Равони кухани Эрон. Бахши 3
Маргарит дел Гидис
(National Geographic; August 2008)
Дилтангй барои абаркудрат будан
Чизе, ки аз даврони бостон барои зехни эронй ба мерос мондааст ва хамвора ба нахве буруз кардааст, пиндори зер аст: Мафхумхои озодй ва хукуки башар эхтимолан зоидаи зехни андешаварзони клоссики юнонй нест, балки хостгохи онхо Эрони дахаи шашуми мелодист. Замоне ки Куруши Бузург импротурии Хахоманишии Эронро бунёд ниход ва онро ба бузургтарин ва тавонмандтарин шохигарии руи замин табдил кард. Куруш, ки бо далерй ва сиришти некаш машхур аст, дар миёни корхои дигаре, ки анчом дод, яхудиёни дарбанди Бобилро дар соли 539 пеш аз мелод рахо кард, онхоро бозпас ба Байтулмукаддас фиристод ва барояшон пул дод, то маъбадхои вайроншудаи худро бозсозй кунанд. Бад-ин гуна Куруш тавонист чизеро бисозад, ки нахустин импротурии дорои тахаммули мазхабй ва фархангй дар чахон унвон шудааст. Саранчом ин импротурй беш аз 23 кавму миллати мухталифро дарбар гирифт, ки дар осудагй зери парчами як давлати марказй дар Посоргод мезистанд. Ин шохигарй дар авчи кудрати худ, дар замони Дориюш – вориси Куруш аз дарёи Миёназамин (Медитароне) то руди Синд доман густард.
Аз ин ру хелехо истидлол кардаанд, ки Эрон нахустин абаркудрати чахон будааст.
Саъиди Лайлоз, тахлилгари масоили иктисодй ва сиёсй дар Техрон мегуяд: «Мо дучори як навъ дилтангй барои дубора расидан ба макоми абаркудрати чахон шудаем. Баландпарвозихои хастаии кишвар хам мустакиман бо ин орзу пайванд дорад.» Сархатхои ошно: Як гузориши дастачамъии созмонхои чосусии умдаи Иёлоти Муттахидаи Омрико (зери унвони Арзёбии Иттилоъоти Миллй) мохи десомбри гузашта ба натичае расид, ки барномаи тахти назари артиши Эрон барои тавлиди чангафзори хастайи соли 2003 мутаваккиф шудааст. Эрон хамчунон ганисозии урониюмро идома медихад ва исрор мекунад, ки касд дорад танхо барои неругоххои хастаиаш сухт тавлид кунад, аммо урониюми башиддат ганишуда аз ачзоъи калидии як бумби хастайи хам хаст. Созмони Милали Муттахид ба унвони як икдоми боздоранда алайхи Эрон тахримхои иктисодии физоянда вазъ кардааст. Аммо Махмуди Ахмадинажод – раисичумхурии мухофизакори тундрави Эрон, на танхо таслими тахримхо нашудааст, балки хамчунон дар бораи Исроили мучовир изхороти тахдидомез пахш мекунад, мункири вукуъи Хулукост аст ва, ба гуфтаи макомоти омрикойи, ба шибхинизомиёни тундрав дар Ирок, ки алайхи нерухои ирокй ва омрикойи мечанганд, таслихоту мухиммоти чангй мефиристад.
Саъиди Лайлоз як марди баланду борику оростаи айнакист, ки остини охории пероханашро се то (катъ) ба боло зада ва дар опортмони шику бошукухаш канори як чароги шабехи тутии кокулсапед нишаста ва мегуяд: «Замоне масохати кишвар се баробари чизе буд, ки акнун хаст ва барои беш аз хазор сол ин сарзамин як абаркудрати собит буд.» Дар вокеъ, рузгоре ин импротурй Ироку Покистону Афгонистону Туркманистону Узбакистону Точикистону Туркияву Урдуну Кибрису Сурияву Лубнону Исроилу Мисри имрузй ва минтакаи Кафкозро дар бар дошт. Лайлоз мегуяд: «Марзхо таи садсолахо чобачо шудаанд, аммо гурбати як абаркудрат, ки бо вокеъият мунофот дорад, сари чои худ бокист. Ин хама ба хотири торих аст.»
Дар пойбасти ин бовар хам боз Куруш карор дорад, ба вижа чизе, ки Устувонаи Куруш хонда мешавад, ки шояд мутаъолтарин ва сутудатарин сохтаи мутаъаллик ба фарханги Эрон аст, ки акнун дар Музеи Бритониё дар Ландан махфуз аст. Навиштаи руи ин устувона руи девори макарри Созмони Милал дар Нйу Йурк хак шудааст. Устувонаи Куруш монанди як чуби зуррат (чуворимакка) аст, ки аз хоки рус (хоки кузагарй) сохта шудааст. Руи он ба хатти мехй фармони Куруши Бузург омадааст, ки баъдан нахустин эъломияи хукуки башар унвон шуд. Ин эъломия худуди ду хазор сол пеш аз эъломияи Магна Карта (нахустин конуни салтанатии Инглис, ки шохро хам мутеъи конун мекард) иншо шудааст. Онро метавон фарохоне барои озодии мазхабй ва кавмй таъбир кард. Фармони Куруш бардадорй ва хар навъ зулму ситам ва гасби амвол ба зур ё бидуни пардохти гароматро манъ мекард. Он ба ачзоъи импротурй хакки интихоби тобеъият аз точу тахти Куруш ё тарки импротуриро такдим мекард. Дар ин катиба омадааст: «Ман харгиз бо тавассул ба чанг хукумат намекунам.»
