Friday, December 26, 2008

Jesus, a Reincarnation of Mithra?

Исои Масех хамон Митрост?

Шаби 20 десомбр шуморе аз порсигуён дар яке аз толорхои шахри Ландан гирди хам омаданд, то Шаби Ялдоро канори хам гиромй доранд. Матни зер фишурдаи суханронии ман дар он нишаст аст.


Дар Бохтарзамин боз хам мавсими чашнхои зимистонй фаро расида ва дар гушаву канор мешавад чарогонии шахр ва кочхои оростаро дид. Мо хам имшаб ин чо гирди хам омадем, ки чашни бостонии худамонро гиромй дорем. Оё ин як тасодуф аст? Ба хеч руй чунин нест. Шаби Ялдо ё Шаби Чиллаи мо бо чашни Крисмаси тарсоён (масехиён) пайванди танготанге дорад. Ва дар вокеъ, дуввумй баромада аз чашни нахуст аст, ки тавзехи комили он фурчаи бештар мехохад, аммо дар ин чо ба кутохй мешавад решахои он пайвандро намоён кард.

Агар аз як тарсои боварманд бихохед, ки Исои Масехро бароятон тавсиф кунад, чунин номхо ва фуруза (сифат)-хоро хохед шунид: Рох, Ростй, Равшанойи, Рахоибахш, Мавъуд, Мунчй, Чахон, Писари Худо ва Чупони Хуб. Аммо садхо сол пеш аз зоиши фарзии Исои Масех гузаштагони хамин фарангиён ин фурузахову номхоро ба эзиде дигар нисбат медоданд, ки Митро ё Мехри эронй буд. Чам (маъно)-и ин вожаи бостонй хамон «мехр»-и кунунй ва «хуршед» ва хамчунин «паймон» буд.

Оё тасодуф аст, ки имруза масехиён ба якшанбе «рузи Хуршед» мегуянд? (Sunday-и инглисй, Sontag-и олмонй ва Zondag-и хуландй намунахое аз он аст). На хайр. Чаро ки рузи якшанбе пеши пайравони кеши митроисм (мехрпарастй) хам испанду арчманд буд ва мехрпарастони фарангй ба он «рузи Худованд» мегуфтанд.

Пойтахти бузургтарин фиркаи масехиён, яъне котуликхо, Вотикон аст. Ба марде, ки ин фиркаро рахбарй мекунад, «поп» мегуянд». Чолиб ин чост, ки рахбари кеши мехрпарастй дар Бохтарзамини бостон хам дар Вотикон менишаст ва мард буд ва лакаби «попо»-ро дошт, ки бо вожаи «бобо»-и порсй хамреша аст. Оё мешавад инро хам як тасодуф донист?

Helio Biblia ё Holy Bible

Хуб, агар аз ин нукта хам чашм бипушем, боз хам риштаи ин хамонандихо пора намешавад. Масехиён ба китоби мукаддаси худ Bible ё Biblia мегуянд, ки баргирифта аз вожаи лотинии “biblia” ба чам (маъно)-и китоб аст. Пеш аз падидории кеши масехият дар Бохтарзамин хам ба навиштахои испанд ва мукаддас Helio Biblia мегуфтанд, ки ба чам (маъно)-и «китоби Офтоб» ё «китоби мукаддас» буд, ба монанди Holy Bible дар инглисй.

Афзун бар ин, 25 десомбр дар Урупо пеш аз ру овардани мардум ба масехият хам мухимтарин чашни сол будааст. Аммо дар он даврон рузи мелоди Митроро чашн мегирифтанд, на Масех. Митро хам аз як душиза (бокира) дар хузури чупонхо зода шуда, Исои Масех хам. Митро хам як омузгор ва устод буд ва 12 ёр дошт ва муъчиза мекард, Исои Масех хам. Митро хам ба монанди Исои Масех зери хок дафн шуда буд, аммо пас аз се руз зинда шуд ва ба малакут суъуд кард.

Пас ба хеч руй хамонандии ин хама чузъиёти зиндагй миёни худои Эрони бостон ва Исои Масех наметавонад тасодуфй бошад, балки дар вокеъ, кеши масехият сурати тозае аз кеши мехрпарастист, ки замоне ба Бохтарзамин рох ёфта буд ва албатта, дар он дахлу харчхои бисёре анчом гирифтааст.

Бо ин ки масехият ба шиддат тахти таъсири мехрпарастии эронй буда, Митро хам танхо худои ахди бостон набуд, ки дорои ин хама вучухи ташобух ё хамонандй бо Исои Масех аст. Кришно, эзиди хинду хам 1200 пеш аз зоиши Масех аз душизае бо номи Devaki ба дунё омада буд ва «Писари Худо» ном дошт. Ба хангоми зоиши Кришно хам мардони хирадманд ва чупонхо хозир буданд. Кришно хам муъчизаву афсун мекард, нобиноёнро бино мекард, девхоро аз ниходи инсонхо меронд ва мурдаро зинда мекард.

Кришноро ба чалипо кашида буданд. У хам мурду дафн шуд ва пас аз се руз бозпас зинда шуд ва суъуд кард ва хиндувон уро ба унвони «Рахоибахши инсонхо» мепарастанд. У худро «Растохез» ва «Рохе ба суи Падар» номид.

Бостонитарин Масех

Хазорон сол пеш аз пайдоиши Кришнову Митрову Исо хам дар Мисри бостон худои Хуршед буд, Horus ном.

Horus хам рузи 25 десомбр, мунтахо 3000 сол пеш аз зоиши Масех ба дунё омад; модари у хам душизае буд бо номи Iris-Meri. Муждаи зоиши уро хам монанди зоиши Исо ситорае дар Ховар расонд ва хангоми зоиши у хам се марди хирадманд канори болини модараш хозир буданд. Вай дар сисолагй гусли таъмид шуд. Аз он ба баъд Horus гирди чахон мегашт ва муъчиза мекард ва El-Azar-us ном мурдаеро зинда кард. Horus хам ба монанди Исои Масех руи об рох мерафт, саранчом ба чалипо кашида шуд, хоксупорй шуд ва дар нихоят ба растохез расиду суъуд кард. Фурузахо ва номхое, ки ба Horus нисбат медоданд, Рох, Мохигир, Ростй, Равшанойи, Фарзанди масхшудаи Худо (яъне масехи Худо), Чупони хуб, Барраи Худованд ва Сухан буд. У хам 12 ёр ё хаворй (апостол) дошт.

