Гирифтори Озодй
Пушиши хабарии даъвои Сайёфи Мизроб бо родю Озодй, ки дар он чо бино ба ривояте 11 ва бино ба ривояте дигар 12 сол кор кард, фавкулъода буд. Родю ва телевизюни давлатй, хабаргузорихову расонахои дигар гузоришхои муфассалеро дар ин бора тахия ва пахш карданд ва онро дар сархатти ахбори рузи худ карор доданд. Зохиран тайи ин 11-12 сол синаи Сайёфи гиромй моломол аз дардхои магу шуда буд, ки сухани бисёре барои гуфтан дошт. Дар мусохибааш бо родю Имруз ба чузъиёти бахсхои молиаш бо макомоти родю Озодй хам пардохт ва гуфт, ки онхо хостаанд бо пардохти мохона 50 дулор уро розй кунанд, то руи ин казия сарпуш гузошта шавад. Аммо Сайёф мувофикат накардааст. Фарз кунем, ки ба дунболи 50 як сифри дигар изофа мешуд, оё боз хам Сайёф табли русвоии родюро менавохт? Намедонам.
Дар матлаби каблй хам ишорае доштам, ки мутаассифона корд замоне ба устухони хампешагони азизи мо мерасад, ки мавзуъи пул матрах аст. Ангор танхо хукуки мо хамин дастмузди мост ва мо дигар хукуке надорем. Агар пули хуб бидиханд, метавонем аз накзи хамаи дигар хукуки худ чашм бипушем. Бо тамоми арчу эхтироме, ки ба Сайёф дорам, тайи ин чанд руз борхо андешидаам, ки чи гуна тавонистааст зарфи 11-12 сол хиффату хориеро, ки дар баёнияаш тавсиф карда, тахаммул кунад. Пиндоштам, ки шояд руасои дигари бахши точикии Озодй бо у канор омада буданду ин яке на. Аммо мушкилоте, ки Сайёф дар номааш овардааст, моли яке-ду соли ахир нест, балки хамвора дар родю Озодй вучуд доштааст.
Родю Озодй, ки ба шиддат аз родю Би Би Си мутафовит аст, як расонаи чангисардист, ки бо хадафи вохиди сарнагунии Иттиходи Шуравй таъсис шуд. Пас аз комгорй ин расонаи ба вузух империолистй барои худ хадафхои тозаеро мушаххас кард; аз чумла иншиъобу парокандагии бештари Русия аз тарики пахши барномахо ба забонхои махаллии он кишвар, барканории режимхои мустабидди ру ба Маскав дар дигар кишвархои иттиходи пешин ва овардани давлатхои омрикогаро ба руи кор.
Чандин нуктаи баёнияи Сайёф бисёр дакик ва вокеъй буд. Яке ин ки родю Озодй ба тавозуни рузноманигорй арч намегузорад. Рузгори кутохе, ки дар ин родю кор кардам, бо макомоти хоричии он бахсхое доштам. Франк, яке аз макомоти вакти родю, аз як хамкори ман эрод гирифта буд, ки дар канори садои мухолифи давлат садои намояндаи давлатро низ пахш кардааст. Гуфтам, кори дурусте кардааст, чун тавозуни оро ва назархо бояд риъоят шавад ва хар ду тарафи даъво бояд назар бидиханд. Гуфт, ин чо Би Би Си нест ва карор нест Озодй мукаллиди Би Би Си бошад. Ба пиндори у, ки конуни нонавиштаи ин родюст, Озодй трибуни нерухои бетрибун аст. Дар ин сурат, нерухои иртичоъии зиёде трибун надоранд. Оё Озодй хозир аст микруфуни худро дар ихтиёри онхо гузорад?
