, аммо онхо намечанганд: чангафзор хам доранд, аммо он хам дар гилоф аст. Дар вокеъ, дар Тахти Чамшед бештар нишонахое ба чашм мехурад, ки хокй аз чанбаи инсонии руйдодхои ин чо дар даврони кухан аст – мардумони гуногун аз манотики мухталиф ба таври мусолиматомез гирди хам меомаданд ва дар холе ки дасте дустона ба шонаи фарди багалдастй гузошта буданд, армугону хадяхо хамл мекарданд. Дар давроне, ки вахшигарй дар он ривоч дошт, зохиран Тахти Чамшед махалли нисбатан орому чахоншумул (космополитан) буд. Ва барои бисёре аз эронихо бокимондахои Тахти Чамшед ёдовари мухайиче аз хуввияту корномаи пешиниёнашон аст.
Торихи мактуби кишвар худуди 2500 солро фаро мегирад ва мархилаи ахири он поярезии Чумхурии Исломии Эрон аст, ки дар паи инкилобе дар соли 1979 шакл гирифт. Инкилобе, ки ба хидояти рухониюни мухофизакор рох уфтод ва Шохи мавриди химояти Бохтарзаминро берун андохт. Низоми Эрон нахустин яздонсолорй (теукросй)-и машрута махсуб мешавад ва озмоиши бузургест: Оё дар кишваре чун Эрон метавонанд киддисхое ба таври корсоз хоким бошанд, ки касд доранд навъи ифротии исломро бар мардуми гарк дар гузаштаи гании порсй тахмил кунанд?
Эрон як импротурии кишваргушо буд, аммо аз чихоте хам он яке аз тамаддунхои бошукухтар ва накукортари чахони бостон ба шумор меояд. Барои ман чолиб буд бидонам, ки мардуми Эрони имруз дар мавриди он бахш аз торихашон ва тасвирхои бозмонда руи хошияи ороишии Тахти Чамшед чй хиссе доранд. Аз ин ру ман барои кашфи маънии «порсй» барои эрониён рохии Эрон шудам. Сафари ман замоне иттифок уфтод, ки чомеъаи чахонй аз эрониён фосила гирифта буд, фарханги онхо дар синемои гарбй барбарона тавсиф мешуд ва рахбарони онхо, ки ба «теруристони дижхим дар остонаи дастёбй ба бумб» ташбех мешуданд, бо Вошингтун ба пархоши лафзии физояндае пардохта буданд.
Дар вокеъ, наметавон хуввияти эрониро як чизи мушаххасу вохид донист. Дар кул, бахше аз хуввияти эронй порсист, бахше исломй ва бахше хам гарбй ва танокузхо дар саропои он вучуд доранд. Вале метавон гуфт, як навъ хуввияти порсие хаст, ки хеч рабте ба мазхаби ислом надорад ва дар айни хол бо фарханги исломй даромехтааст. (Гувохи ин иддаъо фарохони муаззин ба намоз аст, ки аз баландгухои перомуни Тахти Чамшед садо медихад ва ба мехмонон ёдоварй мекунад, ки мизбонашон на танхо як шохигарии порсист, балки чумхурии исломй хам хаст.) Ин достони он даста аз эрониёнест, ки хануз, дастикам то андозае, пайванди худро бо решахои бостонии худ хифз кардаанд. Шояд созу рехте хазоронсола дар ташаккули таркиби кунунии ин минтака сахм доштааст, ки акнун аз догтарин нукоти чахон аст. Оё осори сиришти зиндагидустонаи эронй (май, ишк, шеъру шоъирй, созу овоз) дар бофтаи пархезу такво, тоъату ибодат ва эътикод ба сарнавишт, ки маъмулан ба ислом мансуб мешавад, нухуфта аст? Ба монанди як барномаи сиррии роёнайи (компютерй), ки бесарусадо пушти сафха кор мекунад?
Зинда мондан ба шеваи эронй
Техрон – пойтахти Эрон як бузургшахри хаячонангез бо хавои олуда аст, ки дар доманаи кухи Албурз орамидааст. Бисёре аз сохтмонхои он бо очурхо (хиштхои пухта)-и рези кахваии равшан сохта шудаанд ва бо милахои оханй истехком ёфтаанд. Тарокуми сохтмонхо ба хадде зиёд аст, ки гуйи яке аз даруни дигаре берун омадааст. Дар бархе чохо тарххои чадиди сохтмонй ва поркхои дар холи сохт миёни ин бинохо фосила гузоштаанд. Хануз бархе богхои зеборо метавон ин чо дид, ки аз мероси фархангии Эрон аст. Ва богхои хусусй хам хастанд, бо дарахтхои мева ва фавворахо, истахр (хавз)-хои мохй ва мургдонихо, ки пушти деворхои очурй пинхонанд.
