Friday, February 27, 2009

Reaching Nowhere

Намедонист ба чй андешад. Ба ояндаи мубхаму торикаш, ки руз ба руз мисли туфоне вайронгар имрузи уро мебалъид; ба дирузи талху ширинаш, ки шириниашро ба талхй бохта буд ё ба имрузи чунуномезаш, ки хамаи рангхоро дар сиёх хулоса мекард.

Намедонист ин мочаро аз кучо огоз гирифт ва чаро акнун хонаи у ин кадр хилват аст, ба андозаи мафхуми «танхойи». Деворхо забон дароварда буданду бо у харф мезаданд ва соъат дар канори тик-тики такрориаш вожахои тозаеро ёд гирифта буд ё ба ёд меовард. Вучудаш дар гузашта тахлил рафта буд ва намедонист ин чизхое, ки мебинад, моли имруз аст ё дируз.

Замон барояш лоятанохии торикй буд ва замин сиёхчоле, ки замонро фуру бурда буд.

Одинашаб буд ва рузе, ки дар гузашта уро ба шахри шаъафу шодй мебурд: согару сокиву хамсогар, чик-чики гунчишкони богу чеги масаррати кудакону созу овозу навозиш. Хама чиз ба нихояти кохиш расида буд ва рушди маъкус дошт. Намедонист оё факат уст, ки ин тагйири махсус дар фалсафаи хастиро мебинад ё дигарон хам онро дарёфтаанд. Чун дигар «дигарон»-е дар миён набуданд. Факат у буду ин фалсафаи сахмгин.

Хамаи мафхумхо перояе нав доштанд. Вожаи «ишк» мукорини «нафрат» шуда буд ва «лаззат» таъми гаси «андух»-ро медод. Магзаш шулугтарин корхонаи бесарусомоне буд ва меъдааш, ки вазифаи худро фаромуш карда буд, хомуштарин хамрохаш. Дар марзи аклу чунун ин по-он по мекард ва нохоста он суи хатти чунун меуфтод ва зор-зор хавор мекашид. Аммо садои деворхо аз садои хаворхо баландтар буд.

Мехост чизеро бишканад, хароб кунад. Деворхо таслими зарби муштхояш намешуданд; соъат хурду рез шуд, аммо забони тозаашро хамчунон ба ёд дошт. Сиёхиро хар чи мезад, дур намешуд, балки тангу тангтар дар огушаш мегирифту хафааш мекард. Рохи нафасро мебаст ва масири дигареро ба чои танаффус барои будан боз мекард. Ва кучактарин сапедии мухитро дар худ гарк мекард. Ва дигар аз сапедй чизе намонда буд. Ва аз нафас хам. Факат у буд дар чанги торикй. Ва соъати шикаста, ки тик-тикро аз ёд бурда буд ва хадисе дигар мегуфт. Ва деворхои вахшй чи шуру шавке доштанд! Ва у дигар намедонист, ки намедонад бо у чи мегузарад. «Донистан» хам мафхуме гунг шуда буд.


نمی دانست به چه انديشد. به آينده مبهم و تاريکش که روز به روز مثل توفانی ويرانگر امروز او را می بلعيد؛ به ديروز تلخ و شيرينش که شيرينی اش را به تلخی باخته بود يا به امروز جنون آميزش که همه رنگ ها را در سياه خلاصه می کرد

نمی دانست اين ماجرا از کجا آغاز گرفت و چرا اکنون خانه او اين قدر خلوت است، به اندازه مفهوم "تنهايی". ديوارها زبان درآورده بودند و با او حرف می زدند و ساعت در کنار تيک تيک تکراری اش واژه های تازه ای را ياد گرفته بود يا به ياد می آورد. وجودش در گذشته تحليل رفته بود و نمی دانست اين چيزهايی که می بيند، مال امروز است يا ديروز

زمان برايش لايتناهی تاريکی بود و زمين، سياهچالی که زمان را فرو برده بود

آدينه شب بود و روزی که در گذشته او را به شهر شعف و شادی می برد: ساغر و ساقی و هم ساغر، جيک جيک گنجشکان باغ و جيغ مسرت کودکان و ساز و آواز و نوازش. همه چيز به نهايت کاهش رسيده بود و رشد معکوس داشت. نمی دانست، آيا فقط اوست که اين تغيير محسوس در فلسفه هستی را می بيند يا ديگران هم آن را دريافته اند. چون ديگر "ديگرانی" در کار نبود. فقط او بود و اين فلسفه سهمگين

همه مفهوم ها پيرايه ای نو داشتند. واژه "عشق" مقارن "نقرت" شده بود و "لذت" طعم گس "اندوه" را می داد. مغزش شلوغ ترين کارخانه بی سروسامانی بود و معده اش که وظيفه خود را فراموش کرده بود، خاموش ترين همراهش. در مرز عقل و جنون اين پا آن پا می کرد و ناخواسته آن سوی خط جنون می افتاد و هوار می کشيد. اما صدای ديوارها از صدای هوارها بلندتر بود

می خواست چيزی را بشکند، خراب کند. ديوارها تسليم ضرب مشت هايش نمی شدند؛ ساعت خرد و ريز شد، اما زبان تازه اش را همچنان ياد داشت. سياهی را هر چه زد، دور نمی شد، بلکه تنگ و تنگ تر در آغوشش می گرفت و خفه اش می کرد. راه نفس را می بست و مسير ديگری را به جای تنفس برای بودن باز می کرد. و کوچک ترين سپيدی محيط را در خود غرق می کرد. و ديگر از سپيدی چيزی نمانده بود. و از نفس هم. فقط او بود در چنگ تاريکی. و ساعت شکسته که تيک تيک را از ياد برده بود و حديثی ديگر می گفت. و ديوارهای وحشی چه شور و شوقی داشتند! و او ديگر نمی دانست که نمی داند با او چه می گذرد. "دانستن" هم مفهومی گنگ شده بود

Thursday, February 26, 2009

Mysteries of the Jewish Mastery

Розхои султаи яхудихо

Чандест, ки ба як пурсиши мубхаму печида меандешам: чаро яхудихо дар тули торих тахти пайгарду саркуб будаанд? Ва агар ин дуруст аст, чаро имруза яхудихо дар тавлиди андешаи навин пешоханганд ва бештари умури калони чахон тавассути онхо гардонандагй мешавад?

Пештар навиштаи як донишпажухро дар ин бора мунташир карда будам, ки омузишу парваришро далели аслии табаххури яхудихо медонист. Аммо шояд касе бештар аз кишвархои гарбй имруза дар омузишу парвариш сармоягузорй накунад. Боз хам яхудихо бо чамъияти андакашон (зери 14 милюн дар чахон) пештози бисёре аз умури башарианд ва рашки дигаронро бармеангезанд.

Натичае, ки пас аз тааммули дароз хосил кардам, ин буд, ки чун яхудихо тахти пайгард ва мавриди ситаму саркуб будаанд, ба чизе табдил шудаанд, ки акнун мебинем. Яъне фишори рузгору талошхои саркубгарон як вижагии гаризии инсониро дар онхо бедор кардааст, ки такаллои зинда мондан (выживание) аст. Хамонанди ин иттифокро метавон дар миёни жопунихо (японихо) сурог дошт, ки аз бартарин зариби хуш дар миёни навъи башар бархурдоранд. Жопун як тикка хоку санг аст ва махрум аз манобеъи табиъй. Ин бебизоъатй боъис шуда, ки хамнавъони жопунии мо зехни худро ганитар ва фаъъолтар кунанд ва роххои дигареро барои чилавгирй аз инкироз ё нобудии жопунихо ба унвони як кавм ё миллат биёбанд.

Яхудихо хам ки пайваста тахти таъкиб будаанд, шуълаи азхони худро равшантар карданд, то дар пайкори будан ё набудан пируз оянд. Аммо чаро онхо мавриди пайгарди давлатхои гуногун дар саросари торих будаанд?

Бархе пайдоиши масехият ва бовари вижаи масехихо дар накши яхудихо дар маслуб шудани Исои Масехро аз ангезахои аслии пайгарди яхудихо медонанд. Аммо садхо сол пеш аз зухури масехият хам осурихо, бобилихо ва фиръавнхои Миср аз озору ситам бар яхудихо фуругузор намекарданд. Пас бурузи масехият хам решаи гирифтории торихии яхудихо нест.

Дар бахше аз бехтарин посухи баргузида ба ин пурсиш дар Yahoo! Answers мехонем:

«Бо нигохе ба Исроил ва муштаккот (шохахо)-и кеши яхудият ба монанди Сахюнисм (Zionism) ба ин фикр меуфтам, ки шояд унсури зотие аз бовархои яхудй бо дидгоххои ахлокй ва маънавии бештари чомеъахои чахон созгорй надорад.»

Нигорандаи ин назар он унсури мармузро нагушудааст.

Кавмгароии мазхабй

Холо бад нест барои худ дар кеши яхудият тафаххусе кунем, то шояд он унсур бармало шавад.

Кеши яхудй ба монанди кеши зартуштии ахди Сосониён ва бисёре дигар аз динхо кавммехвар аст. Яъне хар иттифоке, ки меуфтад перомуни миллати Исроил ё ба таъбири он даврон, «фарзандони Исроил» аст. Бад нест бидонем, ки маънои вожаи «Исроил» «сарзамини Худованд» аст («иср» - арз, замин; «ил» - Худо, илох).

Ба бовари яхудихои диндор, паймони Худованд бо навъи башар аз тарики Иброхим сурат гирифта, ки солори кабила ва огозгари миллати Яхуд аст. Ва танхо пас аз он буд, ки вахйи худовандй дар кухи Сино ба Мусои яхудй нозил шуд ва дар паи он даххо хазор паёмбари дигар омаданд, ки умдатан яхудй буданд. Хаста ё лубби омузахои яхудй, ки дар Таврот ва Талмуд (тафсири Таврот) омадааст, имон ба вучуди Худои ягона, хамаогох, хаматавон, карим ва мутаъол аст.

Аммо миёни кавми яхудй ва кеши яхудият наметавон ба осонй хатти мушаххасе кашид. Ангор дину миллат дар хам печидаанд ва ба мутародиф (синоним)-и якдигар табдил шудаанд. Мухимтарин чашнхои мазхабии онхо аз торихи пурфарозу нишеби миллаташон бармеояд. Барои намуна, Хонуко (Hannukah) чашнест, ки ба нишони бузургдошт аз шикасти лашкари Селевкиён (Сулукиён) дар чилавгирй аз баргузории чашнхои мазхабии яхудй барпо мешавад. Дар садаи дувуми пеш аз мелод Чуддо Маккабй ва бародаронаш дар баробари лашкари тавонманди юнониён муковимат карданд ва онро шикаст доданд. Он руйдодро яхудихо имруз хам бо афрухтани шамъхо барои хашт шаб гиромй медоранд.

Ё Асуро бе Тевет (рузи дахуми мохи Тевет, ки бо десомбр-декабр ё жонвие-январ мусодиф аст) як рузи рузадорист, ки ба суги ишголи шахри Байтулмукаддас (Ирушалим) тавассути Небукаднаср, подшохи Бобил дар соли 588 пеш аз мелод баргузор мешавад. Се сол пас аз он шахриёри Бобил ба шахр рахна кард, харами мукаддаси онхоро бо хок яксон кард ва даххо хазор яхудиро ба Бобил куч дод. Танхо пас аз ишголи Бобил тавассути Куруши Бузурги Хахоманишй буд, ки яхудихо озод шуданд ва ичоза ёфтанд ба зодбумашон баргарданд ва ниёишгохи худро (The Second Temple) бо пули шохони эронй – Курушу Дориюши Бузург дар Байтулмукаддас аз нав бисозанд. Аз ин ру дар китоби «Ахди атик» ё Китоби Мукаддаси яхудй дар 23 маврид аз Куруши Бузург ба унвони рахоишгар ё мунчии кавми яхуд ёд шуда ва дар чандин мавриди дигар ба ин бузургмарди торих, ки шояд бидуни у аз кавми яхуд ному нишоне намемонд, ишора шудааст.

