Thursday, July 10, 2008

RFE/RL in Turmoil Again. Part II

Ва боз як номаи дигар аз Сайёфи Мизроб. Такрор мекунам, ки ин номахо тасодуфан ба дасти ман уфтоданд. Хар ду ин нома хокй аз бадтар шудани авзоъ дар родюест, ки каблан хам таърифе надошт. Дар Прог, албатта, мавзуъи молй матрах набуд. Ба хар хол, барои ман матрах набуд, вале барои иддае зиёдй матрах буд. Дар Прог кирме хаст, ки бахши точикиро пайваста мечавад. Бархе сурох-сурох шудаанд ва пусидаанд ва худ хам табдил ба кирм шудаанд. Дар бахш дастикам се тан хастанд, ки кирмсифатанд ва худашон хам хуб медонанд кй хастанд. Род Шахидиро хам хамон се тан бо дасисахо руи кор оварданд. Зимнан, Род аз озарихоест, ки ба турк будан муътакиданд. Маъсумаи Турфа як порс аст. Ман хам ки порсам. Дар натичаи дасисаи ин се кирмсифати бахши точикй ду порс (Маъсума ва ман) бахшро тарк кардем ва кирмхои бахш салтанати як туркро ба чон хариданд. Бо ин ки озарихо асолатан эронианд, аммо як идда ба монанди Аббоси Чаводй ва писархолааш (ё хар чй, ба хар хол бо хам нисбати хешовандй доранд) Род Шахидй аз понтуркистхои дуоташа хастанд ва бо порсхо сари ситез доранд. Боз хам чун хамеша хиёнати худихо боъис шуд, ки порсхо бираванду туркхо оянд. Туркхо бо истифода аз заъфи шадиди точикхо ва махалгаройии кушанда хамчунон бар точикхои родю Озодй хукумат мекунанд. Хиффатбор ва хоркунанда аст. Кутохсухан, навиштаи Сайёф гуёи хол аст. Бисёре аз нукоти онро, аз чумла чангисардй будани он ва якбуъдй (яктарафа) ва мугризу номунсиф будани он, гайрихирфайи будани онро яке-ду сол пеш ман хузуран ба арбоби омрикойии родю гуфта будам. Холо афроди дигар хам хоханд гуфт, замоне ки корд ба устухонашон бирасад. Зохиран барои хелехо корд замоне ба устухон мерасад, ки дастмуздашон кохиш ёбад... Сари фурсат бахши точикии родю Озодиро колбудшикофй хохам кард.

Изҳорот:

Раҳбарияти бахши тоҷикии Радиои Озодии Аврупо-Радиои Озодӣ сар аз моҳи апрели соли 2008 барои кормандон шартномаи нави корӣ пешниҳод кард, ки ҳокӣ аз чанд банди зидди Қонунҳои роиҷи Тоҷикистон бо шумули Қонуни Тоҷикистон дар бораи меҳнат буд. Аз ҷумла дар банди 2.2 омадааст, ки коргар баъд аз 3 моҳи мӯҳлати озмоишӣ ба кор гирифта мешавад.

Ин банд зидди моддаи 33 Кодекси меҳнати ҶТ аст, ки санҷиш ҳини ба кор қабул шудан роиҷ аст, аммо аксари коргарон собиқадоранд – шахсан ман беш аз 11 сол дар ин расона кор мекунам. Ин бандро Род Шаҳидӣ танҳо ба хотири «чистка»-и журналистони «номатлуб»ва онҳое, ки моил нестанд, ки аз фаъолияти ҳукумат интиқоди муғризона кунанд, роҳандозӣ кардааст.

Банди 5.1 ҳуқуқҳои журналистро ҳамчун коргар ва шаҳрванд поймол мекунад. Дар ин банд гуфта мешавад, ки «коргар ҳамон қадар кори барзиёдатӣ (сверхурочная работа) мекунад, ки аз ӯ дархост мешавад». Ҷумлаи дигари ин банд: «Коргар розист, ки барои кори барзиёдатӣ маъош талаб накунад». Оё аз ин банд бӯи неоғуломӣ ба машом намерасад?!

Ин банд хилофи моддаҳои 69, 72, 73, 74, 102(1) ва 105 Кодекси меҳнати ҶТ аст, ки бар тибқи онҳо корфармо муваззаф аст, ки ба коргар ҳақуззаҳмати кори барзиёдатиро пардохт кунад.

