Sunday, March 30, 2008

Restoring Persian Identity


Баргузории нишасти дурузаи вазирони хоричаи се кишвари порсигу дар Душанбе ва пешниходи поярeзии иттиходи кишвархои порсизабон бахонаи хубе буд барои пардохтан ба мавзуъи табартаксими хуввияти порсй, ки дар tajikistanweb.com дар се бахш мунташир кардам ва зохиран аз он натичаи мусбате хосил шудааст.

Магзи ин матлаби тулонй ин аст, ки ноогохии гузаштагони мо дар огози садаи бистуми мелодй ва дасисахои бегонагон боъис шуд, ки забони вохиди порсй се ном дошта бошад ва номхои «точикй» ва «дарй» ба тартиб дар солхои 1928 ва 1964 бар забони порсй дар Осиёи Миёна ва Афгонистон тахмил шуданд. Хадаф аз ин номгузорй дар хар ду сарзамин фирор аз таъсиру нуфузи Эрон буд. Ва хар ду номгузорй хам тавассути ноточикхо сурат гирифтааст. Дар Осиёи Миёна мухаррики чудойии порсии мо аз порсии Эрон хукумати шурохо буд ва дар Афгонистон силсилаи шохии паштунхо. Хар ду талош карданд бад-ин гуна хуввияти ягонаи порсиро ба се хуввияти чудогона пора кунанд. Дар Точикистон бар забони мо дастуру вожагони русй-узбакиро тахмил карданд ва дар Афгонистон истилохоти «хамагонй» ва тозасохтаи паштуро. Аз ин ру порсигуёни се сарзамин замоне барои як мафхуми «донишгох» хар кадом як вожаи чудогона доштанд: донишгох, пухантун ва университет. Ва ин танхо муште аз хирвор аст.

Тири Шуравй дар Точикистон хок хурд ва вожахои порсй чои бадалхои хоричии худро гирифтанд ва барои муддати панч сол (1989-1994) номи ростини забон (форсй) дар канори номи «точикй» расман шиносойи шуд. Дар паи он Точикистон шохиди чунбиши иртичоъии порсиситезй буд, ки хушбахтона, ба назар мерасад ру ба поён аст. Мавзуъи бозгашт ба дабира (хатт)-и порсии арабй, ки карор буд соли 1996 анчом бигирад, дубора ба таври чиддй матрах шудааст. Ва ба назар мерасад ин икдом танхо рохи берун овардани порсигуёни Осиёи Миёна аз инзивои фархангй аст.

Дар Афгонистон низ порсигуён ба натичае расидаанд, ки бояд аз забони модарии худ дифоъ кунанд. Рузноманигороне хозир буданд ба кимати шугли худ ба чои вожаи «пухантун» аз «донишгох» кор бигиранд. Мардум дар шахрхои мухталифи Афгонистон ва берун аз он ба химоят аз забони порсй дар баробари фошистони фархангии Афгонистон тазохурот карданд. Телевизюни Тулуъи Афгонистон бепарво хамчунон аз вожахои порсии «донишгох», «донишчу» ва «донишкада» кор мегирад. Рахнаварди Зарёб аз барномасозони ин телевизюн макомоти паштуни кишварро ба хотири сиёсати порсиситезиашон ба чолиш мекашад. Бад-ин гуна, ба назар мерасад мо дар шуруфи растохези фархангии дигаре карор дорем, танхо ба шарти ин ки хама бо матонат ин бор аз забони худ дифоъ кунем ва онро бар курсии сазовораш бинишонем. Хатто матбуъоти русй (аз чумла Независимая Газета) руй овардани Точикистон ба хамтаборонашро як амри табиъй медонад.

Хафтаномаи Миллат, чопи Душанбе, шахомати кобили тахсинеро ба намоиш гузошт ва бахши нахусти «Табартаксими хуввияти порсй»-ро панчшанбеи гузашта мунташир кард. Умед аст, ки бахшхои дигари он низ бо пардабардорй аз дасисахои бегонагон алайхи забони модарии мо дар шуморахои ояндаи Миллат чоп шавад.

Аз суи дигар як матлаби русй бо ду номи мухталиф дар торнамо ва хафтаномаи Asia-Plus мунташир шуд, ки бар мабнои матлаби Tajikistanweb навишта шудааст ва дакикан хамон шавохиду далелхои торихиро, ки натичаи пажухише дакик аст, такрор мекунад. Аз нависандагони он маколаи русй низ беандоза сипосгузорам.

Бо таваччух ба ин ки асли матлабро ба забони инглисй навиштаам, он дар миёни донишварону донишпажухони Гарб низ вокунишхоеро барангехтааст. Аз казо номи ду пруфессуре, ки дар ин бора изхори назар кардаанд, барои ман аз дур ошноянд, яъне навиштахояшонро хонда будам: пруфессур Дейвид Рахнй дар Нйу Йурк ва дуктур Кова Фаррух дар Юнон, ки хар ду аз он истикбол кардаанд. Дуктур Фаррух (усетиёйи-озарй), ки унвонхои илмии фаровоне дорад, дар матлаби тулонии чудогона ба тахкики навиштаи Tajikistanweb пардохтааст. Он навишта дар ин пайванд аст:

IranScope

У дар номае ба нишонии ман бо изхори сипос аз чопи он матлаб мегуяд, ки рузи душанбе дар бораи бахши севвуми «Табартаксими хуввияти порсй» маколае хохад навишт, то донистахои мо дар бораи чиноёт алайхи забони порсй чахонй шавад.

Wikipedia дар бораи дуктур Кова Фаррух иттилоъоти дакике ба даст медихад, ки инчост.

Огохии чахон аз масъалаи табартаксими хуввияти порсй рохгушои мо хохад буд.

2 comments:

Anonymous said...

salam
kheyli sakhte khondane in khat
kheyli say kardam bekhonam ama natonestam
vali say mikonam khob yad begiramesh

movafagh bashid

کاش از شاخه سر سبز حیات
گل اندوه مرا می چیدی
کاش در شعر من ای مایه عمر
شعله راز مرا میدیدی

D said...

درود بر شما

مطمئن باشيد که با اندکی تمرين مشکل برطرف خواهد شد. بسيار ساده است

کامروا باشيد