Ин хакикати талхест, ки замоне ба тафсил метавон дар борааш навишт. Дар бахши точикии ин родю афроди баруманде хам кор мекунанд, ки харгиз ба сиёсатхои тахдиду иръоби макомот тан надодаанд ва бо ин ки аз имтиёзоти кобили таваччухе махрум шудаанд, хозир набудаанд, ки хостахои арбоби мустабидди омрикойиро анчом диханд ва ба вазифаи шарифи рузноманигорй вафодор мондаанд. Зиндагй ва кори онхо зери фишори шадиди равонй чараён дорад. Аммо будани онхо дар он мухити гандида ба родю андаке шамоили рузноманигорй медихад.
Аммо шумори дигаре хам хастанд, ки барои чанд дулори изофй хозиранд бо нангу номуси худ муъомила кунанд. Хамин афрод буданд, ки ба макомоти омрикойии родю гилоя карданд, ки Дориюш точик несту эронист ва забони у точикй несту порсист. Хамин точикони мо буданд, ки пайваста навкарвор пушти дари раиси омрикойи дар интизор менишастанд, то аз ёгигарихои хамкори чадидашон, ки ман будам, гилоя кунанд.
Яке аз хамин афрод буд, ки бароям нома навишт ва манро ба тахмили забони порсй бар точикони родю Озодй муттахам кард. Дар холе ки хамин «рузноманигор» дар гузашта далерона иддаъо мекард, ки порсй ва точикй як забони вохид аст. Аммо он чо сухбати кору пул матрах набуд. Дарачаи расмии болотари ман, ки ба таври худкор бароям даромади бештар дошт, мояи хасодату асабонияти хамкори мо шуда буд ва у тасмим гирифт аз андешаи ман дар бораи забони модариам ба унвони харбае алайхи ман кор бигирад. У расман дар номае изхор дошт, ки порсй ва точикй ду забони мучаззост ва ман ба унвони сардабири торнамои Озодй дар холи ичрои «эксперимент»-е руи забони «точикй» хастам. Яъне бо пул метавон хуввияти миллию забонии бархеро харид.
Хамин фард буд, ки хозир буд дар изои чанд пашизи ночиз хафтае панч то хафт шаб шабкорй кунад. Ман дар номае аз раиси бахш хостам, ки барои ман чахор шаб шабкорй кофист, чун истондорди байнулмилалй хамин аст ва хатто дар дигар бахшхои родю Озодй низ, ки барои худ эхтироме коил хастанд, кормандон бештар аз чахор шаб шабкорй намекунанд. Такозои ман пазируфта шуд ва галаёни хашми хамкори моро барангехт. Гуфтам, бино ба пажухишхои тозаи пизишкй шабкории мумтад саратонзост. Корае накард. Саранчом икрор кард, ки «хеч як аз мо фисабилуллох кор намекунам» ва ин ки ба пули он шабкорй ниёз дорад. Пули он ба хадде ночиз буд, ки боварам намешуд касе хозир шавад ба хотири он зиндагии одиашро ба хам занад. Охируламр мо чахор шаб кор мекардему у панч шаб шабкориро ба чон харид. Халолаш бод.
Мавориди бисёре дар родю Озодй бароям чолиб буд. Аз чумла сухбатхои бархе пушти мизи нахор, ки ба шиддат иштихокуш буд. Сухбат аз кимати либоси тани фалонй, нархи мошини бехмонй ва чахиши кимати хона дар Точикистон аз махбубтарин мавзуъоти нахори бархе буд, ки рохи нон ба гулуямро мебаст. Аз нахустин рузхои вуруд ба родю Озодй мутаваччех шудам, ки ба дунёе номаънусу галат уфтодаам.
Вуруди ман ба Озодй дар паи як имтихони тулонии тамомъайёр ба забони инглисй сурат гирифт. Барои нахустин бор дар торихи бахши точикй. Дар натичаи хамон имтихон тавассути руасои омрикойи буд, ки бароям дарачаи хирфаии болотар таъйин карданд. Ин мавзуъ хам боъиси вохимаи баъзе аз хамкорон шуд. Онхо бимнок шуда буданд, ки мабодо чунин имтихоне ба сарвакти онхо хам бирасад. Шояд ин маврид хам дар эчоди хисси танаффур аз ман дар вучуди бархе сахим буд.