Ширини Ибодй, вакили мудофеъи эронй ва барандаи чоизаи сулхи Нубел дар соли 2003 мегуяд: «Барои ин ки Эронро бишиносед ва дар вокеъ, чй будани Эронро бидонед, кофист, ки катибаи Курушро бихонед.» Мо дар опортмони у дар маркази Техрон нишаста будем; дар як дафтари зеризаминй, ки бо кафасахои чубию шишайи музайян буд. Даруни яке аз ин кафасахо нусхаи заррини рези устувонаи Куруш дохили як коби шишайи махфуз буд. Ширини Ибодй чаъбаро тавре руи дастони ман гузошт, ки гуйи кудаки навзодеро ба ман медод. У гуфт: «Эрон корномахои азими бисёреро хамсанги азамати ин устувона бар лавхи торих сабт кардааст, аммо чахон аз онхо огох нест. Дар хорич мардум таъаччуб мекунанд вакте ба онхо мегуед, ки 65 дарсади донишчуёни мо зан хастанд. Ё вакте онхо наккошихо ва меъмории эрониро мебинанд, шигифтзада мешаванд. Онхо дар бораи як тамаддун бар мабнои шунидахои 30 соли ахирашон казоват мекунанд.» 30 соли ахир, ки шохиди инкилоби исломй, салби озодихои шахсй ба вижа барои занон буд ва сипас мавзуъи барномаи хастайи ва хусумати физоянда бо Гарб пеш омад. Ибодй гуфт, онхо дар бораи хазорон соли мукаддам бар ин рузхо чизе намедонанд. Намедонанд, ки эрониён барои мутамоиз мондан аз мухочимони худ чихо кашиданд ва чигуна муваффак шуданд мутамоиз бимонанд.
У намунае овард. Пас аз вуруди арабхо Эрон ба ислом ру овард, аммо «дар нихоят мо ба мактаби ташайюъ гароидем, ки аз мактаби суннии арабхо мутафовит буд.»
Онхо мусалмон шуданд, аммо араб нашуданд.
«Мо эронй мондем.»
Ба ростй, дар посух ба ин пурсиши ман, ки чи чизеро чахон бояд дар бораи шумо бидонад, эрониён нахуст мегуфтанд: «Мо араб нестем!» (ва зуд меафзуданд: Мо терурист нестем!») Як навъ механпарастии мутаъассибонаи эронй дар хилоли сухбатхо мавч мезанад. Бо ин ки аз лихози иктисодй онхо хампои сарзаминхои арабе чун Дубай ва Катар нестанд, хамчунон эхсос мекунанд, ки истиснойи ва мутамоизанд. Арабхое, ки Эронро фатх карданд, дар кул андаке бехтар аз афроди бадавии чодурнишин тасаввур мешаванд, ки афзун бар фарханге, ки Эрон ба онхо додааст, аз худ фарханге надоранд. Гохо хашму газаби афрод алайхи арабхо хиссеро ба кас медихад, ки хамлаи аъроб 14 сада кабл на, балки хамин хафтаи гузашта иттифок уфтодааст.
Дар як чашни арусй занеро дидам, ки холу хавои як ситораи мусинни синеморо дошт ва шавхари хушлибосаш жокати шом ба тан канораш истода буду сигор дуд мекард. Хануз панч дакика нагузашта буд, ки дарёе аз хашми ин бону бар арабхо сарозер шуд.
«Омадани онхо хамон буду вайронии мо хамон ва дигар харгиз мо ба холати каблимон барнагаштем!» Зимни гуфтани ин суханхо у гулуи як фарди фарзиро дар хаво сахт мефишурд. Алй, як омузгори забони инглисй хам, ки баъдан дустам шуд, мегуфт, ки бохти импротурии Эрон дар баробари арабхо хамчунон бар фарози худшиносии миллии эронихо чун абри сангину тирае хоил аст. Вай, дар холе ки бо худраваш моро ба самти хонааш дар хавмаи Шероз мебурд, гуфт: «Пеш аз вуруди онхо мо як кудрати бузург ва мутамаддин будем.» Алй хам ривоятеро гуфт, ки бисёр роич аст (харчанд хануз бар сари он бахсхо бокист): «Онхо китобхои моро оташ заданд, ба занони мо тачовуз карданд ва тайи 300 сол мо наметавонистем дар амокини умумй ба забони порсй сухан бигуем, вагарна забонамонро мебуриданд.»
Равони кухани Эрон. Бахши якум
Равони кухани Эрон. Бахши дуввум
2 comments:
Маълум аст ки осатинхо хамкавмони ориёии мо хастанд, пас шумо дарвеш, дар ин низо хатман бояд аз чудоихохони осатин пуштибони кунед?
Метавонед дар бораи чанги Гурчитону Осетия мавкеатонро матрах кунед?
На лузуман. Чашм. Дар нахустин фурсат ин корро хохам кард.
Post a Comment