Ва ё иди Пок (пасха, Passover)-и яхудихо ба нишони арчгузорй ба рахоии исроилихо аз бардагй дар Миср баргузор мешавад. Дар хафтаи иди Пок яхудихо хеч хурокеро намехуранд, ки хамирмоя дошта бошад. Далели он хам бовари яхудихо ба фирори бедиранги исроилихо аз Миср буд, ба гунае, ки хатто фурсате набуд, то хамири онхо бидамад ё бирасад.

Дар паи таъсиси давлати Исроил дар соли 1948 хам, ки решаи даргирихои кунунии Ховари Миёна аст, яхудихо чахор чашну таътили дигарро хам ба фехресташон афзуданд:

Yom Yerushalayim, ки ба забони тозй мешавад «явм ал-Кудс» ва ба порсй «Рузи Байтулмукаддас», ба поси эъмоли кунтрули исроилй бар ин шахр дар мохи жуан (июн)-и соли 1967 баргузор мешавад.

Yom HaShoah, ки рузи ёдбуди курбониёни яхудии Чанги Чахонии Дувум (Хулукост) аст.

Yom Hazikaron, ки рузи ёдбуди сарбозон ва курбониёни исроилии «терурисм» аст.

Ва Yom Ha’atzmaut ё Рузи Истиклол, ки ба нишони тачлил аз эъломи истиклоли Исроил дар соли 1948 барпо мешавад.

Яъне чи чашнхои миллй ва чи идхои мазхабии яхудихо голибан бахонахое кавмй ё миллй доранд ва ба торихи миллати яхуд бармегарданд.

Хамин кавмгароии деринаи яхудихо, ки дар динашон бозтоб меёбад, аз дербоз монеъ шуда, ки онхо бо дигар кавмхо то хадди зиёде биомезанд. Ва дар айни хол шояд далели чудоии яхудихо аз дигар кавмхо ва хашми дигарон бар онхо хам хамин бошад.

Хатто дар Урупои садахои миёнй яхудихо барои худ минтакахои махсуре (Ghetto) доштанд ва вуруд ба маркази шахрхои бузург барояшон мамнуъ буд. Ин чудойи дар айни замон хам тахмилй буд ва хам худхоста. Дини яхудихо онхоро «баргузидаи Худо» медонист ва такозо мекард, ки дар хифзи хуну нажодашон бикушанд. Ва икрохи бегонагон аз яхудихо боъис мешуд, ки онхо дар шахрхои мухталиф канори хам бимонанд ва суннатхову ойинхои худро зинда нигох доранд.

Шарре, ки аз он хайре барояд

Рондагии яхудихо аз мушорикат дар зиндагии сиёсии кишвархои мизбонашон бад-он анчомид, ки онхо суроги дигар арсахои зиндагии ичтимоъй рафтанд. Бештари онхо ба донишу хунар рагбат зохир карданд. Фехрести донишмандони яхудй дар кишвархои гуногуни чахон, ки дар донишномаи Wikipedia омадааст, такондиханда аст.

Албатта, ин фехрест комил нест ва, масалан, донишмандони яхудии Осиёи Миёнаро шомил намешавад. Афзун бар ин, чехрахои хунарии барчастае чун Борис Кимёгаров, Або Наматиев, Барно Исхокова, Шоиста Муллочонова, ки барои мо ошно хастанд, дар фархангхои дигар минтакахо низ ба хубй дурахшидаанд.

Пас як дини кавммехвар, дарбадарй ва ниёз ба зинда мондан, худуди 14-милюн танро, ки 0.2 дарсади чамъияти чахонро ташкил медиханд, ба яке аз кудратмандтарин кавмхои чахон табдил кардааст. Ин чамъият, ки аз шумори порсигуёни чахон ба маротиб камтар аст, хамчунон дар саросари чахон пароканда аст ва танхо андаке беш аз 5 милюн тани онхо дар «сарзамини мавъуд» ё Исроил ба сар мебаранд. Чамъияти Исроил хам ба монанди Точикистон беш аз хафт милюн тан аст. Аммо оё ин дуро метавон бо хам мукоиса кард? Ва ин чамъият дар сарзамине ба пахнои 20,770 килуметри мураббаъ ба сар мебарад, ки дар баробари пахнои Точикистон тухмимургеро монад. Вале оё масохат аст, ки сарнавишти моро ракам мезанад?

Гилаи бародарон

Натича он аст, ки дустони араби ман пайваста гила мекунанд, ки сарнахи умури чахон дар дасти яхудиён аст. Ёдамон бошад, ки арабхову яхудихо аз як шохаи насли башаранд ва вожахои "араб" ва "ибр(й)" низ хамреша аст, ба маънои "биёбонй". Бо ин тафовут, ки харфхои "р" ва "б" чобачо шудаанд. Аммо тафовутро бибин, ки аз кучо то ба кучост!

Мусалламан, режими кунунии Исроил аз дижхимтарин хукуматхои мавчуд аст, ки фаротар аз марзхои махдуди худ ба хукуки башар туф кардааст. Бо бозгашти Бенёмин Нетонёху ба макоми нахуствазирй шояд ин тасвири зишт аз Исроил пуррангтар шавад, чун хизби мухофизакори Ликуд дар ироаи тасвири махуфу зишт аз ин кишвар хамвора махорати хоссе буруз додааст. Идомаи сиёсати фошистии Исроил на танхо барои давлати он зиёнбор аст, балки метавонад аз карехаву истеъдоди миллати яхуд низ бикохад. Чун дар тули торих тавассул ба таъаддй огози поёни режимхо ва кудратхо будааст ва миллатхоро барои муддати дарозе ба хок нишондааст. Тагйири накши яхудихо аз «ситамдида» ба «ситамгар» дар дарозмуддат метавонад яхудихоро хам ба миллати вомондае чун арабхо табдил кунад.

Албатта, далели аслии зиллату хории арабхои имрузй пули муфти нафтист, ки рузгоре ба сар хохад расид. Осудагии ношй аз даромади нафтй арабхоро дар баробари чолише карор намедихад, ки магзхои хуфтаи худро такон диханд ва ба тавлиди андешаи тоза бипардозанд. Аммо гирифторихову чолишхои сангин аз миёни арабхои фаластинй чехрахои барчастаеро ба монанди Эдворд Саъид ва Махмуд Дарвеш парвардааст.

Пас аз чолишхои зиндагй набояд бим дошт. Чун хамин чолишхо хастанд, ки чурт (пинак)-и моро ба хам мезананд ва моро ба анчоми коре ва тавлиди андешае бикр во медоранд. Зихй чолиш!

Sunday, February 22, 2009

A Thistle in Hell

Хоре дар чаханнам

Гулхои зарди печаки дузах
Аз зери пусти гулуям фароз мераванд
Ишк хамон хезуми чаханнам аст
Ё сузи сармои замхарир
Ё нихояти фарёди ханчараи дил
Ки гуши одамй барои шуниданаш кар аст

Дар чаханнами хилват
Ба танхойи
Аз таъаффуни алкул шодоб мешавам
Ва даври гарданам
Бо дуди сигор
Синарезхо месозам

Эътикод як мафхуми овора аст
Миёни халку гуш
Эътикод
Миёни устухонхои гандидаи хазорсола мепалакад
Ва сар ба бунбасти кучаи имруз мекубад

Дар хисси оханги хомушй тахлил меравам
Хамушона дод мезанам
Ва дил хуш медорам
Ки чаханнам аз они ман аст
Мулке, ки хосторе надошт
Молике човидона ёфтааст

Вожахои бемафхум
Аз садхо забони гунг
Аъсобамро олуда мекунанд
Дар биркаи нисён вожахоро мешуям
Ва зехни тихиамро
Дар огуши замхарир рахо мекунам

Сармои замхарир ва гармои дузах
Хувияти мармузи дугонаи ман аст
Печида
Мутанокиз
Дархаму бархам
Ношинохта
На худию на бегона
Танхо

Афсурдагй дар калби чаханнам
Хуроки зехни акими ман аст
Ки чавонахои андешаи навро дар батн мекушад
Ва вируси чунуни гузаштахои дурро мепарварад

Дур
Яъне чахолати акнун
Чашмам кури фардост
Ва бинои чаханнами акнун, ки хонаи човидонаи ман аст

Решахоям мехушканд
Решахои азизи ман, ки то имруз саворашон будам
Охиста-охиста аз сока мегусаланд
Ва мафхуми танхоиро мукаммал мекунанд

Хисси як хори хушкидаи береша
Ба вучудам рахна мекунад
Ва ба монанди як хори хушкида
Аз будан дар ин сахрои дог
Хушнудам

Хорвор харобу обод мешавам
Аммо сахро хамон сахроест, ки буд

خاری در جهنم

گل های زرد پيچک دوزخ
از زير پوست گلويم فراز می روند
عشق، همان هيزم جهنم است
يا سوز سرمای زمهرير
يا نهايت فرياد حنجره دل
که گوش آدمی برای شنيدنش کر است

در جهنم خلوت
به تنهايی
از تعفن الکل شاداب می شوم
و دور گردنم
با دود سيگار
سينه ريزها می سازم

اعتقاد، يک مفهوم آواره است
ميان حلق و گوش
اعتقاد
ميان استخوان های هزارساله می پلکد
و سر به بن بست کوچه امروز می کوبد

در حس آهنگ خاموشی تحليل می روم
خموشانه داد می زنم
و دل خوش می دارم
که جهنم از آن من است
ملکی که خواستاری نداشت
مالکی جاودانه يافته است

واژه های بی مفهوم
از صدها زبان گنگ
اعصابم را آلوده می کنند
در برکه نسيان واژه ها را می شويم
و ذهن تهی ام را
در آغوش زمهرير رها می کنم

سرمای زمهرير و گرمای دوزخ
هويت مرموز دوگانه من است
پيچيده
متناقض
درهم و برهم
ناشناخته
نه خودی و نه بيگانه
تنها

افسردگی در قلب جهنم
خوراک ذهن عقيم من است
که جوانه های انديشه نو را در بطن می کشد
و ويروس جنون گذشته های دور را می پرورد

دور
يعنی جهالت اکنون
چشمم کور فرداست
و بينای جهنم اکنون
که خانه جاودانه من است

ريشه هايم می خشکند
ريشه های عزيز من که تا امروز سوارشان بودم
آهسته آهسته از ساقه می گسلند
و مفهوم تنهايی را مکمل می کنند

حس يک خار خشکيده بی ريشه
به وجودم رخنه می کند
به مانند يک خار خشکيده
از بودن در اين سحرای داغ
خوشنودم

خاروار خراب و آباد می شوم
اما سحرا همان سحرايی است که بود

Wednesday, February 18, 2009

Poll: Islamic Revolution's Outcome

Инкилоби исломии Эрон чй овард?

Пешрафт 9 (42%)

Пасрафт 11 (52%)

Хеч 1 (4%)

Дигар 0 (0%)


Votes so far: 21
Poll closed

Monday, February 16, 2009

Golden Middle Is Needed

Мухточи миёнгини зарринем

Гашту гузоре кутох дар торнигорхои ангуштшумори точик як мавзуъро бармало мекунад: бахсхо маъмулан перомуни мавзуъоте дар мегирад, ки камтарин ахамиятро барои пешрафти кишвар дорад. Дар холе ки миллат дар чохи гумномию баднасибии ношй аз бемоягй такалло мекунад, зехнхои нисбатан фаъъоли миллат дар кучахои 1400-солаи торих парса мезананд ва ба оянда пушт кардаанд. Ин зехнхои фаъъол лузуман равшан нестанд. Як даста туъмаи анкабути иртичоъи кухананд ва дастае дигар сайди ифроти динситезианд. Миёнгини заррине дар уфуки ин бахсхо падид наомадааст. Лаъну нафрини баромада аз тактозихои зехнй дарки дакики масоилро сахт кардааст.

