Tuesday, June 22, 2010

The Only Solution To Our Language

Танҳо чораи забони мо

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Оё ҷое дидаед, ки нахуст ҷасадро ба хок супоранду сипас ба фикри порчаи кафанаш биуфтанд? Дар зиндагии рӯзмарраи мо аз ин иттифоқот фаровон меуфтад ва тозатарин намунаи он ислоҳотест, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мехоҳад бар пайкари бахшҳои беҷони расмулхатти сириллик анҷом диҳад.

Ғараз аз зикри ин матлаб хурда гирифтан бар ин кумитаи тозатаъсис нест. Кумитае, ки дар раъси он забоншиноси чирадасте чун Додихудои Саймуддин қарор дорад, ба эҳтимоли зиёд, метавонад равзанаеро ба рӯи тасбиту устувории ҷойгоҳи забони порсӣ дар Тоҷикистон во кунад. Вале гушудани гиреҳҳои бешуморе, ки ба ҷони забону расмулхатти мо уфтодааст, кори танҳо як ниҳоди расмӣ нест, балки талошу пайкори саросариро мехоҳад.

Мехоҳанд майдони ҷавлони ҳарфи “ӯ”-ро маҳдудтар кунанд. То кунун дар расмулхатти сириллик таҳти таъсири алифбову талаффузи узбакӣ ҳатто вожаи “узбак”-ро бо ҳарфи “ӯ” менависанд, ки дар порсии меъёр ғалат аст. Тайи ин ҳама соли ситамравоии хатти сириллик бар забони порсӣ маҷбур будем дар дарси иншо дар имлои вожаҳое чун “мӯҳтаво”, “мӯҳтарам”, “мӯътабар”, “таваҷҷӯҳ”, “сӯҳбат”, “мӯҳра” ва ғайра ҷойгоҳи норавои “ӯ”-ро муҳтарам бидонем. Аммо берун аз мактаб чи дар навиштаҳову чи дар суҳбатҳо дар баёни он вожаҳо “ӯ”-ро нодида мегирифтем, бидуни ин ки бидонем он чи мо мегӯем, пояи мантиқитар ва илмитаре дорад. Чун худҷӯш буд ва аз синаи қарнҳо бурун меомад, на аз китобҳое, ки чанд тан забоншиноси бегона бароямон дикта карда буданд. Бузургтар, ки шудему аз “вови маҷҳул” (“ӯ”) шинохти беҳтаре пайдо кардем, бо пофишории бештар аз имлои расмӣ парҳез кардем ва “муҳтаво”-ву “муҳтарам”-у “таваҷҷуҳ”-ро риҷҳон ниҳодем. Дар воқеъ, “ӯ”-и он вожаҳо муддатҳо пеш барои мо мурда буд.

Имлои ғалати ин вожаҳо боъис мешуд, ки бархе аз шоъирони мо, масалан, вожаи “таваҷҷӯҳ”-ро бо “кӯҳ”-у “сутӯҳ” ё ҳатто “рӯҳ” қофия бибанданд, ки бино ба меъёрҳои забони порсӣ нуқси бузургест ва танҳо роҳи дарки ин норасоӣ шиносоӣ бо хатти модарӣ аст. Акнун шумори касире аз ҷавонон шояд бахши поёнии ин вожаҳоро ҳамсон талаффуз кунанд; чун хатти русӣ кори худашро карда ва забони моро ба ниҳояти абгорӣ расондааст.

“Вови маҷҳул” ё ҳамон “ӯ” ҷузъи ҷудоинопазири забони порсист ва дар гӯишҳои гуногуни ин забон, чи дар Тоҷикистону Узбакистон ва чи дар Эрону Афғонистон, талаффузи хосси худро дорад. “Маҷҳул”, яъне номаълум ё ношинохта. Барои арабҳое, ки ҳазору анд сол пеш барои мо расмулхат оварда буданд, садои “ӯ” ошно набуд, маҷҳул буд. Аммо дар миёни тӯдаҳои бумӣ ин садо монду то ба мо расид. Аз ин ҷост, ки, масалан, талаффузи бахши марбутаи “рӯз”-у “шӯр” бо “дур”-у “сурур” мутафовит аст.

Аммо забоншиносони шӯравӣ бо дарҳам омехтани “вови маҷҳул”-и порсӣ бо “ӯ”-и туркӣ-муғулӣ шерозаи забони моро аз ҳам гусехта буданд, ки вожаҳои ёдшуда (мӯҳтарам, таваҷҷӯҳ, мӯҳра...) муште намунаи ҳамон хирвор аст. Бо ин васф манзурам аз “дӯхтани кафан бар пайкаре мадфун” равшан шуд.

Вале ин поёни кор нест. Ҳатто оғози кор ҳам нест. Оғози кори ислоҳоту пероиши забони порсӣ дар Тоҷикистон танҳо замоне сар мерасад, ки зарурати бозгашти ногузир ба дабира (хатт)-и порсиро бипазирем. Бо бахя задан ё дарбеҳ кардани ин куҳна порчаи тикка-пораи ориятӣ тани бараҳнаи забонамон пӯшида намешавад.

Гирам, ки “ӯ”-и нозарурро аз расмулхаттамон дур андохтем. Аммо бо “у”-ҳои дигар чи кунем, ки ҳар кадом дар мавқеъияте хос садое хос доранд, аммо ҳеч кадом дар хатти сириллик баён намешавад ва хонанда, ба вижа навомӯзи забони моро дучори сардаргумӣ мекунад? Барои намуна, “у”-и аввалу дувум дар вожаҳои “дуруд” ва “суруд”-ро чи гуна тафкик кунем? Чун “у”-и нахусти ин вожаҳо кӯтоҳу дувумӣ дароз аст (на маҷҳул), аммо ба далели ҳамгунӣ дар расмулхатти русӣ аҷаб нест, ки аз забони насли ҷавон ҳар дуро ба як савт бишнавем, ки бар фарози забонамон сояи бегонаи номубораке афкандааст.

Гирам, ки мушкили “у”-ро ҳал кардем. Бо талаффузи “и” дар вожаҳое чун “ин”-у “имрӯз”-у “бино” (касе, ки қодир ба дидан ҳаст) ва “бино” (сохтмон) чи мекунем, ки ҳар як талаффузи хосси худро дорад?

Кумитаи забону истилоҳот аз “ҳарҷу марҷ дар имлои забони тоҷикӣ” гилоя мекунад. Аммо як кумитаи давлатии мутасаддии пероиши забон бояд худ посухгӯи ин гилояҳо бошад ва бидонад, ки бо танзими корбурди “ӯ” (вови маҷҳул) ҳам муваффақ ба рафъи ин ҳарҷу марҷ нахоҳад шуд. Мавзӯъ бисёр ҷиддитар аз ин ҳарфҳост. Мавзӯъ решаист ва ба бунёди навиштории забон бармегардад. То забони мо ба бистари модариаш, ки хатти порсист, барнагардад, на аз забони меъёр хабаре хоҳад буд, на касе аз хориҷиҳо ба омӯхтани забонамон рағбат зоҳир хоҳад кард (ин ҳам яке аз нигарониҳои расмиюн аст). Забоне, ки аз решаву расму равиши худ дур уфтодааст ва дар миёни гӯишваронаш ҳам маҳбубият ва умумияте надорад, ба дарди кадом хориҷӣ мехурад?

Солҳост дӯстдорони забони порсии Осиёи Миёна занги хатари нобудии ин забонро ба садо овардаанд. Шояд имрӯз, ки ин сатрҳоро мехонед, фикр кунед, ки суханони инҷониб бузургнамоӣ ва муболиғае беш нест. Аммо часпидан ба хатти номуносиби русӣ ва парҳез аз хатти модарии порсӣ баростӣ забони моро ба партгоҳи нобудӣ наздик бурдааст. Дар мавриди имтиёзоти сиёсии ин моҷаро ҳам мешавад “ногуфтаниҳо”-и дигареро гуфт. Давлате, ки бо бозгардондани забон ба бистари модариаш (хатти порсӣ) ҷилави ин нобудиро бигирад, бегумон дар сафаҳоти торихи фарҳангии порсигӯёни Осиёи Миёна ҷовидона хоҳад шуд.

Friday, June 18, 2010

An Ode to M.

Рӯзи мавлуди туро дар таби ҳасрат сипарам,
Бори андӯҳи ту ин бор на осуда барам.
Гуфта будӣ, ки дигарбора паёмат надиҳам,
Ин ту гуфтӣ ё ҳамоне, ки канад болу парам?
Ё ҳамоне, ки адоват дилу динаш бирабуд
Ҳар ду гунҷишки маро бурду қарору қадарам?
Эй дили поки ту дар чанги яхи бемеҳрӣ,
Эй рухи шоди ту махдуш зи тӯпу ташарам,
Ин ту гуфтӣ ё ҳамоне, ки сароямро сӯхт
Дар лаҳиби оташи рашку гурезон зи барам?
Хашму ҳирмону гирифторию худбезорӣ,
Чашми гирёну гунаҳкорӣ шуда ҳамсафарам.
Хонабардӯшу тиҳихона сари хони қадар,
Ҳамдами шамъу ғурубу ҳамнишини қамарам.
Кош, хокам ба даҳан, меҳр намепарвардам,
Меҳри дидори туам бехта хоке ба сарам.
Боз оғӯши маро лона тавонӣ кардан?
Боз гӯшам бинавозиву бигӯӣ: “падарам”?
Боз оӣ, ки Аҳуро ба барам биншинад?
Бисароӣ? ки зи нобудии овоз карам...
Занги дар кандаму занҷир ба ҷояш бастам,
Кӯст ангушти зарифат, бизанад занги дарам?
Кӯст обии нигоҳат, сурхи лабҳоят кӯ?
Зардии зулфи туро дар чӣ китобе нигарам?..
Акси ларзони ту ҷону ҷигарам месӯзад,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!


روز مولود تو را در تب حسرت سپرم
بار اندوه تو اين بار نه آسوده برم
گفته بودی که دگرباره پيامت ندهم
اين تو گفتی يا همانی که کنَد بال و پرم؟
يا همانی که عداوت دل و دينش بربود؟
هر دو گنجشک مرا برد و قرار و قدرم
ای دل پاک تو در چنگ يخ بی ‌مهری
ای رخ شاد تو مخدوش ز توپ و تشرم
اين تو گفتی يا همانی که سرايم را سوخت
در لهيب آتش رشک و گريزان ز برم؟
خشم و حرمان و گرفتاری و خودبيزاری
چشم گريان و گنهکاری شده همسفرم
خانه بردوش و تهی خانه، سر خوان قدَر
همدم شمع و غروب و همنشين قمرم
کاش، خاکم به دهن، مهر نمی پروردم
مهر ديدار توام بيخته خاکی به سرم
باز آغوش مرا لانه توانی کردن؟
باز گوشم بنوازی و بگويی: "پدرم"؟
باز آيی که اهورا به برم بنشيند؟
بسرايی؟ که ز نابودی آواز کرَم
زنگ در کندم و زنجير به جايش بستم
کوست انگشت ظريفت بزند زنگ درم؟
کوست آبی نگاهت؟ سرخ لبهايت کو؟
زردی زلف تو را در چه کتابی نگرم؟..
عکس لرزان تو جان و جگرم می سوزد
جگرم، وا جگرم، وا جگرم، وا جگرم

Tuesday, June 15, 2010

The Blood-Soaked Soil

Бӯи хоки хуногин

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Ҷанг, яъне сели паноҳҷӯёни бехонумон, ки кошонаҳои сӯхтаашонро дар гӯшае аз қалби сӯхтаашон санҷоқ (сӯзанак) мезананду аз бисоташон танҳо ҷони азизро паноҳ медиҳанду ба дуриҳо мешитобанд. Ва агар бар болҳои иқбол савор бошанд, ҷони азиз ба саломат мебаранду моҳҳо ва шояд солҳо ва шояд ҳатто то бениҳоят мунтазири бозгашт ба обу хоки модарӣ мемонанд. Гӯӣ риштаҳое инсонро бо маҳалле, ки хуни нофаш рехта, бастааст ва то ҷон дар рамақ боқист, бӯи он хок аз машом намеравад ва ҳамвора зеҳни одамӣ оғуштаи хумори ҳамон хок аст. Хоке, ки акнун барои узбактаборони минтақаи Уши Қирғизистон оғушта ба хуни азизонашон аст.

Бузургон гуфтаанд, ки танҳо накӯкорон бо корҳои некашон зиндаву ҷовид мемонанд. Аммо рӯйдодҳое аз ин даст бовареро талқин мекунад, ки ҳатто бадкорон дар зиндагии башарият ҳузури мудовим доранд. Агар тақсимоти арзии кавданона ё шояд бадсиголонаи Столин намебуд, имрӯз на аз дарду доғи Қарабоғ хабаре буду на аз ҳасрати Бухорову Самарқанд ва на аз ранҷу гурези узбактаборони Ӯш. Аммо дасте, ки чун як корди қассобӣ хоки минтақаро буриду тавзеъ кард, тухми хусуматро ҳам кошт, ки гумон намеравад ба зудиҳо зудуда шавад. Осиёи Миёна обистани ихтилофоти миёнқавмист. Он чи бар Қирғизистон мегузарад, дуруст 20 сол пеш, дар моҳи июни соли 1990 ҳам иттифоқ уфтода буд ва гиреҳи мушкил ногушуда монд.

Бархурди давлатҳои минтақа бо ин мавридҳо бояд ҳамроҳ бо дирояту оянданигарӣ бошад. Чун ҳамаи кишварҳои минтақа дорои мушкили ҳамонанде ҳастанд: омехтагиҳои қавмӣ бо тамаркузи ақаллиятҳо дар минтақаҳои бахусус. Узбакҳо ҳудуди 14 дарсади ҷамъияти Қирғизистонро ташкил медиҳанд ва умдатан дар ҷануби он кишвар мутамаркизанд. Яъне беш аз як милюн тан аз ин кишвари панҷмилюнӣ туркзабононе ҳастанд, бо фарҳангу омехтагии қавмии эронӣ, ки ҳувияти “узбакӣ” ба онҳо нисбат дода мешавад. Танҳо ваҷҳи иштироки ин ду қавм гурӯҳи забонии онҳост ва дар боқии мавридҳо узбакҳо бо тоҷикҳо иштирокоти бештар доранд, то бо таборҳои турку муғул. Аз ин рӯ узбакҳо аз дигар қавмҳои турку муғул мутамоизанд, вале ба далели тафовути забонӣ бо тоҷикҳо ҳам унси андаке доранд ва мавқеъияташон дар минтақа чизе ҳамонанди ҷойгоҳи тоҷикон аст, бо тафовутҳои камтар.

Як ҳақиқати ошкор аст, ки давлати Узбакистон дар баробари мардуми Тоҷикистон сиёсати ғалатеро ихтиёр карда ва дар садад аст, ки бо эъмоли зӯру фишор ҷилави сохтмони нерӯгоҳи Роғунро бигирад. Дар баробари он давлати табаҳкор бояд истод. Аммо дар мавриди мусибате, ки суроғи мардуми узбактабори Қирғизистон омадааст, бояд ҳисоби давлати узбакҳоро аз ҳисоби мардуми узбак ҷудо кард. Чи басо ин ки давлати Узбакистон ҳам бо шуморе аз узбактаборони Қирғизистон, ки аз дасти Тошканд фирор карда буданд, миёнаи хубе надорад ва мумкин аст азияту озори бештареро бар онон раво бидонад. Тоҷикистон ба унвони як кишвари ҷангдидаву обдида метавонад дар ҳадди имкон ба узбакҳои фирорӣ паноҳгоҳ диҳад, то обҳо аз осиёб биуфтаду вазъият сарусомон биёбад ва паноҳҷӯён ба хонаву кошонаашон баргарданд.