Эзидони дигари чахони бостон хам хастанд, ки рузи 25 десомбр зода шудаанд, ба монанди Attis, Dionysus, Adonis ва Prometheus – аз эзидони юнонй. Бештари онхо ба монанди Исои Масех ба чалипо кашида шуданд, дафн шуданд, зинда шуданд ва суъуд карданд.

Чаро 25 десомбр?

Аммо чи розе дар ин рузи вижа нухуфта аст? Чаро ин хама худоёну эзидону вахшурон бояд дар як рузи бахусус зода шуда бошанд? Ва пайванди онхо бо Хуршед чист?

Мардумони бостон, ба вижа дар фалоти Эрон ва Ховари Миёна, чобачоии ситорахо ва тагйири рузу шабу мохро бо диккату мушикофй пайгирй мекарданд. Аз ин чост, ки илми ахтаршиносй дар он бахш аз чахон пешрафтатар буд. Онхо дарёфта буданд, ки хамасола то рузи 21 ё 22 десомбр, баробар бо поёни мохи озар ва огози даймох, хуршед ба самти чануб нузул мекунад ва то ба ин руз мерасад, аз харакат ба суи чануб бозмемонад ва мо шохиди дарозтарин шаби сол мешавем. Ин ист ё таваккуфи хуршед то се руз ба дарозо мекашад. Пас аз се руз хуршед дубора ба суи шимол харакат мекунад. Огози дубораи харакати хуршед ё бозгашти хуршед маъмулан бо 25 десомбр мусодиф мешавад. Гузаштагони мо ин бозгаштро «зоиши дубораи Хуршед» ё «мелоди Мехр» медонистанд. Вожаи суриёнии «ялдо» хам бо вожагонии тозии «валад» ва «таваллуд» хамреша аст.

Пас ин на Митрову Исову Кришнову Диюнисусу Отисанд, ки барои се руз мемиранду дубора зинда мешаванд, балки хуршед аст, ки барои се руз бозмеистад ва дубора рох меуфтад.

Ва агар харакати хуршед дар ин рузхоро руи когаз тарсим кунем, хохем дид, ки хатти сайри хуршед ва хатти уфук дар таркиби хам чалипо (салиб)-ро шакл медиханд. Дар бархе аз фиркахои масехият дар миёнаи чалипо як доираро мебинем, ки намоди худи хуршед ба хангоми таваккуф дар конуни ин ду хатти буранда (мутакотеъ) аст. Аз ин ру бештари эзидони ёдшуда ба ногузир ба чалипо кашида шудаанд.

Шумораи 12 хам ки дар хамаи ин достонхо омадааст ва шумори ёрони хуршед аст, дар вокеъ 12 бурч ё мохест, ки хама медонем. Бад-ин гуна, метавон гуфт, ки вучуди 12 амшоспанд дар кеши зартуштй ва чи басо 12 имом дар мазхаби ташайюъи ислом метавонад як амри тасодуфй набошад.

Ба ростй, ки «банй одамй зи як гавхаранд.»

Пас Шаби Ялдо ва Крисмас хар ду чашнхое бисёр муртабитанд ва хар ду, дар вокеъ, бузургдошти зоиши дубораи Хуршеданд.

Фармонравоёни импротурии Руми бостон барои садхо сол пайрави кеши эронии мехрпарастй буданд. Кеше, ки шояд 4000 сол пеш дар Эрон падид омада буд ва дар хамон чо хам бархе аз дуктринхои бобилиро пазируфта буд. Мехрпарастй Хиндустон ва Чинро дарнавардид ва саросари хоки импротурии Румро тасхир кард; аз Скотланд то Сахрои Бузург доман кашид ва аз Испониё то Дарёи Сиёх. Бозмондаи ниёишгоххои митройи дар Бритониё, Итолиё, Румонй, Олмон, Мачористон, Булгористон, Туркия, албатта, Эрон, Арманистон, Сурия, Исроил ва Офрикои Шимолй кашф шудаанд. Ва ин густариши динии Эрон бидуни чангу хунрезй, бо такя бар неруи сухан анчом гирифт.

Яке аз кухантарин ниёишгоххои митройи дар шахри Руми Итолиё зери калисои кунунии St. Clemente дар наздикии Colosseum вокеъ аст. Яъне ба хамон шитобе, ки мардуми Урупо ба кеши тозаи масехият ру меоварданд, ё дар вокеъ, кеши бостонии митроисмро дасткорй мекарданд, ниёишгоххои митройи хам чои худро ба калисохо медоданд. Хамон тавре ки ишора шуд, Вотикони кунунй дар давраи мехрпарастй хам хамин чойгохро миёни мехрпарастон дошт, ки акнун миёни масехиён дорад. Чашни Ялдои мо хам дар Руми бостон бо номи Sol Invicta (Хуршеди Шикастнопазир) бургузор мешуд.

Дар Мисри бостон хам зоиши дубораи хуршедро гиромй медоштанд ва онро 12 руз чашн мегирифтанд, ба нишони 12 бурчи сол, ки бо гохшумории фарангии кунунй рузхои 25 десомбр то 6 жонвие (январ)-ро дарбар мегирифт. Чолиб ин чост, ки калисохои юнонй ва арманй то кунун рузи 6 жонвие (январ)-ро рузи мелоди Масех медонанд.

Аммо Шаби Ялдои мо бо бовархои маздаяснй сахт гирех хурдааст. Пеши ниёкони маздаяснии мо вопасин рузи мохи озар чам (маъно)-и вижае дошт. Дар ин дарозтарин шаб Ахриман дар авчи кудрат ва тавонойи карор дорад. Ва ба рузи баъдии он, яъне якуми даймох «Хуррам-руз» ё «Хур руз» мегуем, яъне «рузи Хуршед». «Хур руз» ба таври комил аз они Ахуромаздост ва Ахриман дар ин руз шикаст хурдааст.

SSSR Reacts to Russian Embassy's Criticism

Гариву пешхезй?

