
Фикр мекунам, навбати пузидан аст (лутфан харфи нахустро дуруст бихонед), яъне пузиш хостан. Мехохам имруз шадидан бипузам (де! Чаро дубора амдан иштибох хондед?!) Пузиш аз Давлати Рахмониён, ки дар гуфтугуи муфассали якметриаш (ду сафхаро канори хам гузоштам) собит кардааст, ки як мутафаккири барчаста аст. Дар кучо? Метавонед хадс бизанед?.. Офарин! Дар хафтаномаи «Миллат». Чй фармудед? Пурсиши сахте набуд? Дарег. Ман фикр кардам, шумо хам ба чамъи андаки мутафаккирони борикбини кишвар пайвастаед.
Оре, карор буд ба фармудахои эшон дигар напардозам. Аммо захмате, ки эшон ин бор кашиданд, андак набуд. Пас ичоза бифармоед, ба дурри каломи эшон ин бор хам бипардозем.
Ба назари хазрати Рахмониён, касе, ки муддаъии мутафаккир будан аст,
«агар бинад, ки ба назараш касе таваччух намекунад, пас бидонад, ки назари у назарест, ки ба ичтимоъ лозим нест ва ё ба ичтимоъи руз лозим нест. Аммо назари манро мункалиб дарёфтанд, хам мухолифонам ва хам чонибдоронам.» Руи ин хисоб, Рахмониён муътакид аст, ки мутафаккир аст ва мутафаккире мункалиб!.. Бибахшед, шумо. На, на, он окое, ки бо перахани сурхи пурранг дар саффи акиб нишастааст... Бале, шумо чи тавр ба худ ичоза медихед, ки ба ин дурри ноби мутафаккири мункалибпардози мо бихандед? Охо, манзуратон маънои вожаи «мункалиб» аст? «Мункалиб», яъне чиз ё касе, ки дучори тахаввули дарунии бузурге мешавад, яъне дар ботинаш инкилобе сурат мегирад. Ва шумо мутаъаччибед, ки чи гуна назароти Рахмониён метавонад мункалиб бошад? Холо дигар зиёдй хурда нагиред. Шояд манзураш «инкилобй» буда, аммо ин вожа ин рузхо чандон боб нест. Хатто то андозае тарснок аст... Мегуед, дар ин сурат баёни Рахмониён осеб дидааст ва маънии каломаш мисли пудри рахтшуйи об шудааст? Ичоза бидихед бидуни шитоб чилавтар биравем. Фармудахои ноб дар пеш аст.
Ба назари Рахмониён, аз бахти бад, чомеъаи мо ба хадде пур аз каллахои нафахм шудааст, ки хеч кас маънии каломи уро дарнаёфтааст. Эшон мефармоянд: «
Он чизеро, ки касди ман буд, онхое, ки аз ман химоят хам карданд, ба дурустй дарнаёфтанд, ки ман чй мехохам. Ва онхое, ки бо дашномномахо хам посух доданд, онхо хам чавхари фикрро дарнаёфтанд."(Не будем показывать пальцем, албатта).
Бад-ин гуна, хеч кас, аслан ва абадан касе мутаваччехи рохнамудхои фарзонаи мутафаккири охируззамон нашудааст, ки лаккаи нанги ношустаниеро бар сару сурати мо мухкам мекубад. Хичолат хам хуб чизест, бонувону окоён! Лутфан дарёбед! Дарёбед он чавхари фикрро ва хар чи зудтар! Биёед бо хам талош кунем хотири бузургворро шод созем. Ба идомаи суханони гаррои фарзонаи Шарк таваччух кунед.
Рахмониён мегуяд, он чиро, ки гуфта буд, бояд мегуфт.
«Зеро мо мушкили шинохти ХУДЙ-ро дорем.» (Зохиран дар ин бахш садои эшон, ки башиддат обистани хаячони васфнопазир буд, андаке (ба микдори 180 десибел) боло рафтааст, аз ин ру «Миллат» бо хифзи наводир-ул-вакоеъ-ул-иттифокия тамоми хуруфи «худй»-ро бузург чоп кардааст).