Бо вучуди ин, рафтори бархе аз хамкорон ба гунае буд, ки ангор аз хуртуми хазрати Фил уфтодаанд. Далел хам доштанд. Тайи чандин соли кор дар родю раиси забоннафахми пешини он хатто дар як маврид аз онхо эрод нагирифта буд. Дар вокеъ, раиси пешин озарие буд муътакид ба хуввияти туркии худ ва китобхое дар ин бора навишта ва шадидан алайхи порсхо тохта. Солхо пеш аз ин ки вориди Прог шавам бо у бахсе телефунй доштам. Ин турк ба мани порс тавзех медод, ки номи забони ман чист ва чи гуна бояд бо он такаллум кард. Мегуфт, порсй забони эронихост ва точикй забони точикхо. Мегуфт, точикхо ба «густара» ё «махдуда» «территория» мегуянд. Мегуфт, «чи гуна» нагу, ки эронист; «чи хел» бигу. Як чунин фарде бо хадафи мушаххаси дур нигах доштани точикхо аз хуввияти ростинашон тайи хашт сол бар бахши точикй раёсат дошт ва хушхол буд, ки забони порсии бархе аз кормандонаш ба хадде шикаста-баста аст, ки хеч порсизабоне дигар онро мутаваччех нахохад шуд. Корбурди вожахои русй дар сухбатхои порсй аз махбубтарин тиккакаломхояш буд. Аз ин ру, хар чи забон шалахтатару ворехтатар буд, барои ин око бехтар буд. Бо чунин пешинае ислохи забони дархаму бархами бархе аз хамкорон сабри Аюбро мехост.
Яке дигар аз ачоиби родю Озодй мудирияти зарраии он буд. Яъне баландпоятарин мудирони кулли родю меомаданд ва мустакиман дар кори як хабарнигор дахолат мекарданд, ки хеч чои дигар надида будам. Дар паи шикоятхои точикони мо ба омрикоихо аз забону баёни ман тамоми гузоришхову барномахои ман зери заррабин рафтанд, то ташхис диханд, ки забони ман порсист ё точикй. Як пиразани омрикойи (аз руасо), ки порсй балад набуд, мегуфт: «Эронихо ба нон «нан» мегуянду точикхо «нун». Холо биёву дурусташ бикун. Сахнае хандадортар ва дар айни хол риккатбортар аз инро дидаед?
Баррасихои супоришии родю Озодй аз Точикистон расиданд. Баррасихоро созмони назарсанчии «Зеркало» анчом медихад, ки муассисаш аз кормандони Озодй дар Прог аст. Ин хонум тобистони хар сол барои «таътилот» ба Душанбе мерафту бармегашт ва пас аз муддате кутох натичаи назарсанчихо ба Прог мерасид. Тибки интизоре, ки доштам, ин бор эроди аслии «шунавандагон» марбут ба забони порсии ман буд. Дар холе ки солиёни сол дар бахши точикй гуяндагоне аз Афгонистон ва Эрон барнома пахш мекарданду иттифоке науфтод, аммо забони ман, ки хатталмакдур ба лахчаи точикй адо мешуд, мояи инзичори бархе аз хамкорон шуда буд, ки пушти сахна сахт захмат кашиданд, то асноду далоиле даступо кунанд.