Ба ҳамин тартиб дар бандҳои 5.3; 8.3.3 ва 8.3.4 ва 8.4 Кодекси меҳнати ҶТ риоя нашудааст. Дар ин шартнома ҳуқуқи корфармо барои аз кор пеш кардани коргар зиёд аст – 11 банд. Аммо коргар дар ягон банд аз худ дифоъ карда наметавонад. Ин магар Радиои Амрикоист, ки даъвои демокросӣ дорад ва ба мо дарси демократия меомӯзонад?! Дар банди 8.4.5 (в) нуктаест, ки бевосита обрӯи журналист ва интелигенсияи тоҷикро мерезонад. Дар ин банд омадааст, ки «Корфармо коргарро дар сурати дуздии моликияти Корфармо ва ё ҳамкорон аз кор пеш мекунад». Оё Радиои Озодӣ ҳуқуқ дорад, ки коргарашро дузд эълом кунад? Танҳо додгоҳ ин ҳуқуқро дорад...

Ман қабл аз имзои Шартномаи кори нав аз ин бандҳо эрод гирифта, пешкаши Род Шаҳидӣ доштам, аммо раҳбари дафтари тоҷикии Радиои Озодӣ ғайричашмдошт на хатои мавҷударо ислоҳ кард, ки пеши ман ултимотум гузошт, ки хоҳӣ нахоҳӣ бояд зери ин шартнома имзо монӣ!

Бар эроди кормандон Род Шаҳидӣ изҳор мекунад, ки мо ба шумо маъоши баланд медиҳем ва нахоҳед, рафта дар расонаҳои маҳаллӣ кор кунед, ки камтар пул медиҳанд. Дар ин маврид Род Шаҳидӣ аз нуқтаи заъфи кишваре, ки ҷанграсида буд, сӯистифода мебурд ва журналистони тоҷикро таҳқир ҳам мекард, ки ин рафтори ӯ ҷавобгӯи раёсати як Радиои амрикоӣ ва таҳаммулпазир нест. Биноан ман зери шартномаи кории таҳвиномез ва таҳқири инфиродии раёсати РО имзо нагузоштам.

Гузашта аз ин Радиои Озодӣ бояд расман эълом кунад, ки оппозистсияи ҳукумати конститутсионии ҶТ аст ё расонаи иттилоотист. Зеро дар ин Радио дар тӯли чанд соли ахир тамомии амалҳои ҳукумат истеҳзоомез, таҳрифомез мунъакис мешаванд. Тамомии гузоришоти марбут ба ҳукумати марказӣ бӯҳтонӣ ва таҳрифӣ - интиқодианд. Дилхоҳ гузориши РО варақ гардонед ва худ хулоса бароред. Дар ин маврид кормандону корфармоҳои РО имиҷи ҳукумат ва обрӯи миллатро мерзонанд, ки ин яке аз дигар қадами ниҳоии ман дар пешорӯи истеъфо аз ин Радио шудааст. Таҳқири сарзамин, кишвар, ҳукумат, миллат пайваста аз ин Радио садо медиҳад ва гузоришгарони Радио иҷборан ё ихтиёран пайваста ба домани фитна нисбат ба ҳамин кишвар даст мезананд. РО дар тӯли 2 соли ахир дар нисбат ба Тоҷикистон аз усули « љанги сард» бо собиқ СССР кор мегирад: оё РО – расонаи Конгресси ИМА бо Тоҷикистон ҷанги сард эълом кардааст, ё ин шеваи кори Род Шаҳидист?

Кор то ҷоест, ки бар тибқи кадом як «пурсишномаҳо»-и хаёлӣ проблемаҳои будаву набударо матраҳ мекунанд. Радиои Озодӣ то ҷое ман медонам, иҷозати гузаронидани назарсанҷиро дар ин кишвар надорад. Биноан 70 ва 80% пурсидашудагони ин Радио кистанд? Мушаххас нест. Гузашта аз ин Радио бар тибқи талаботи професионалӣ ҳадди ақалл дар ин «назарсанҷиҳо» бояд садое истифода барад ва номи соҳибназаронро орад. Вале бо ин иддаъо, ки онҳо «гӯё» мавриди шиканҷаи ҳукумат қарор мегиранд, на садоест ва на номе дар ин зумра гузоришот. Ба таҳқиқ, ин пардапӯшии соҳибназарон ба назари мардуми олам ҳукумати Тоҷикистонро ҳамчун як ҳукумати авторитарӣ ва табъизӣ муаррифӣ мекунад… Ҳол он ки гузоришоти интиқодии конструктивие қавитар аз ин фитнаҳо дар саҳафоти газетаҳои Миллат, Нигоҳ, Фараж ва ғ. интишор мешаванд!