Матлаби зер посухи хафтаномаи СССР, чопи Душанбе, ба гилояи сафорати Русия аз матбуъоти озоди Точикистон аст.

«СССР» №16 25.12.08

Салом, хонандаи гиромии гиромй ва дусти мову узви «ихвон-ал-СССР»! Номи матлабро хонда, хайрон мондй? Дар тахаййур машав, ки ходисае, ки ба вукуъ пайвастааст, онро бо дигар масалу макол наметавон изхор дошт…

Ёд дорй, ки чанд шумора СССР фехристи тобутхои аз Русия расидаро ба дасти чоп медоду расман ба сафири Федератсияи Русия дар кишвари мо мурочиат мекард, ки ба казия равшанй андозад ва у хомуш буд? Ва ахиран ин сафоратхона садо баровард ва … рузи 24.12.2008 ба Вазорати Корхои Хоричии ЧТ нотаи эътироз равона кард. Дар нотаи мазбур омадааст, ки ВАО дар Точикистон ба вежа СССР, Нигох, Миллат ва Фараж (4 газетаи махбубтарин дар кишвар) рочеъ ба муздурони кори точик дар Маскав иттилооти бардуруг ва тахрифшударо нашр мекунанд. Сафорати Русия афзудааст, ки хамзамон мо-газетахои мустакил ба худ эб дидаем, ки ба суи рахбарияти олии Русия ва хатти маши сиёсии он санги маломат андозем (позволяют себе некорректные выпады в адрес высшего руководства России и его политического курса).

Ва дар охир ин сафоратхона аз ВКХ ЧТ шадидан талаб кардааст, ки аз тадобири очил кор гирад ва пеши рохи нашри чунин матлабхоро бандад!

Рассссидеммм! Сафорати Русия ба хукумати кишвари дигар супориш медихад, ки ..сензура чорй кунад! Дар ин сафорат ё дипломатхо кор намекунанд ва ё хама дипломат (чомадон)-анд!

Ба забони дигар, русхо мехоханд, ки дар баробари кушта шудани садхо тан аз шахрвандони точик мо натанхо хомуш истем, ки хатто аз масали маъруфи точикии «ако, мебахшй паси ман бар пои ту расид!» кор бигирем!

Онхо мехоханд, ки аз далели ба Точикистон дар соли чорй расидани 650 тобут чашм пушем! Онхо мехоханд, ки моро хам ба катл расонанд, хам тарсонанд ва хам дар кишвари худамон дахони матбуоти озодро банданд ва ин хамаро хаволаи Вазорати Хорича намоянд, то баъдан созмонхои хукукдифоъ хукумати моро ба сензура муттахам кунанд!

Хатто сари бурридаи точикписар, ки чанд руз мукаддам ба ватан расид, пеши рохи даг-дагаи имперотурхохии сафорати Русия дар Душанберо нагирифтааст! Бо ин амал ва дар пасманзари хамин казия, ки оламро ба шигифт овардааст, сафорати Русия чои пузиш хостан аз модари ин гурамарг ба руи як миллат по гузошта, ба МАТБУОТИ ОЗОД, яъне ба номуси зехнии мо тахдид мекунад! Ва ин аст шеваи хамкори стротегии мо? Хонандаи мо, худ ба хулоса ояд, ки агар шеваи сафорати Русия ин аст, куштори ману ту, катли бародару хохару падару модари ману ту дар ин кишвар хотима меёбад ё на?...

Wednesday, December 24, 2008

Russia Furious at Tajik Press

Хашми Русия аз матбуъоти Точикистон

Сафорати кишваре, ки муздурон ва хуношомонаш шахрвандони Точикистонро ба таври рузмарра мекушанду захмй мекунанду сар мебуранд, ба макомоти точик аз матбуъоти Точикистон шикоят кардааст. Русия нигарон аст, ки матбуъоти мо дар холи душмантарошй аз русхо ва Русия аст, гу ин ки хабар надорад сарчашмаи ин хашми нихони точикхо чист.

Вакте ки котилони як духтараки 9-солаи точик бино ба хукми додгохи Русия «авбош» унвон шуданд ва ба кучактарин хадди мучозоташон махкум шуданд, сафорати Русия хамчунон чурт мезад ё дар ганаб буд. Вакте ки даххо рубандаи точикро дар куча-паскучахои шахрхои Русия кутак заданду куштанд, сафири Русия гирду мехурд. Вакте ки сари буридаи Салохиддинро ба хонаводааш тахвил доданд, чурти сафир андаке шикасту номаи таслияте аз сатхи дил мунташир карду дубора чурт зад. Ва холо шикоятро давлату матбуъоти мо мешунавад.

Ба ин тудаи куруни вустоии вопасмонда бояд омузонд, ки матбуъоти озод, яъне чй. Кадом кишваре, ки ба худаш андаке эхтиром коил аст, аз дасти матбуъот ба давлати он кишвар гилоя кардааст? Магар аз замони валангории импротурии Русия (ки дунболааш Шуравй буд) то кунун дар хоби хирсона будй, эй хирси сафед? Чаро ту бояд мувозиби дахони рузноманигорони мо бошй?

Дахшатафканони дижхиматро чаро аз куча-хиёбонхо чамъ намекунй ва балки воруна, оташи адовату кинаи онхо алайхи но-русхоро доман мезанй? Чаро лаккаи нажодпарастиро бар пешонии гандолудашон намезанй ва тарчех медихй онхоро «авбош» биномй? Эй хирси захмй, ки акнун аз паси мувозибат аз сарзамини худат хам бар намеойи. Заъфи физоянда девонаат кардааст ва дар холи гоз гирифтани атрофиёнат хастй. Шояд вакти он расидааст, ки инсон шавй, агар мехохй ба чомеъаи башарй бипайвандй.

Матбуъоти Точикистон бояд поймардона зикри вокеъиятхо дар Русия ва тасвири ситамхоеро, ки бар мо дар он диёр меравад, идома дихад. Акибнишинй дар баробари гурриши як хирси хоболуд нанг аст. Биёву бибин, ки намояндагони он диёр дар Бохтарзамин ба чи холанд. Русия, ба монанди Омрикои Буш, балад аст бо заъифон зурозмойи кунад ва аз харифй бо зурмандон маъзур аст. Агар давлати Точикистон ба ин фишори лафзии Русия тан дар дихад, дигар набояд онро точик хонд ва дар вокуниш ба он, беш аз пеш бояд аз чиноятхои фошистхои рус ва давлати нажодпарасти Русия гуфту навишт. Вассалом.