Кутохсухан, ман буридам. Ва эъломи истеъфо кардам. Чолиб ин чост, ки истеъфои манро омрикойихо напазируфтанд. Пурсиданд: «Мехохй бар даромадат изофа кунем?» Гуфтам: «На. Хамин пуле хам ки медихед, изофист.» Гуфтанд: «Пас мушкили ту чист?» Гуфтам: «Фазои родю дорад манро хафа мекунад.» Гуфтанд: «Пас метавонй ба бахши эронии родю биравй ба унвони муъовини сардабири торнамои порсй ё тахиякунандаи барномахои чавонон. Ё метавонй дар утоки хабари инглисй кор кунй. Ё шояд бихохй дар бахши омузишии родю дарс дихй». Хар се пешниходро бедиранг рад кардам. Гуфтам: «Хамаи ин корхоро метавонистам дар Би Би Си анчом дихам. Аммо мехостам барои Точикистон кор бикунам ва родю Озодй рузона барои кишвари мо шаш соъат барнома дорад. Аммо зохиран ин чо чои ман нест». Се руз мунтазир монданд, то шояд назарам тагйир кунад, ки накард. Бад-ин гуна пас аз худуди нух мох родю Озодиро барои хамеша тарк кардам ва гуё дубора зода шудам. Шушхоям, ки аз хавои гирифтаи родю гандида буд, дубора нафас даркашид. Аммо холати равониам ба хадде ба хам хурда буд, ки барои муддате дароз аз дунё комилан буридам: телефунамро хамеша хомуш нигох медоштам, ба номахо посух намедодам ва хавсалаи дидори хеч рафику норафикеро надоштам. Оворагии хонаводаам, ки аз хонаи шики Прог ба куча-паскучахои Ландан ва сипас Омстердом парт шуданд, бар ранчи равониам афзуд ва хеле тул кашид то ба худ оям. Ин достонро хам ки факат пораи кучаке аз кулли мочарост, то кунун чое нанавишта будам, бо ин ки борхо касоне аз ман хоста буданд, ки бо зикри мушаххаси хакоик дар ин бора матлабе бинависам.
Баёнияи Сайёф буд, ки дубора манро ба Прог бурд ва он рузгори дудиро бароям зинда кард. Аммо боз хам дар ачабам, ки чаро бояд мавзуъи пул мухаррики эътирози мо бошад, дар холе ки дар он родю садхо масоили бисёр мухимтар хаст, ки бояд руяшон ангушт гузошт ва дар халлашон кушид. Агар хузури чанд рузноманигори ростин дар бахши точикии Озодй набуд, он муддатхо пеш фуру мерехт. Ин рузноманигорони шариф бо риъояти вазифаи дурусти худ ва химоят аз хукуки хаккаи худ зери фишори азиме кору зиндагй мекунанд. Дар Душанбе низ рузноманигорони барчастаи точик зомини обруи родюе хастанд, ки бунёди дурусте надорад. На хамаи ин дустон аз як кумошанд. Шумори зиёде аз онхо чи дар Точикистон ва чи дар Прог дар холи пайкор бо вокеъиятхои нангини родю хастанд ва хеч хиёнатеро ба миллату механ раво намебинанд. Вучуди ин афрод дар бахши точикии Озодй ногузир аст. Умедворам баёнияи Сайёфи Мизроб, ки бедиранг мавриди таваччухи музоъафи давлат карор гирифт, ба ин азизон латмае назанад. Давлат чунон болу пар гирифта, ки гуйи рузноманигорони дохилй дар бихишти барин кору зиндагй мекунанд ва истибдоде озорашон намедихад. Касе нест, ки ойинаро дар баробари ин давлатмардон карор дихад, ки кабл аз интикод аз расонае дигар, ба худат бингар. Калби додситони кул Бобочон Бобохонов аз ин руйдод шикаста ва кавл додааст, ки ба зудй мавзуъи истеъфои Сайёфи Мизробро баррасй кунад. Букаламун замонае!