Ба назар мерасад, ки ин ҳама фитна мавқеъи расмии Радиои Озодист. Агар чунин аст, пас роҳбарият бояд расман эълом кунад, ки Радиои Озодӣ расонаи иттилоотии реолӣ не, ки расонаи таҳвинбарангез ва оппозитсионӣ ба ҳукумати марказии ҶТ аст.

Ва дар ҳамин ҳол, оқои Род Шаҳидӣ борҳо дар ҷаласаҳои муштараки Прагаву Тоҷикистон изҳор кардааст, ки «чандест, ки дар Тоҷикистон журналистеро накуштаанд ва зиндонӣ накардаанд» (воқеан ҳам, агар кормандони душанбегии РО натарсанд, ин гуфтаҳоро таъйид мекунанд) ва моро таҳрик медод. Яъне чи? Оқои Род Шаҳидӣ мехоҳад, ки дар Тоҷикистон кушторе ба вуқӯъ пайвандад? Вазъ бӯҳронӣ шавад?

Мавқеъгирии оқои Род Шаҳидӣ дар самти диктотурӣ барои ман ҳамчун собиқадори РО гӯшношунид аст. Оқои Шаҳидӣ бо такя бар ин далел, ки хеши наздики Аббоси Ҷаводӣ масъули баландпояи РО дар Прага аст, дар тӯли ду соли раҳбарии худ танҳо аз диктотураи шарқиёна кор мегирад ва ягон пешниҳоду шарҳу баёни журналистони тоҷикро қабул надорад. Род Шаҳидӣ барои тарсонидани коргарон бархе аз кормандони собиқадори ин Радиоро бе ягон сабаб аз кор рондааст, ки далели ин гуфтаҳо Холиқи Сангин – журналисти шинохташудаи тоҷик аст, ки таи соли ахир мурофиъаи ӯ бо Корфармо дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур идома дорад. Гузашта аз ин бо дархости Род Шаҳидӣ ва барои «брэнди ройгон»-и сайти ин Радио масъулин аксҳои Сӯҳроб Лангариев ва ҳамсилоҳони ӯро, ки моли ҳалоли гурӯҳи эҷодии фаврӣ - амалии кормандони соҳаҳои қудратии кишвар буд, дар саҳифаи худ ҳамчун моли ин Радио гузоштанд ва зери он аксҳо имзои RFE/RL монданд. Ин плагиат ё дуздии рӯирости Радиои Озодӣ буд, ки алайҳи Қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аст ва танҳо ман бар ин плагиат ирод гирифтам, вале Род Шаҳидӣ бо таҳдид иддаъои маро рад кард.

Гузашта аз ин тамомии афроди ҷиноятпеша дар ин Радио чун қаҳрамон муаррифӣ шудаанд. Радио бе ягон таҳлил бар оташи алангаи вазъият дар Кӯлоб, Бадахшон Рашт равған мерезад ва бар фитна доман мезанад. Оё РО чи мехоҳад? Дар Тоҷикистон боз ҷанги шаҳрвандӣ рӯ занад? Чаро матлаби РО бе таҳлили воқеӣ ва бе назари алтернатив пахш мешавад?

Аз сӯи дигар раҳбари бахши тоҷикии РО - Род Шаҳидӣ бо сӯистифода аз заъфи билодавои тоҷикон – маҳалгароӣ сахт истифода мебарад ва ҳудуди як сол аст, ки дар бахши Прага муовини худро таъин накардааст. Ҳар коргар ҳафтае роҳбари бахш мешавад, ки дар натиҷа кор дар бахш заъиф шудааст ва авзоъ сахт нороҳаткунанда аст. Ҳар муддаии 7 рӯза кӯшиш мекунад, ки худро ҳамчун «роҳбари хуб» нишон диҳад, ки бар асари он марази маҳалгароӣ аз Прага ба Душанбе доман задааст. Вазъ дар дафтари корӣ нороҳаткунанда ва осебпазир аст. Воқеан ҳам, сарчашмаи он маҳалгароӣ, ки имрӯз ба матбуоти тоҷик реша давонидааст, маҳз дар РО ниҳон аст, ки яке аз сенаристони аршади он Род Шаҳидист!

Бо дарназардошти ин ҳама нукоти боло овардашуда ва ба ин далел, ки ҳуқуқҳои ман ҳамчун шаҳрванд ва журналист поймол шудаанд ва шахсан ман намехоҳам, ки зидди миллат ва ватани худ зери фишори раҳбарияти гуфторҳои тоҷикии РО фаъолият барам, бо масъулияти том аз кор дар ин Радио канор меравам.