Аз сӯи дигар, ба қирғизтаборони муқими Узбакистон, ки дар миёни обу оташ гирифтор мондаанд ва талош мекунанд аз роҳи Тоҷикистон ба бахшҳои дигари Қирғизистон паноҳ баранд, бояд ин имконро дод. Ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳимоят аз дармондагон ҷузъи мавридҳоест, ки аз зеҳни ҳеч ҷангзадае сутурда намешавад ва фитрати инсонӣ ҳам ҳукм мекунад, ки дасти фитодаеро бигирем. Бад-ин гуна метавон дар зеҳнҳои ҳамсоягон нақши нозудудании дӯстию ҳимоятро кошт ва ҳомили ин нақши нозудуданӣ метавонад мардум бошад, на давлатҳо, ки бақояшон ҳамвора зери суол аст.

Бо дароз кардани дасти ёрӣ ба дармондагон Тоҷикистон метавонад собит кунад, ки танҳо як кишвари кумакпазир нест, балки дар мавридҳои изтирорӣ метавонад паноҳгоҳи бепаноҳон бошад. Гузашта аз ин, мушорикати мустақими Тоҷикистон барои одисозии вазъият дар Қирғизистон дар чорчӯби барномаҳои Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ногузир аст, то Тоҷикистон ба унвони як кишвари корсозу муассир дар минтақа ба расмият шинохта шавад. Фиристодани нерӯ ба Қирғизистон дар чорчӯби барномаи имдоди низомии ин паймон ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар минтақа ва арсаи байнулмилалӣ устувортар мекунад. Тоҷикистон бояд тамоми талоши худро кунад, ки ин даргириҳо аз Қирғизистон ба боқии бахшҳои водии Фарғона фаварон накунад; Фарғона минтақаест тақсимшуда миёни се кишвари Тоҷикистону Қирғизистону Узбакистон, ки ошуфтагии он метавонад тамоми минтақаро барошуфта кунад.

Давлати навпои Қирғизистон барои ҳалли ихтилофот дастбадомони Русия шудааст. Мусалламан, қудрате чун Русия бидуни дарназардошти манофеъи тангназаронаи худ даст ба ҳаллу фасли масоили минтақае ҳошияӣ намезанад. Подармиёнии мустақими Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар ин қазия метавонад заминаро барои ҳалли мушкилоти кишварҳои Осиёи Миёна тавассути худи онҳо фароҳам кунад ва Русияро аз дахолат дар умури минтақа канор бизанад.

Муҳимтарин дарсе, ки мешавад аз хунрезиҳои Уши Қирғизистон гирифт, таваҷҷуҳ ба мавзӯъи ақаллиятҳои қавмӣ ва зарурати эҷоди як ҷомеъаи шаҳрвандии мунсаҷим аст, то ҷилави вуқӯъи чунин рӯйдодҳо дар ояндаро бигирад. Риъояти ҳуқуқи башар – чи дар аксарият бошаду чи дар ақаллият – зомини суботи вазъияти ҳар ҷомеъаест.

Wednesday, June 09, 2010

Как поступить с Узбекистаном?

События текущей недели могут стать судьбоносными для Таджикистана, если власти и гражданское общество смогут воспользоваться двумя удобными случаями. Международная конференция высокого уровня «Вода для жизни», проходящая в Душанбе, и вслед за ней саммит стран-членов ШОС в Ташкенте сведут вместе властей двух стран, вовлеченных в своего рода необъявленную холодную войну вот уже несколько лет. Разумеется, глядя из Ташкента, в Душанбе о международных конференциях на высоком уровне и речи быть не может. Следовательно, узбекскую делегацию возглавила заместитель министра экономики. Горе не беда. И через Галину Каримовной можно передать ясные, недвусмысленные, логичные и обдуманные сообщения прямо в Ташкент.

Конечно же более значительными являются визит Рахмона в Ташкент 10-11 июня и его возможная встреча тет-а-тет с Каримовым. Сможет ли глава Таджикистана развеять хилую логику аргументации Каримова против строительства гидроэлектростанций в Таджикистане или же покорно выслушает популистическую риторику оппонента без проявления подобающей реакции и потопает обратно?

Участие региональных держав в обоих заседаниях может сыграть важную роль в урегулировании кризиса. В мае министр обороны Ирана Ахмад Вахиди предложил посредничество Тегерана для преодоления разногласий между Душанбе и Ташкентом. Учитывая симпатии Ирана к гидропроектам Таджикистана, можно надеяться на эффективное посредничество Тегерана, которое могло бы хотя бы немного растопить лёд таджикско-узбекских отношений.

Помимо того, Таджикистану следует добиваться и поддержки Китая. Покамест политика Узбекистана в плане привлечения симпатий держав более успешна. К примеру, проект строительства Зарафшанской ГЭС, подписанный с китайской стороной в 2007, не воспроизводился именно из-за вмешательства Узбекистана. Помеха заставила китайцев считаться с позицией более важного соседа и принебречь таджикскими клиентами.

Аргументы, приведенные узбекской стороной, не совпадают с доводами рассудка; якобы в результате запуска станции часть посевных земель в Узбекистане останутся без воды. Небольшими усилиями экспертов можно установить недействительность этого гиперболического описания последствий реализации таджикских гидропроектов.

В дни присутствия высокопоставленных гостей в столице гражданское общество Таджикистана, в свою очередь, может продемонстрировать сущность проблем, навязанных Узбекистаном. Таджикские экспаты в западных странах стараются организовать акции протеста у зданий узбекских посольтв в тех дальних краях. Однако проведение подобных мирных митингов в самом Таджикистане кажется более логичной и даже необходимой мерой.

Узбекистан неоднократно пользовался орудием «общественных протестов» против экономических проектов и предприятий Таджикистана, хотя было очевидно, что эти выражения «народного недовольства» носили исключительно заказной характер. Если таджикские власти-«митингофобы» разрешат простому народу выйти на улицы и высказаться против экономического гнета северного соседа, несомненно их голоса прозвучат громче и четче. От прямого вмешательсва Узбекистана в экономических делах Таджикистана посчитан колосальный ущерб в жизни таджикистанцев. Страдает простой народ, о чем наглядно свидетельствуют сотни вагонов, задержанных узбеками за пограничной чертой.

Участникам обоих заседаний следует запомнить нижеследующие факты. Во-первых, свыше 40% водяных ресурсов Центральной Азии истекают из таджикских гор. То есть 4% гидропотенциала Земного шара концентрируется в нашей стране. Но явная диспропорция в том, что всего лишь 15% из 115 кубокилометров воды, которая ежегодно формируется в реках региона, относится Таджикистану.

“Вода – это жизнь” для таджикистанцев – это не лишенный смысла слоган, а сущная реальность. Гидроресурсы являются единственным значительным природным богатством нашей страны. Узбекские власти донимают международное сообщество беспокойством о судьбе своих хлопковых полей; то есть они обеспокоены, что возможно с реализацией таджикских гидропроектов государственный доход узбеков убавится. В то время, как Таджикистан обеспокоен зимними энергетическими кризисами, которые ежегодно уносят жизни людей.

Все же Ташкенту не удалось доказать, что строительство ГЭС в Таджикистане катастрофически скажется на ирригиционную систему Узбекистана. Оценка группы независимых международных экспертов разнесла бы это глупое утверждение в пух и прах.

Узбекские власти также возмущены вероятными экологическими последствиями таджикских гидропроектов, хотя возмущаться вероятностью чего-либо – неразумно. Особенно когда подобное возмущение выражается на фоне экологической трагедии Аральского моря, причиненной неразумным управлением тех же властей. Была бы их экологическая тревога действительной, наверняка картина Аральского моря выглядела бы иначе.

Помимо гидропроектов Таджикистана есть и другие факторы, вызывающие возмущение Ташкента. Почему-то Узбекистану не по нраву все доходные экономические проекты Таджикистана. Кстати, часть “народных протестов” Узбекистана были направлены против Регарского алюминевого завода (Талко). Говорят, завод наносит серьезный экологический ущерб региону. Более нелепого утверждения не могло бы и быть. Глядя на цифры ежегодных промышленных отходов Узбекистана и ндустриальных отбросов всех заводов и фабрик Таджикистана можно догадаться, что гора сравнивается с песчинкой.

Очевидно то, что Узбекистан старается всеми способами воспрепятствовать экономическому процветанию Таджикистана и её выхода из-под экономического влияния Ташкента. Реализация гидропроектов в конечном счете приведет Таджикистан к экономическому самообеспечению, чего не желают узбекские власти. Кроме того, им кажется, что эти проекты могут оснастить Душанбе сильным рычагом давления против ташкентских властей.

Многое можно добавить, но если ознакомить представителей региональных держав с вышесказанными доводами (конечно же в более изощренном и обтесанном дипломатическом изложении), авось и до держав истина дойдет и с Ташкентом наладятся более дружеские отношения.

Tuesday, June 08, 2010

What's To Be Done with Uzbekistan?

Бо Узбакистон чи бояд кард?

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Рӯйдодҳои ин ҳафта метавонад барои Тоҷикистон сарнавиштсоз бошад, агар мақомоти давлат ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ битавонанд аз ду фурсати нодире, ки ба онҳо даст додааст, ҳадди аксари истифодаро кунанд. Нишасти байнулмилалии “Об барои ҳаёт” дар Душанбе ва дар паи он нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд мақомоти ду кишвареро, ки солҳост даргири як навъ ҷанги сарди эъломнашуда ҳастанд, рӯбарӯи ҳам қарор хоҳанд дод. Албатта, зоҳиран Тошканд ба гирдиҳамоии Душанбе чандон маҳал нагзошта ва ҳайъатеро ба раҳбарии муъовини вазири иқтисодаш гусел кардааст. Аммо ҳузури Галина Саъидова ҳам ғанимат аст ва мешавад аз тариқи ӯ паёмҳои равшану мантиқӣ ва ҳисобшудаеро ба Тошканд иблоғ кард.

Мусалламан, ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Тошканд тайи рӯзҳои 10 ва 11 июн ва эҳтимоли баргузории дидори рӯбарӯи ӯ бо ҳамтои узбакаш аз аҳамияти бештаре бархурдор аст. Оё раҳбари тоҷик хоҳад тавонист мантиқи заъифи Каримов дар низоъ бар сари сохтмони нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистонро ошкор кунаду ба хок нишонад ё таслими жожхоиҳои авомфиребонаи ҳамтояш хоҳад шуд?

Ҳузури қудратҳои минтақаӣ дар ин ду нишаст ҳам аз масоили калидист. Аҳмади Ваҳидӣ, вазири дифоъи Эрон, моҳи гузашта тайи дидораш аз Тоҷикистон пешниҳоди подармиёнии Теҳрон миёни Душанбе ва Тошкандро карда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ҳусни нияти Эрон дар мавриди тарҳҳои барқи обии Тоҷикистон мешавад умедвор буд, ки ин миёнҷигарӣ корсоз воқеъ шавад ва яхи равобити Тоҷикистону Узбакистонро дастикам андаке бишканад.

Ҷалби ҳусни назари Чин ҳам барои Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ҳаётист. То кунун Узбакистон дар ҷалби ҳимояти қудратҳо комгортар будааст. Як намунаи он хунсо кардани тарҳи эҳдоси як нерӯгоҳи обӣ дар рӯди Зарафшон буд, ки қарордоди эҳдосаш бо як ширкати чинӣ дар соли 2007 имзо шуд. Дахолати Узбакистон монеъ аз иҷрои ин тарҳ шуд ва чиниҳо ба хостаи ҳамсояи бузургтари Тоҷикистон арҷ гузоштанду тарҳро канор гузоштанд.

Далеле, ки узбакҳо матраҳ карданд, ҳамон дурӯғи ҳамешагишон буд, ки эҳдоси нерӯгоҳ монеъ аз обёрии бархе аз заминҳои Узбакистон хоҳад шуд. Бо талоши андаке бештари коршиносон мешавад даруни холии ин иддаъоро шикофту бармало кард.

Аз сӯи дигар ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон метавонад дар рӯзҳои ҳузури мақомоти баландпояи хориҷӣ дар пойтахт моҳияти мушкилотеро, ки Узбакистон барои Тоҷикистон офаридааст, ба намоиш гузорад. Дар ин рӯзҳо ҷавонони тоҷик дар кишварҳои ғарбӣ мекӯшанд дар баробари сафорати Узбакистон дар он сарзаминҳои дурдаст тазоҳуроти эътирозӣ созмон диҳанд. Аммо ба назар мерасад, ки эътирозоти сулҳомези мардумӣ дар Тоҷикистон мантиқитар ва боистатар бошад.

Узбакистон борҳо абзори “эътирозоти мардумӣ”-ро алайҳи тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ба кор бурда, ки сад албатта, сохтагӣ ва супоришӣ будани онҳо ошкор буд. Агар мақомоти тазоҳуротгурези Тоҷикистон ба мардум маҷол диҳанд, ки садои эътирозашонро баланд кунанд, бегумон садои расотаре аз Душанбе ба гӯши ҷаҳониён хоҳад расид. Чун дахолати мустақими Узбакистон дар умури иқтисодии Тоҷикистон ба вазъияти маъишии мардуми мо осеби ошкор расондааст ва вогунҳои мунтазири пушти хатти марзӣ як намунаи боризи ин дахолати дадманишона аст.

Меҳмонони ин ду нишаст бояд чанд мавридро бахубӣ фаро бигиранд: нахуст ин ки Тоҷикистон сарчашмаи беш аз 40 дарсади обҳои Осиёи Миёна аст ва дар воқеъ, дорои 4 дарсади зарфияти обии кураи Замин. Аз 115 килуметри мукаъаб обе, ки ҳамасола дар рӯдҳои минтақа ҷорист, танҳо 15 дарсади он ба ниёзҳои Тоҷикистон таъаллуқ мегирад, ки таносуби дурусте нест.

“Об барои ҳаёт” барои Тоҷикистон танҳо як шиъор нест, балки айни воқеъият аст, чун танҳо захираи табиъии қобили мулоҳизаи он ҳамин об аст. Узбакистон мегӯяд, ки нигарони пунбазорҳояш аст ва мумкин аст бо сохтани нерӯгоҳҳои Тоҷикистон даромади камтаре ба хазинаи давлаташ ворез шавад. Тоҷикистон мегӯяд, ки нигарони ҷони мардумаш аст, ки зимистонҳо бар асари бебарқӣ мемиранд.

То кунун Узбакистон натавонистааст собит кунад, ки эҳдоси обанборҳо дар Тоҷикистон ба раванди обёрии заминҳои он кишвар латма хоҳад зад. Як гурӯҳи мустақилли коршиносони байнулмилалӣ метавонад пучии ин иддаъоро ифшо кунад.

Нигарониҳои зистбумӣ (экологӣ)-и Узбакистон бепоя аст, ба вижа агар мадди назар дошта бошем, ки сӯимудирияти мақомоти он кишвар фоҷеъаи дарёи Оролро ба бор овардааст ва агар ба ростӣ чунин нигаронии башардӯстона дар миёни давлатмардони узбак шоеъ буд, шояд фикре ба ҳоли дарёи Орол мекарданд.