Занчираи андешахои мо ба як халка ниёз дорад, то миёни ин ифроту тафрит пуле бисозад ва онхоро ба хам наздик кунад, то фаъъолияти ин зехнхо созанда шавад, на сузанда. Ва он халка басирате фарогир аст, ки хар ду тиккаи занчири пораро бибинаду бисанчад ва эътидолро баркарор кунад. Албатта, бо тундравй хам метавон авзоъро барои муддате иваз кард. Инкилоби исломии Эрон боризтарин намунаи як тундравии дастачамъист, аммо бо гузашти сй сол мебинем, ки натичаи он чизе гайр аз дарегу хайхоти шумори зиёде аз худи хамон инкилобиюни гузашта нест. Яъне дастоварде, ки аз рохи тундгаройи ба даст омада, умре кутох дорад ва пас аз муддате чун ампротурии Шуравй гард-гард мешавад. Танхо эътидол аст, ки бо гомхои шумурда ва хисобшуда метавонад раванди такомулро тай кунад ва паёмадхои собиту пояндае дошта бошад ва аз як чизи ибтидойи чизе пешрафтатар бисозад. Эътидолро метавон аз равандхои табиъй омухт, ки паёмадхои собиту пуё доранд. Ба монанди раванди такомули инсон аз як чонвари ибтидойи, ки Бедил хам ба он ишора карда буд (Хеч шакле бе хаюло кобили сурат нашуд, Одамй хам пеш аз он-к одам шавад, бузина буд).

Он хаюло, ки мо мухточаш хастем, хамон халкаи заррину матлуби занчир (эътидол) аст.

Ain't No Sunshine When She's Gone



Ain't no sunshine when she's gone
It's not warm when she's away
Ain't no sunshine when she's gone
And she always gone too long anytime she goes away

Wonder this time where she's gone
Wonder if she's gone to stay
Ain't no sunshine when she's gone
And this house just ain't no home
Anytime she goes away

I know, I know, I know, I know
I know, I know, I know, I know
I know, I know, I know, I know
I know, know, know, know, know
I know, I know
Hey I ought to
I ought to leave her alone
Ain't no sunshine when she's gone

Ain't no sunshine when she's gone
Only darkness everyday
Ain't no sunshine when she's gone
And this house just ain't no home
Anytime she goes away

***

Офтоб бенур аст, вакте у нест
Бидуни у гармое нест
Офтоб бенур аст, вакте у нест
Ва хар бор гайбати у чи дароз аст

Намедонам ин бор кучост
Намедонам, ки боз хохад гашт ё на
Офтоб бенур аст, вакте у нест
Ва ин хона дигар он хона нест
Хар бор ки у меравад

Медонам, медонам, медонам
Ман бояд
Бояд уро танхо бигзорам
Офтоб бенур аст, вакте у нест

Офтоб бенур аст, вакте у нест
Рузхо дар чанги торикианд
Офтоб бенур аст, вакте у нест
Ва ин хона дигар он хона нест
Хар бор ки у меравад

Thursday, February 12, 2009

ICG: Tajikistan: On the Road to Failure

«Точикистон: ру ба шикаст»

Душанбе/Бруксел, 12 февриеи 2009: Точикистон на танхо ба бору ё деворе дар баробари нуфузи хушунат аз Афгонистон намемонад, балки ба таври рузафзун ба хамсояи чанубии худ шабех мешавад – давлате заъиф, ки аз нокомии рахбарй дар азоб аст.

«Точикистон: ру ба шикаст» тозатарин гузориши Гурухи Бухрони Байнулмилалист, ки мегуяд, бидуни ислохоти фарогир барои мукобила бо мушкилоти марбут ба амнияти гизойи, зерсохтхои энержй ва фасод, режими раисичумхур Рахмон дар маърази хатари фурупошй карор дорад.

Пол Квин-Чоч (Paul Quinn-Judgе), мудири барномаи Осиёи Миёнаи Гурухи Бухрон мегуяд: «Рахбарони Точикистон ба вузух эхсос мекунанд, ки хар навъ ислохоте боъиси аз даст додани кудрат хохад шуд. Аслан ба назар намеояд, ки тахти рахбарии раисичумхур Рахмон бехбуде иттифок биуфтад.»

То чанде пеш нисфи неруи кории Точикистон дар хорич аз кишвар кор мекарданд. Мухочирати корй на танхо рохи халоси осоне барои рахбарии голибан нокоромади кишвар буд. Он хамчунин (барои давлат) навъе амнияти сиёсй ба вучуд оварда буд, чун аъзои чавону пурэнержитари кишвар фурсатхои шуглй пайдо мекарданд ва тамоюле надоштанд, ки ба хиёбонхо бирезанду даст ба эътирозхои дастачамъй бизананд. Акнун дар паи бухрони иктисодии чахон фурсатхои шуглй дар Русия, Казокистон ва кишвархои дигар ру ба кохиш аст ва мухочирон ба хонахояшон бармегарданд.

Зерсохтхои кишвар, ки аз Шуравй ба мерос мондааст, ру ба фарсоиш аст ва зохиран рахбарии кишвар аслан намедонад, ки чи гуна бо як ришта бухронхои умдаи иктисодй ва ичтимоъй мукобила кунад. Дувумин зимистони паихам аст, ки бахши аъзаме аз кишвар аз неруи барк махрум аст.

Тавоноии чомеъаи байнулмилалй барои тагйири авзоъ дар Точикистон ба далели адами иттиход ва набуди алока (интерес) ба ин кишвар ё ноогохй аз мушкилоти Точикистон дар марказхои чахон бисёр махдуд аст. Дар холе ки руйкарди хамоханги кудратхо ба мушкилоти ин кишвари кучак метавонад суди фаровоне дар пай дошта бошад ва аз бурузи мушкилоти бузургтар чилавгирй кунад.

Сарфи назар аз шиканандагии хам режим ва хам зерсохтхои кишвар давлати Иёлоти Муттахидаи Омрико ба вузух Точикистонро ба унвони шарики умдаи эхтимолии худ чихати эчоди масири нави тадорукотй барои нерухои эътилоф дар Афгонистон арзёбй мекунад. Аммо як давлати бекифояту фосиди ру ба завол авлавиятхои амниятии Гарб дар минтакаро ба хубй таъмин нахохад кард.

Роберт Темплер – мудири барномаи Осиёи Гурухи Бухрон хушдор медихад: «Рахмон накшеро анчом намедихад, ки кишвархои гарбй интизорашро доштанд – эчоди як давлати мудерн ва коро, ки битавонад дар баробари густариши ифротгаройи аз Афгонистон ва дигар бахшхои Осиёи Чанубй девори устуворе бошад. Вай (Рахмон) бо хадафи равшани аз байн бурдани мунтакидони дарунй ва берунй, ки олтернотивхои зистпазире доранд, зимни чараёнхои нопухта, аммо муассири азлу насбхои амдй ва мучозот фазои сиёсиро холй кардааст.»

Wednesday, February 11, 2009

BBC Coverage Assessment (Poll)

Оё пушиши руйдодхои Точикистон тавассути телевизюни Би Би Си ру ба бехбуд аст?

Оре 4 (25%)

На 6 (37%)

Шояд 4 (25%)

Намедонам 2 (12%)


Votes so far: 16
Poll closed

Iran & Its Revolution

Эрон ва инкилобаш

вижаи Asia-Plus

Сй сол пеш Эрон сахнаи руйдоде буд, ки дар торихи чахон собика надошт. Низоме подшохй дар авчи кудрату тавоноии худ тавассути чунбиши анбухи мардумй сарнагун шуд, шохи он фирорро бар карор тарчех дод ва рахбари рухонии инкилоби мардумй бидуни мумонеъате пас аз 16 сол табъид по ба хоки сарзаминаш гузошт ва бо истикболи гулгулаосои мардуми кишвараш рубару шуд.

Инкилобе, ки баъдан бо номи Инкилоби Исломии Эрон мусаммо шуд, бархоста аз кишрхо ва бовархои мухталифи мардуми ин сарзамин буд ва дар торихи башарият пас аз инкилобхои Фаронса ва Русия севумин инкилоби бузурги чахон ба шумор меояд.

Бо гузашти се даха аз Инкилоби исломй шояд битавон “Инкилоби Сафед”-и Мухаммадризо Пахлавй –подшохи пешини Эронро аз мухимтарин заминахои инкилоби исломии он кишвар донист, ки дар соли 1962 огоз шуд. Шох инкилоби худро “сапед” номид, бо ин хиёл, ки дар чараёни он катрае хун рехта нахохад шуд. Аммо фарчоми он барнома инкилоби дигаре шуд, огушта ба ранги сурхи хун.

Мухаммадризо Пахлавй мехост аз рохи ислохоти ичтимоъию иктисодии шитобзада дар дарозмуддат Эронро ба як кудрати иктисодй ва санъатии чахон табдил кунад. Аммо лозимаи ин тахаввулот ислохоти арзй (заминй) хам буд, ки бисёре аз нухбагон (элита)-и он давронро аз кудрату нуфузи пешинашон махрум кард. Дар натичаи ин тарх бисёре аз мардуме, ки дар гузашта порае аз заминро ичора мекарданд, сохиби он замин шуданд.
Бахши дигари “Инкилоби Сафед” марбут ба занон мешуд ва онхоро ба тахсилу омузиш ташвик мекард ва ба занон хакки раъй додан дар интихобот ва интихоб шудан ба макомхои давлатиро медод. Микдори зиёде аз сармояи хосил аз фуруши нафт дар чорчуби ин барнома дар заминаи омузишу парвариш ворез шуд ва “сипоххои саводомузй” шакл гирифтанд, ки ба рустохо мерафтанд ва шумори афроди босаводро бештар мекарданд.
Яке дигар аз тахаввулоти хосил аз “Инкилоби Сафед” истихдом (ба кор гирифтан)-и намояндагони акаллияти динии бахой дар идороти давлатй буд.

Хамаи барномахои чадиди шох Оятуллох Рухуллохи Хумайнй, яке аз саршиностарин рухониюни кишварро, ки дар шахри мазхабии Кум зиндагй ва тадрис мекард, барошуфт. Ӯ бо истифода аз карехаи тахсинбарангези суханвариаш мардуми одй, мухолифони рухонй ва хатто гайримазхабии шохро гирди хам овард ва дар поёни бахори соли 1963 зимни як суханронй давлатро махкум кард. Оятуллохро боздошт карданд, аммо мавчи хурушони химояти мардумй боъис шуд, ки пас аз муддате кутох у ба озодй баргардад ва бедиранг дубора ба такбеху накухиши шоху давлат бипардозад. Пас аз ду мавриди дигари боздошт, дар мохи нувомбр (ноябр)-и соли 1964 Хумайнй нахуст ба Туркия ва сипас ба шахри Начафи Ирок табъид шуд.

Вай таи муддати икоматаш дар Начаф назарияи сиёсии худро шакл дод ва китоби “Хукумати исломй”-ро мунташир кард ва барои нахустин бор дидгохи “вилояти факех”-ро ба миён овард. Бино ба ин дидгох, дар садри давлат бояд як факех ё хукукдони исломй карор бигирад ва миллату давлатро рохнамой кунад.

Давлати подшохии Эрон дар мукобила бо пайкори лафзии Хумайнй дар рузномахо матолиберо алайхи у мунташир кард ва алоики чинсию хисси механдустии Оятуллохро зери суол бурд. Ин маколахо дар огози соли 1978 туфоне аз эътирозоти мардумиро барангехт.

Дар хамин давра буд, ки Саддом Хусейн аз подшохи Эрон хост, то ба у ичоза дихад, ки душмани сарсахташро бикушад. Посухи шох манфй буд. Ба бовари у, кушта шудани Хумайнй метавонист уро ба макоми шахид бирасонад ва ба ошуби бештаре дар кишвар бианчомад.