Так, Российское посольство, обратите внимание на нижеследующий видео-ролик. Надеюсь вы поймете о чем речь:

Tuesday, December 23, 2008

Reza's War with Cave-dwellers

Чанги Ризо бо горнишинон

به دبيره پارسی
Ризо Диккатй дар садри торнамои Вебистонаш ин бовари шахсиашро навиштааст:

«Чахон майдони диди мост. Мо ровиёни достонхои навъи башаре хастем, ки фарханге муштарак дорад. Ривояти мо васфи холи лахазоте аз зиндагист: аз чанг то сулх, аз касоват то шеъру шуъур.»

Муассисаи National Geographic намунахое аз сй сол кори Ризо ва дурбини уро дар таи ду сол аз миёни ним милюн китъа акс аз саду дувоздах кишвари чахон гулчин карда ва дар китоби хачим ва катуре тахти унвони «Ризо, чанг ва сулх» мунташир кардааст.

Ризо Диккатй муътакид аст, ки «дар чахони карни бисту якум як забони навини байнулмилалй по мегирад, ки хамин забони тасвир аст ва мо – тасвиргарон аз зумраи касоне хастем, ки алифбои корро ёд гирифтаем.» Ризо талош мекунад бо истифода аз ин алифбо инсонхо ва фархангхоеро ба мо нишон дихад, ки даргири чангхои хунинанд, то умки фочеъаи нобудии инсонхо ва фархангхои зеборо дарк кунем.


Ризо мегуяд:

«То инсон як чизро дуст надошта бошад, наметавонад аз он дифоъ кунад. Агар ман чангро нишон медихам, барои ин аст, ки дар дилу зехни мардум аз чанг нафрате ба вучуд биоварам. Чун ба бовари ман, чанг хануз яке аз аъмоли бисёр бадавии инсони горнишин аст.»

Вале мо, ки дигар аз горхо ба осмонхарошхо расидаем, чаро хануз шохиди чангу вайронихои башарй хастем?

Ризо ба ин пурсиш хам посухе дорад:

«Мо саду панчох хазор сол дар гор зиндагй кардем ва хамдигарро куштем ва гушти хамдигарро хурдем. Холо чи тавр метавон интизор дошт, ки он одати дерина ба якборагй аз зехну шуъури хамаи насли башар зудуда шавад?»

Ризо бо диде равшан ба ояндаи дур мегуяд:

Пас аз чанд насл башар ба чое хохад расид, ки ин чумларо дар китобхои торих хохад навишт: «Замоне буд, ки ачдоди мо ончунон вахшй буданд, ки тонку тупу гулула месохтанд, то хамдигарро бикушанд; аммо он замон дигар сипарй шудааст.

Ин орзуро дар чашми бисёре аз кахрамонхои осори у метавон хонд. Он духтараки чашмобию мубури рустойи дар Афгонистон бо рухсори олуда, он завчи логару такидаи офрикойи, ки як финчон чойро бо хам кисмат мекунанд, ва он кудаки саргардон дар урдугохи Кунгу – хама тачассуми ин орзу хастанд.

Чехраи кабехи чанг хам дар китоби Ризо худнамойи мекунад: часадхои парешон дар як чоддаи Афгонистон ва обире, ки аз канори онхо мегузарад; модаре, ки вопасин лолоиро ба гуши писари бечонаш шеван мезанад; тонки девонае, ки бепарво навнихолеро зери чарххояш мегирад... Ва хамаи ин тасвирхоро тафсирхое аз худи Ризо хамрохй мекунад.


Достони так-таки ин аксхо хонданист. Дар канори акси Ахмадшохи Масъуд, ки як даст ба пешонй дорад ва самимона механдад, мехонем:

«Масъуд пас аз судури дастурхои кудбандишуда барои анчоми як хамла алайхи Толибон нишаста буд, ки китоб бихонад. То аз рох расидам, уро гарки мутолеъаи мачмуъаи ашъори «Фуруги умед» дидам, ки дар дарраи Панчшер мунташир шуда буд. Дар сукуни он шаби мохи рамазон шеърхонию сухбатхои мо ба мо кумак кард, то касовати чангро фаромуш кунем.»

Дар хошияи бархе аз аксхои огози китоб суханони бузургоне чун Мавлавй, Саъдй ва Гондй омадааст. Сарбозони хавловари турк, шенелхои чармй ба тан ва кулоххуд (каска)-хои обии баррок бар сар, бо туфангхои худ ба осмон нишона рафтаанд. Милахои туфангхо бо гулдаста (манора)-хои масчид мувозист ва дархам омехтааст Хар ду хам ранги тира доранд. Дар хошияи ин акс мехонем: «Харгиз хилофи амри виждони худ кореро анчом надех, хатто агар давлат бихохад. Олберт Ойнштойн – Albert Einstein.”

Бори маъноии суханони худи Ризо Диккатй низ ки дар дебочаи китоб омадааст, андак нест:

«Ба бовари ман, тамоми торикии чахон кодир нест равшаноии як шамъи кучакро бизудояд.»

Ризо хамчунин муътакид аст, ки вазифаи у ва дигарон бояд фурузон нигох доштани хамон манбаъи равшанойи бошад.

Матни зер порае аз тавсифи Себостиян Юнгер (Sebastian Junger) аз шахсият ва кору кушиш Ризо Диккатист, ки дар огози китоби «Ризо, чанг ва сулх» мунташир шудааст:

«Ризо аккоси бузургест, зеро у дар так-таки афрод кулли башариятро мебинад, чун у аз тарики линзи дурбинаш онхоро ба хубй омухтааст. Руи дигари ин андеша, ки ба хукми сарнавишт мо метавонистем ба содагй дар чои панохандагони афгон карор бигирем, ин аст, ки онхо хам метавонистанд дар чои мо бошанд.