Эътирозоти Узбакистон танҳо бо тарҳҳои барқи обии Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Узбакистон бо ҳар навъ тарҳи иқтисодии даромадзои Тоҷикистон сари ситез дорад. Аз ҷумла шуморе аз “эътирозоти мардумӣ”-и Узбакистон ба Корхонаи алюминиюми Регар нишона рафта буд, ки ба гуфтаи онҳо, ба муҳити зисти минтақа осеб расондааст. Агар ба миқдори зубола (ахлот)-е, ки корхонаҳои ғӯлосои Узбакистон ҳамасола тавлид мекунанд, таваҷҷуҳ кунед, дар хоҳед ёфт, ки туфолаи корхонаи тоҷикӣ нимнахудест дар баробари як харбузаи кошифӣ. Он чи мусаллам аст, талоши пайгиронаи Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз пешрафти иқтисодии Тоҷикистон ва берун рафтани он аз зери нуфузи иқтисодии Тошканд аст. Анҷоми тарҳҳои барқи обӣ метавонад роҳи Тоҷикистонро ба сӯи худкифоии иқтисодӣ ҳамвор кунад ва чи басо, ки аҳрум (фишанг)-и фишори қавӣ дар баробари Узбакистонро дар ихтиёри Душанбе қарор диҳад.

Гуфтаниҳо фаровон аст, аммо дар ҳавсалаи “Ногуфтаниҳо”-и рези мо намегунҷад. Вале агар ҳамин паёмҳо ба забони суфтатари пероста бо шеваву шигирдҳои диплумотик ба намояндагони қудратҳои минтақа мунтақил шавад ва ҳимояти онҳоро барангезад, Худоро чи дидӣ, шояд Тоҷикистон ҳам ба тавфиқе даст ёбаду гиреҳ во шавад ва равобити дӯстонатаре бо Тошканд шакл бигирад.

Tuesday, June 01, 2010

IRS: Illegal Road Solutions

Роҳбонӣ ё роҳзанӣ?

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Муддатҳост, ки моҷарои “роҳи пулакӣ” дар Тоҷикистон идома дорад, аммо ҳар чи мегузарад, бар ибҳому печидагии мавзӯъ меафзояд. Кӣ пул меситонад? Барои чӣ меситонад? Ширкати пулситон бегона аст ё худӣ? Ин пул ба хориҷ меравад ё дар Тоҷикистон мемонад? Давлат аз ин тарҳ пуштибонӣ мекунад ё намекунад?.. Ба ин пурсишҳо ба теъдоди афроди коршинос дар Тоҷикистон посух дорем, аммо иттифоқи назаре басахтӣ мушоҳида мешавад.

Ҷолиб ин ҷост, ки ҳувияти ширкати пулситон мавсум ба “Инноватив Роуд Солюшенз” (IRS - Innovative Road Solutions) ҳам чандон равшан нест. Ҳатто хабаргузориҳои муътабар бо истифода аз истилоҳоти гӯлзанандае чун “гуфта мешавад” ё “маълумоте мавҷуд аст” дар бораи ҳувияти ин ширкат изҳори назар мекунанд. Гӯӣ ин ширкат чун қорч (замбурӯғ)-е аз зери хок руста ё чун борон аз осмон фурӯ уфтода, ки пас аз соъатҳо канкошу ковишу ҷустучӯ ҳам андозаи як мисқол иттилоъи дурусту ҳисобӣ дар бораи он ба даст намеояд.

“Инноватив роуд солюшенз”, яъне “чорасозии навоварона барои роҳҳо”. Ин ширкат, ки боз ҳам “гуфта мешавад” соли 2009 дар ҷазираҳои Вирҷини Бритониё номнавис шуда, танҳо чора барои беҳбуди вазъи роҳҳои моро божситонӣ аз мусофирони ғолибан нодораш донистааст. Албатта, мешавад баҳона кард, ки бо пуле, ки ҷамъоварӣ мекунанд, метавон роҳҳои беҳтаре сохт, то дар оянда ҳангоми ронандагӣ дар роҳҳои Тоҷикистон эҳсоси шиноварӣ ба мо даст надиҳад. Аммо пеш аз ҳама бояд асолати ин ширкат барои мардуми ин сарзамин ошкор шавад ва мақсаду наҳваи истифода аз кӯчактарин дирамҳои мусофирони роҳҳо бояд ба таври шаффоф дар маърази диду таваҷҷуҳи якояки шаҳрвандони Тоҷикистон қарор бигирад.

Агар ин ширкат дар Бритониё сабти ном шуда, молики он кист? Чаро дар Бритониё номнавис шудаву дар Тоҷикистон бож меситонад? Поярезони он киҳо будаанд? Тоҷиканд ё хориҷӣ? Даромади ҳосил аз рафту омади мардум ба ҷайби чи касоне меравад ва молиёти он ба сандуқи чи кишваре рехта мешавад?

Бо шунидани номи ҷазираҳои Вирҷини Бритониё нохудогоҳ ба ёди додгоҳи нангини Талкову Ансолу Русал меуфтем, ки ду сол пеш дар ҳамон ҷазоир баргузор шуда буд. Ҳамон додгоҳе, ки давлати Тоҷикистонро сабти торихи Бритониё кард; чун ба унвони яке аз фақиртарин давлатҳои ҷаҳон ҳазинаи яке аз гаронтарин муҳокимаҳои торихи додрасии он кишварро пардохта буд. Чи пайванде метавонад миёни ҳузури аъзои давлати Тоҷикистон дар ҷазираҳои Вирҷин таи солҳои 2008-2009 ва таъсиси ширкати IRS дар соли 2009 дар ҳамон ҷазираҳо вуҷуд дошта бошад? Оё ба ростӣ, ҳамон гуна ки “гуфта мешавад”, бунёдгузорони ин ширкат шаҳрвандони Тоҷикистонанд? Агар чунин аст, ному мақомашон чист?.. Ба кӣ метавон бо ин пурсишҳо рӯ овард? Ба вижа акнун, ки ба назар мерасад як ниҳоди давлатӣ ҳам аз ширкати вирҷинӣ дили хуше надорад.

Аз оғози моҳи гузашта то кунун Амонуллоҳи Ашӯр, раиси Ожонси зиддиинҳисории Тоҷикистон, борҳо гуфтаасту мегӯяд, ки фаъъолияти IRS ғайриқонунист ва бояд ҷилави божситониҳои он бар сари роҳҳои Тоҷикистонро гирифт. Аммо тасвире, ки мебинем, ширкати IRS-ро тавонмандтар аз ин ниҳоди давлатӣ нишон медиҳад. IRS бо сарпечии густохона аз дастури Ожонси зиддиинҳисорӣ бепарво ҳамчунон дар ҳоли божситонӣ аз мусофирони роҳи Душанбе-Чаноқ аст. Ин ширкат пуштгарми чи мақомест, ки ин қадр бебокона даст ба ҷайби мардуми мо мебарад ва ҳатто як ниҳоди давлатӣ қодир нест ҷилави роҳзании онро бигирад?

Ва аслан чаро бояд аз роҳе, ки бо пули молиёт (андоз)-и мардум сохта шуда, бож ситонанд? Камтарин маблағе, ки бояд дар ин “шоҳроҳ” бипардозед, 30 дирам барои ҳар килуметр аст. Дар ҳоле ки дар кишвари нисбатан мураффаҳтаре чун Русия ин рақам муъодили 2 дирам аст. Мақомоте ҷор задаанд, ки дар кишварҳои пешрафта мардум барои убур аз шоҳроҳҳо пул мепардозанд. Аҷиб аст, ки то суҳбат аз пул мешавад, мо ҳам худ ба худ худро дар радифи кишварҳои пешрафта мебинем. Аммо агар суҳбат аз арзишҳои иҷтимоъӣ ва озодиҳои марсум дар кишварҳои пешрафта бошад, ҳамон жожи мудомро мешунавем, ки “Тоҷикистон ҳанӯз омода нест ба ин урдӯгоҳ бипайвандад”. Ғофил аз ин ки озодиҳои башарӣ ғаризӣ (интуитивӣ) аст ва ҳама омодагии онро доранд ё худ ба худ касб мекунанд. Аммо пардохти божу андози сангин омодагии иқтисодӣ мехоҳад, ки мардуми Тоҷикистон аз он бенасибанд. Агар дар баробари “роҳи пулакӣ” роҳҳои ройгон ҳам вуҷуд медошт, нисфи мушкил ҳал мешуд, ки чунин нест.

Вале муҳимтар аз он наҳваи иҷрои ин барнома аст, ки амалкарди давлатро бакуллӣ зери суол мебарад. Барномаи божситонӣ аз ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ рӯзи 1 апрел расмӣ шуд; мисли як дурӯғи рӯзи аблаҳон (ё рӯзи ханда), ки рост аз об даромад. Пас аз он буд, ки шикоёти мардум ба рӯи мизи Ожонси зиддиинҳисорӣ рехтан гирифту доди ин ниҳоди давлатӣ баланд шуд. Ҳузури ширкати IRS дар майдони божситонӣ чунон қавист, ки кас намедонад ба доди мардум бирасад ё ба доди ин ниҳоди давлатӣ. Ба вижа ин ки раиси ожонс ҳам ба мардум гилоя мебарад, ки аз 18 навъи молиёти давлатӣ ширкати IRS танҳо як навъашро мепардозад, ки он ҳам молиёти иҷтимоъии кормандонаш аст. Магар роҳҳои Тоҷикистон таҳти назорати давлати он нестанд? Чи касе ин барномаи булҳавасонаро пиёда карда ва посухгӯи шикоёти мардум аст?..

Доманаи васеъи пурсишҳое, ки дар ин навиштор баён шуд ва бисёре ҳам ногуфта монд, гӯёи ибҳом ва печидагии мавзӯъ аст, ки зоҳиран шохаҳои бисёре аз худи давлат ҳам дар лобалои он гирифтор мондаанд. Танҳо роҳкоре, ки мантиқӣ ба назар меояд, гушудани асрори ширкати IRS, посухгӯ кардани он дар баробари қонунҳои Тоҷикистон ва коҳиши чандинбаробари нархҳои хаёлпарваронаест, ки ин ширкати нокуҷоободӣ рӯи роҳҳои мо гузоштааст.

Tuesday, May 18, 2010

The Dream of Being Tajik

Ҳасрати тоҷик будан

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Дигар чизе моро шигифтзада намекунад. Гӯё офарида шудаем, то дар таҳи чоҳи ҳақорат битапем. Забони вазину баландовозаамон дар хостгоҳаш забун шуд. Пазируфтем. Хатти мо пайвандамонро бо гузаштаву имрӯзу фардо хат заду бурид. Пазируфтем. Наврӯзамон дар гоҳшумории аҷнабӣ берӯзу овора шуд. Пазируфтем.

Тоҷикҳоро даста-даста водор ба тағйири ҳувият карданд. Пазируфтем. Ҳасрати Бухорову Самарқанд шеър шуд, тарона шуд, достон шуд, яъс шуд ва дар ниҳонхонаи дилҳои мо хушкид. Пазируфтем... Ангор мо офарида шудаем, то ҳар нопазируфтаниро бипазирем, ҳар носутуданиро биситоем ва ҳар номаъқулеро маъқул бидонем. Ва сарвароне, ки бар тахти мо такя заданд, ҳамагӣ аз ин бардахӯии мо торе таниданд ва моро бар он тор муҳкамтар бастанд, то беш аз пеш пазирои нопазируфтаниҳо бошем.

Миллати рустамзои мо бо зиллату ситамҳои имрӯз хӯ гирифтааст. Боке нест, ки қаторҳои мо дар он сӯи марз тавассути чанд узбак барои моҳҳо мутаваққиф шудаанд. Онро ҳам мепазирем. То балои сел Кӯлобро дарнавардаду сарвари узбакро ба тараҳҳум водорад ва 150 адад аз вогунҳои вомонда ба мақсади Тоҷикистон роҳ биуфтанд, нидои “дуруд бар Ислом Каримов!” сар медиҳем ва аз расонаҳо ҷор мезанем, ки ин сарвари узбак аҷаб хуб одамест. Ғаддории ӯро ғамхорӣ ҷилва медиҳем. Табоҳии ниятҳои он Темурланги Сониро “хайрхоҳӣ” унвон мекунем. Бухорову Самарқандро ба холи ҳиндуи номавҷудаш сад бори дигар мебахшем. Ва фаромӯш мекунем, ки ҳамин муддате пеш ин оқо мегуфт, ба далели таъмири роҳи оҳан вуруди вогунҳо ба хоки Тоҷикистон номумкин аст. Фаромӯш мекунем аз ӯ бихоҳем, ки садҳо вогуни боқимондаро ҳам раҳо кунад, ҳоло ки ин чанд-торо фиристода. На, мо миллати қаноъатпешаем. Қаноъат мекунем, то шояд рӯзе рӯзиамон ҳосил шавад. Вале дареғ, ки ҳосил намешавад, ки ҳеч, ботил ҳам мешавад. Аз ёдамон меравад, ки ҳаракат мояи баракат аст.

Ёдамон меравад, ки мо дар арсаи байнулмилалӣ акнун бозигари мустақиллем. Падар намехоҳем, чун фарзанди миллате ғайр нестем. Ёдамон меравад, ки акнун бояд решаи мушкилотро танҳо ва танҳо дар худамон ҷӯё шавем. Агар узбакҳо роҳи вогунҳои моро бастаанд, посухгӯ ононе ҳастанд, ки сиёсати моро идора мекунанд. Мудирони сиёсии мо масъули ҷону моли афроде ҳастанд, ки ба онҳо раъй додаанд (ё надодаанд) ва пули зиндагии мураффаҳашонро мепардозанд.

Ва он сиёсатмадори савдоии рус, Жириновский ном, дубора зоҳир мешавад ва ҳарзаҳои сиёсии фаровоне аз мову шумо мегӯяд. Онро ҳам мепазирем ё пушти гӯш меандозем. Аммо ёдамон меравад, ки он мардак раҳбари як ҳизби сиёсии Русия аст (Либерол-Демукрот) ва (Худоро чӣ дидӣ!) шояд рӯзе дар порлумон ё ҳатто давлати кишвараш дасти болое дошта бошад.

Жириновский мегӯяд, ки мову шумо мустаҳаққи доштани як давлати мустақил нестем. Родю Озодӣ ба нақл аз манобеъи русӣ аз қавли Жириновский менависад:

“Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун давлат оянда надоранд. Биёед, дар он ҷо минтақаи нуҳуми федеролиро таъсис медиҳем. Дар Бишкек Рушайлоро раис таъйин мекунем ва ин минтақа минтақаи осиёимарказии Федеросюни Русия мешавад. Бо ҳамин роҳ мушкилотро ҳал мекунем – ҳам нерӯи корӣ, ҳам ҳамаи меваҳо, гӯшт дар мо хоҳад буд ва ҳам он ҷо ягон бемор боқӣ нахоҳад монд.”

Яъне як сиёсатмадори Русия барои худаш нақшаи тозаеро тарсим кардааст ва Тоҷикистони моро дар ҳошияи он қарор дода, ки маркази он зоҳиран Бишкек хоҳад буд; бо раисе, ки аз пеш таъйинаш карда. Чашми тамаъ ба меваҳову гӯшти мо дӯхта ва тавҳин ҳам раво мебинад, ки ҳамоно минтақаи мо маншаъи бемориҳост... На, ин хандадор нест. Мусибати бехонумонӣ аст, ки ба як марди бебасират иҷоза медиҳад, ки дар як расонаи русӣ ин гуна табли расвоии моро бикӯбад.

Жириновский аз шеваи таҳдиду таҳбиб кор мегираду мегӯяд:

“Биёед, қатори Душанбе-Маскавро боздорем, роҳҳои ҳавоиро бибандем. Содироти ҳама гуна маводди ғизоӣ аз Тоҷикистонро манъ кунем. Ҳама тамосҳоро барои 1-2 моҳ қатъ кунем. Вақте полиомелит тамом шуд, он гоҳ боз роҳҳоро боз мекунем”.