Дар мохи уктубр (октябр)-и соли 1978 Хумайнй ба дехкадае дар Фаронса табъид шуд ва махалли зисти худро ба конуни гирдихамоихои фаъолони сиёсии Эрон ва намояндагони матбуъоти Гарб табдил кард. Суханронихои Хумайнй дар хамон чо забт мешуд ва аз роххои мухталиф ба Эрон рох меёфт ва заминаи тугёни мардумй дар мохи жонвие (январ)-и 1979-ро фарохам мекард. Дар миёнаи хамон мох буд, ки Мухаммадризошох ва шахбону Фарах ба бахонаи сафаре кутох кишварро тарк карданд. Сафаре, ки харгиз ба сар нарасид.

Рузи якуми феврие (феврал)-и 1979 Хумайнй ба Эрон баргашт ва пас аз ду мох дар паи анчоми як хамапурсй таъсиси Чумхурии Исломии Эронро эълом кард ва худаш дар макоми “вилояти факех” нишаст.

Идомаи инкилоби исломй бо мочарохои ишголи Сафорати Омрико дар Техрон ва хамлаи Саддом Хусейн ба Эрон гирех хурд, ки кишварро барои солхои мадид гирифтори бухрони фарогире кард ва ба инзивои Эрон дар арсаи байнулмилалй мунчар шуд. Аммо яке аз бадтарин пасларзахои инкилоб чорй шудани дарёе аз хуни мухолифони он ва баъдан хатто хаводорони сарсахти пешини он буд. Хамсангарони пешин бо хам душман шуданд ва гуруххои гайримазхабии салтанатситез аз давлату давлатдорй ронда шуданд. Созмони Мучохидини Халк, ки аз муттахидони пурчуши Хумайнй дар огози инкилоб буд, аз Эрон фирор кард ва ба бузургтарин чабхаи мухолифи режими исломй табдил шуд.

Афзун бар ин, инкилоби исломй ва чанги Эрону Ирок боъиси “фирори магзхо” шуд. Дар натича, хазорон тан аз бехтарин коршиносону донишварони Эрон имруза дар миёни анбухи эрониёни бурунмарзианд.

Аммо бахши азиме аз мероси “Инкилоби Сафед”-и шох побарчо монд. Аз чумла хакки мушорикати занон дар интихобот, ки мояи хашми Хумайнй дар дахаи 1960 буд, бетагйир монд.

Тахаввулоте, ки дар зиндагии занони Эрон дар паи инкилоби исломй вокеъ шуд, аз шигифтангезтарин паёмадхои он инкилоб аст. Аз як су, занон бисёре аз хукуки ичтимоъии худро аз даст доданд ва дар огоз ба хошия ронда шуданд ва дубора зери чодар рафтанд. Аммо аз суи дигар, алокаи занон ба омузишу парвариш ва мушорикат дар умури ичтимоъй ва мизони огохии онхо аз хукукашон ба таври худчуш афзоиш ёфт ва онхоро ба фаъъолтарин кишри чомеъа табдил кард. Ба гунае, ки соли гузашта рухониюни Эрон изхори нигаронй карданд, ки дарсади донишчуёни зани донишгоххо ба маротиб бештар аз дарсади донишчуёни мард аст. Хамакнун 65 дарсади донишчуёни Эрон зан хастанд. Ин бад-он маъност, ки дар оянда афроди шогил дар идорахои давлатй хам бештар зан хоханд буд ва бархе аз мухофизакорони Эрон ин падидаро хатаре ба пояхои хукумати исломй медонанд.

Падидахои мусбати дигаре, ки таи 30 соли ахир дар Эрон мушохида мешавад, ба тартиби зер аст: шумори афроди босавод аз зери 50% ба 77% расид; бисёре аз манотики рустой ба барк ва омузишу парвариш дастрасй ёфтанд; мизони маргумири навзодон аз 104 маврид дар хазор тан ба худуди 37 маврид дар хазор тан кохиш ёфт; мизони зоду валад хам поин омад ва миёнгини тули умр аз 55 ба 70 сол афзоиш ёфт.

Аммо аз суи дигар дар зарфи хамин сй сол даромади кишри миёнаи чомеъа ва шароити зиндагии онхо уфт кард; мавзуъи хичоби исломии ичбории занон хамчунон мояи нохушнудии ба вижа духтарони чавони эронист; занон шуморе аз фурсатхои шуглй, аз чумла хакки козй ё додрас буданро аз даст доданд; мардум мачбуранд чанд шугл дошта бошанд, то таъмини маъош кунанд; саноеъ ба сармоягузорй ниёзи мубрам дорад; инзивои Эрон дар арсаи байнулмилалй боъиси бурузи бухронхои иктисодй шудааст; харчанд дастрасй ба мадрасахо осонтар шуда, аммо кайфияти тадрис дар мадрасахо бадтар аз гузашта арзёбй мешавад ва китобхои дарсй шадидан бори идеулужик ва мазхабй дорад.

Аммо чизе, ки бисёре аз хаводорони Чумхурии Исломй бехтарин дастоварди инкилоб медонанд, тахкими истиклоли Эрон аст. Ба бовари онхо, пеш аз инкилоб шох маъмури ичрои дастурхои Омрико дар кишвар буд. Пас аз инкилоб Эрон дар хайбати мухолифи сарсахт ва мухтори танхо абаркудрати чахон зохир шуд ва накшахои Омрико дар минтакаро накш бар об кард.

Он чи мусаллам аст, ин аст, ки чомеъаи Эрон як чомеъаи пуё ва чуянда аст. Эрони исломии имруз аз Эрони исломии бадви инкилоб сахт мутафовит аст. Бо ин ки конунхо хамон аст, ки буд, рафтору ханчори чомеъа пайваста дар холи тагйиру тахаввули дарунист ва роххоеро барои тоза кардани худ пайдо мекунад. Ба назар мерасад, дар бархе аз кишвархо, аз чумла Точикистон, конунхо пешрафтатар аз чомеъа аст. Аммо дар Эрон чомеъа пешгомтар аз конунхои кухани кишвар аст.

Tuesday, February 10, 2009

BBC World Service Responds to Tajik Grievances

Посухи бахши чахонии Би-Би-Си ба гилояхои точикон

Бехрузи Офок, раиси бахши Осиё ва Укёнусияи бахши чахонии Би-Би-Си, дар ин рузхо дар посух ба номахои бешумори равшанфикрони точик, ки аз нахваи пушиши руйдодхои Точикистон тавассути шабакаи тозатаъсиси телевизюни Би-Би-Сии порсй гилоя кардаанд, посухи хамсонеро ба забони инглисй мефиристад, ки тарчумаи порсии онро дар зер меоварем:

Бисёр сипосгузорам, ки нигаронихои худ дар бораи пушиши руйдодхои Точикистон тавассути бахши порсии Би-Би-Сиро бо мо дар миён гузошаед. Мо аз бозхурд (feedback) истикбол мекунем ва бо такя бар он ба барномахои худ бехбуд мебахшем. Мо шуморе номахои хамгун дарёфт кардем, ки айни номаи шумост ва ба эхтимоли зиёд, хамоханг шудаанд. Ман ба хамаи фиристандахои ин нома хамин посухи зерро хохам фиристод.

Мо нигаронихои шумо дар бораи телевизюни порсиро дар хайъати мудира баррасй кардем ва дар холи анчоми бархе тагйирот хастем. Замони шахри Душанбе дар чадвали эъломи пахши барномахо афзуда шуд. Бо ин тасаввур, ки бештари бинандагон дар Точикистон хатти порсиро намехонанд, мо дар огоз аз ин кор сарфи назар карда будем. Вале мо мутаваччехи ахамияти намодини афзудани замони Душанбе ба чадвал хастем ва ин эродро ислох кардаем. Мо хамчунин касд дорем шумори бештаре аз шахрхои Точикистонро шомили чадвали обу хаво кунем.

Мухимтар аз он, мушкили фаннии ирсоли филм аз Точикистон, ки дар огоз вучуд дошт, бартараф шудааст. Умедворам то кунун мутаваччехи чараёни собити гузоришхои асили мо аз Хабарнигорамон дар Душанбе шуда бошед. Мо хамчунин хабархои мухимми Точикистонро пахш кардаем ва дар бораи онхо бо коршиносон дар студиюхои ланданиамон гуфтугухо кардаем. Ман ба шумо итминон медихам, ки мо дар баробари бинандагони точикамон ва пушиши руйдодхои Точикистон бисёр мутаъаххид хастем. Умедворам шумо бозтоби ин мавзуъро дар барномахои хабарй ва дигар барномахои телевизюни порсй бибинед.

Дар мавриди тазаккури шумо дар бораи барномахои родюии точикй, бояд бигуям, ки ба далели мухолифати макомоти Точикистон бо пахши барномахои мо аз тарики ду фиристандаи мавчи FM-и мо дар Душанбе ва Хучанд ва кохиши шадиди шумори шунавандагони мо дар Точикистон, мачбур шудем соли гузашта барномаи вижаи точикиро бибандем. Бо вучуди ин, мо тайфи васеъе аз барномахои родюии порсии худро хифз кардаем, ки барномаи мусикии точикй низ шомили онхост ва шунавандагони мо метавонанд руи мавчхои кутоху миёна онро бишунаванд.

Шумо аз сафхаи точикии торнамои порсии Би-Би-Си низ ёдовар шудаед. Тасмим дар бораи лагви сафхаи омехтаи порсй/сириллик ба он далел гирифта шуд, ки он сафха корбаронро гич мекард ва таклифи равшане надошт. Аз ин ру тасмим гирифтем сафхаи чудогонаи вижаеро ба хатти сириллик дошта бошем, ки мухтасси корбарони точик аст ва руйдодхои мухимми точикиро ба хатти порсй хам барои корбарони эронй ва афгонамон дар сафхаи нахусти торнамо мунташир мекунем. Вале нигаронии шумо дар бораи чойгохи поини сафхаи сирилликро мадди назар дорем ва талош мекунем рохи барчастатар кардани сафхаи сирилликро биёбем.

Ман мехохам бори дигар аз шумо ташаккур кунам, ки нигаронихои худро бо мо дар миён гузоштед ва аз хавохохии бохароратон аз телевизюни порсй сипосгузорам. Мо аз огози кори шабакаи порсизабони телевизюнамон ба шиддат хурсанд хастем ва бовар дорем, ки он дар пахнаи расонаии чахони порсизабон чойгохи таъйинкунандае хохад дошт. Ин расона аз манобеъи байнулмилали азими Би-Би-Си кор хохад гирифт, то барои мухотабони порсигуяш дар саросари чахон, аз чумла дар Точикистон барнома бисозад. Умедворам шумо фурсати тамошои ин барномахоро доштаед ва шохиди бехтар шудани пушиши руйдодхои Точикистон аз огози кори шабака то кунун шудаед.

Бо бехтарин орзухо

Бехрузи Офок
Раиси бахши Осиё ва Укёнусия
Бахши чахонии Би-Би-Си

Wednesday, February 04, 2009

It’s Your Turn, Rahman!

Акнун навбати шумост, Рахмон!

Мочаро хаячонангезтар шуд. Рахмон пас аз найранги сиёсие, ки «лагви сафари рахбари Точикистон ба Русия» унвон шуд, саранчом тасмим гирифтааст, ки ба хар хол дар нишастхои Иттиходи Иктисодии Уруосиё ва Паймони Амнияти Дастачамъй дар Маскав ширкат кунад. Пештар Вазорати хоричаи Точикистон эълом карда буд, ки «ба далели мушкилоти шадид дар заминаи энержй» Эмомъалии Рахмон дар дах рузи нахусти мохи феврие (феврал) кишварро тарк нахохад кард. Чи шуд, ки чунин шуд?