Манзури ман ин аст, ки фасод ва хушунати чахони фурудаст (ру ба тавсеъа) фитрй ё зотй нест. Кори дасти торих аст. Тангдастй ва беъадолатй, ки монанди гиёхе марговар дар он чо нумувв мекунад, ба хамон осонй метавонад дар Гарб хам реша бидавонад. Чаро ки на? Шояд пас аз чанд насл чахони фурудаст битавонад неру ва дороии Бохтарзаминро ба даст оварад. Хеч конуни табиъие вучуд надорад, ки вукуъи ин эхтимолро нафй кунад.

Аз ин ру, вакте ки Ризо ба як чавон дар Афгонистон ё Руондо ё Миср ё сарзаминхои фаластинй нигох мекунад, уро ба чашми махсули як чахони валангор намебинад. Балки дар симои он чавон намояндаи билкувваи як чахони бехтарро мебинад.

Пас аз сукути Кобул ба дасти Эътилофи Шимоли Афгонистон Ризо марказеро барои парвариши рузноманигорони чавон дар он чо рохандозй кард. У ин икдоми худро ин гуна тавзех дод: дастёбй ба озодии иктисодй бидуни озодии сиёсй номумкин аст ва касби озодии сиёсй бидуни озодии матбуъот хам номумкин аст. Аммо барои даст ёфтан ба озодии матбуъот бояд мафхуми дакики рузноманигории мудерн ба як нас аз мардуми Афгонистон муъаррифй ва тадрис шавад.

Бад-ин хотир, замоне ки нерухои омрикойи ва диагр нерухои эътилоф дар саросари Афгонистон кумак тавзеъ мекарданд ва мувозиби амнияти кишвар буданд, Ризо сохтмонеро дар шахри Кобул ичора кард ва ба парвариши насли навини рузноманигорони дар Афгонистон пардохт.»

Созмони «Оина», ки Ризо Диккатй поягузори он аст, хамчунон дар Афгонистон фаъъол аст ва ба таври муназзам мачаллаи рангин ва нафисеро бо номи «Парвоз» мунташир ва дар миёни кудакон ва навчавонони он кишвар ба сурати ройгон тавзеъ мекунад.


Ризо Диккатй соли 1952-и мелодй дар шахри Табрези Эрон ба дунё омад. Вай фориг-ут-тахсили риштаи меъмории Донишгохи Техрон аст. Таи сй соли ахир Ризо Диккатй дар хорич аз Эрон ба сар мебарад ва тобеъияти Фаронсаро дорад.

Monday, December 22, 2008

Poll: We Should Defend Ourselves in Russia

Вокуниш ба катли шахрвандони Точикистон дар Русия бояд чй бошад?

Эътирози диплумотик 3 (10%)

Катъи
равобити диплумотик 4 (13%)

Ташкили гуруххои
дифоъ дар Русия 18 (62%)


Дигар 4 (13%)

Хеч 0 (0%)


Votes so far: 29
Poll closed

Friday, December 19, 2008

Words Cannot Explain It

Сухан аз баёнаш очиз аст

Дар гузашта намедонистам, ки манзур аз таъбири обшустаи «сухан аз баёнаш очиз аст» дакикан чй хаст. Акнун хар боре, ки мехохам дар бораи имрузу фардои сомони нобасомонамон Точикистон чизе бинависам, дар мемонам ва маънии дакики он сухани куханро бо чон дармеёбаму дар равонам мехурушам, аммо боз хам хомуш мемонам. Чун дар вокеъ, чи бигуям, ки нагуфтанаш бех. Ва чи дарде аз ин дардистон дармон мешавад?

Кишварро то ба марзи гадойи горат мекунанд, даххо милюн дулори он нисори додрасони бритониёйи мешавад, даромади корхонаи арзиз дар сарзамине бегона анбошта мешавад (дар холе ки миллат дар садаи 21 хамчунон хезум мешиканад), сари муассисахои молии бонуфузи чахон кулох меравад ва хамрохи он кулох обруе хам ки надорем, барои дахсолахо меравад; оби мо хамчунон мустакиман аз корхонаи номавчуди кахвасозии Варзоб чакка мекунад, табари нажодпарастони вахмгарои рус руи гардани чавонони мо дакка мехурад, чиноятхои аъзои хонадони хокими кишвар пушти парда мемонад... ва мо суруди ситоиш мехонем. Ситоиши Балохат. Ситоиши Хамокат. Ситоиши Гумрохй. Ситоиши Табохй. Аз танаффур лабрез мешавам ва ганди танаффур забонамро мебандад. Чи бигуям, ки нафрат чорасози мушкил нест.

Аз ситоиши ахриманй гуфтам ва ба ёди иттифоке уфтодам, ки хамин чанд руз пеш бо ман уфтод.

Як ширкати бонуфузи тарчума (яъне дор-ут-тарчума) бо ман тамос гирифт. Мехостанд матни рохнамои шунидории Осорхонаи Миллии Точикистонро барояшон бихонаму забт кунам. Амири Катар, ки шояд равшантарин араби мавчуд руи курраи Замин аст ва хамонест, ки бунияи молии ширкати телевизюнии Алчазираро фарохам карда, мехохад ба кишвари Точикистон армугоне бидихад. Он армугон як рохнамои шунидорй барои осорхонаи миллии мост. Ба монанди рохнамохое, ки дар музехои кишвархои фародаст ё пешрафта вучуд дорад. Ва чи хуб аст, ки кишвари фурудаст ё вопасмондае чун Точикистон хам як чунин рохнамо дошта бошад. Муаллифи рохнамои музеи мо инглисист ва навиштаи хаму ба забони порсии точикй тарчума шудааст.

Албатта, мачбур будам дар тарчумаи ачак-вачакии он то хадди зиёде дасткорй кунам. Матн дар кул бадак набуд. Аммо як бахши он бароям бисёр гариб буд. Бахше, ки ба раисичумхурй марбут мешуд. Дар он мехонем:

«У иштирокчии фаъоли муборизаи Точикистон барои истиклолият аз Иттиходи Шўравй буд... Пешравии мансаби у дар хукумат хусусияти неруи пешбарро ба худ касб кард ва 16 ноябри соли 1994 Эмомалй Рахмон Президенти Чумхурии Точикистон интихоб гардид.»