Оё ҳеч давлати бошахсияте чунин тавҳинро тоб хоҳад овард? Жириновский як чеҳраи сиёсии Русия аст, ки бояд посухгӯи гуфтаҳову кардаҳои худ бошад. Ӯ бепарво ҳаққи ҳокимияти кишвари моро зери суол бурдааст. Оё ба ин ҳам бояд чашм пӯшид? Охир ин чашмпӯшиҳо зиндагии моро шабистоне кардааст беинтиҳо.

Як давлати оянданигар бояд роҳҳои тозаеро барои раҳоӣ аз ин тангнои кафторнишин меҷусту меёфт. Кураи Замин ба баракати Парвардигор гирд аст ва корро барои ҳар давлате содатар карда. Оё барои дарки бадсиголии ҳамнишинони пешин 18 сол басанда набуд? Оё 18 сол барои ёфтани маъбаре дигар муддати зиёде нест? Асафнок аст вақте мебинӣ, ки ҷомеъае бо ин ҳама дардисар саргарми масоиле чун чандҳамсарӣ ва рӯсарист. Бероҳнамоист, ки ҷомеъаро ба бероҳа меронад.

Ин ҳама ҳасратро пазируфтем, аммо ҳасрати тоҷик буданро ба ҳеч рӯй наметавон пазируфт. Ҳатто мо аз тавоноии пазириши он оҷизем. Тоҷикон давлати худро мехоҳанд; давлати тавонманду дорои усул, ки битавонад дар баробари ҳарфи зӯр қад алам кунад. Давлате, ки ҳофизи манфиъатҳои мардуми худ бошад. Давлате, ки дар паи ҳадиси “Роғун” ва шеъру таронаҳои “роғунона” худи Роғунро ҳам ба миллат таҳвил бидиҳад. Давлате, ки муттакӣ ба зӯру иродаи мардуми худ бошад; пуштгарми сирфан мардуми худ бошад; мардуме бедору ҳушёр ва огоҳ аз хобҳое, ки ҳамсоягони норафиқ барояш дидаанд.

حسرت تاجيک بودن

ديگر چيزی ما را شگفت‌ زده نمی کند. گويا آفريده شده ايم، تا در ته چاه حقارت بتپيم. زبان وزين و بلندآوازه مان در خاستگاهش زبون شد. پذيرفتيم. خط ما پيوندمان را با گذشته و امروز و فردا خط زد و بريد. پذيرفتيم. تاجيک ها را دسته دسته وادار به تغيير هويت کردند. پذيرفتيم. نوروزمان در گاهشماری اجنبی بی روز و آواره شد. پذيرفتيم. حسرت بخارا و سمرقند شعر شد، ترانه شد، داستان شد، يأس شد و در نهانخانۀ دل های ما خشکيد. پذيرفتيم... انگار ما آفريده شده ايم تا هر ناپذيرفتنی را بپذيريم، هر ناستودنی را بستائيم و هر نامعقولی را معقول بدانيم. و سرورانی که بر تخت ما تکيه زدند، همگی از اين برده خويی ما تاری تنديدند و ما را بر آن تار محکم تر بستند، تا بيش از پيش پذيرای ناپذيرفتنی ها باشيم.

ملت رستمزای ما با ذلت و ستمهای امروز خو گرفته است. باکی نيست که قطارهای ما در آن سوی مرز توسط چند ازبک برای ماهها متوقف شده اند. آن را هم می پذيريم. تا بلای سيل کولاب را درنوردد و سرور ازبک را به ترحم وادارد و 150 عدد از واگن های وامانده به مقصد تاجيکستان راه بيفتند، ندای "درود بر اسلام کريمف!" سر می دهيم و از رسانه ها جار می زنيم که اين سرور ازبک عجب خوب آدمی است! غداری او را غمخواری جلوه می دهيم. تباهی نيت های آن تيمورلنگ ثانی را "خيرخواهی" عنوان می کنيم. بخارا و سمرقند را به خال هندوی ناموجودش صد بار ديگر می بخشيم. و فراموش می کنيم که همين مدتی پيش اين آقا می گفت، به دليل تعمير راه آهن، ورود واگن ها به خاک تاجيکستان ناممکن است. فراموش می کنيم از او بخواهيم که صدها واگن باقی مانده را هم رها کند، حالا که اين چندتا را فرستاده. نه، ما ملت قناعت پيشه ايم. قناعت می کنيم، تا شايد روزی، روزیمان حاصل شود. ولی دريغ که حاصل نمی شود که هيچ، باطل هم می شود. از يادمان می رود که حرکت مايۀ برکت است.

يادمان می رود که ما در عرصۀ بين المللی اکنون بازيگر مستقليم. پدر نمی خواهيم، چون فرزند ملتی غير نيستيم. يادمان می رود که اکنون بايد ريشۀ مشکلات را تنها و تنها در خودمان جويا شويم. اگر ازبک ها راه واگن های ما را بسته اند، پاسخگو آنانی هستند که سياست ما را اداره می کنند. مديران سياسی ما مسئول جان و مال افرادی هستند که به آنها رأی داده اند (يا نداده اند) و پول زندگی مرفهشان را می پردازند.

و آن سياستمدار سودايی روز، ژيرينوفسکی نام، دوباره ظاهر می شود و هرزه های سياسی فراوانی از ما و شما می گويد. آن را هم می پذيريم يا پشت گوش می اندازيم. اما يادمان می رود که آن مردک رهبر يک حزب سياسی روسيه است (ليبرال دمکرات) و (خدا را چه ديدی!) شايد روزی در پارلمان يا حتا دولت کشورش دست بالايی داشته باشد.

ژيرينوفسکی می گويد که ما و شما مستحق داشتن يک دولت مستقل نيستيم. راديو آزادی به نقل از منابع روسی از قول ژيرينوفسکی می نويسد:

"تاجيکستان و قرقيزستان همچون دولت آينده ندارند. بيائيد در آنجا منطقۀ نهم فدرال را تأسيس دهيم. در بيشکک "روشايلو" را رئيس تعيين می کنيم و اين منطقه، منطقۀ آسيای مرکزی فدراسيون روسيه می شود. با همين راه مشکلات را حل می کنيم – هم نيروی کاری، هم ميوه ها و گوشت خواهيم داشت و هم آنجا هيچ بيماری باقی نخواهد ماند."

يعنی يک سياستمدار روسيه برای خودش نقشۀ تازه ای را ترسيم کرده است و تاجيکستان ما را در حاشيۀ آن قرار داده که مرکز آن ظاهراً بيشکک خواهد بود؛ با رئيسی که از پيش تعيينش کرده. چشم طمع به ميوه ها و گوشت ما دوخته و توهين هم روا می بيند که همانا منطقۀ ما منشأ بيماری هاست...

نه، اين خنده دار نيست. مصيبت بی خانمانی است که به يک مرد بی بصيرت اجازه می دهد که در يک رسانۀ روسی اين گونه طبل رسوايی ما را بکوبد.

ژیرینوفسکی از شيوۀ تهديد و تحبيب کار می گيرد و می گويد:

"بيائيد قطار دوشنبه- مسکو را بازداريم، راه های هوايی را ببنديم. صادرات (واردات؟) همه گونه مواد غذايی از تاجيکستان را منع کنيم. همۀ تماس ها را برای يکی دو ماه قطع کنيم. وقتی پوليومليت تمام شد، آن گاه باز راه ها را باز می کنيم."

آيا هيچ دولت باشخصيتی چنين توهين را تاب خواهد آورد؟ ژیرینوفسکی يک چهرۀ سياسی روسيه است که بايد پاسخگوی گفته ها و کرده های خود باشد. او بی پروا حق حاکميت کشور ما را زير سؤال برده است. آيا به اين هم بايد چشم پوشيد؟ آخر اين چشم پوشی ها زندگی ما را شبستانی کرده است بی انتها.

يک دولت آينده نگر بايد راه های تازه ای برای رهايی از اين تنگنای کفتارنشين می جست و می يافت. کرۀ زمين به برکت پروردگار گرد است و کار را برای هر دولتی ساده تر کرده. آيا برای درک بدسگالی هم نشينان پيشين، 18 سال بسنده نبود؟ آيا 18 سال برای يافتن معبری ديگر مدت زيادی نيست؟ اسفناک است وقتی می بينی که جامعه ای با اين همه دردسر سرگرم مسايلی چون چندهمسری و روسری است. بی راهنمايی است که جامعه را به بی راهه می برد.

اين همه حسرت را پذيرفتيم، اما حسرت تاجيک بودن را به هيچ روی نمی توان پذيرفت. حتا ما از توانايی پذيرش آن عاجزيم. تاجيکان، دولت خود را می خواهند؛ دولتی توانمند و دارای اصول که بتواند در برابر حرف زور قد علم کند. دولتی که حافظ منفعت های مردم خود باشد. دولتی که در پی حديث "راغون" و شعر و ترانه های "راغونانه" خود راغون را هم به ملت تحويل دهد. دولتی که متکی به زور و ارادۀ مردم خود باشد؛ پشتگرم ِ صرفاً مردم خود باشد؛ مردمی بيدار و هوشيار و آگاه از خواب هايی که همسايگان نارفيق برايش ديده اند.

Thursday, May 13, 2010

Octogenarian

شايد روزی
در افسانه ای به روز شوم
امروز
هنوز
کهنه ام

Шояд рузе
Дар афсонае баруз шавам
Имруз
Хануз
Кухнаам

(13.05.2010)

***

ستاره هايی را که بامدادان چيده بودم
ريختم دور
نورشان فريبنده تر از خودشان بود

Ситорахоеро, ки бомдодон чида будам,
Рехтам дур.
Нурашон фиребандатар аз худашон буд

(17.05.2010)

***

Субҳро
бо қаҳқаҳае девонавор
фаро хондам
Аммо шаб
ҳамчунон мусиррона
киз карда буду
хиёли рафтан надошт.

Ин бор
аз хандаам табаре сохтаму
бар шаб тохтам
Ва ҳар чи бохтанӣ буд
Бохтам
Ва саранҷом
Навои раҳоӣ навохтам

صبح را
با قهقهه ای ديوانه وار
فرا خواندم
اما شب
همچنان مصرانه
کز کرده بود و
خيال رفتن نداشت

اين بار
از خنده ام تبری ساختم و
بر شب تاختم
و هر چه باختنی بود
باختم
و سرانجام
نوای رهايی نواختم

11 خرداد
01.06.2010

Wednesday, May 12, 2010

Saving Face by Stepping Down

Канорагирӣ, яъне ҳифзи обрӯ

вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ

Интихобот ин ҷо баргузор шуд; дар Бритониё. Рӯзи панҷшанбеи гузашта ҳеч як аз се ҳизби умдаи ин кишвар шумори лозими курсиҳои Маҷлиси Авомро ба даст наовард. Натиҷаи ин интихобот, ба истилоҳи инглисӣ, як маҷлиси овангон ё овезон шуд.

Аз 649 курсии порлумон 306-тоашро Ҳизби Муҳофизакор ба худаш ихтисос дод, ки барои ин ташаккули мухолифи давлат пешрафти бузурге ба шумор меояд. Аммо дар айни ҳол ҳизби ҳокими Коргар 258 курсӣ ва Ҳизби Либерол-Демукрот 57 курсӣ ба даст оварданд, ки ҷамъи онҳо бештар аз шумори намояндагони Ҳизби Муҳофизакор аст, ки ба порлумон роҳ ёфтаанд. Бад-ин гуна, порлумони Бритониё дучори буҳроне шудааст, ки роҳи ҳалли он дар дасти ҳизби начандон муҳимми Либерол-Демукрот аст, ки акнун зоҳиран ба муҳимтарин ҳизби ин кишвар табдил шудааст. Тасмими ин ҳизби нисбатан кӯчак акнун сарнавиштсозтар аз ҳар замони дигар аст. Ҳар ду ҳизби қудратмандтари Муҳофизакор ва Коргар ба ин ҳамтои камтар маҳбуби худ чашми умед дӯхтаанд, ки ба яке аз онҳо бипайвандад ва ба порлумон ва давлат шаклу шамоили нисбатан якдасту ҳамнавотаре бидиҳад.

Инглисиҳо ҳамеша бо дирояти сиёсӣ ҷаҳониёнро ғофилгир кардаанд. Ин бор ҳам ин иттифоқ уфтод. Гордон Браун - раҳбари ҳизби ҳокими Коргар барои ҷилавгирӣ аз бохти қудрат эълом кард, ки ҳозир аст аз мақоми раҳбарии ҳизб ва нахуствазирӣ канорагирӣ кунад ва раванди ташкили як давлати эътилофӣ бо Ҳизби Либерол-Демукротро ба фарҷом бирасонад. Яъне касе, ки ҳамакнун қудратро дар даст дорад, ҳозир аст қудратро канор бигзорад, то ҳизби худашро дар сари қудрат ҳифз кунад. Чунин рӯйкард ба масъала танҳо дар кишварҳое иттифоқ меуфтад, ки ба дарки аҳамияти созмон ё ҳизби худ расида бошанд ва иттиҳодро рамзи пирӯзӣ бидонанд ва дарёфта бошанд, ки ҳадафи онҳо нишастан бар курсии нахуствазирӣ нест, балки нишондани андешаашон бар курсии қудрат аст.

Дар ҷомеъаҳои вопасмондае чун ҷомеъаи мо андешаи ҳизбҳо маъмулан нақши чандоне надорад; чи басо ин ки аслан равшан набошад, ки барномаи интихоботии як ҳизб дақиқан чи бандҳои муҳимме дорад ва кадом як аз онҳо барои ҷомеъаи гирифтор роҳкорҳоеро тадорук дидааст. Оё ҳаргиз мешавад тасаввур кард, ки масалан, натиҷаи интихоботро дар Тоҷикистон дақиқу бе дахлу харҷ эълом кунанд ва дар сурати эҳтимоли бурузи як “порлумони овангон”, ки аксарияте надорад, раҳбари давлат эъломи истеъфо кунад, то ҳизби ҳоким бо эҷоди як эътилоф бо ҳизбе дигар сари қудрат боқӣ бимонад? Мо қасд надорем афсонанигорӣ кунем. Фақат мехостем дақиқан бигӯем, ки дар Бритониё чи иттифоқе уфтод. Раҳбари ҳукумати Бритониё собит кард, ки мисли раҳбарони Осиёи Миёна канавор ба мақому курсиаш намечаспад ва ҳар замон манофеъи ҳизбиаш тақозо кунад, канор меравад.

Бигзарем аз ин ки ин раванд то чи андоза демукротик ва баёнгари назароту хостаҳои мардум аст. Чун бархе ин иттиҳоди тозаро “эътилофи бозандагони як мусобиқа” унвон кардаанд. Он чи барои мо муҳимму омӯзанда аст, пеш аз ҳама шаффофияту садоқати интихобот ва сониян, омодагии нахуствазир ба канорагирӣ аз мақомаш аст. Гордон Браун бо хифзи ҳайсияту эътибораш, бидуни ин ки базӯр ронда шавад, канор рафт ва пеш аз ин ки биравад, барои ҳизби худ фасли тозаеро гушуд.