Аркадий Дубнов, хабарнигори базохир огохи «Время новостей», чопи Маскав, менависад, ки гуё рахбари яке аз кишвархои мустакилли хамсуд дар як тамоси телефунй бо хамтои точикаш уро ба анчоми сафар ба Маскав мутакоъид кардааст. Манобеъи расмй хам бидуни хичолат аз пахши хабари каблии «лагви сафар» ва бе хеч тавзехи изофй таъйид карданд, ки ин сафар сурат хохад гирифт. Ва афзуданд, ки Рахмон бо як баста пешниходхо барои хамкорй дар он нишастхо ширкат хохад кард. Агар Рахмон бихохад аз Русияву дигар ёрони чирга суде бируёнад, шояд хамакнун фурсати муносибест. Вале оё у аз истеъдоди диплумотики басанда бархурдор аст? Пурсишест андешабарангез.

Хуручи Узбакистон аз Иттиходи Иктисодии Уруосиё дар поизи гузашта, инояти дуборааш ба омрикоихо ва тахдидаш ба тарки Паймони Амнияти Дастачамъй дар дидори ахири Медведев бо Каримов барояндеро дошт, ки рахбари узбак дар орзуяш буд ва каблан сухбати онро карда будем. Акнун эхтимол дорад, ки Каримов хатто дар нишасти Иттиходи Иктисодии Уруосиё ширкат кунад, бо ин ки узвияташ дар он мутаваккиф шудааст. Ва рубаруии рахбарони точику узбак дар ин нишаст метавонад дастикам ба руёруии забонй кашида шавад, агар на руёруии чисмонй. Ин ду ёри дирузу агёри имруз укдаи газоферо алайхи якдигар дар синахояшон захира кардаанд, ки ба мукобилаи ду кишвар бар сари захоири оби Точикистон ва нахваи корбурди он бармегардад.

Ба хар руй, «нози диплумотик» (таъбири Салими Аюбзод бо истинод ба расонахои русй) барои рахбари узбак корсоз вокеъ шуд. Мусалламан, ба далелхои иктисодй, ки шархи он хам каблан омада буд: карор аст гози Узбакистон лулаи South Stream-и Русияро пур кунад. Аммо «ноз»-и Рахмон дар Маскав нозбардоре хохад ёфт? Дар баробари чи имтиёзи дигаре? Оё Рахмон таъсисоти дигаре чун маркази кунтрули кайхонии «Окно» дар ихтиёр дорад, ки пешкаши Окпошшо кунад? Ё имкони мизбонии ройгону беминнат аз як лашкари дигари Русияро метавонад фарохам кунад?

Агар Рахмон саранчом то ба пояи як диплумоти одй рушд карда бошад, имруз аз хамаи шароити анчоми як монувр (манёвр)-и рохбурдй бархурдор аст. Курмонбек Бокиев – раисичумхурии Киргизистон пас аз дарёфти чандин тун ваъдаи баланду болои тоза аз хамтои русаш шомгохи сешанбе (03.02.09) тарсону ларзон эълом кард, ки хукуматаш тасмим гирифтааст пойгохи низомии омрикоихо дар фурудгохи Моносро бибандад. Ин дар холест, ки хамин чанд руз пеш фармондехи нерухои мусаллахи Омрико дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказй дар гуфтугу бо Рахмон бо итминони тамом гуфта буд, ки мухлати хузури нерухояш дар Киргизистон тамдид хохад шуд. Бо ин ки омрикоихо аз нохушнудии Русия бобати хузури омрикоихо дар Киргизистон огох буданд, бегумон интизор надоштанд, ки ба ин зудй аз он сомон ронда шаванд. Умедвор буданд, ки мисли собик бо пардохти пуле бештар пойгохи Гансиро хифз кунанд. Ва Худоро чй дидй! Шояд чунин хам шавад.

Аммо чудо аз гумоназанихо, вазъият дар Осиёи Миёна акнун ба суди давлати навпои Омрико нест. Русия орои Узбакистон ва Киргизистонро харид. Кимати тасмими ахири Бокиев андак нест: 150 милюн дулор кумаки билоъиваз, 300 милюн дулор вом бо бозпардохти 40-сола, ки хафт соли он боимтиёз аст ва сармоягузории 1.7 милёрд дулорй дар сохтмони неругохи обии Камбарото, ки орзуи деринаи киргизхост.

Бад-ин гуна, танхо хамсояи Афгонистон дар минтака, ки аз кофилаи руссолор дур монда, Точикистон аст, бо дарозтарин марзи муштарак бо он кишвари бесубот. Он хам дар даврае, ки Омрико мехохад доманаи амалиёташ дар Афгонистонро густариш дихад ва ба ёрии хамсоягони Афгонистон чашми умед духтааст.

Рахмон дар дидори ахираш бо Петреус (фармондехи Омрико дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказй) ба у руи хуш нишон дод, ки шояд яке аз далоили озурдагии Медведев хамин бошад. Холо ки кор аз кор гузашта, Рахмон метавонад суду зиёни хосил аз ин даргирии диплумотикро бисанчад ва ба омрикоихо руи хуштаре нишон дихад.

Дар Омрико давлате руи кор омада, ки ба вузух бештар аз давлати манфури пешин дагдагаи демукросиву хукуки башарро дар сар дорад. Рахбари давлати навин касест, ки озори табъизро руи пусти худ эхсос кардааст ва ба хукуки башар муътакидтар аз хар рахбари пешини он кишвар аст.

Гузашта аз ин, тасаввур намешавад, ки хузури пойгохи омрикойи дар кишвари бемоя (аз лихози иктисодй) ва дурдасте чун Точикистон дарозмуддат бошад. Мавкеъияти жеупулитик ба Точикистон ичоза медихад, ки ин бор аз чанги Русия бирахад, аз кумакхои Омрико бахра бигирад, бидуни нигаронй бо кумаки Эрон ва шояд Омрико неругохи Рогунро бисозад ва тахти химояти Омрико аз таъаррузи эхтимолии хамсояи бадсиголаш хам дар амон бошад. Ба иборате дигар, Точикистон метавонад бо истифода аз ин фурсат андаке ба байтулмоли холиаш бирасад, по бигираду коим шавад ва саранчом аз зери сояи Русияву Узбакистон берун ояд. Берун омадан аз зери ин сояхои сиёх аз ниёзхои умда барои идомаи хаёти сиёсй, фархангй ва ичтимоъии Точикистон аст.

Дар холи хозир пойгохи низомии Русия барои Точикистон чизе чуз дардисар надорад. Точикистон танхо кишварест, ки дар баробари чавлони низомии Хирси Сапед дар каламрави худ бож намеситонад. Мешавад тасмимеро, ки Бишкек дар мавриди пойгохи низомии омрикойи гирифт, Душанбе дар мавриди «лашкари 201»-и Русия бигирад. Он гох Точикистон гузинаи бештаре дар ихтиёр хохад дошт: Русияи нигарону хоршуда бо анбоне аз ваъдахои тоза ва Омрикои муштоки дарёфту ироаи кумак.

When Walls Collapse…

Вакте ки деворхо фуру мерезанд

Фасли марги бузургон дар Точикистон бедод мекунад. Ва мо, кавми мурдапарвар, танхо пас аз тахаммули бохту зоеъот ба андеша менишинем, ки чи бузурге хузурашро аз мо дарег доштааст. Кучи Наримон Бакозода, Боймухаммад Ниёзй ва Мухаммадзамони Солех, яке пас аз дигарй, дар синахои хазорон тан лаккахои нав ва дар лабхои садхо тани дигар марсияи алам кошт.

Шуморе аз дустон дар зодбуми мо озурдаанд, ки чаро Як Дарвеш дар бобати ин бузургони рафта сухане ба миён намеоварад. На ин ки Як Дарвеш хаводорони бешуморе дошта бошад ё суханаш кадри арзан вазне дошта бошад. Манзур дустони муштараки мову рафтагонанд, ки шояд сукути Як Дарвешро хамл ба бемехрй кардаанд, шояд хам чизи дигар.

Як Дарвеш дар гушаи эътикоф барои якояки азизони рафта дуъо мекунад ва бар равонашон офарин мефиристад, ки хар кадом ба гунае тушаи охирати дархури худро фарохам карда буданд ва хасрате аз ин бобат нест.

Аммо хамон гуна ки дар посух ба дусте навиштам, замоне бар ман мегузарад, ки аз шархаш очизам. Ангор, ба таъбири Фуруг, дастхоямро дар богча коштаам, аммо хануз сабз нашудаанд ва парастуе дар гавдии чавхаролуди ангуштонам хануз тухме нагзоштааст. Дар интизори инсичоми эхсосу мантик нишаста будам, то агар харфе барои гуфтан дошта бошам, хонандае хам пайдо кунад. Аммо маълум нест, ки ба он инсичоми матлуб даст ёфта бошам, то матлаб адо шавад. Эхсоси халаъ ва тухй будан хамчунон гиребонгирам аст.

Вале бо итоъати тамом аз суннати нописанди мурдапарварй бо деркарде нобахшуданй чизхоеро хохам гуфт, ки бояд дастикам ду хафта пеш мегуфтам; замоне ки Азроил хануз гуи сабкатро аз мо нарубуда буд.

Аз миёни рафтагон бо Мухаммадзамони Солех ифтихори хамнишинию хамгапй доштам. Пеш аз ошнойи уро хамзоди зохирии Салмони Рушдй медонистам, аз бас ба якдигар шабохати сурй доштанд. Солех хам саргарми ковиш андар виждону имони худ буд ва хамин ковишхо буд, ки моро ба хам овард. Чанд бархурди мухтасар дар толору долонхои фархангй ва сухбатхои сарипойи. Сипас ташрифи у ба дафтари Барномаи Инсоншиносии Огохон дар Душанбе, ки махалли корам буд. Устодро Рудакии Бехдин хамрохй мекард, ки солхо пас аз он ба таври фачеъе шодравон шуд ва акнун дар олами пиндори мо хар ду шояд зери сояи дарахте дар бихишт дидорхоро тоза мекунанд.

Рудакй ва устод мехостанд созмонеро бо номи «Маздаясно» рох андозанд ва комгор хам шуданд. Хар як аз мизигирдхои «Маздаясно» дар он даврон барои худ руйдоде бехамто буд. Порахое аз он нишастхо ба забони русй дар родю Душанбе пахш мешуд ва Мухаммадзамони Солех аз сохибназарони аслии бахсхо буд.

Замон гузашту талхтар шуд. Пайвандхо чои худро ба офандхо ва бастагихо чои худро ба гусастагихо доданд. Солхо баъд дар гурбатистон шунидам, ки устод Солех аз он созмони валангоршудаву бахсхояш дигар дили хуше надорад ва суннатро бар бидъат ричхон нихода ва мисли милюнхо тани дигар аз хамкавмонаш дар чанги душворихои рузгор дасту по мезанад. Аммо дарег, ки дигар роххои мо бо хам гирех нахурд ва бахт ёрам набуд, ки аз наздик чуёи холу сиголи устод шавам.

Давраи хамбудй бо Мухаммадзамони Солех давраи нишоти ошнойи бо инсоне ростин ва пуё буд. Такаллубе дар эхсосоти урёни у, ки аз забонаш таровиш мекард, намедидам. Дар огоз вонамуд хам намекард, ки ба ман кучактарин арче дошта бошад. Пиндошти у аз ман хамоне буд, ки акнун хам шояд бисёре дошта бошанд: як мукаллиди худписанди «эрониён», ки бо кач кардани лабу забон калимоти кулумба-сулумбаро ба забон меораду фазлфурушй мекунад. У бо гуиши ширини масчохй маро накухиш мекард, ки «чи ниёзе буд лахчаатро тагйир дихй?» Ман хам тавзехе намедодам, ки конеъаш кунад.

Аммо дустии мо чавона мезад ва рузе часорат ба харч додаму достонгунаеро аз навиштахоям барояш хондам. Солех, дар холе ки пушти мизи сапеде дар хаёти кахвахонаи Хонаи Синемо нишаста буд, бо тахаммули тамом ба ман гуш дод ва то ба тахи достон расидам, даст руи шонаам гузошту тамчиде кард, ки шояд ин чо натавонам ба шакли ростинаш бозгу кунам. Чун он хам ховии пусткандагуихои устод буд. Вале лубби каломаш ин буд: «Аз ин ба баъд хар галате, ки бикунй, нодида хохам гирифт, чун ту хак дорй... Ин гуиш хакки халоли туст ва хохиш мекунам сарзанишхои каблии маро фаромуш кун...»