Ба хама «бале», ба мо хам «бале»? Мо, ки аз хуртуми фил науфтодем ва шохиди айнии руйдодхои дахаи 1990 будем ва медонем, ки чи касе мувофик ва кй мухолифи Иттиходи Шуравй буд.

Мехоханд торихро бознависй кунанд ва хофизаи моро бизудоянд. Акнун сурхтарин хаводори Иттиходи Шуравй сархсахттарини мухолифони он шудааст.

Бо кадом забон метавон ин бешармонатарин дуругро хонд? Хатто бо хамон забони ачак-вачакй ин кор муяссар нест.

Ба ширкати тарчума баёни хол кардам ва гуфтам, ки ин сатрхо дуруги махз аст ва шояд хеч точики нажодаро натавон ёфт, ки онро барояшон бихонад. Ширкат хохиш кард, ки ба махзи озмоиш аз як точики дигар бихохам, ки он пораи нолатифро бихонад. Аз як дустам пурсидам, ки оё хозир аст ин корро дар изои пули хубе анчом дихад. Хушбахтона, гуфт «на!».

Бад-ин гуна, сеноруюи инглисихо тагйир кард ва он тиккае, ки марбут ба «сарвари кишварамон» мешуд, аз калам уфтод. Яъне дар рохнамои шунидории Осорхонаи Миллии Точикистон он суханони козиб садо нахохад дод. Магар ин ки фарди ноогохе гирашон биуфтад. Вале аз он дуруг то кунун магзам сут (хушток) мезанад.

Аз ин ру факат мурур мекунам. Ба навиштахои бегонагон зул мезанам, то бибинам, ки оё ин танхо хисси мани точик аст ё дигарон хам чунин мебинанд, ки ман мебинам. Гузориши мусавваре, ки имшаб пеш аз ин матлаб мунташир кардам, аз Райхон аст. Духтаре узбак, ки чанд сол пеш бо хам муъоиширате мухтасар доштем. Дарег, ки нахваи диди у ба кишвари ман хамон аст, ки ман мебинам. Русвоии мо бармало шудааст ва ба чашми хар фарди дорои басират мерасад. Шарм душмани чонам мешавад ва аз фарти озарм боз хомуш мемонам ва дунболи сурохе мегардам, ки сари афкандаамро дар он нопадид кунам.

Thursday, December 18, 2008

In Pictures: Remittances in Tajikistan

Гузориши мусаввар: Чи гуна зинда мемонем

Райхон Демитри
BBC World Service


Рустои кухистонй

Рустои Зимчуруд дар 40-килуметрии шимоли шахри Душанбе, пойтахти Точикистон вокеъ аст.

Беш аз се чахоруми мардуми Точикистон дар минтакахои кухистонй ба сар мебаранд. Дар ин чо иштиголе нест, аз ин ру мардон дар чустучуи кор ба хорич, ба вижа ба Русия ва Казокистон мераванд. Бино ба бароварди Бонки Чахонй, пуле, ки шахрвандони Точикистон аз хорич ба хонаводахояшон мефиристанд, 1.5 милёрд дулор аст, ки муъодили беш аз як севуми даромади нохолиси миллии ин кишвар аст.

***


Хонаводаи Зайнура

Зайнура Неъматова (дар самти чапи акс) дар рустои Зимчуруд зиндагй мекунад. Каххор, шавхари у, дах сол аст, ки дар мухочирати корист. Зайнура аз се фарзанд ва модаршавхараш нигахдорй мекунад. У мегуяд, пуле, ки шавхараш ба онхо мефиристад, манбаъи аслии даромади онхост. Онхо хатто тавонистаанд бо он пул як дастгох телевизюни рангй бихаранд, ки дар ин чо асбоби тачаммул ба шумор меояд.

***


Сакта

Зайнура мегуяд: «Шавхари ман хатто ваъда дод, ки як антени мохворайи бихарад ва як дастгохи пахши Ди-Ви-Ди! Вале ман тарчех медихам шавхарамро ин чо дошта бошам, то як бушкоби мохворайи.»

Шояд рукуди иктисодй ин орзуи Зайнураро бароварда созад. Сактае, ки дар санъати сохтмонсозии Русия ва Казокистон падид омадааст, зохиран ба уфти ривочи бозори кор хохад анчомид.

Шояд бархе аз точикхо мачбур ба бозгашт ба сарзамини худ шаванд.

***



Сухти зимистонй

Бародаршавхари Зайнура дар омодагй ба як зимистони сарди дигар хезум хурд мекунад, то хонаводааш барои пухтупаз ва гарм кардани хона аз он истифода кунанд.

Соли гузашта дамои хаво ба шиддат кохиш ёфт ва Точикистон шохиди сардтарин зимистони чандин соли ахир шуд ва бисёре аз хонахо бидуни барк монданд.

Алорагми ваъдахои хукумат, ки авзоъ ба андозаи соли гузашта бад нахохад шуд, бисёре аз мардуми кишвар ба бадтарин сармо омодагй мебинанд.

***


Шуълаи пикник

Дар як хонаводаи дигар дар шахри Душанбе Наргиса Анварова гизои шомро руи як шуълаи хурокпазии кобили хамл, ки маъмулан дар пикникхову урдугоххо ба кор меравад, тахия мекунад.

Падари Наргиса дар Русия кор мекунад. Пуле, ки мефиристад, танхо даромади хонавода аст. Наргиса мегуяд, ки ба хотири камбуди маблаг истифода аз шуълаи пикник арзонтарин рохи пухтупаз аст: онро метавон дар изои панч дулор дар хафта дубора пур кард.

***


Сарвари хонавода

Наргиса бузургтарин духтари хонавода аст ва харчанд модараш бо онхо зиндагй мекунад, дар давраи гайбати падар масъули хонавода худи уст.

Наргиса мегуяд: «Падарам харгиз дар бораи сахтихо дар Русия сухбат намекунад, аммо мо аз сухбатхои одамон мешунавем, ки зиндагй дар он чо осон нест.»

Дар ин акс у рукашхои болишро нишон медихад, ки хохаракаш гулдузй кардааст.

***


Зарфшуйи

Наргиса мегуяд: «Шир (кран) танхо оби сард дорад. Яке-ду сол пеш мо хам оби гарм доштем.»