Бритониё як салтанати машрутаи порлумонист. Аммо интихобот дар ин кишвар бар мабнои усули мардумсолорӣ баргузор мешавад ва имкони тақаллуб дар раъйҳои мардум вуҷуд надорад. Ин сомона (система), ки дар тӯли садаҳо шакл гирифта, суботи сиёсии кишварро таъмин кардааст. Аз ин ҷост, ки дар ин бахш аз курраи хокӣ хабаре аз ошӯбҳои сиёсӣ нест. Давлатҳо меоянду мераванд ва ҳеч кадом табдил ба кана намешаванд.

Албатта, сомонаи интихоботии ҳатто инҷо беъайбу комил нест. Ҳамин ки эҳтимол дорад нахуствазири дигаре бидуни раъйи мустақими мардум сари қудрат биёяд, суолҳоеро матраҳ кардааст. Аммо ба ҳар рӯй, нахуствазире, ки баргузида мешавад, дар натиҷаи ташкили аксарият аз роҳи эътилофи ду ҳизби мунтахаб рӯи кор меояд. Бад-ин гуна заминае барои нохушнудиҳои фурӯкуфтаи сиёсӣ фароҳам намешавад. Ҳамон нохушнудиҳои фурӯкубида аст, ки пояҳои давлатҳоро сусту мутазалзил мекунад. Дар воқеъ, худи давлатҳои “кана” ҳастанд, ки гӯри худро ба дасти худ мекананд.

Муҳйиддин Кабирй, ки ба унвони нозири интихоботӣ ба Ландан омада буд, мушоҳидоти ҷолибе дорад. Аз ҷумла мегӯяд, ки истилоҳи “нозирони ҳизбӣ” барои мутасаддиёни интихоботи Бритониё як мафҳуми гунг аст. Мегӯяд, инҳо ҳатто намефаҳмиданд, ки манзури мо аз “нозирони ҳизбӣ” чист. Вақте ки барояшон тавзеҳ доданд, ки дар кишварҳои камбахттар нозирон аз ҳизбҳои мухталиф мувозибанд, ки дар интихобот тавассути ҳизби ҳоким тақаллубе сурат нагирад, масъулони интихоботии Бритониё сар такон доданду гуфтанд, ки тақаллуби раъйи мардум номумкин аст, яъне шуданӣ нест.

Ҷолиб аст, ки фарҳангҳои сиёсӣ дар кишварҳои мухталиф истилоҳотеро падид меоваранд ва истилоҳоте дигарро нопадид мекунанд. Ҳамин Бритониё ҳам дар гузашта бо ҳокимони “канагуна” дасту панҷа нарм мекард. Ҳокимоне, ки раъйи мардумро медуздиданду то бениҳоят ба сарири қудрат такя медоданду ситам мекарданд. Аммо акнун ин мардум аз тасаввури тақаллуби раъйи мардум оҷизанд ва фикр мекунанд, ки мо дар бораи қарнҳои миёна суҳбат мекунем.

Бегумон, давраи “қарнҳои миёна” барои кишварҳои камбахттар ҳам сипарӣ хохад шуд, бо давлатҳои канагунаашон.

10.05.2010

Thursday, April 29, 2010

Tajik Blogosphere Expanding

Зафари Мирзоён, хуш омадед!

Дар ҷараёни дидори ахирам аз Тоҷикистон бо марде ошно шудам, ки аз дербоз мешинохтамаш. Аммо ифтихори дидор танҳо дар моҳи нувомбри соли гузашта ба ман даст дод.

Медонистам, ки дар Хатлон, зодбуми бузургмардоне чун Имомназари Холназар, фарҳехтае ҳам ҳаст, ки бебокона дам аз шукӯҳи барбодрафтаву роҳҳои бозпас овардани он мезанад.

Дӯстони хубам Муъмину Сафаръалӣ заминаи дидор бо ин бузургворро фароҳам карданд. Ва дар як баъд аз зуҳри диловези поизӣ пас аз тафарруҷе дар Восеъ пои суҳбати Зафар Мирзоён дар Кӯлоб ҳам нишастем ва кӯлбори сафарамон аз дурри хираде, ки ӯ мерехт, пуртар шуд. Аз имрӯзи торику сояравшани дирӯзу равшаноии дирӯзатар гуфтем ва аз вазъи қаламкашону нависандагони минтақа ва фаротар аз он.

Намедонистам, ки ин фарзонаи суханварро ба ин зудӣ бори дигар хоҳам дид. Аммо ин бор дар паҳнаи маҷозии Интернет бо имзои намодини “Маздо” зери навиштаҳои вазине аз бозгашт ба асли хеш, хатти модарӣ, ашки ғурбати Бозори Собир, сардаргумӣ дар имло, равони Эрони куҳану навин ва дигар мавзӯъҳои дардогин.

Вуруди Зафари Мирзоёнро ба бошандагони торнигористони тоҷик шодбош мегӯям ва бовармандам, ки дар гӯшае дигар аз паҳнаи маҷозии тоҷикӣ гулистоне дигар дар ҳоли гулрез шудан аст.

Торнигори Зафари Мирзоён

Tuesday, April 27, 2010

Dushanbe Encourages Brain Drain

“Фирори мағзҳо” – шикори нағзҳо

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)

Давлатҳо падидаи “фирори мағзҳо”-ро мусибате медонанд, ки бо он бояд пайкор кард ва ҷилави онро гирифт. Давлатҳо мекӯшанд бо даҳҳо чораву тадбир заминаи бозгашти сармояҳои зеҳнии рафтаашонро фароҳам кунанд, то ободонии сарзаминашон мумкин шавад. Онҳо медонанд, ки резиши густардаи мағзҳо ба кишваре чун Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз ҳеч ҳама чиз сохт; рӯи реги саҳроҳои паҳновари сӯхта муҷаҳҳазтарин ҷаҳоншаҳрҳоро бунёд ниҳод. Ва то чанд тан аз пажӯҳишгарони мумтози омрикоӣ ба далели маҳдудиятҳое, ки режими Буши Дувум дар риштаи таҳқиқоти марбут ба сиқти ҷанин эъмол карда буд, кишварашонро тарк карданд, матбуъоти Омрико бар давлаташон тохт ва дам аз хатари “фирори мағзҳо” зад.

Аммо дар ин миён кишваре ҳаст, ки “фирори мағзҳо”-ро ташвиқ мекунад, то шояд бад-ин гуна бар умри давлати худ биафзояд: Тоҷикистон. Дар намунаи Тоҷикистон шояд истилоҳи “фирори мағзҳо” дақиқ набошад, балки “рониши мағзҳо” муносибтар аст. Мағзҳо ё зеҳнҳои мутафаккир ё афроде бо маҳоратҳои вижа ба ҳар баҳона ва сабаби мумкин ба берун аз кишвар парт мешаванд. Шуморе ба далели нофармонии сиёсӣ тард шудаанд, иддаеро шароити тоқатфарсои иқтисодӣ ба берун рондааст. Ва бархеро ҳам давлат ба ибтикори худ ба кишварҳои дигар меронад, то шояд аз фишори лашкари бекорон бикоҳад ва чанд соли дигар бо итминони хотир рӯи тахташ биосояд.

Тозатарин мавриди “рониши мағзҳо” аз Тоҷикистон муъомилоти миёни мақомоти тоҷику араби саъудист, ки заминаи ихроҷи садҳо мағзи мутафаккиру ҳазорон ҷуфт дасти пурмаҳоратро муҳайё кардааст. Лашкари пизишкону муҳандисону ҳунармандон пушти дари ширкатҳое чун “Замони Юнус” саф бастаанд, то шояд “иқбол”-и муҳоҷирати корӣ насиби онҳо ҳам шавад. Ин ширкат ба родю Озодӣ гуфтааст, ки то кунун ҳудуди 3500 тан довталаб номнавис кардаанд, то ба хидмати корфармоёни арабашон бишитобанд. Шумори зиёде аз ин афрод пешаварону кормандоне ҳастанд, ки кишвари навпое чун Тоҷикистон ба онҳо ниёзи мубрам дорад ва интизор мерафт ояндаи равшани кишвар бо дасти ҳамин афроди соҳиби тахассус сохта шавад.

Онҳое ҳам ки бо ҳазорон умеду орзу по ба хоки Арабистони Саъудӣ мегузоранд, то шояд дастикам барои худашон ояндае равшан бисозанд, бад нест достони сархурдагии ононеро бишнаванд, ки бо ҳамин орзуҳо вориди он кишвар шуда буданд, аммо худро дар шароите асафнок ёфтанд. Бо як ҷустуҷӯи мухтасари интернетӣ хоҳед дарёфт, ки чи теъдод афроди хориҷӣ шароити кору зиндагии худ дар Арабистони Саъудиро шабеҳи бардагӣ медонанд. Ва ҳатто арабҳои Мисру Судон, ки бо монеъи забонӣ дасту панҷа нарм намекунанд ҳам аз ҷумлаи қурбониёни сомона (систем)-и аҷибу ғариби додрасии Арабистон ҳастанд ва барои солҳо дар он кишвар дарбанд мондаанд.

Созмони “Дидбони Ҳуқуқи Башар” дар гузориши соли 2004-и худ зери унвони “Баҳракашӣ ва озори муҳоҷирони корӣ дар Арабистони Саъудӣ” навишта буд, ки шумори зиёде аз муҳоҷирон бо шиканҷа, додани эътирофоти иҷборӣ ва муҳокимаи номунсифона дар додгоҳ мувоҷеҳ ҳастанд. Соро Витсун, мудири омили ин созмон дар умури Ховари Миёна ва Офриқои Шимолӣ мегӯяд:

“Мо мардону занонеро дидем, ки дар шароите мушобеҳи шароити бардагӣ зиндагӣ мекарданд. Мақомоти саъудӣ ба азияту озори пайвастаи коргарони хориҷӣ чашм пӯшидаанд.”

Вазъияти коргарони зан дар Арабистон бисёр бад гузориш шудааст. Ҳуқуқи зан аз пуровозатарин муъзалоти ин кишвар аст ва шояд бузургтарин мояи шармсории он. Занҳо на танҳо аз ҳуқуқи комили инсонӣ бархурдор нестанд, балки ҳузурашон дар ҷомеъа таҳти назорати мустақими мардҳо сурат мегирад. Тоза дар поёни соли 2001 буд, ки мақомоти саъудӣ барои нахустин бор ҳувияти мустақилли занҳоро ба расмият шинохтанд ва барояшон шиноснома содир карданд. То пеш аз он номи занҳо танҳо дар шиносномаи падарон ва шавҳаронашон меомад. Зан дар Арабистон дар канори бисёре дигар аз ҳуқуқи бунёдини башарӣ ҳаққи раъй додан ё ҳатто ҳаққи ронандагӣ ҳам надорад. Душвор нест таҷассум кунед, ки дар он кишвар чи дурнамое метавонад дар интизори муҳоҷирони кории зан бошад. Яъне афзун бар табъизи нажодӣ, табъизи ҷинсӣ ҳам дар ин кишвари қуруни вустоӣ бедод мекунад.

Ба ҳар рӯй, расму шеваи зиндагӣ дар Арабистонро ширкатҳое чун “Замони Юнус” ба довталабони муҳочират ёд медиҳанд. Забони арабӣ, фарҳангу ойин ва қонунҳои Арабистони Саъудӣ аз ҷумлаи донистаниҳоест, ки муҳоҷирони оянда бояд пеш аз муҳоҷират фаро бигиранд. Мусалламан, донистани ин фарҳангу одоб барои зиндагӣ дар Арабистон судманд аст. Аммо чӣ суде аз ин фарҳангу донистани он оиди сарзамини мо мешавад? Агар Арабистон ҷомеъаи матлубе барои зиндагию шукуфоии башар буд, мутмаиннан то имрӯз ба чизе фаротар аз дороии нафтӣ даст меёфт. Таҷрубаи зиндагӣ дар ҷомеъае, ки дар садаҳои пеш гирифтор мондааст, метавонад ба изофаи ранҷе, ки барои муҳоҷирон меофаринад, барои кишвари мо ҳам дар дарозмуддат ранҷбор шавад. Яъне хӯ гирифтан бо шеваи зиндагии саъудӣ ва интиқоли он ба муҳитҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон дар оянда метавонад аз сарзамини мо ҳам кишвари бадбахте чун Арабистон бисозад; “хушбахтӣ”-и Арабистонро нафташ таъмин кардааст, ки Тоҷикистон фоқиди он аст. Аммо “мағз”-и салтанати саъудӣ ҳамвора воридотӣ буда ва акнун “мағзи тоҷикӣ” ҳам дар садади ёфтани ҷои пое дар бозори зеҳнии он кишвар аст. Як севум (сеяк)-и ҷамъияти Арабистонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд.

Тасмими давлати Тоҷикистон барои фурӯши нерӯи корӣ ба Арабистон ба манзури дур кардани хатари ошӯби иҷтимоъӣ бар асари бекорӣ сурат гирифт. Агар ин барнома бо комгорӣ пеш биравад, шояд нисфи дигари ҷамъияти шоғили Тоҷикистон ба Арабистон сарозер шавад (нисфи аввали он дар Русияву Қазоқистон аст) ва оромиши давлатро барои чанд соли дигар таъмин кунад. Аммо гумон намеравад, ки давлати кунунӣ тобу таҳаммули бори зеҳнии муҳоҷиронеро дошта бошад, ки пас аз солҳо зиндагӣ дар Арабистон ба кишвар бармегарданд. Тафаккуре, ки дар Арабистон, дар қалби мактаби ваҳобия, шакл мегирад, метавонад ошӯбе бас фарогиртар ба бор оварад. Ба вижа агар таваҷҷуҳ дошта бошем, ки бештари ҳамкориҳои Арабистон бо Тоҷикистон ба масобаи як бархурди тамомъайёри тамаддунҳо ҷиҳати мукобила ва рақобат бо Эрон сурат мегирад.

“Фирори мағзҳо”, ки замоне бархеро ба домани куфр ронда буд, акнун шуморе дигарро ба чоҳи таъассуб меронад.

Wednesday, April 21, 2010

About a Broken Idol

Андар як бути шикаста

Агар буд, имрӯз 140-сола мешуд. Шояд касе ин қадр умр накарда бошад, аммо ӯ умре бас тӯлонӣ хоҳад дошт ва пас аз ин ҳам афроде хоҳанд омаду хоҳанд гуфт, ки “агар буд, 150, 160, 170..., 200-сола мешуд».

Чун Ленин аз ҷумлаи шахсиятҳоест, ки умри сиёсии бас тӯлонӣ доранд. Андешаи батнии ӯ андешаи ҳамешагии башарият аст: эгалитарианизм ё баробархоҳӣ аз замони Маздаки эронӣ то Ленин зинда буд ва пас ӯ ҳам зинда хоҳад монд.

Албатта, бисёре аз пешомадони ӯ бо такя бар диёнати масеҳӣ парчами баробархоҳиро барафроштанд. Решаи андешаҳои онҳоро ҳам гар биҷӯӣ, ба жарфои торихи Ховарзамин меравад. Чун диёнати масеҳӣ худ реша дар Ховарзамин дорад. Ҷон Виклиф (1320-1384) ва кашиш Ҷон Боли инглисӣ (1338-1381) Йон Ҳуси чек (1369 – 1415), Тумос Мунтзери олмонӣ (1488-1525), Тумос Мури инглисӣ (1478 – 1535), Шорл Фурйер (1772-1837) ва Пйер-Жузеф Прудҳуни фаронсавӣ (1809-1865), Роберт Овени велсӣ (1771-1858) ҳама ва ҳама аз пешомадони Морксу Энгелси олмонӣ буданд, ки мактаби Ленинро поягузорӣ карданд. Албатта, ҳар андешапардозе андешае навинро вориди ин мактаб кард ва бар маркаби баробархоҳӣ савор шуд ва то навбат ба Ленин расид, ин маркаб рикобдорони бешуморе дошт ва Ленин ҳам бар шигирду шеваҳои маркабсаворӣ дар ин мактаб афзуд.