Шунидани тавсифе ончунонй аз нависандаи тозапардозу хушбаёне чун Солех бароям як чахон маъно дошт. Аммо аз он хушхолтар будам, ки танхо мавриди ихтилофи мо бад-ин гуна рафъ шуд.

Бо рафтани нависандаи «Девори Хуросон», метавон гуфт, пораи бузурге аз девори насри точик хам фуру рехт ва киссахои бешуморе ногуфта монд. Пеш аз у мо, гумшудагони сарнавишт, ки хатту забонамон таътил шуда, «Ардавироф»-ро чи медонистем ва аз «кобуси Кобус» чи хабаре доштем ва «сарви Кошмар» дар кадом гушаи хиёли мо сабз мешуд?

Мухаммадзамони Солех харгиз аз кандуков намонд, то замоне ки калбаш бевафойи карду аз тапидан монд. Тафаххуси у дар гузаштаи пурбори миллат ва диди жарфи у ба имрузи низори мо дар миёни нависандагони муъосири кишвар бехамто буд ва агар умр мачолаш медод, бегумон дурри фаровонтареро месуфт. Вале дурре суфтатар ниходи поку беолоиши худи у буд, ки дар андак пайкаре хулул мекунад. Ва ин гавхар хам аз ангуштарии фарханги точик галтиду рафт. Зуд рафт. Бо шитоб рафт. Бо фишори рузгор аз сахна хорич шуд ва пас аз 58 сол дурахшиш дар замини намноки Масчох орамид. Аммо дар дидаву дилхои мо монд.

ПС: Акс армугонест аз дусти арчмандам Мунаввари Мунавварзод, ки аз дустони шодравон Мухаммадзамони Солех низ буд.

Thursday, January 29, 2009

Rahman Falls from Favour

Об мехохй? Гоз бидех!

Хамин чанд мох пеш буд, ки Д. Медведйев – рахбари навпои Русия, ки ба салафи салтанатиаш тезор Никулой (Николай) монандии шигифтангези зохирй дорад, дар шахри Душанбе аз «хамдилии русхову точикхо» ва «пайванди танготанги миёни ду кишвар» доди сухан медод.

Вай дар дидори мохи ут (август)-и худ бо Эмомъалй Рахмон гуфт: «Мо хамкорони стротежики чиддй хастем ва бисёре аз умур дар сарнавишти мардумони мо ва чахон ва хамчунин сулху оромиш дар Осиёи Миёна то хадди зиёде вобаста ба амалиёти хамохангшудаи мост.»

Зохиран дар он лахзаи бахусус Медведйев тахти таъсири пазироии бошукухе буд, ки дар остонаи Кохи раёсати чумхурии Точикистон сурат гирифт: суфуфи муназзами афсарону сарбозони точик аз ду су рахбарони ду кишварро пешвоз гирифтанд ва сурудхои миллии ду кишвар гуши хомуши Душанберо барои муддате навохт.

Акнун ба назар мерасад, ки торихи масрафи он суханхои рахбари Русия ба сар расидааст.

Дар Самарканд хам такрибан хамон гуфтахои «самимона» аз дахони раисичумхурии рус садо дод, аммо ин бор дар бораи ишголгари сарзамини точикон – Узбакистон. Медведйев ба «дурр»-и каломи Темурланги Сонй гуши чон супурд ва таъйид кард, ки хеч кишвари минтака ичоза надорад бидуни машварат бо хамсоягонаш неругохи обй бисозад. Ва барои мухкамкорй таъкид хам кард, ки агар кишваре худсарона даст ба эхдоси як чунин неругохе бизанад, Русия аз ширкат дар он тарх худдорй хохад кард. «Худдорй» баёни сабуке аз «мумонеъат» аст. Дар вокеъ, манзури Медведйевро макомоти Точикистон бехтар дарёфтанд ва пас аз се руз диранг садои эътирозашон дар Маскав танин андохт.

Ин нахустин мавриди эътирози ошкори Вазорати хоричаи Точикистон ба суханони як рахбари Русия буд. Дар ёддошти эътирози Вазорати хоричаи мо омадааст, ки изхороти зидду накизи Медведйев онхоро «шигифтзада» кардааст. Аммо Русия, ки худро валии точикон дар хамаи умур ва давлати моро дастнишондаи вомдори худ медонад, бештар аз макомоти точик «шигифтзада» шуда буд. Ба гунае, ки билофосила дар рузномаи машкуки «Коммерсантъ» гузорише аз эхзори сафири Точикистон дар Маскав ва тавбихи лафзии у мунташир шуд. Хабаре, ки Сафорати Точикистон такзибаш кард, аммо рузномаи чопи Маскав хамчунон бар сиххати он пофишорй дорад. Холо кадом як ин чо сари мо кулох мегузорад? Худо донад.

Аз эътирози Вазорати хорича бояд химоят кард. Ин аз маъдуди корхои хайрест, ки ин ниходи давлати мо анчом додааст. Аммо ин эътироз басанда нест. Химояти кулли мардуми Точикистон аз тарххои зерсохтии кишварро бояд чалб кард, то хама бо як садо дар баробари Русияи «харомбоз» кад алам кунанду «хакки худро аз дахони шер» биситонанд.

Дар паи куштори Андичон дар соли 2005 ва наздикии мутаъокиби Узбакистон бо Русия макомоти гуш-ба-Маскави мо нигарон шуда буданд, ки акнун Русия чойгузини бехтареро барои шарокати стротежик дар Осиёи Миёна пайдо кардааст. Комилан возех буд, албатта, ва дарки ин мавзуъ акли Сукротро намехост. Аммо макомоти вакти рус ширае ба сару гуши макомоти мо молиданду дилдорй доданд, ки дар накшаи стротежики Русия чойгохи Точикистон бетагйир хохад монд ва точиконро нигаронй нашояд.

Омад ба сари Рахмон он чи ки метарсид. Арбобе, ки уро сари кудрат оварда буданд (русу узбак), акнун чомаро воруна ба тан кардаанд ва дили хуше аз у надоранд. Ба гунае, ки мумкин аст дидори мутараккибаи Рахмон бо Медведйев дар Маскав дар рузи 2 феврие (феврал) лагв шавад. Вазорати хоричаи Точикистон дар ин маврид изхори ноогохй мекунад. Дар холе ки Маскав ба сарохат мегуяд, ки мумкин аст он дидор сурат нагирад.

Русия чашми оз ба гози Узбакистон бастааст. Чи накшаи иктисодие бехтар аз ин ки Русия гозро ба кимати арзонтар аз узбакхо дарёфт кунад ва гози фаровони худро ба кимати сарсомовар ба урупоихои ниёзманд бифурушад! Дар ин миён Рахмон колое надорад, ки нисори «шарик»-и бособикааш кунад ва тахту точи худро аз хашми Окпошшо дар амон нигах дорад.

Танхо колои арзишманду фаровони Точикистон об аст. Аммо дар ин замина хам Русия ва Узбакистон мехоханд дасту пои Точикистонро бибанданд ва дар мавриди нахваи истифода аз захоири оби Точикистон худ тасмим бигиранд. Далели Русияро тавзех додем: хушомаду курниш ба Узбакистон бо макосиди иктисодй ва чалби химояти сиёсии пурчамъияттарин кишвари минтака. Аммо далели расмии Узбакистон камбуди об дар кишвараш дар сурати ичрои тарххои баландпарвозонаи Точикистон дар заминаи энержии обист. Яъне агар мо неругоххои азиме чун Рогун бисозем, дар пиёлаи Каримов як чуръа камтар об рехта хохад шуд.

Албатта, ин хам чизе чуз бузургнамоии мавзуъ нест. Узбакистони дарандашт оби кофй гир хохад овард. Хатто агар панч-шаш-тои дигар Рогун бисозем. Дагдагаи аслии Тошканд эхтимоли истиклоли Точикистон дар заминаи энержист. Барои намуна, имсол хам Узбакистон интиколи барк ба Точикистонро катъ кард ва хатто ичоза намедихад, ки Туркманистон холисона баркашро ба Точикистон содир кунад. Тошканд аз Душанбе хакки интикол мехохад: 0.03 сент аз хар килувот барки туркманй, ки аз тарики хоки Узбакистон ба Точикистон содир мешавад. Дар натича, бунбасте ба дилхохи Узбакистон эчод шуда ва калофи мавзуъ сари дарозе пайдо кардааст.

Агар Точикистон аз лихози энержй ба худбасойи (худкифойи) бирасад, Узбакистон бехтарин фишанг (ахрум)-и фишори худ алайхи Душанберо аз даст хохад дод. Афзун бар ин, Точикистон дар паи таъмини мардум бо барк дар тули сол ва фуруши мозоди тавлиди барк ба хорич метавонад ба шукуфоии иктисодии нисбй даст ёбад, ки бо барномаи вайронгаронаи Узбакистон мунофот дорад. Аз ин ру, Узбакистон бо истифода аз хар рохе чилави ичрои тарххои энержии Точикистонро хохад гирифт. Акнун, ки Русия ба додаш расидааст, Тошканд эхсос мекунад, ки бозуи зурмандтаре дорад.

Давлати Рахмон, ки то кунун гули суханхои Русияро хурда буд, такон хурдааст. Бо деркарди зиёнбор. Агар аз пеш хирадро пешаи худ карда буд, руйдодхои имруз «шигифтзада» ё гофилгираш намекард. Ва таи ин муддат метавонист комилан дасту дил аз Русия бишуяд ва дунболи шарикони самимитаре бигардад.

Бо вучуди ин, дар ин мавриди бахусус бояд аз тарххои иктисодии давлат шадидан дифоъ кард ва садои эътирози худро ба давлатхои русу узбак расонд. Ба шарте, ки макомоти давлати мо даст аз чопидану горати миллат бар доранд ва ба фикри хамму гами миллат бошанд.

Агар хеч кишваре ичоза надорад аз оби худ ба дилхохи худ кор бигирад, хамин мукарраротро бояд дар мавриди гозу нафт хам эъмол кард. Об ба монанди гозу нафт аз чумлаи захирахои табиъист. Пас чаро Узбакистон бояд гози худро ба абзори фишор табдил кунаду Точикистон дар баробари истифодаи бехина аз оби худ косир бимонад? Мо барои гозе, ки аз Узбакистон меояд, пули хангуфте мепардозем. Ба хамон андоза, ки Узбакистон аз беобй ташна мемонад, мо аз бегозй дар чанги сармо мехушкем. Пас бехтар аст Узбакистон дар ин замина ба муъомилаи поёпой тан дар дихад.

Happy Sada!

Сада фархунда!


Чашни фархундаву бостонии Садаро ба так-таки дустдоронаш дар саросари кураи хокй шодбош мегуям. Чашни Сада оташест сармосуз ва дарест ба руи Навруз, ки то сад рузи дигар аз пушти замхарир дубора ба дидани мо хохад омад.

!سده، فرخنده

جشن فرخنده و باستانی سده را به تک تک دوستدارانش در سراسر کره خاکی شادباش می گويم. جشن سده، آتشی است سرماسوز و دری است به روی نوروز که تا صد روز ديگر از پشت زمهرير دوباره به ديدن ما خواهد آمد

‘He took the novel onto another plane of intimacy’


Уруч ба лояхои махрамонатар

به دبيره پارسی

вижаи jadidonline

Чон Опдойк (John Updike) – нависанда ва шоъири омрикойи, ки бо мачмуъа-румонхои «харгушй»-аш дар чахон шинохта шудааст, рузи сешанбе, 27 жонвие (яевар) дар синни хафтоду шашсолагй даргузашт. Достонхои «Харгуш пулдор мешавад» (Rabbit is Rich) ва «Харгуш истирохат мекунад» (Rabbit At Rest) аз ин силсилаи панчгона барои Опдойк чавоизи Пулитзерро ба армугон овард. «Харгуш» (Rabbit) лакаби кахрамони аслии ин достонхост.