Сайёфи МИЗРОБ

(Достиев Сайфиддин Мизробович)

10 07 2008

4 comments:

Anonymous said...

Chandin sol baroyash radioi tavhinbarangez nabud, va aknun shud? Charo dar in muddat yagon bor vatanash va millatash ba yodash narasid?

D said...

Шояд бо руасои дигар месохта ва бо ин яке натавонистааст бисозад.

Anonymous said...

Нигарониҳо аз қазияи Сайёфи Мизроб

Имрӯз Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) бо пахши баёнияе аз вазъи пешомада дар бахши тоҷикиии радиои Озодӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.Ин баёния дар пайи бо нишони эътироз аз кор рафтани Сайёфи Мизроб, як хабарнигори собиқадори бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар як рӯзи пеш, пахш шудааст.


Дар ин санад, ки бо имзои Акбаралӣ Сатторов Раиси ИЖТ ва Нуриддин Қаршибоев, раиси АМРМТ нашр шудааст, рӯйи ин нукта таъкид шудааст: « Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз такрорёбии ҳодисаи фишор ба хабарнигорон аз ҷониби садорати бахши тоҷикии Радиои Озодӣ изҳори ташвиш намуда, аз ваҷҳи хусусияти тамоюлӣ пайдо кардани чунин амали номатлуб сахт нигаронанд»
Аммо Қудрат Шаҳидӣ, мудири бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар боби аз кор рафтани Сайёфи Мизроб мегӯяд: -Сайёфи Мизроб рӯзи 9-уми июл бо хоҳиши худаш аз кор рафт, ӯ чанде қабл тавассути почтаи электронӣ нома фиристод, ки дар он ӯ аз тағйироти ба вуҷуд омада, дар фаъолияти хабарнигорон ва барномаҳо дар дафтари кории радио дар шаҳри Душанбе изҳори норозигӣ ва саркашӣ аз корро кард ва аз истеъфои худ низ хабар дод.
Қудрат Шаҳидӣ таъкид кард, ки мақомоти роҳбарии радио ба қарори хабарнигор назари эҳтиромона дорад: «Тайи солҳои тулонӣ мо аз кори Сайёфи Мизроб қаноатманд будем ва дар номаи ҷавобӣ ман ба ӯ аз ҳамкории пурсамар бо радио изҳори миннатдорӣ намуда, барор хостам».
Аммо тайи ду рӯзи ахир изҳороти тезу тунди Сайёфи Мизроб бар алайҳи ин расонаи хабарӣ дар сархати муҳиммтарин ахбори дохилии кишвар, аз ҷумла радио ва телевизионҳои давлативу мустақили кишвар қарор дорад.
Зимнан, Сайёфи Мизроб дар ҳузури хабарнигорон ва аз тариқи ин расонаҳо изҳор медорад: «Бо дарназардошти ин далел, ки ҳуқуқҳои ман ҳамчун шаҳрванд ва журналист поймол шудаанд ва шахсан ман намехоҳам, ки зидди миллат ва ватани худ зери фишори раҳбарияти гуфторҳои тоҷикии радиои «Озодӣ» фаъолият барам, бо масъулияти том аз кор дар ин радио канор меравам».
Дар шарҳи изҳороти тунду тези Сайёфи Мизроб дар боби фаъолияти радио, Қудрат Шаҳидӣ изҳор доштааст: «Радио беш аз 55 сол боз бо забони тоҷикӣ барнома пахш мекунад ва барои инъикоси мутавозину воқеъбинонаи рӯйдодҳои Тоҷикистон миёни мардуми ин кишвар ва хориҷ нуфузу эътибор пайдо кардааст». Қудрат Шаҳидӣ ҳамчунин ҷой доштани фишор болои хабарнигоронро рад кардааст.
Дар ҳамин ҳол Бобоҷон Бобохонов, додситони кули кишвар имрӯз дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки дар ҷараёни қазияи Сайёфи Мизроб қарор дорад ва дар рӯзҳои наздик ба баррасии он хоҳанд пардохт.

Anonymous said...

Пайдост,ки хисси махал бар хисси хакикатнигори боло гирифтааст, ва е шояд хамшахрихояш ягон вазифаи баландтаре ваъда кардаанд ба у.Баъдтар ин фарзия маълум хохад шуд.Вале чаро хамкорони собики у хамаги хомушанд? донистани фикри журналистони дигари радио оиди ин масъала ачоиб мебуд.