Ленин, ба ростӣ, андешаи тозаеро матраҳ накард, балки хиштҳоеро бар биное куҳан афзуд. Маздаки худи мо ҳам, ки дар ҳаволии соли 524 тавассути салтанати Сосонии мо кушта шуд, хостори ҷомеъае буд, ки Ленин дар мағзи ноби худ мепарварид. Фирдавсӣ ба ёди омӯзаҳои Маздак навишта буд:

Ҳамегуфт ҳар к-ӯ тавонгар бувад
Тиҳидаст бо ӯ баробар бувад
Набояд, ки бошад касе барфузуд
Тавонгар бувад тору дарвеш пуд
Ҷаҳон рост бояд, ки бошад ба чиз
Фузунӣ тавонгар чаро ҷуст низ
Зану хонаву чиз бахшиданист
Тиҳидаст кас бо тавонгар якест
Ман инро кунам рост бо дини пок
Шавад вежа пайдо баланд аз мағок

Яъне, оре, косаи даври замон мечархад ва то ба нуқтае мерасад, дубора мечархад. Ва аммо ҳар даври тозаи ин косаи давр чархише тоза дорад; бо шеваю шигирдҳои тозаи чархидан. Пас набоист, ки кумунизмро вижаи Влодимир Илйич Ленин бидонем, ҳарчанд Ленин буд, ки “communism”-ро бо ҳамин ном ба ҷаҳониён ошно кард. Ва аммо боз ҳам ӯ набуд, ки ин вожаро сикка зад. Пеш аз ӯ ҳам Эттиен Кабэ, файласуфи хаёлпарвар (утупист)-и фаронсавӣ (1788-1856), вожаи “кумунизм” (communisme)-ро ба кор бурда буд.

Ҳеч хиште бар ҳаво устувор нашуда ва ба ҳамин минвол, ҳеч андешае дар фазо шакл нагирифтааст. Ҳар чи мо имрӯз дорем, пешомаде дорад, ки дар гузашта, шояд гузаштаи дур, фурӯ нуҳуфтааст. Бад нест бидонем, ки кумунизми Ленин ҳам барои мо, тоҷиконе, ки дам аз ориёӣ будан мезанем, бегона набудааст. Дар воқеъ, метавон иддаъо кард, ки Ленини рус як андешаи тоҷикӣ (ориёӣ)-ро пай гирифта ва ба ҷое расондааст.

Албатта, ин ҳам барои доноёни амр пинҳон нест, ки он чи Ленин мехост, бо он чи дар Иттиҳоди Шӯравӣ шакл гирифт, тафовут дошт. Ленин тайи ду соли охири зиндагиаш тавоноии сухан гуфтанро надошт, чи бирасад ба тавоноии идораи бозмондаи импротурии Русия, ки аз Бухоро то он сӯи Укроин доман афрохта буд. Дар ҳоле ки шолудаи Шӯравӣ дар ҳамон солҳо шакл гирифт. Пас Ленин набуд, ки Самарқанду Бухороро аз мо дареғ дошт.

Ленин ҳаргиз дар ҳеч ҷое изҳори тамоюл накарда буд, ки забонҳои маҳаллӣ ба фаромӯшӣ супурда шаванд, ҳарчанд саромадони андешаи “кумунизм”, ба монанди Шорл Фурйер ва Пйер-Жузеф Прудҳун мавҷудияти танҳо як забонро дар низоми кумунистӣ пазируфта медонистанд. Столин, халафи Ленин, ба ин ақида бештар муътақид буд ва талоши фаровон кард, то ҳамаи забонҳои шӯравӣ шикаст дар баробари забони русиро бипазиранд ва канор бираванд, ки чунин нашуд. Забонҳои решадоре чун забони порсӣ бо чангу дандон муқовимат карданд ва импротурии сурхро ба гӯраш гусел карданду зинда монданд.

Аммо дар солрӯзи зоиши Ленин шоиста аст, ки ҳам аз кӯтоҳиҳо ва ҳам аз баландои парвозаш ёд кунем. Кӯтоҳии диди ӯ шояд табиъӣ буд. Диди башарӣ аз фаро гирифтани кулли тайфи фарҳангию иҷтимоъию иқтисодии густарае фарох чун Иттиҳоди Шӯравии пешин оҷиз аст. Бавижа агар сатҳи пешрафти иқтисодии ҷомеъа аз вопасмондагии Аморати Бухоро то ба тараққии санъатии Урупои Шарқӣ доман бикашад. Фалсафаи Ленин, ки бо вуҷуди нияти нек бар пояи судҷӯии шарри нафсонӣ устувор буд, саранҷом ба нокуҷообод расид ва ноком монд. Аммо он чи аз ӯ монд, ба эҳтимоли қариб ба яқин, хостаи ниҳоии ӯ набуд.

Ленин пайравони нохалафе дошт, ки посдори осори маънавию бозмондаи моддии тафаккуроташ набуданд. Як мушт судхор, ки ба хаёли судҷӯӣ аз султаи андешае тоза он андешаро пазируфтанд ва чун аз дарки он андеша фарсангҳо фосила доштанд, саранҷом онро нагуну вожгун карданд. Онон имрӯз ҳам бар эрикаи қудрат такя задаанд, аммо Ҳизби Кумунисти лениниро пушти по задаанд, то ҳизбҳои ба ном демукроту халқи демукротро бино ниҳанд. Аз ормону омоли ленинӣ ному нишоне нест, ва аз пайкори ӯ ҳам. Он чи ҳаст, як мушт халафи нохалафи идеулужик аст, ки андешаи Ленинро ба пашизе фурӯхтаанд, то сарири қудрат аз кафашон дар наравад. Ленин, агар зинда буд, ҳафт пушти ин афродро ба Сибир табъид мекард.

Зуҳур ва суқути Ленин ба масобаи зуҳуру суқути як импротурӣ буд. Импротурии андешае, ки мехост бо дасти зӯр баробариро бар ҷомеъа таҳмил кунад, аммо хаёлӣ ва ғайриъамалӣ аз кор даромад. Вале шикасти ин андеша далел ба дурустии фалсафаи сармоядорӣ намешавад, ба вижа пас аз буҳрони молии 2008, ки шиканандагии иқтисодии ин низомро барҷаста кард. Ленин ҳар касу ҳар чизе, ки буд, торихсоз буд ва номе ҷовидона дар торих.

Wednesday, April 14, 2010

Kyrghyz Teachers

Омӯзгорони қирғиз

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)

Он чи бар сари Қурбонбек Боқиеви қирғиз омад, моҷарои тозае нест. К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро... Ва ҳамин тавр баръакс. Ҳамеша чунин будаву хоҳад буд. Ҳеч қудрате мондагору ҷовидона нест. Ҳар шабе ба бомдод расидаву ҳар субҳе ба шом. Пӯёӣ қонуни ҳастист...

Аммо зоҳиран Боқиев ҳанӯз бар дарки ин ҳақиқати ҳастӣ нарасидааст ва ҳамчунон талош мекунад бо гирди ҳам овардани хешовандону ҳамрустоиҳояш дубора ба кандуи асал даст ёбад.

Рӯзи душанбе ҳудуди 500 тан аз наздикони Боқиев дар рустои Тейити Ҷалолобод таҷаммуъ карданду шиъор доданд, ки ҷонашонро рӯи каф гузоштаанду мехоҳанд ин ҳамқишлоқишонро ба сарири қудрат баргардонанд. Бо ин таҷаммуъ ва шиъорҳо воқеъияти зиште бармалотар шуд: маҳалгароӣ, ки метавонад саранҷом ба ҷудоии ҷанубу шимоли Қирғизистон бианҷомад. Аммо ҳатто агар Боқиев ба тахти ҷануби Қирғизистон ҳам такя бизанад, боз ҳам шикаст хурдааст. Чун меросе, ки аз 5 сол ҳукумати ӯ дар Бишкек баҷо монда, чизе ба ҷуз ҳарфу ҳадиси фасоди молию хешовандсолорӣ дар бисот надорад.

Қудрат одамони заъифро олуда мекунад ва аз чорчӯби одамият меронад. Соли 2002 ҳамин Боқиев нахуствазири давлати Аскар Оқоев буд. Тирандозии нерӯҳои давлатӣ ва қатли 5 муътаризи ҷалолободӣ дар он сол боъис шуд, ки Боқиев ихтиёран аз мақомаш канор биравад ва аз худ тасвири сиёсатмадоре мардуммадорро ба зеҳнҳо биспорад. Саранҷом аҷри он манишу рафтори мардуммадоронаашро дид ва мардум рӯи даст оварданду бар маснади раёсат нишондандаш.

Панҷ соли ҳукумати Боқиев панҷ соли навмедии мардуме буд, ки бо умеди эҷоди дигаргуние бунёдин даст ба тағйири қудрату қудратдорон зада буданд. Пеш аз он мардум аз фасоди давлати Оқоев гилоя мекарданд. Фасоди давлати Боқиев мардумро беш аз пеш ба сутӯҳ овард. Пеш аз он мардум аз пешравиҳои сиёсии аъзои хонаводаи Аскар Оқоев дили хуш надоштанд. Боқиев бо эҷоди як ниҳоди иқтисодӣ ва вогузории идораи ҳамаи воҳидҳои иқтисодӣ ба писараш Моксим таҷассуми мафҳуми хонаводасолорӣ шуд. Ва ҳатто интизор мерафт дар интихоботи соли 2014 хишти аввали салтанати сулолаи Боқиев гузошта шавад ва писараш мақоми падарро ба мерос бибарад. Таҷрубаи Озарбойҷон марази “салтанат”-ро дар рагу паи ҳоқимони минтақа ҷорӣ кардааст.

Ин барномаи бадсиголона метавонист дар кишвари хуспидае ба самар бирасад, аммо на дар Қирғизистон, ки панҷ сол пеш ҳам адаби ҳокими мустакбирашро дода буд. Ин бор ҳам ҳисси додгарӣ худнамоӣ кард ва Боқиеве, ки 8 сол пеш гӯё тоби дидани қатли 5 танро надошт, дастури қатли даҳҳо танро дод ва худ чун гунаҳкоре, ки аз шиддати қаҳри қурбониёнаш огоҳ аст, по ба фирор гузошт ва ба рустои зодгоҳаш паноҳ бурд.

Давлати муваққати Қирғизистон, ки ҳанӯз зуд аст дар борааш доварӣ кунем, аз ҳамин акнун бо мақомоти қудратҳое чун Омрико ва Русия дар тамос будаанд, ки ба таври талвеҳӣ гӯёи шиносоии ин давлат аз сӯи онҳост. Бисёре аз таҳлилгарон дар ҷустуҷӯи заминаҳои “русӣ” ё “омрикоӣ”-и шӯриши ахиранд, ки ба сарнагунӣ ва гурези Боқиев анҷомид. Ҳатто худи Боқиев ба монанди салафи ҳамсарнавишташ Аскар Оқоев дар яке аз нахустин мусоҳибаҳояш иддаъо кард, ки “нерӯҳои хориҷӣ” пушти саҳнаи ин рӯйдодҳо будаанд.

Аммо бо нигоҳе гузаро ба пешинаи панҷсолаи ҳукумати Боқиев вуқӯъи як чунин ошӯби худҷӯш алайҳи ҳукумати ӯ, ки дар паи хафа кардани садоҳои мухолиф ва бастани роҳҳои муқобилаи маданӣ бо он буд, бисёр табиъӣ ба назар мерасад. Мухолифони давлати Боқиев дарёфта буданд, ки агар акнун дастбакор нашаванд, фардо дер хоҳад шуд ва сулолаи Боқиев реша хоҳад давонд ва баҳои раҳоӣ аз он гаронтар хоҳад буд.

Бо ин тағйиру таҳаввул Қирғизистон номи худро бори дигар бо ҳуруфи зарини барҷаста сабти торихи Осиёи Миёна кард. Мардуми кишвари ҳамсоя бори дигар таъкид карданд, ки ҳозир ба пазируфтани ҳеч навъ ситаме нестанд ва дар воқеъ, метавонанд ҳар он давлати дастнишондаи худашонро ба далели бевафоӣ ба ваъдаҳояш канор бизананд ва давлати дигареро биозмоянд. Дигар баъид аст дар ин кишвар касе ҷуръати такрори ғалатҳои Оқоеву Боқиевро дошта бошад. Мардум ба ҳисобаш хоҳанд расид. Аз ин рӯ давлати муваққат то ба қудрат даст ёфт, эълом кард, ки мехоҳад низоми кишварро порлумонӣ кунад ва аз ихтиёроти раисҷумҳур бикоҳад, то як нафар ба худаш иҷозаи идораи яктанаи зиндагии 5 милюн танро надиҳад.

Таҷрубаи Қирғизистон омӯзанда аст; ҳам барои давлатҳо ва ҳам барои мардумони дигар кишварҳои Осиёи Миёна. Дарс барои давлатҳо: фишор бар ҷомеъаи маданӣ, фасоди молӣ ва хешовандсолорӣ кушанда аст. Дарс барои мардумон: ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд гирифт.

Ҳукуматҳои худкома ҳамчунон умедворанд, ки ин ҷасорати мардуми Қирғизистон ба яъс бианҷомад. Аммо дар ҳар сурат, сарфи назар аз натиҷаи ниҳоии ин таҳаввул, рӯйдодҳои Қирғизистон шиканандагии давлатҳои худкомаро бори дигар барҷаста кард.

12/04/2010

Thursday, April 08, 2010

Season of Withered ‘Tulips’

Мавсими “лолаҳо”-и пажмурда

Ҳукумати “лолаӣ”-и Қурбонбек Боқиев панҷ сол давом оварду мисли як гули лола пар-пар шуд. Юриши шимолу ҷануби Қирғизистон аз сар гирифта шуд ва ҳукумати ҷанубӣ бо номаи истеъфои нахуствазир Дониёр Усенов ба мағоки торих рафт. Торих чи зуд такрор шуд.

Дарди маҳалгароӣ қирғизҳоро ҳам тикка-пора кардааст, аммо решаи рӯйдодҳои тунду тези дирӯз ба ҷойҳои дигар ҳам кашида мешавад. Фасоди молӣ ва хешовандсолории густохонаи Боқиев димор аз рӯзгори мардум бароварда буд. Ожонси Марказии Тавсеъа, Сармоягузорӣ ва Навоварӣ, ки оқои Боқиев барои хушнудии қалбу оромиши нафси писараш Максим дар моҳи октябри гузашта таъсис карда буд, намод (символ)-и хешовандсолории густохона дар ин кишвари ҳамсоя буд.

Албатта, пештар аз он ҳам писараш дасту забони дарозе дар тасмимгириҳои давлат дошт ва ҳатто дар чигунагии таркиббандии ҳайъати давлат изҳори назар мекард ва назароташ чун дурри суфта пазируфта буданд. Аммо бо таъсиси ин ниҳоди навин тақрибан тамоми ниҳодҳои иқтисодии кишвар таҳти назари мустақими Максим Боқиев ва дар натиҷа хонаводаи Боқиев қарор гирифтанд ва кумаку эътибороти молии ҳангуфти Омрикову Русия аз рӯи мизи Максим ба мақсад фиристода мешуданд. Ҳатто кумакҳои байнулмилалӣ ба созмонҳои мардумниҳод (ғайридавлатӣ) аз тариқи ҳамин ожонс сурат мегирифт. Яъне кунтрули Максим танҳо иқтисодӣ набуд, балки мехост ҷомеъаи маданиро ҳам зери заррабини худ қарор диҳад ва ба майли худ онро шаклу сомон диҳад. Аз сӯи дигар, дастандаркорони тиҷорат маҷбур буданд бо хатти машйи давлати Боқиев ҳамнавоии сад дарсад дошта бошанд, то ба молу маноле даст ёбанд. Вагарна дари дуконашон тахта мешуд.