Суннатшикании адабй ва ба калам овардани харфхои магу аз боризтарин вижагихои ин нависанда унвон шудааст. У аз огози кори адабиаш тасмим гирифта буд хар сол як достон мунташир кунад. Метавон гуфт, ки Опдойк ба кавли худ вафо кард ва хосили талошхояш даххо достони хурду бузург аст, ки Опдойкро ба яке аз пурбортарин нависандагони Омрико табдил кардааст.

Навиштаи зер матлабест аз Мортин Эймис (Martin Amis) – нависандаи саршиноси инглисй, ки дар рузномаи Гордиян, чопи Ландан, мунташир шудааст.

Мортин Эймис

Мегуфт, дар хонааш чахор утоки кор дорад. Метавон тасаввур кард, ки у дар яке аз ин утокхо пеш аз сарфи субхона шеър менавишт; сипас дар утоки дигар сад сафха аз достони навашро пур мекард; баъд аз зухр дар утоки севум маколаи дарозу дурахшонеро барои рузномаи «Нйу Йуркер» (New Yorker) омода мекард ва ба дунболи он дар утоки чахорум яке-ду шеъри тозаро руи когаз меовард. Якинан, Чон Опдойк хомили неруе нобтар аз энержии хар нависандае дигар аз замони Дейвид Херберт Луренс то кунун буд.

Бархе мегуянд, ки шахсиятхои шигифтангезе чун у гирифтори оризаи гибтаовар (рашковар)-е хастанд, мавсум ба «фишори дарунй бар лояи руйи». Гуйи дар дарунашон чашмае зерин доранд, ки хамвора дар холи чушидан аст. Теъдоди навиштахои вай фавкулъода зиёд аст. Бегумон, у аз бузургтарин достоннависони омрикоии садаи бистуми мелодист.

Танхо у метавонист бо саре баланд шона ба шонаи яхудиёни бузурге чун Беллуф (Bellow), Рут (Roth), Мейлер (Mailer) ва Зингер (Singer) кад алам кунад. Мукаддар буд, ки касе бо он вижагихо худаш хам ба як достоннависи бузурги яхудй табдил шавад, ба монани Хенрй Бек – кахрамони чандин китобаш. Ба назари ман, ин аз вижагихои ниходини Опдойк аст, ки харгиз ба хеч махдудияте тан намедод ва хамеша хостори сахми бештаре буд. Карор нест яктойи ё мунхасир ба фард будан ифрот ва тафрит дошта бошад. Метавон якто буд ё набуд. Хадди васате дар кор нест. Вале у истисноан аз афроди яктои навъи худаш буд.

Худи у ба шиддат тахти афсуни Чеймз Чуйс (James Joyce) буд ва дар достони «Завчхо» (Couples) талош кард Чуйсро ба Омрико оварад. Фикр намекунам, ки худи у мутаваччехи ин нукта буд, ки афроди сохибсабк касоне хастанд, ки тахти таъсири дигарон карор намегиранд. Бо ин ки талоши у кобили тахсин буд, дар нихоят ба чое нарасид. Аммо Опдойк бо он гано ва сармояи маънавие, ки дошт, метавонист ба худаш ичоза дихад, ки лагзишхои андаке дошта бошад.

Чуйс гуфта буд, ки баъзе чизхо ба андозае шармоваранд, ки наметавон руи когаз овардашон. Аммо Опдойк ба таври зотй бо ин хичолат бегона буд ва мо мазийяти он бегонагиро дидаем. Вай достоннависиро ба лояе дигар аз эхсосоту умури махрамона бурд: у моро фаротар аз утоки хоб, ба хаммом бурд. Гу ин ки аз хеч чизе дар бораи инсон чашм намепушид. Ман фикр мекунам, у аз чинси насли худаш буд. Ба гуфтаи худаш, «хамсари ман ва ман бача доштем, замоне ки худамон бача будем.» У дар огози солхои миёнии умраш шури чавониро тачруба кард.

Барои ман бехтарин достонхои у ду китоби охир аз румонхои «харгушй» буд: "Харгуш пулдор мешавад» ва «Харгуш истирохат мекунад». Дурахшонтарин кори у чахорумин румонаш аз ришта-достонхои «харгушй» буд. Вузуху сарзиндагй ва оханги каломи у лагомгусехта аст. Дар тули руз чанд бор ба у, ва акнун ба равони у, ру меоварй ва мепурсй: «Агар Опдойк буд, ин корро чи гуна анчом медод?»

Дар кучаи адабиёт имруз боди сарде мевазад.

BBC Persian TV Heeds Dushanbe Time

Саранчом телевизюни порсии Би-Би-Си ба пойтахти Точикистон хам махал гузошт ва замони Душанберо шомили чадвали пахши барномахои худ кард.

سرانجام تلويزيون پارسی بی بی سی به پايتخت تاجيکستان هم محل گذاشت و زمان شهر دوشنبه را شامل جدول پخش برنامه های خود کرد

Tuesday, January 27, 2009

Barak Obama Poll

Оё Борок Убомо авзоъи чахонро тагйир хохад дод?

Оре 7 (36%)

На 4 (21%)

Намедонам 1 (5%)

Шояд 7 (36%)


Votes so far: 19
Poll closed

Monday, January 26, 2009

BBC Persian: Tajiks Will Not Be Ignored

Дар паи як хафта аз замони огози пахши барномахои телевизюни порсии Би-Би-Си хохари гиромии мо Шахзодаи Самаркандй дар родю Замона гуфтугуе карда бо Содики Сабо, яке аз сардабирони аршади ин шабакаи телевизюнй ва нигаронихои порсизабонони Осиёи Миёна дар мавриди камтаваччухии Би-Би-Сии порсй ба онхоро бо у дар миён гузоштааст. Бояд гуфт, ки дар хафтаи дувум гузоришхое аз Точикистон руи мавч рафт ва тозатарини он гузориши имруз (душанбе) аз Сухроби Зиёи гиромй буд дар мавриди онтенхои мохворайи дар Точикистон. Аммо дар замони пахши гуфтугуи Шахзода бо Содик хануз хабаре аз Точикистон дар ин телевизюн набуд. Ба чузъиёти ин гуфтугу дар оянда метавон бозгашт ва руи нукоти бахсбарангези он ангушт гузошт.

Би-Би-Сии форсй: Кавл медихем точикхо канор намонанд

Гуфтугуи Шахзодаи Самаркандй бо Содики Сабо, аз сардабирони аршади телевизюни Би-Би-Сии форсй

به دبيره پارسی

Бо гузашти як хафта аз шуруъи барномахои телевизюни форсии Би-Би-Си хамчунон хеч гузориш ва барномае дар мавриди Точикистон, ба унвони севумин кишвари форсизабони дунё аз он пахш нашудааст.

Дар мавриди бахсхое, ки ахиран дар робита бо нодида гирифта шудани масоили точикхо дар телевизюни тозатаъсиси форсии Би-Би-Си сурат гирифта, бо Содики Сабо, аз сардабирони аршади ин телевизюн гуфтугу кардаам.

Сабо: Ин телевизюн барои кишвари хоссе нест. Барои форсизабонони дунё аст, ки бахши мухимме аз форсизабонон хам дар Точикистон зиндагй мекунанд. Албатта, бештари форсизабонон дар Эрон хастанд. Баъд ба тартиб дар Афгонистон, Точикистон, Осиёи Миёна, кишвархои дигари Халичи Форс ва Урупову Омрико.

Ин телевизюн дар дарачаи аввал барои форсизабонон аст, аммо ба хар хол, мухимтарин кишвари форсизабон Эрон аст. Ба хамин далел таъкиди бештар руи Эрон хохад буд. Вале ман ба точикхои азиз кавл медихам, ки хеч чои нигаронй нест. Ин телевизюн ба Точикистон хатман таваччух хохад кард. Агар руйдоде дар Точикистон бошад, хатман пушиш хохад дод.

Дар зимн, хабарнигорони мо дар Точикистон карор аст барномахоеро кам-кам тахия кунанд ва барои ин телевизюн бифиристанд. Бояд таваччух кард, ки хануз худуди як хафта аз кори ин телевизюн гузаштааст ва ин тавр нест, ки карор бошад дар мавриди Точикистон барномае надошта бошад.

Агар манзур лахча хам бошад, ин чо лахчаи истондорди форсй истифода мешавад ва на лахчаи кишвари хоссе, ки масалан, Афгонистон ё Точикистон бошад.

Шахзода: Дар суханатон гуфтед, ки кавл медихед точикхо аз калам науфтанд. Аммо ин кавлро Би-Би-Си аз замоне, ки шуруъ ба кор карда, ба мо дода буд.

Хамчунин ин телевизюн кабл аз шуруъ ба кор омодагихое дошт. Масалан, дар Кобул студюхои комилу мучаххаз вучуд дошт ва бачахо комилан омода хастанд. Метавонанд бо хамон стондордхои студиюи Ландан хам филм бигиранд, эдит кунанд ва бифиристанд. Аммо мисли ин ки ин тадорукот дар дафтари Би-Би-Си дар Точикистон дида нашудааст. Ба назари Шумо, оё далели хоссе дорад, ки то ал-он, ки як хафта аз пахши телевизюн гузашта, хануз точикон аз Точикистон ва Душанбе омодаи фиристодани гузориш нестанд?

Сабо: Баъзе авкот хабару гузориши сиёсй аз кишвар надоштан бояд боъиси хушхолии он кишвархо бишавад. Чун дастгоххои хабарй мисли мову шумо маъмулан ба хабархои манфй алокаманд хастем. Дар Точикистон феълан оромиши бештаре хаст, тахаввулоти зиёде дар он чо рух намедихад ва табиъатан таъкиди камтар хаст. Аммо дар Афгонистон чанге дар чараён аст ва на факат телевизюни форсй, балки хамаи расонахои дунё таваччухи бештаре ба он чо мекунанд.

Эрон хам ба хотири мушкилоте, ки бо чахони Гарб дорад, ба хотири масоили хастайи химояташ аз Хамос дар чараёни Газза ё накши он дар Ирок ва гайра ба кишваре табдил шуда, ки дунё ба тахаввулоташ хеле алокаманд аст.

Точикистон дар вазъияти феълй кишвари оромест. Тахаввулот дар он чо камтар аст ва ба хамин далел дар хафтаи гузашта ба он чо таваччух нашудааст. Агар бигуед, масалан, дар ин як хафта тахаввулоти мухимме дар Точикистон буда ва кутохй шуда, он мавкеъ метавон посух дод. Дар мавриди хеле аз кишвархои дигар хам хеле авкот чизе пеш намеояд ва хабаре хам нест.

Вале дар мавриди барномахои фархангй, албатта, лозим нест хатман масъалаи хоссе пеш биёяд. Дар он маврид барномахоест, хамон тавр ки Шумо хам ишора кардед, хамкорони мо дар холи тахияи барномахое хастанд. Дар даврони озмоишй чанд гузориши хуб аз Точикистон дидам, ки ба тартиб пахш хохад шуд. Яъне дар хафтахои оянда хатман аз Точикистон матлаб хохем дошт.

Аз ин чихат хаст, ки мегуям, дустони азизи ио дар Точикистон, ки ман шахсан хеле ба онхо алокаманд хастам, чои нигаронй надошта бошанд. Ин телевизюн барои форсизабонони дунёст ва Точикистон севумин кишвари форсизабон аст. Хатман ба он таваччух хохад шуд.