Гуфтам, усули Озодй бо Би Би Си кобили мукоиса нест, чун дар тули шаш соли кор дар Би Би Си кучактарин мавриди мудохилаи касе дар корамро шохид набудаам ва хеч раисе ба зердасте дастури тахияи матолиби мугризонаро надодааст. Баръакс, риъояти асли инсоф ва тавозун аз мухимтарин усули родю Би Би Сист. Дар Озодй низ афроди зиёде хастанд, ки бо такя ба рисолати рузноманигорй ба хеч фишоре тан дарнамедиханд ва хозиранд аз имтиёзоте махрум шаванд, аммо ба рисолати худ содик бимонанд. Мондагорию пойдории ин азизонро орзумандам.
Шояд рузе-рузгоре мочарои родю Озодиро ба тафсил бинависам, аммо достони Би Би Сиро дар фурсате дигар хохам навишт. Дарег, ки Мачаллаи Осиёи Миёнаи азизи мо ба торих пайваст.
1 comment:
Сайёфи Мизроб бар зидди падидахое "киём" кард, ки пеш аз хама ба худи у дахл ва тааллук доранд.
Хамеша мехост, бо камтарин кор бештарин пулро бигирад, аз вазифахои захматталаб фирор мекард, рузашро бо "халтура" ба сар мебурд ва ба фарзандонаш нони харом медод. Уро бо пешниходи Обиди Шакурзода ба кор гирифта буданд ба хайси хабарнигор дар Кулоб, вале вай дар Душанбе мезист ва хар чанд руз як бор ба ДОК рафта, аз кулобихо садо мегирифт, то гузоришхои хому хатал бинависад. Баъдан чун дар Душанбе кулобй аз муи сар хам зиёд шуда буд, метавонист, аз хона набаромада, садохо забт кунад ва гузориш нависад, гузоришхое, ки асосан ба гапи мардум ва овозахо асос ёфтаанд.
Каси паст ва намакношинос будани у замоне зохир гашт, ки мисли саг аз пои Обиди Шакурзода газид, аз пои шахсе ки уро ба Радё Озодй муаррифй карда буд. Барои иттилоьи бештар метавонед ба чаноби Шакурзода мурочиат кунед.
Мизроб аз зумраи касонест, ки ному нону курсиро ба воситаи махалгарой пайдо кардаанд. Агар имруз аз нуфузи махалгарой дар Радё Озодй шикоят мекунад, худ аз огози кораш ин махалгароиро кредои худ карда буд. Маколааш дар бораи Озодй бо имзои мустаьори Бахроми Одина дар хафтаномаи "Точикистон" ва боз чандин номаву маколахои беимзояш далели ошкорои пастфитратии у мебошанд.
Солхои охир бо кушишхои ин ва чанд нафари дигар журналистони точик ба гуруххо таксим шуданд. На факат дар радё, балки дар хама чо. Касе ки бо вай хамсухбат шуда бошад, дар аввалин сухбат танхо харфи махалхоро мешунавад. Вобаста ба аудитория, дар назди намояндагони як минтакаи муайян гармихоро сиёх мекунад, дар назди гармихо зарафшонихоро ва гайра. Бисёрихо корхо ва суханхои машхури уро ба хубй медонанд. Холо хам дар назди дангарагихо хамчун домоди Дангара кулобихоро бад мекунад, дар назди кулобихо хамчун зодаи кулоб, дангарагихоро.
Сахттарин алами ин касиф он аст, ки бисёр содикона хидмати як нафарро кард, барои он нафар ва бо дастури он нафар ба корхои паст ва сиёх даст зад ба умеди ин ки он шахс дар оянда барояш мадад мекунад. Аммо солхои гузашт ва ин тавр нашуд. Баракс аз бадихоли худаш кораш бадтару бадтар шудан гирифт барои хамин ба гуфтаи худаш умедашро канда "ва-банк" зад.
Бисёр афсус, ки хамон тавре ки магзи сари бисёр хамкорони собикашро захролуд кардааст, бо охирин амалаш зехни хазорон нафари дигарро хам хароб намуд. Хаволааш ба худованди бузург.
Post a Comment