Дар давраи икомати ман дар Эрон ду донишвари омрикоии эронитабор, ки барои боздид бо хонаводахояшон ба кишвар баргашта буданд, ба заминасозй барои як инкилоби махмалй алайхи давлат муттахам шуданд ва дар боздошт ба сар мебурданд. Саранчом онхо озод шуданд. Аммо дар Иёлоти Муттахида одамон аз ман мепурсиданд, ки оё дар Эрон хисси биму хатар ба ман даст надода буд, ки мабодо худи маро хам пушти милахои зиндон биандозанд.
Вале ман дар Эрон як мехмон будам. Ва як мехмон дар Эрон болотарин макомро дорад, ширинтарин тиккаи мева насиби уст, рохаттарин чои нишаст вижаи уст. Ин хам бахше аз як ханчор (систем)-и печидаи назокати урфист, ки дар Эрон ба он «таъоруф» мегуянд. Бар зерлояи зиндагй дар Эрон таъоруф хоким аст. Мехмоннавозй, арзи эхтирому алока, умури хонаводагй, гуфтушунудхои сиёсй... Таъоруф як низомномаи нонавишта дар бораи чигунагии рафтори одамон бо якдигар аст. Решаи ин вожа «арафа»-и тозй (арабй) аст, ки ба маънии донистан ё касби дониши чизе ба кор меравад. Аммо, ба гуфтаи Вилём О. Биман, инсоншиноси забонй (linguistic anthropologist) аз Донишгохи Миннесота, иде (идея) ё ангораи таъоруф – ба маънии камарзиш чилва додани худ ва бузургнамоии дигарй – асолати эронй дорад. У таъоруфро «талош барои дасти поин» (дар баробари дасти болои каси дигар) тавсиф кард. Аммо ин талош ба сурати бисёр фохиру зебо сурат мегирад ва дар чомеъаи силсиламаротибй (иерархй)-е чун Эрон ичоза медихад, ки «хамаи мардум, баръакс, дар макоми баробар карор бигиранд».
Ман хар чо ки мерафтам, мардум гирди ман парвона мешуданд ва мехостанд мутмаин шаванд, ки ман ба чизе ниёз надорам. Аммо гохо онхо метавонанд ба хадде саргарми талош барои хушнуд кардани шумо шаванд (ё чунин вонамуд кунанд) ё то хадде пули шуморо рад кунанд (ё чунин вонамуд кунанд), ки хостаи вокеъишон пинхон мемонад. Дакоики зиёде бо хондани зехни тараф мегузарад ва гуфтугуи сабуку бемаънии тулоние миёни тарафхо радду бадал мешавад, бо илтимосу истидъохову радду такрорхо, то саранчом хакикат ошкор шавад.
Нармию мулоимат ва самимияти зохирй дар айни пинхон доштани эхсосоти вокеъй – яъне тазохури мохирона – авчи таъоруф ва сармояи бисёр пурарзиши ичтимоъй ба шумор меояд. Як зиндонии сиёсии пешини эронй, ки акнун дар Фаронса зиндагй мекунад, гуфт: «Шумо (дар Эрон) манзури худ ё хуввияти ростини худро харгиз нишон намедихед. Яъне бояд мутмаин бошед, ки хатари бехифозу бепарда мондан шуморо тахдид намекунад. Зеро торихи мо саросар пур аз хатар будааст.»
(Дунбола дорад)
Бахшхои пасин:
Равони кухани Эрон. Бахши дуввум
Равони кухани Эрон. Бахши севвум
Равони кухани Эрон. Бахши чахорум
2 comments:
Дарвеши гироми, сухан ки дар бораи National Geographic расид, пас метавонистед лутфан дар бораи барномаи вижаи он мавсум ба National Genographic project ба мо маълумоте диҳед.
Гуе ки бо озмоиши Y chromosome одам мешавад ҳуввияти уро фаҳмид ва ба ин ё он қавму миллат мансуб доштанашро исбот кард.
Пажуҳишгарони женетик ё наслшинос ҳамин тавр мегуянд ки қабилаҳои ориёи дар Украина ва Руссияи имруза ба вуҷуд омада ба Аврупо, Ҳиндустон ва Осиёи Марказиву Эрон паҳн шудаанд.
Беноми гиромй (лутфан моро бо донистани номи мустаъоре мушарраф кунед).
Пас аз интишори кулли матлаб ба ин мавзуъ хам ки ишора кардаед, хохем пардохт. Харчанд радёбии зоту нажод дар асри кунунй ба назарам кори бехудаест. Чун саранчоми чустучухои хар насли башаре, бино ба ёфтахои марбут ба Y-chromosome, боз хам ба Офрико хохад анчомид. Аммо мешавад донистахои имрузй дар ин бораро мурур кард.
Post a Comment