Баланд рафтани садои Рахмониён метавонад ба далели шиддати норохатии эшон сурат гирифта бошад, ки «миллатдустию миллатхохии мо даъвои холие беш нест.» Пас таваччух кардед? Рахмониён мутафаккири мункалиб аст, кишвар пур аз кавдани нафахм аст, ки лубби матлаби эшонро намефахманд, мо миллатдуст надорем ва касе хам наметавонад даъвои миллатхохй кунад! Чунин аст авзоъи куллй, азизон! Аммо ин шархи кулли авзоъ нест хануз. Андаке хавсала ба харч дихед. Вазъият кирмизтар аз ин харфхост.
Рахмониён норохат аст, ки зохиран як мушт номутафаккири касй-ул-калб мехоханд аз у бишнаванд, ки «оре, ман хато кардам» ва назароти онхоро бипазирад. Аммо на, рафикон! Харгиз чунин нахохад шуд. Чун холо
«хангома бархост, бояд бахс шавад, мизи мудаввар шавад ва рохи халле пайдо шавад. Ин (мавзуъи махалгаройи – Як Дарвеш)
бояд аз чомеъа дур андохта нашавад. Яъне тавре гуфтем, бояд гиребони худ буйиданро ёд бигирем.»Бибахшед, шумо, хонум. Бале, радифи аввал, дасти рост, нафари севвум. Шумо оё харгиз гиребонатонро буидаед? Бовар намекунам. Лутфан хамин холо «гиребони худ буидан»-ро ёд бигиред. На, ин тавр на. Димогатон 15 сонтиметр фосила дорад, зохиран. Лутфан фосиларо ба 8 сонтиметр бирасонед. Офарин! Холо? Чй буе меояд? Нафталин? Холо хулоса бароред, ки чаро ин буй аз гиребони шумо меояд. Шояд дар хонаатон муттаву хашара-машара бедод мекунад...
Холо лутфан димогхоятонро аз гиребонхо дуртар ва камархоро рост бигиред ва бодиккат ба идомаи фармудахои ноб гуш бидихед.
Рахмониён дар посух ба ин пурсиш, ки оё равшанойи ва харакатеро мебинад ё хама чиз тира аст, якбора осори 20 сол пеши устод Кухзодро ба ёд меоварад, як тарчумаи вазини у ва ду достонашро, ки ламъахое дар ин торикианд. Албатта, ба назари шаккоконе чун Як Дарвеши машкук ва муташаккик, хеч як аз ин навиштахо кучактарин ламъа ё нуреро намеафканад, ки торикии захими имрузро бишикофад. Аммо чун Рахмониён мегуяд, шакки Як Дарвешро бояд нодида гирифт. Чун Рахмониён аст, ки мутафаккир аст ва дар холи тафаккури жарф.
Тасодуфун Рахмониён Бахманёрро хам ба ёд меоварад, ки дар навиштахои каблиаш андаке мазаммат карда буд. Ба назари у, «Сармадех»-и Бахманёр як навъ кахрамонй аст, чун насри мусаччаъро зинда кардааст. Боз хам ба назари Як Дарвеши лаччоч, зинда кардани як чизи мурда наметавонад кахрамонй бошад. Як Дарвеш мегуяд, аз бас мурдахоро зинда кардем, зиндахо мурданд. Ва мегуяд, зояндагй ва офаридани чизи хуби тоза танхо рохи расидан ба кахрамонист. Лутфан дахони Як Дарвешро барои муддате мухру мум кунед, чун ба тиккаи нобтаре аз фармудахои Рахмониён расидем. Зимнан, барои оромиши хотири Як Дарвеш инро хам бигуям, ки ба назари устод Рахмониён, Бахманёр, Рахмон Остон ва Мухаммадзамони Солех хама баъд аз Сайфи Рахимзод «ба рисолати адабиёти асил» сарфахм рафтаанд. (Садои Як Дарвеш аз зери мухру мум: Сухбат аз кадом рисолат аст, ки расуле надорад?)