Вай меафзояд: «Вакте ки борон меборад, оби шир (кран) ба монанди кахва сиёх мешавад. Мо мачбур мешавем аз чое дигар оби пок биёрем.»

«Ман орзумандам, ки ба хохару бародаронам кумак кунам; тахсил барои онхо мухимтар аз хар чизи дигар аст. Ман холо намехохам издивоч кунам. Ба ростй, дилам танги падарам шудааст ва вокеъан мехохам, ки у ба хона баргардад.»

***


Мушкилоти бозор

Бо ин ки Точикистон дар дахаи ахир рушди иктисодии нисбатан хубе доштааст, он хамчунон факиртарин кишвари Осиёи Миёна махсуб мешавад. Беш аз нисфи чамъияти кишвар зери хатти факр ба сар мебаранд. Дар мукоиса бо хамсоягони доротар Точикистон манобеъи табиъии зиёде надорад. Беш аз 90 дарсади хоки кишвар кухистонист, ки кишту корро сахт кардааст. Аз ин ру бозорхо маъмулан бо камбуди махсулот мувочеханд.

***


Бори души занон

Макомот иддаъо мекунанд, ки дар Русия 500 хазор мухочири кории точик ба сар мебаранд. Аммо бино ба аркоми гайрирасмй, шумори онхо як милюн тан аст.

Мухочирати ин хама мард ба хорич занонро зери фишори шадид гузоштааст. Онхо мачбуранд ба танхойи фарзандонашонро бипарваранд.

Дар бархе аз маворид мардхо ирсоли пул ба хонаводахояшонро катъ мекунанд ва онхоро ба куллй ба фаромушй месупоранд ва ба сарнавишт хавола мекунанд.

Azizov Tragedy Ignored by Tajik Embassy

Аз мост, ки бар мост

Порае аз матлаби Носирчони Маъмурзода
родю Озодй

Вазирбек Азизов, бародари Салохиддини кушташуда, мегуяд, дар рохи интиколи турбати бародараш аз Русия ба Точикистон бо мушкилоти зиёд рубару шудааст. Вай гуфт, ба дархостхои батакрораш барои расонидани кумак дар тахвили часади Салохиддин дар сафоратхонаи Точикистон дар Маскав хеч расидагй нашудааст:

«Ман дах маротиба ба сафорати Точикистон дар Маскав мурочиъат кардам, хар руз 1500 рубли русй сарф мекардам, то ба сафорат равам, дар холе ки дар як руз хамагй 500 рубл кор мекардам. Аммо дар даромадгоҳи сафорат духтараке нишаста ва хар бор ба ман ичозат намедод, ки бо сафир ё масъулон сухбат кунам, харчанд вазъиятамро мефахмондам. Намедонистам часади бародарамро чигуна ба Точикистон биёрам. Танхо баъд аз он ки аз Точикистон ба сафорат занг заданд, масъулон аз казияи мо огох шуданд. Ба мо хатто ширкатхои русй кумаки молй карданд, аммо дар сафорат ягон ёрии вокеъй накарданд. Мисле ки мо, шаҳрвандони Точикистон, хеч курбе барояшон надорем! Бо сарфи маблагҳои зиёд часади бародарамро ба ватан баргардондам. Танхо барои интиколи тобут аз ман пул нагирифтанд, дигар хама харочот аз худи ман буд…»

Wednesday, December 17, 2008

Parcels of Death

Садои мо
дар гулу шикаста монд

Орзу
шукуфаи наруста монд

Ваъдахо
чу тобути баста монд

Равони у
парешону хаста монд...


Акс аз RFE/RL

Sunday, December 14, 2008

Azizov Body Departure Announcement

Бино бар охирин иттилоъи дастрасшуда аз манобеъи огоҳ, рӯзи сешанбе, ‎‎16.12.2008 баррасиҳои пизишкии қонунии (судмедэкспертиза) додситонӣ ва ‎вазорати кишвари Русия анҷом ёфта ва ҷанозаи худобиёмурз Салоҳиддин Азизов ‎ба хешовандонаш таҳвил дода мешавад.‎

Ба эҳтимоли наздик ба яқин, тобути бародари ҷавонмаргамон сешанбе шаб, 16 ‎декабри 2008, бо парвози шабонаи “ТоҷикЭйр” ‎аз фурудгоҳи “Домодедово” ба ‎Душанбе равон карда хоҳад шуд.‎

Бино бар гуфтаи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”, парвози № 628 ‎‎16.12.2008 соати ‎‎23:15 ба вақти Маскaв равон ва 17.12.2008 соати 5:20 ба вақти ‎Душанбе фуруд хоҳад ‎омад. ‎

Шумораи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”: (495) 933 66 66.‎

Ҳамчунон кӯшиш хоҳам кард ки дақиқтарин рӯзу соати сафари охири ‎бародари ‎шаҳидамонро ба огоҳии ёрони ҳамандеш расонам. Худо ёрамон бод!

Aryaram

***

Ин охирин иттилоъро ки аз Вазир Азизов, бародари Салоҳиддини ҷавонмарг, дастрас ‎кардаам, бо иҷоза ва дархости худаш ба иттилоъятон мерасонам.

Дар гуфтугўи телефонӣ Вазир гуфт, ки ҷанозаи Салоҳиддинро рӯзи сешанбе, 16.12.2008 аз додситонӣ ва милисаи ‎Русия таҳвил гирифта ва ҳамон рӯз ба Душанбе хоҳанд бурд.‎

Ҳангоми гуфтугў Вазир соати дақиқи парвозро ҳануз намедонист аммо аз ҳамдардии ҳамАндешон сипосгузорӣ кард ва хостор шуд ки дар ин рӯз дар паҳлӯяш бошанд.‎
Иттилоъи дақиқро метавон аз худи Вазир бо шумораи 8-926-716-05-46 дарёфт ‎кард.

Ба эҳтимоли наздик ба яқин, тобутро сешанбе шаб, 16 ‎декабри 2008, бо парвози шабонаи “ТоҷикЭйр” ‎аз фурудгоҳи “Домодедово” ба ‎Душанбе мебаранд.‎

Бино бар гуфтаи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”, парвози № 628 ‎‎16.12.2008 соати ‎‎23:15 ба вақти Масков равон ва 17.12.2008 соати 5:20 ба вақти Душанбе ‎фуруд хоҳад ‎омад.