Ин фарзия ҳам матраҳ буд, ки Максим дар интихоботи 2014 (пас аз ду давраи раёсати ҷумҳурии падараш) ба суккони кишвар даст хоҳад ёфт.

Дар ҳамон моҳи октябр Боқиеви падар бо судури дастуре шумори вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои порлумониро коҳиш дод ва бар масъулиятҳои ожонси писараш афзуд. Умурбек Текебоев, раҳбари ҳизби мухолифи Ота-Макони Қирғизистон, ин таҳаввулотро “хусусисозӣ”-и давлат унвон карда буд.

Афзун бар ин, дар соли гузашта Қурбонбек Боқиев ба худ иҷоза дод, ки бо тағйири сохтори Хадамоти Амнияти Миллӣ бародараш Жониш ва писари дигараш Муродро ҳам соҳиби кор кунад. Ин ду хешованди тании раисиҷумҳур дар раъси амниятиҳо қарор гирифтанд, то бо вафодории бештар амнияти хонадони ҳокимро таъмин кунанд, ки аҳамияти он зоҳиран фаротар аз амнияти миллӣ рафта буд.

Ин ғалатҳои Боқиев даҳчандони ғалатҳои мушобеҳи Аскар Оқоев буд, ки дар баҳори соли 2005 бо як мавҷи “лолаӣ” шуста ва ба Маскав андохта шуд. Акнун шоеъоте ҳокӣ аз фирори раисиҷумҳури ахир аст. Иддае мегӯянд, ӯ ба Уш паноҳ бурдаасту миёни ҳаводоронаш аслиҳа пахш мекунад. Шуморе ҳам муътақиданд, ки Боқиеву дору дастааш дар маҳалли амне дар Омрико мунтазири фурӯ рехтани обҳо аз осиёбанд. Аммо он чи мусаллам аст, бадномии тамому камоли ин оқост, ки савор бар мавҷи эътирозоти мардум сари қудрат омад ва бар мардуми худ ҳамонро писандид, ки дар давраи Оқоев бар худ написандида буд. Сарнавишти талхи хешовандсолорони қирғиз метавонад барои ҳамтоёнашон дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна дарси хубе бошад.

Ban Ki-moon by Jeyhun

Гузори Бон Ки-Мун аз канори Ҷайҳун

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)

06/04/2010

Бон Ки-Мун сафараш ба “минтақаи ҳазорон савдо”-ро ба зудиҳо аз ёд нахоҳад бурд. Ҳанӯз ҷомадони сафарашро набаста, аз Эътилофи Мудофеъони Ҳуқуқи Башари Узбакистон паёме дарёфт кард, ки хушбинона аз ӯ мехостанд дар ҷараёни дидораш аз Тошканд мақомоти узбакро бо иттиҳоми иртикоби ҷиноятҳо алайҳи башарият ба додгоҳи Лоҳа (Гаага) гусел кунад.

То по ба хоки Бишкек гузошт, бахшҳое аз Қирғизистонро мавҷи эътирозот дарнавардидан гирифт. Замоне ки дар Тоҷикистон мекӯшид кӯргиреҳи равобити Душанбе-Тошкандро боз кунад, муътаризони қирғиз дар минтақаи Талас чумоқ (калтак)-у гози ашковар мехурданд. Шавқи як “инқилоби рангӣ”-и дигар дар бархе гул карда буд ва ҳирсу ози қудрат - дар вуҷуди афроде, ки дирӯз савор бар як чунин мавҷе рӯи кор омада буданд. Бон Ки-Мун, ки аз сарзамини хирадпарвари Куре (Корея) меояд, дар Осиёи Миёна як намуна аз таъсироти вайронгари қудратмадориро бо ду чашми сар диду дар аҷаб монд. Дар воқеъ, дар аҷаб рафт.

Ва дар ҳассостарин кишвари минтақа – Афғонистон деви қаҳри Ҳомид Карзай бедор шуда буд. Раҳбари собиқан мулоиму муътадили афғон таҳдид мекард, ки агар бештар аз ин озораш диҳанд, ба ҷунбиши Толибон хоҳад пайваст. Ҳамон ҷунбише, ки Омрико бисоташро барчида ба ҷои он хаймаи Карзайро паҳн карда буд, имрӯз муттаҳиди билқувваи ин оқост, ки зоҳиран бо ин найранг мехоҳад ҳам пойгоҳи иҷтимоъиаш дар миёни паштунҳоро устувортар кунад, ҳам аз омрикоиҳо бож биситонад. Найрангест бас зариф, аммо дар сурати нокомӣ сар ба бод хоҳад бурд. Аз сӯи дигар, бадгумонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди дурустии интихоби дубораи ӯ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ низ аз байн нахоҳад рафт ва аломати суоли бузурге бар сари машрӯъияташ овезон хоҳад монд. Аммо мавзӯъи машрӯъият камтар раисҷумҳуреро дар минтақаи мо нигарон кардааст ва ин мавридест, ки Бон Ки-Мун зоҳиран хуб медонад.

Кӯтоҳсухан, дабири кулли Созмони Милал ҳар ҷо мерафт, дам аз зарурати суботу ҳалли муноқишот аз роҳи гуфтугӯ мезад, аммо шоҳиди бурузи навъе ҳарҷу марҷ дар минтақа буд, ки дар ҳоли шиддат гирифтан аст.

Аз гузориши расмии Созмони Милал чунин бармеояд, ки ихтилофи Тоҷикистону Узбакистон бар сари нерӯгоҳи Роғун аз далоили аслии сафари оқои Бон ба минтақа буд. Дабири кул муътақид аст, ки агар ҷилави ин мушкилро имрӯз нагирем, фардо дер хоҳад шуд. Ин ҷумла гӯёи умқи нигаронии дабири кул аст, ки дар ҷараёни дидораш бо мақомоти ҳар ду кишвар баён шуд.

Аммо он чи бояд барои мо нигаронкунанда бошад, ин аст, ки зоҳиран мақомоти Тоҷикистон натавонистанд дабири кулли Созмони Милалро ба чарандию беҳудагии иддаъоҳои Узбакистон дар бораи асароти сохтмони нерӯгоҳи Роғун мутақоъид кунанд. Натавонистанд тафҳим кунанд, ки агар Узбакистон воқеъан рост мегӯяд ва нигарони паёмадҳои зистмуҳитии тарҳи Роғун аст, чаро он танҳо кишвари минтақа аст, ки масъули умдаи нобудии дарёи Орол ба шумор меояд. Чи гуна 70 дарсади оби ин дарё бухор шуду ба ҳаво рафт? Магар ҳамин сомона (систем)-и дарёдаркаши обёрии заминҳои васеъи Узбакистон набуд, ки Оролро ба гавдол (чуқурӣ) табдил дод? Ва оё пас аз он фоҷеъа метавон бовар кард, ки раҳбарии узбак кӯчактарин дарку тасаввур ё парвое аз муҳити зист дорад?

Албатта, вазири хориҷа талош мекард, чизҳое ба монанди инро ба дабири кул гӯшрас кунад. Аммо наҳваи баёни лакнатбори ӯ ва мантиқи пӯшида дар ҳиҷоби суханоне пуртумтароқу печида мафҳумро номафҳум карда буд. Аз ҷумла намедонам, ки бардошти дабири кулли Созмони Милал аз ин ҷумлаи оқои Зарифӣ чӣ буд ва нони мутарҷимаш ҳалол бод (!):

“Ин коршиносон дар таъмин намудани муваффақияти корҳои сохтмонӣ, ки дар Роғун анҷом дода мешавад, бо стандартҳои байналмилалӣ, сифат ва таҷрибае, ки дар сохтмон ба кор бурда мешавад, ҳамчунин амалӣ намудани ҳамоҳангии байни корҳои сохтмонӣ ва таҳқиқотҳои техникӣ тавассути ба назар гирифтани хулосаҳову натиҷаҳо ҳангоми лоиҳакашӣ ва анҷом додани ҳар яке аз ин марҳилаҳо (-и) сохтмон корҳо ба анҷом расонда хоҳад шуд.”

Шояд мутарҷим ҳам дар расондани матлаб оҷиз монда буд, ки дабири кулли Созмони Милал ба баҳонаи тангии фурсат барномаи дидор аз рӯди Вахшу тарҳи Роғунро лағв кард. Албатта, ҳар диплумоти дигар ҳам ки худро бетараф ҷилва медиҳад, по ба Роғун намегузошт. Бетарафӣ барои диплумотҳо ба масобаи бешарафӣ нест, балки айни шараф аст.

Аммо ба ҳар рӯй, аз суҳбатҳои Бон Ки-Мун чунин бардоште ҳосил мешуд, ки ин оқо бо азоби алими бебарқии Тоҷикистон дар фасли сармо ошно нашуда ва барояш ба дурустӣ нафаҳмондаанд, ки Узбакистон дар сардтарин рӯзҳои сол табдил ба қассобе мешаваду ҷараёни барқро қатъ мекунад, то кӯдакону солмандони мо аз сармо бимиранд ва зиндагӣ бозистад. Танҳо сарвате, ки Тоҷикистонро метавонад аз хоки тангдастӣ бардорад, ҳамин обаш аст. Мавқеъияти иқтисодии ду кишвар тафовутҳои фаровоне дорад ва аз рӯи инсоф нест, ки ин фишанги фишор дар дасти Узбакистон боқӣ бимонад... Танҳо паёми оқои Бон ин буд, ки то анҷоми арзёбии фаннии Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистону Узбакистон бояд аз ҳар навъ иқдоми яктарафа даст нигаҳ доранд.

Хушбахтона, дабири кул яке аз мавридҳои истифода аз фишанги фишор тавассути Узбакистонро нодида нагирифт ва аз Тошканд тақозо кард, ки садҳо вогуни ҳомили маводду масолеҳу сӯхтро раҳо кунад, то аз тариқи роҳи оҳани Узбакистон вориди Тоҷикистон шаванд. Марги садҳо шаҳрванди бегуноҳи Тоҷикистону Узбакистон бар асари исобат бо минҳои узбакӣ дар имтидоди марз низ дабири кулли Созмони Милалро дилреш кард ва ӯ ин таҷрубаи ғайриинсониро “ғайри қобили қабул” донист.

Оқои Бон таи дидораш аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна аз давлатҳои худкома хост, ки ҳуқуқи башар ва додгариро риъоят кунанд, паймонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башарро, ки зерашон имзо кардаанд, арҷ бигзоранд, протоколи ихтиёрии паймони зидди шиканҷаро тасвиб кунанд, бо Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар Женев ҳамкорӣ кунанд ва аз ҷумла иҷоза диҳанд, ки коршиносони мустақилли он аз кишварҳои минтақа боздид кунанд. Мақомоти ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна сар такон доданд. Сарҳо ҳамчунон такон мехуранду аробаи демукросимон на.

Tuesday, March 30, 2010

A Year Gone to Waste

Соле, ки гузашт

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)

Бештари рӯйдодҳои муҳимми соли гузаштаи тоҷикӣ (ки аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсолро дарбар мегирад) рӯ ба поёни сол иттифоқ уфтод. Муҳимтарини онҳо, мусалламан, интихоботи саросарӣ буд, ки орзуи панҷсолаи қишре аз мардумро ба яъс нишонд: орзуи дидани порлумоне гӯё ва мардумӣ ба ҷои маҷлиси хомӯшу муҳрбадаст ва рӯбараҳбар, ки ангушти намояндагонаш аз рӯи тугмаи “оре” дур намешавад.

Маҷлисе якдаст, ки 54 адад аз 63 курсии онро ҳаводорони сардамдорони вақт ишғол кардаанд ва садои 3-4 тан аз дигарандешонашро метавон ба осонӣ ношунида гирифт. Дар ин интихобот машҳуд буд, ки унсури номатлуби хешовандсолорӣ рушди бештаре доштааст. Пас дар ин имтиҳони мардумсолорӣ Тоҷикистон боз ҳам ноком шуд ва як фурсати дигар барои даст ёфтан ба озодию шукуфоиро аз даст дод. Тазминоти раҳбар барои баргузории интихоботи шаффофу озод аз қолиби сухан берун наомад ва амалӣ нашуд. Нозирони дурдаст айни ҳақиқатро гуфтанд. Нозирони “хориҷаи наздик” ин нокомиро ташвиқ карданду шодбош гуфтанд.

Дар оғози соли нав аъзои Маҷлиси Миллӣ ҳам интихоб, ё шояд ба баёне дурусттар, таъйин шуданд. Бо он сарусомоне, ки интихоботи “мустақим”-и саросарӣ дошт, метавон наҳваи баргузории интихоботи номустақимро ҳадс зад. Ва ҳатто шахси раиси Маҷлиси Миллӣ, ки раиси Маҷлиси Олӣ ҳам ҳамӯ хоҳад буд, аз ҳамин акнун қобили ташхис аст. Ин рӯйдод баҳонае барои таҷлил надорад. Ба вижа ба хотири он ки касе суроғи раъйи баяғморафтаашро нагирифт.

Рӯйдоди муҳимми дигар корзори саросарии давлат барои сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун буд. Дар оғоз ҳатто дӯстдорони хориҷии Тоҷикистон эъломи омодагӣ карданд, ки дар раҳоии мардум аз буҳрони энержӣ саҳм хоҳанд гирифт ва ҳисобҳое бад-ин манзур ҳамчунон боз аст. Аммо фишори фавқулъодаи мақомот бар мардуми одӣ ва ғолибан нодор барои пардохти пули саҳоми неругоҳ ин амри хайрро махдушу зишт кард. Донишҷӯёне, ки бидуни пардохти пули саҳом иҷозаи вуруд ба утоқи имтиҳонро надоштанд, ба сутӯҳ омаданд. Кормандоне, ки водор ба харидории саҳоми нерӯгоҳ мешуданд, мақомотро нафрин карданд. Аммо эътирозоти дарунӣ ба ҳадди ғалаён нарасид ва ҳамчунон зери лиҳофу пӯшида аст. Дар натиҷаи ин фишорҳо ҷавви бадгумонӣ чи дар дохил ва чи дар хориҷ боло гирифт ва накӯкорони хориҷӣ мунтазири дарёфти замонати сад дарсадии мақомотанд, ки пули ворезшуда танҳо ва танҳо барои эҳдоси нерӯгоҳи Роғун ҳазина хоҳад шуд.

Ҳамсоягони ҳасуде чун Узбакистон Роғунро баҳонаи хубе барои эъмоли фишори бештар бар Тоҷикистон ёфтанд ва Душанберо мавриди муҳосираи иқтисодӣ қарор доданд. Ба гунае, ки ҳудуди 400 вогуни ҳомили таҷҳизоти сохтмонии Роғун дар нимароҳ тавассути Узбакистон масдуд шуд ва бори дигар ин ҳақиқатро барҷаста кард, ки то чи андоза иқтисоди Тоҷикистон шикананда аст ва ба чи роҳатӣ як дастури раҳбари узбак метавонад чилави барномаҳои иқтисодии моро бигирад. Ҳақиқати дигаре, ки ошкортар шуд, ниёзи Тоҷикистон ба доштани роҳҳои иртиботии дигар бо ҷаҳони хориҷ буд. Чун агар қарор аст Роғун сохта шавад, бояд Узбакистонро ба унвони кишвари тронзит ба фаромӯшхона супурд. Чи бихоҳему чи нахоҳем, Узбакистон ҳамаи роҳҳои эъмоли фишорро ба кор хоҳад бурд, то монеъ аз анҷоми ин тарҳ шавад. Донистани ин ҳақиқат ба илми рамлу устурлобу ахтаршиносӣ ниёзе надошт. Айни воқеъияте буд, ки афроди муътақид ба давлатдорӣ бояд пеш аз эъломи тарҳ пешбинӣ мекарданду накарданд.