Рахмониён дар айни тааммули амик мефармояд:
«Аксари мутаассибони махал мутафаккиранд. Мутаъассиб на касест, ки кореро дониста мекунад. Яъне гуё кореро мекунад, ки бояд накунад.» (Дарки умки каломи ноб андаке печида шуд).
Устод Рахмониён дар чое дигар мегуяд:
«Ман дар чои холй сухан нагуфтаам, факат ба дарки ин расидан лозим аст. Ин аст, ки руи сухани ман бо ахли тафаккур аст. Ва онхое, ки бо мо мукобилат мекунанд, ахли тафаккур нестанд, инхо курбонии таассуб хастанд. Мутафаккир метавонад аз ин таассуб худашро берун барад, чун у мутафаккир аст...»Бибахшед, око. Радифи панч, нафари панчум. Бале, шумо. Он чи буд, ки фуру бурдед? Курси сардард? Чаро? Фармудахо печида шуданд? Охо, шояд манзуратон ин аст, ки билохира нафахмидед мо мутафаккир дорем ё на ва оё мутафаккиронамон махалгаро хастанд ё на. Ва ин ки агар мутаъассибони махал мутафаккиранд, пас оё руи сухани Рахмониён ба хамонхо будааст? Ва агар посух мусбат аст, онхое, ки бо чаноби Рахмониён «мукобилат» мекунанд, махалгаро нестанд? Чун ба назари окои Рахмониён, мухолифони эшон ахли тафаккур нестанд ва курбонии таъассубанд.
Яъне нахуст гуфтем, ки ба назари окои Рахмониён, касе мутаваччехи фармудахои у нашудааст, чун хеч як мутафаккир нестанд. Аммо худи у мутафаккир аст, чун фармудаи у «хангома» бапо кардааст. Сипас гуфтем, ки махалгароён ахли тафаккуранд, аммо мутаъассиб ва руи сухани Рахмониён бо хамонхост. Седигар, гуфтем, мухолифони Рахмониён ахли тафаккур нестанд, пас бино ба мантики эшон, мухолифони у махалгаро нестанд, аммо мутаъассиб... Лутфан, аз он курси сардардат як дона барои ман хам бидех... Ва холо сари чоят бишину ин кадр шаккокй накун! Ту хам аз Як Дарвеш ёд гирифтй?!
...Ин чи садои ачибе буд, ки сар додй, писар? Бале, хамоне, ки курс мехурд? Курси иштибохй буд? Де! Мардум кучо меравед? Берун? Чаро? Намешавад нафас кашид? ...Эй бобо! Пас он садоро аз худат дароварда будй, нокуло!.. Бишинед! Чаро касе ба харфам гуш намедихад?.. Ачаб хангомае бапо шуд. Эй писар, биё доруятро бигиру дигар аз он садохо дар наёр. Ба хар хол, хангома муборак! Ту хам билохира мутафаккир шудй.
PS аз Як Дарвеш: Рахмониён муътакид аст, ки афроде чун устод Бозор Собир, ки солхост берун аз кишваранд, хакки изхори назар дар бораи чанчоли махалгарохоро надоранд. Аммо ин кор аз тарике муяссар шуд ва хабарнигори "Миллат" мусаббиби онро "гушакй"-кун номидааст. "Гушакй"-е, ки дар худи хамин хафтанома барои садхо хонандааш чоп шуд. Мои нафахм фикр мекардем, "гушакй" навъе пич-пичи розгуна аст. Аммо барои Рахмониён як нукта шояд то кунун равшан шуда бошад, ки курраи Замин дар холи кучактар шудан аст ва дар дунёи имрузй будан дар дарун ё беруни кишвар дар сатхи огохй аз умури он таъсири чандоне надорад. Басо касе, ки дар даруну ноогох ва хамин тавр баръакс. Ва дахони хар касе ба сурати худаш часпидааст. Бархеро наметавон ба зур хам аз Механ бегона кард, бо ин ки дар ин росто талоши фаровон мешавад. Ва зимнан, бародарони бузурги пешин мегуянд: "Со стороны виднее". Агар хамаи сухбатхои устод пиёда мешуд, чй мешуд? :)