Сафарномаи Туркия. Бахши 1
Чавони турке, ки пахлуям нишастааст, Хокон ном дорад. Аз Конодо аз рохи Ландан дар холи парвоз ба кишвари ачдодиаш аст. Мегуяд, хафт сол аст, ки Туркияро надида, аммо холо мачбур аст баргардад ва барои як солу ним дар артиши Туркия хидмати низом-вазифа анчом дихад. Мепурсам: «Ту, ки дар Конодо зиндагй мекунй, чаро бояд хидмати сарбозиатро дар Туркия адо кунй?» Мегуяд, хануз муваффак ба дарёфти тобеъияти Конодо нашудааст ва агар аз хидмати низомии Туркия сарпечй кунад, дигар харгиз кодир ба бозгашт ба кишвараш нахохад буд.
Бад-ин гуна, нахустин бархурди ман бо вокеъиятхои Туркия чанбаи низомй дошт ва хокй аз кудрати артиш ва дар айни хол харосе буд, ки артиш дар калби шахрвандони Туркия андохтааст. Артише, ки метавонад ба рохатй хар хукумати кишварашро ба чолиш бикашад ва хатто дар сурати зарурат барканораш кунад.
Хокон дар дасти ман фарханги туркиро дид ва бо ифтихор мутаваччех шуд, ки мани хоричй хам баладам ба забони у сухбат кунам. Хисси гурури Хокон боло гирифт ва шуруъ кард ба таърифи достонхои ачибу гариби тахайюлй аз нуфузи Туркия бар кулли чахон.
Тахаммули ин сухбат бароям андаке сахт шуд. Гуфтам: «Оре, замоне ки Туркия импротурии Усмонй буд, метавонистй аз нуфузи кишварат бар соири хиттахои чахон биболй. Аммо акнун Туркия дар чашми чахониён чизе чуз як мукаллиди Гарб нест. Тагйири хат ба лотин, хазфи харфхои «гайригарбй»-и “q” ва “kh”, манъи пушиши миллию мазхабй, аз чумла русарию фез (кулохи баланди мардона) дар бисёре аз маконхо... хама гуёи ин вокеъият аст. Гузашта аз ин, Туркия ба мархилаи демукросй нарасидааст, чун ахиран бонуеро (Нурой Базиргон) ба хотири эътироф ба мухаббаташ ба Имом Хумайнй ва инзичораш аз Камол Ототурк ба додгох чалб кардаанд ва мумкин аст ба муддати чахору ним сол равонаи зиндон шавад.»
Хокон малул шуду сарашро поин андохт. Сухбати баъдиаш равшан кард, ки ин чавони 21-солаи турк як мусалмони мутадайин аст ва аз ичбори давлат ба дуст доштани Ототурк дили хуше надорад. Аммо хануз гурури туркиаш фуру нанишаста буд ва аз нуфузи фарханги туркй бар соири кишвархои чахон намунае овард:
«Масалан, Борок Убоморо ки мешиносй? Медонистй, ки номи у туркист?»
Ман хочу воч посухе надодам.
Гуфт: «Борок (Barak), дар вокеъ, як номи туркист, ки мо ба он Burek мегуем.»
Хандидам ва дигар нахостам кохи хиёлии ин чавонро мучола кунам. Дугмаи сандалиро задаму ба акиб хулаш додам ва дароз кашидам.. Пас аз худуди чахор соъат дар фурудгохи байнулмилалии Камол Ототурки Истонбул фуруд омадем.
Бо ин ки намои шахри печида бо обхо аз синаи осмон бисёр зебову дилрубо ба назар мерасид, хошияи бонди парвози фурудгох сахрои хушке буд бо алафхои зард ва сахт ба хошияи фурудгохи Душанбе шабохат дошт. Аммо ин шабохат дар хамин чо тамом мешуд, чун мобакии фурудгохи Истонбулро метавон танхо бо фурудгоххои Урупо мукоиса кард: фароху музайян ва бо назму сомон. Мисли хар фурудгохи дигаре (ба чуз Душанбе, шояд) мехмонону мизбонони кишвар сафхои чудогона доранд. Шахрвандони Туркия ба осонй тафтиши марзию гумрукиро пушти сар мекунанд, дар холе ки саффи хоричихо кундтар чилав меравад.
Рафтам, ки раводид бигираму пули вурудам ба Туркияро бипардозам. Зани мусинне ба гузарномаам нигох карду гуфт: «Точикистон? Шумо ба визо ниёз надоред. Бифармоед.»
Бо таъаччуби тавъам бо хушй мисли сохибони хона вориди Туркия шудам ва дурандешии макомоташро сутудам, ки дари кишварро ба руи хамсоягонаш гушудаанд, то дар вокеъ, бар нуфузи Туркия дар минтака биафзоянд.
1 comment:
Super story
Post a Comment