Ва чизе, ки қарор буд иттифоқ биуфтаду науфтод, гушоиши шабакаи телевизюнии кишварҳои порсигӯ ба номи “Наврӯз” буд. Соли гузашта дар остонаи Наврӯз шуморе аз мақомот ҷор зада буданд, ки қарор аст он дар рӯзи Наврӯзи соли гузашта ифтитоҳ шавад. Ба ҷои он шабакаи телевизюнии “Овоз”-и Туркия барои кишварҳои туркизабон гушоиш ёфт. Як сол гузашт, аммо аз шабакаи мавъуди мо ҳамчунон хабаре нест, ки нест. Пас дар масофи фарҳангӣ ҳам аз ҳамсоягон ақиб уфтодаем.

Нокомиҳои соли гузашта боъиси рушди беш аз пеши ифротгароию тундравӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеъа шуд. Эҳсоси дармондагӣ ва навмедӣ шуморе аз мағзҳои равшанро ҳам ба зулмати радикализм савқ дод ва имрӯз ёваи хушунатгароӣ баландтар аз дирӯз ба гӯш мерасад. Эҳтимоли такрори ғалатҳои гузашта беш аз пеш матраҳ шуд. Аммо мақомот дарсе нагирифтанд ва бо ин тасаввури козиб, ки номгузории соли 2009 ба номи Имоми Аъзам қишре аз норозиёнро розӣ хоҳад кард, иктифо карданд. Барои муқобила бо ин падидаи манфӣ, ки дар миёни қишрҳои гуногун ба шаклҳои гуногун буруз меёбад, касе ба фикри фарҳангпароканӣ ва густариши донишу огоҳӣ науфтод. Ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон таи соли гузашта пешрафте надошт, то битавонад дар сурати нотавонии давлат ба таври худҷӯш бо ин падида муқобила кунад.

Дар натиҷа Тоҷикистон ҳамчунон дар мағоки торих аст. Умед аст, ки соли нави тоҷикӣ нури огоҳии бештареро аз тӯдаҳои мо дареғ надорад.

Thursday, March 25, 2010

Nowruz in Tajikistan & CA. VOA Interview

Наврӯз дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа. Гуфтугӯ бо Садои Омрико

Wednesday, March 24, 2010

Nowruz as the Focal Point of Cross-Cultural Dialogue

Навруз – омили якпорчагй

Дар «Ногуфтанихо»-и хафтаи гузашта дар бораи густариши каламрави Навруз ва зарурати боло бурдани макоми Навруз ба унвони огози соли расмй дар Точикистон сухбат карда будем. Аммо бо тахаввулоти тозае, ки иттифок уфтода, лозим медонам, бори дигар ба ин мавзуъ баргардем, то шояд ахамияти Навруз дар чахони имрузиро бехтар дарёбем.

Наврузи имсол бо хар Наврузи дигаре дар торихи муъосир тафовут дошт. Аз шахрдорихои кучаке чун шахрдории Питтзбурги Омрико гирифта то Мачлиси Сенои Иёлоти Муттахида Наврузро ба унвони чашни бахор ва огози шукуфоии табиъат ба расмият шинохтанд. Ва мухимтар аз он, дар остонаи Наврузи имсол Мачмаъи Умумии Созмони Милали Муттахид ин чашни бостониро ба унвони «Рузи байнулмилалии Навруз» чахонй кард. Паёми Навруз расотар аз пеш ба гуши чахониён расид.

Ба гуфтаи Бон Кй-Мун, дабири кулли Созмони Милал, шиносоии Навруз аз суи Мачмаъи Умумй бад-он маъност, ки огохии мардуми чахон аз ахамияти ин руз афзоиш ёфта; хатто дар манотике, ки каблан аз Навруз шинохти чандоне надоштаанд.

Гуё ба таъйиди ин суханони окои Бон, рузи 21 март густараи сарзаминхои наврузй фарохтар шуд: давлати Гурчистон хам ин рузро ба унвони чашни эътидоли бахорй таътил эълом кард. Михоил Соокошвилй, раисчумхури Гурчистон, хангоми боздид аз шахраки озаринишини Морнеулй гуфт: «Мехохам ба намояндагй аз давлати Гурчистон Наврузро як чашни миллй эълом кунам. Аз ин ба баъд аз ин чашн ба монанди дигар чашнхои бузурги кишварамон тачлил хохад шуд. Навруз чашни саросарии Гурчистон аст».

Шукух ва чойгохи Навруз дар Казокистон хам барчастатар шуд ва ду рузи дигар бар як руз таътили наврузй дар ин кишвар афзуда шуд. Яъне шодию сурури наврузй дар Казокистон имсол то рузи 25 март идома дорад. Дар Туркманистон хам раисчумхур Курбонгулй Бердимухаммадов бо судури як фармон бар таътилоти наврузй афзуд ва рузи 23 мартро хам ба Навруз ихтисос дод.

Окои Бердимухаммадов дар рузи одина Наврузро бо хамтои точикаш Эмомалй Рахмон дар Точикистон чашн гирифт. Навруз дар Точикистон хамчунон панч руз таътил аст. Аммо имсол чашни аслй на дар шахри Душанбе, балки дар минтакаи Дангара – зодгохи раисчумхур баргузор шуд.

Акнун афзун бар Эрону Афгонистону Точикистон, Навруз дар кишвархои Олбонй (Албания), Озарбойчон, Казокистон, Киргизистон, Туркманистон, Узбакистон, Гурчистон, манотики Курдистони Ирок, Тотористон ва Догистони Русия таътили расмист ва дар даххо кишвари дигар хам аз он тачлил мешавад. Чашни эътидоли бахорй дар кишвархои Миср, Хинд, Непол ва Сурия бо номхое мутафовит роич аст ва таътили хамагонист.

Дар кишвархое чун Туркия ва Чин хам, ки дар гузашта аз баргузории чашни Навруз тавассути акаллиятхои кавмй харос доштанду чилавгирй мекарданд, макомот акнун мекушанд бо ранги миллй додан ба ин чашн онро аз инхисори кавмиятхо берун оваранд ва ба чашне саросарй табдилаш кунанд ва онро ба унвони омили вахдат ба кор бигиранд, то омили чудои.
Бад-ин гуна, баъид нест, ки замоне чашни Навруз дар бахше бузург аз Урупо ва Осиё ба конуни наздикй, хамгарои ва таъомули фархангии хар чи бештари кишвархо ва мардумони гуногун табдил шавад.

Дар ин асно аз Умеди Чайхонй, равшанфикри точики мукими Русия, пешниходи бисёр чолибе дар торнигори «Як дарвеш» матрах шуд: имзои як тумор (петитсия) хитоб ба аъзои Мачлиси Намояндагон ва дархости пазириши Навруз ба унвони огози соли расмй дар Точикистон. Шояд мачлиси навини Точикистон хам моил бошад бо анчоми тасмимгирихои бунёдин аз худ ёдгоре торихй ба чо бигзорад. Ва чи чизе торихитар аз бозгардондани Навруз ба чойгохи ростинаш дар сарзамине, ки огозгари ин чашни бостонй будааст?

Зеро хамин акнун, ки шинохти чахониён аз чашни Наврузи мо боло рафтааст ва миллатхои зиёде аз он расман тачлил мекунанд, тафовути чандоне миёни, масалан, Наврузи Узбакистон ва Наврузи Точикистон намебинем. Посдорй аз мероси хазоронсола бояд фаротар аз чашнхои намодин ва расмй биравад ва Наврузро бозпас ба огози солшумории точикон табдил кунад.

Friday, March 19, 2010

Green Messengers of Nowruz

Мерӯяд дар баҳор

Баҳори Навоӣ

به دبيرۀ پارسی


Сабза яке аз муҳимтарин намодҳои Наврӯз дар пайванд бо табиъат ва кишоварзист, ки таҳияи он дар Эрон, Осиёи Миёна, Озарбойҷон ва бахшҳое аз Афғонистон бо номҳои гуногун роиҷ аст. Мардуми Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистон, сабзаро “саманӣ” ё “суманак” меноманд ва онро дар маросими ҷашни Наврӯз, ки ба сурати дастаҷамъӣ ва дар хориҷ аз хона баргузор мешавад, бо худ ҳамл мекунанд. Сабза дар Ҷумҳурии Озарбойҷон низ ба ҳамин ном ва аз аҷзоъи муҳимми суфраи наврӯзӣ ва намоди ҳосил ва кишти хуб аст.

Агарчи зартуштиёни Эрон сабзаро монанди дигар эрониён ба хони наврӯзии худ мегузоранд ва онро ба забони маҳаллии худ (дарӣ) “шеше” меноманд, дар баъзе рустоҳои зартуштинишини Язд мардум дар рӯзи Наврӯз шохаи сабзеро бар сари дари хонаи худ овезон мекунанд, ки нишон аз ҳузури соҳибхона, даъват ба иддиданӣ ва хушомадгӯӣ ба меҳмонон дорад. Ҳамин суннат дар байни эзадиён (язидиҳо)-и Ироқ низ дида мешавад.

Дар бахшҳое аз Афғонистон ва дар миёни мардуми Пешовари Покистон, ки Наврӯзро муфассал ҷашн мегиранд, расм бар ин аст, ки дар нахустин рӯз аз айёми Наврӯз пас аз баргузории маросими таҳвили сол ҳамагон ба беруни шаҳр ва ба сабзазорҳо мераванд ва таи маросиме бо пои бараҳна рӯи сабзаҳо ва чаман роҳ мераванд ва ин корро “сабза лагад кардан” мегӯянд ва онро боъиси истимрор (ба дарозо кашидан)-и шодию некбахтӣ дар соли нав медонанд.

Дар мавриди сабза ба шакли имрӯзии он ривоёти торихии зиёде вуҷуд надорад. Ба назар мерасад, коштани донаҳои ғаллот дар рӯзҳои пеш аз Наврӯз ва нигаристан ба рӯиши донаҳо аз ойинҳои куҳани эрониён будааст. Кишоварзони он замон рушди донаҳои кошташуда ба сурати сабза дар гардиши соли куҳна ба соли навро мазҳаре аз рушди хуби он дона дар соли нави кишоварзӣ мепиндоштанд.

Бар тибқи таҳқиқоти Алии Булукбошӣ дар китоби “Наврӯз – ҷашни навзоии офариниш”, дар давраи Сосонӣ донаҳои ғаллоту ҳубуботро 25 рӯз пеш аз омадани баҳору Наврӯз мекоштанд. Дар саҳни дарбор 12 сутуни хиштӣ ба нишонаи 12 моҳи сол барпо мешуд ва бар ҳар сутун донаҳои гандум, ҷав, биринҷ, адас (навъе мош), боқилӣ, коҷила (ё коҷира), арзан, зуррат (ҷуворӣ), лӯбиё, нахуд, кунҷид ва мош мекоштанд. Ин ҳубубот барои тафаъул (фолгирӣ) кошта мешуданд ва гумон мекарданд, ки ҳар як аз онҳо, ки борвартар шуд, маҳсулаш дар он сол фаровонтар хоҳад буд. Аз ин рӯ дар фасли кишти он сол аз он дона бештар мекоштанд.

Бо вуҷуди ин, бар асоси таҳқиқоти Ҳошими Разӣ, пажӯҳишгари эронӣ, дар китоби “Ҷашнҳои об”, расми рӯёндан ва сабз кардани донаҳо фаротар аз ин, дар қолиби ҷашнҳои Акиту ва Одунис дар Сумер ва Бобил низ ёфт мешавад, ки дар он гиёҳонеро ҳашт рӯз мерӯёнданд ва тайи ойине ба дарё ё рӯдхона меандохтанд.

Суннати таҳияи сабха ҳанӯз чун гузашта боқӣ мондааст ва ҳар хонавода аз ду-се ҳафта қабл аз Наврӯз гоҳ ба шумори афроди хонавода ҳубуботе ҳамчун гандум ва мошро сабз мекунанд. Бархе низ тухми тартезак ё кунҷидро рӯи кӯзаҳои суфолӣ мерӯёнданд.

Бино бар гуфтаи Алии Булукбошӣ, дар рустоҳои навоҳии марказии Эрон дар тоқчаҳо ва сутунҳои хонаҳо ғалла мекоранд. Мардуми минтақаи Хӯри устони Исфаҳон низ бино бар суннати ниёкони худ дар ҳафт тоқчаи ҳаёти хона ҷав мекоранд ва онро “боғӯ” меноманд. Ҳамчунин дар рустои Ҳасан-Лингӣ дар Бандар Аббос мардум ҳастаи хурмо дар боғчаи хонаҳояшон мекоранд ва бар рӯи кӯзаи қалён сабза сабз мекунанд.

Имрӯз таҳияи сабза байни эрониён ва дигар ақвом бо тахайюл ва зеҳнияти ҳунарӣ омехта ва ба василае барои озин (ороиш)-и баҳорӣ ва наврӯзӣ табдил шудааст. Дар гузориши мусаввари ин сафҳа Нико Тобиш бархе аз идеҳои муртабит бо рӯёндани сабза ва фурмҳои тазйинии онро дар канори синӣ (лаълӣ) ва қоб (зарф) нишон медиҳад.

Қитъаи мусиқии бакоррафта дар ин гузориши тасвирӣ сохтаи Лайло Ҳакими Илоҳӣ аз лавҳи фишурдаи “Ин гӯша то ун гӯша” аст.

Wednesday, March 17, 2010

Prize for Serving HM

Подоши хидмат ба раҳбар

Сухани рӯз мутаъаллиқ ба Шукурҷон Зуҳуров, раиси нави Маҷлиси Намояндагон аст:

«Муддати 18 соли ахир дар паҳлӯи президенти мӯҳтарам ва дар вазифаҳои мухталиф дар ҳукумат кор кардам. Ва мо солҳои бисёр вазнинро пушти сар кардем. Ҳолатҳои бисёр мушкил ва вазнин ҳам шахсан ба сари ман омаданд. Аммо ҳамавақт пуштибонӣ , дастгирӣ ва ғамхории ин шахсиятро эҳсос мекардам ва аз маслиҳату машварати вай бархӯрдор будам, ки то имрӯз расидем».


Софу пӯстканда баён шудааст, ки маҷлис тобеъи ҳукумати иҷроия аст ва оқои Зуҳуров аз роҳи «18 сол» хидмат ба «президенти муҳтарам» «то ба имрӯз» расидааст.

Агар оқои Зуҳуров аз ин ба баъд ҳам ба «президенти муҳтарам» ба таври бояду шояд хидмат кунад, пас аз панҷ соли дигар аҷаб нест, ки ба монанди салафаш Сайдулло Хайруллоев дар курсии роҳати Маҷлиси Миллӣ ором бигирад.

Намоиши "истиқлол"-и шохаҳои иҷроия ва қонунгузории Тоҷикистон дар нишасти дирӯзи маҷлис маҳшар буд. Ба вижа пас аз он ки раҳбар интихоботи «90 дарсадӣ»-ро “шаффофу демукротик” унвон кард.