Шахзода: Нигаронии точикхо аз ин ки садояшон ва мушкилоташон аз ин телевизюни чадид дида ва шунида нашавад, дар ин аст, ки, масалан, ал-он телевизюн дорад ба таври зинда барномаи Пунаи Куддусиро пахш мекунад, ки мушкилоти афгонхо дар дохили Эронро матрах мекунад. Хамон тавр ки дар чараён хастед, худуди як ё хатто ду милюн (омори дакике то кунун эълом нашуда) точик дар Русия бо хамон шароите, ки ал-он афгонхо дар Эрон доранд, ба шакли конунй ва гайриконунй кор мекунанд. Худуди 40 руз пеш сари яке аз ин мухочирони точик бурида шуд. Филми он хам аз суи носюнолистхои рус руи Ю-тюб гузошта шуда буд ва сарусадои зиёде эчод кард. Аммо эътирози худи точикхо ба берун нарасид. Чун хеч расонае ин масъаларо пушиш надод. Ба назари Шумо, инхо мавзуъоте нестанд, ки ин телевизюн битавонад матрах кунад?

Сабо: Сад дарсад. Хамин ал-он гуфтед, мушкилоте, ки точикхо дар Русия доранд, хатман метавонад мавзуъи чолиби таваччух барои ин телевизюн бошад, ки на факат масъалаи точикхо, балки масъалаи хамаи форсизабонон аст. Мо бояд хатман ин масъаларо пушиш бидихем. Хатман ба хамкоронам ёдоварй хохам кард, ин гуна масоилро аз калам наяндозем.

Агар баъзехо фикр мекунанд таъаммуд (касд)-и хоссест, ба шумо кавл медихам, ки чунин нест. Ин телевизюн барои Эрон, Афгонистон ва Точикистон аст. Яъне барои хамаи форсизабонон; форсизабонхои кишвархои дигар, мисли Узбакистон, Осиёи Миёна аст.

Баъзе авкот мумкин аст гафлат сурат бигирад. Масъалаеро, ки гуфтед, нуктаи кобили таваччух аст. Хатман ба дустонам мегуям ва хатман мо таваччух хохем кард. Як микдор хам дафтари мо дар Точикистон аз ин бобат фаъъолтар хохад шуд ва пушиши бештаре хохад дошт.

Факат таваччух дошта бошед, ки ин телевизюн тоза ифтитох шуда ва хануз он тавр ки бояд, чо науфтодааст. Вакте ки чо биуфтад, хатман ба масоили Точикистон пардохта хохад шуд. Худи ман шахсан дуст дорам ба Точикистон биравам ва микдоре филм дар бораи фарханги точикй ва торихи Точикистон тахия кунам. Сухбати аввалияро хам бо масъулони Би-Би-Си кардаам.

Шахзода: Дар идомаи хамин сухбатхои Шумо мехохам изофа кунам, ки яке аз дустон мегуфт, таваччух ба точикхо даврубари Навруз иттифок меуфтад. Чун дар чомеъаи точикй раксу овоз байни занхо расм аст ва ин телевизюн хам ниёз дорад, зеро дар Эрон ва Афгонистон чунин чизеро камтар метаон пайдо кард. Ба назари Шумо, оё вокеъан ин тавр аст?

Сабо: Агар Точикистон маросими Наврузро бехтар аз Эрон, Афгонистон ва чохои дигар баргузор мекунад, хуб, хатман мо ба он алокаманд хастем. Шумо ба унвони як хабарнигор алокаманд нестед? Агар дар Точикистон раксхои зебое дар даврони Навруз анчом мегирад, чаро набояд ба он алокаманд бошем?

На ин ки дар Эрон ё Афгонистон нест. Дар Эрон хам хаст. Дар Эрон пушиши телевизюнии расмй дода намешавад. Вале дар бисёре аз манотики Эрон, масалан, дар Курдистони Эрон бузургтарин чашни курдхои Эрон Навруз аст. Ё дар кулли Эрон хам хамин тавр аст. Феълан махдудиятхое давлатй хаст, ки раксро нишон намедихад. Вале мардум дар хонахояшон мераксанд.

Аммо ин ки дар Точикистон ба таври расмй раксро хам нишон медиханд ва мо гузориш бидихем, кори зебоест ва бояд боъиси хушхолии дустони точики мо бошад, на мавзуъи гилоя, ки чаро факат дар даврони Навруз ба мо алокаманд хастед.

Шахзода: Дафтари Би-Би-Си дар Тошканд чандин сол аст, ки баста шуда ва дигар фаъъол нест. Оё мушкилоте хам дар Точикистон бо давлаи дар заминаи масоили расонайи хаст?

Сабо: То он чое, ки иттилоъ дорам, Би-Би-Си мушкили хоссе бо давлати Точикистон надорад. Агар хам дар ин муддат таваччух нашуда, баъид медонам ба хотири вучуди мушкили хоссе бо давлати Точикистон бошад.

Дар хафтаи ахир бештарин таваччух ба хамон далоиле, ки дар ибтидо ишора кардам, ба масоили Эрону Афгонистон буд. Вале кам-кам Точикистон хам чузви кишвархоест, ки ба он таваччух хохем кард ва масоили онхо хам дар телевизюн матрах хохад шуд. Ин тасаввур пеш наояд, ки амдан (касдан) дорад гафлате дар ин маврид сурат мегирад.

Шахзода: Хамон тавр ки худатон хам ишора кардед, точикхо танхо дар худи Точикистон нестанд ва дар кишвархои хамсоя, мисли Узбакистон, ки Би-Би-Си каблан дар Тошканд дафтаре дошт, сокин хастанд. Оё барномае барои дубора фаъъол кардани ин дафтар хаст?

Сабо: Кулли Би-Би-Си доиман дорад талош мекунад дафтарашро дар Тошканд дубора доир кунад. Мушкилоти хоссе буда, ки дафтари он чо таътил шуда.

Талош сурат мегирад, аммо хеле чохо ин талошхо ба чое намерасад. Дар Эрон хам хеле саъй кардем барои ин телевизюни форсй дафтаре дошта бошем. Макомоти эронй на факат ичоза надоданд, балки ахиран баъзе изхороти хусуматомез дар мавриди ин телевизюн сурат мегирад.

Дар мавриди Узбакистон ба ин шакл нест. Баро ин ки телевизюн барои он минтака ба он шакл нест. Албатта, барои форсизабонони он чо хаст, аммо на барои кулли Узбакистон.

Би-Би-Си мехохад хамаи чои дунё дафтар дошта бошад ва Узбакистон яке аз кишвархои мухимми минтака аст. На факат барои форсизабонон ё узбакзабонон, балки барои шунавандагону бинандагони инглисизабони Би-Би-Си масоили Узбакистон ва усалан, Осиёи Миёна хеле мухим аст.

Black

Сиёх

Миллати афсурда мепушад кабои иртичоъ
Мешитобад бетааммул аз кафои иртичоъ

Марчаъи беарчи мо аз чашмхо уфтодааст
Хашм моро афканад дар кахкарои иртичоъ

Чашми равшан, калби пуруммед, яъне иртико
Яъсу торикй нишонест аз вабои иртичоъ

Дар сиёхй метапад афкори бекорони кавм
Чодари торики афкор аст абои иртичоъ

Хонаи ободи дируз ошёни гусса шуд
Медавад Юсуф ба доми дилрабои иртичоъ

Шохи ланги мо хирадро хоки пояш мекунад
Нанги хорй мефизояд иштихои иртичоъ

Во дареги миллати бофарри яздонии мо
Гуши чон дода ба хукми вой-вои иртичоъ

26.01.09
01:42am


سياه

ملت افسرده می پوشد قبای ارتجاع
می شتابد بی تامل از قفای ارتجاع

مرجع بی ارج ما از چشم ها افتاده است
خشم، ما را افکند در قهقرای ارتجاع

چشم روشن، قلب پر امّيد، يعنی ارتقا
ياس و تاريکی نشانی است از وبای ارتجاع

در سياهی می تپد افکار بيکاران قوم
چادر تاريک افکار است عبای ارتجاع

خانه آباد ديروز آشيان غصه شد
می دود يوسف به دام دلربای ارتجاع

شاه لنگ ما خرد را خاک پايش می کند
ننگ خواری می فزايد اشتهای ارتجاع

وا دريغ ملت بافرّ يزدانی ما
گوش جان داده به حکم وای وای ارتجاع

Shahrbaraz: BBC Persian Offensive on Persian

Телевизюни порсии Би-Би-Си ва хамла ба забони порсй

Порае аз матлаби Шахрбароз

Бритониё аз хамон огози вуруд ба Осиё дар садаи 18-уми мелодй ба нуфузи забони порсй дар фарханги гарби Осиё огохй дошт. Аз ин ру ибтидо забони порсиро дар Хиндустон бо забони инглисй чойгузин кард. Бритониё сипас барои чилавгирй аз дастёбии Русия ба Хинд кишвари Афгонистонро ба унвони «зарбагир» (buffer) ба вучуд овард ва дар ин кишвари навпо кудратро ба кабилаи паштун дод, ки аз назари фархангию торихй ва ичтимоъй бисёр камтачрубатар ва тавсеъанаёфтатар аз эрониёни порсизабони ин минтака буданд. Яке аз барномахои фархангии паштунхо аз замони Амонуллоххон заъиф кардани забони порсй ва чойгузин кардани он бо забони кабилайи, суст ва тавсеъанаёфтаи пашту будааст. Ин харакати паштунхо хануз хам дар чараён аст ва ба ёд дорем, ки соли гузашта Абдулкарими Хуррам, вазири фарханги давлати Хомид Карзай, хабарнигореро ба хотири корбурди вожаи порсии «донишгох» тавбих ва мучозот кард ва вожахои порсиро «гайриисломй» хонд. Чолиб он ки у номи вазоратхонаи худро «калтур» гузошта, ки гуё вожае бисёр исломист!

Тавтеъа ва душмании сардамдорони Бритониё бо забони порсй дар соли гузашта намуди дигаре ёфт ва он интишори чанд макола дар бахши порсии Би-Би-Си буд. Яке аз онхо маколае буд кадимй, мутаъаллик ба 19 сол пеш, аз дуктур Мухаммадризо Ботинй бо унвони чанчолии «Форсй – забоне аким». Дар ин маколаи кадимй дуктур Ботинй эродхоеро ба забони порсй ворид карда буд, ки дар хамон замони навиштани макола низ кадимй шуда буданд ва дуктур Гуломхусейни Мусохаб ва гурухи хамкоронаш солхо пеш дар дахаи 1340 (1960) онхоро хам карда буданд. Дар ин гуфтугу дуктур Ботинй хам чунин вожасозй ва накши Фархангистони Забонро бехуда дониста буд.

Пас аз ин хамлаи бенатича ба забони порсй навбат ба хамла ба хатти порсй шуд. Ин бор низ дар гуфтугуе бо дуктур Мухаммадризо Ботинй эшон фармуданд, ки «ман ба ин натича расидаам, ки хатти порсй ислохшуданй нест ва бояд аз хайри он гузашт ва мунтазир шуд, то фурсате фарохам ояд ва куллан хатро иваз кард.» Дуруйи ва бесуботии чолиб он аст, ки дуктур Ботинй дар хамин гуфтугу мегуяд: Исроил тавонист хатту забони мурдаи ибриро зинда кунад ва барои худ хувият бисозад. Аммо гуё эшон ба ин натича расида буд, ки бояд хатту забони зиндаи порсиро кушт, то барои мардуми Эрон хувияти чадид ва берешае тарошид!

Албатта, дуктур Мухаммадризо Ботинй пас аз ин ба родю Омрико хам даъват шуд, то дубора хамин харфхои кухна ва бепояро такрор кунад ва иштибоххои бештаре бар он биафзояд.

Ба назар мерасад тозатарин накшаи Би-Би-Си ва Бритониё барои хамла ба забони порсй, ки намоянда ва бурдори фарханги гании эронй дар тули замон ва омили хамбастагии эрониён дар густараи васеъе аз марзи Чин то Онотулй буда ва имруза омили хамбастагии мо дар саросари чахон аст, аз рохи телевизюни порсзабони Би-Би-Си бошад. Ин телевизюн, ки ба тозагй рох уфтода, гуё инояте ба Точикистон надорад ва ононро ба хисоб наовардааст.