Шумораи иттилоърасонии фурудгоҳи “Домодедово”: (495) 933 66 66.‎

Худо ёрамон бод!‎ ‎

Aryaram

Friday, December 12, 2008

Dushanbe Protests Migrant Decapitation in Moscow

Виз-визи эътирози Душанбе

Саранчом мухри сахт часпидаи лаби вазорати хоричаи Точикистон имруз шикаст ва як ёддошти эътирозй аз ин вазоратхонаи сарафканда ба як диплумоти кишвари фошистнишини Русия таслим шуд. Тасвиру тасаввури сари бетан ва тани бесари як чавони бистсолаи точик, ки дар хаволии шахри хунини Маскав кашф шуд, ба калби ларзони сардамдорони вазорати хоричаи Точикистон хам то хадде чуръат додааст, то алайхи ин чинояти дижхимонаи фошистхои рус куфли сукуташонро бишкананд.

Аммо аз ин садохои деррасида чй хосил? Магар ин эътирози нимачон ба тани бечони Салохиддин Азизов чоне хохад дамид ё посухи модари сухтадили уро хохад дод? Вазорати хорича хатто хануз тарс дорад, ки бо итминони тамому комил бигуяд, ки ин кори дасти бегонаситезону фошистони рус аст ва бо чиддият такозо кунад, ки макомоти рус ба чои ташвики онхо чилави сагони хори кишварашонро бигиранд. Сухангуи вазорати хорича бо истинод ба ёддошти эътироз гуфтааст:

«Ин ходисахо маъмулан ангезаи бегонаситезй, танаффури нажодй ва миллигаройи доранд».

Ин бобое, ки бегонаситезиро канори миллигарои дар як радиф карор медихад ва тафовути онро намедонад, агар андаке миллигаро буд, бо наъраи шер калби фошистхоро ба ларза меандохт ва аз тамоми оходи кишвараш мехост, ки дар Русия канори хам биистанд ва алайхи фошистхо муковимат кунанд, гуруххои тадофуъй созмон диханд, то дигар хуни точики бегунохе дар он сарзамини сард нарезад. Агар хукумати Точикистон дилу гурдаву шахомат дошт, аз русхо мехост, ки дастикам гаромати аъмоли худро бипардозанд. Хамасола даххо точик дар Русия ба хамин минвол сар ба нест мешавад. Ба гузориши созмони мардумниходи СОВА дар Маскав, дар хашт мохи нахусти соли равон дар Русия 68 тан ба дасти нажодпарастон кушта ва 262 тан захмй шудаанд. Шумори кобили мулохизаи ин афрод точиканд. Пас оё як ёддошти эътирозй ба унвони вокуниш ба вахшигарии куруни вустоии русхо басанда аст? Ростй, аз ин ёддоштак чи чизе хосил хохад шуд?

Хирси девонаро хам метавон сари чои худ нишонд, ба шарти ин ки даст ба дасти хам дихему якпорча бошем.

Thursday, December 11, 2008

A Stranger

Эй дар ватани хеш гариб...

- Око, аз кучоед?

- Аз Точикистон?

- Маъзурам, ки аз такрори номи кишваратон очизам. Кучост ин кишвар?

- Дар Осиёи Миёна аст. Як кишвари порсигу, мучовир бо Афгонистон, аз порахои парешони Эрони Бузург.

Солхост гарибам ва солхост ин посухро ба пурсандагони ачнабй медихам. Аммо хисси гурбат дар ин гурбатсаро ба ман камтар даст медихад. Балки воруна аст.

Гурбати ман дар Точикистон дучандон мешавад. Модарам мегуфт: «Бачам, ин ки мусибат аст, агар худро дар механи худ гариб бидонй.» Гуфтам: «Модарчон, медонам ва бадтар он ки ин мусибат ба сари писари ту омадааст.»

Тобистон буд ва дар хилоли радифи чинорхои хиёбони Рудакии Душанбе парса мезадам. Бо дустоне, ки ташнагии дидорашон маро ба он хиёбон кашонда буд. Пас аз ду-се пайк ба хиёли ин ки озодии навъи башар дар хар гушае аз ин кураи хокй таъмин аст, овозамро рахо кардаму ду-се оханги порсй хондам. Бедиранг пулисе гурусна сурогам омад, то аз мани «хоричй» ду-се искинос биситонад. Пас аз ним соъат каланчору доду бедод барояш собит шуд, ки бегона нестам ва барояш туъмаи муносибе нестам. Аммо ин мочаро бар хисси гурбату бегонагиам афзуд.

Намедонам чаро акнун ба ёди он руйдоди ногувор уфтодам. Шояд ба хотири дарки ин нукта, ки гурбатсаро махалли хоссе надорад. Он метавонад дар калби механ хам вокеъ бошад. Он гуна ки бо мо ходис шуда...

Poll: There Was No Need for Talco Court

Оё ба мурофеъаи ландании Талко ва харчи даххо милюн дулор ниёзе буд?

12 раъй

Оре 0 (0%)

На 9 (75%)

Намедонам 1 (8%)

Шояд 2 (16%)

Monday, December 08, 2008

Korpan Returns to Aryanam Vaejah

Хазорон сол пеш, пеш аз ин ки Ашу Зартушт бо паёми маздаясно ба маснаи зухур бирасад, сарзаминхои мо, ки он замон Пахнаи Ориёйи (Aryanam Vaejah) ном дошт, маскани рухониюни дини бостоние буд, ки арбоби анвоъ ё худоёни бисёреро мепарастиданд. Кишри рухонии он давронро карпон ё курпон меномиданд. Курпонхо дар рузхои вижае хуни дом ё чорпоёнро мерехтанд, бо ин пиндор, ки худоёни мавриди парастишашон аз онхо хушнуд хоханд шуд. Ангор худоёни онхо ба хун ё гушти чорпоён ниёз доштанд. Ашу Зартушт омаду гуфт, ки худоён аз хуну гушти дом бениёзанд, чун онхо растагоранд ва шикаму озу хирси инсонй надоранд. Ва афзун бар он, Худо яктост.

Садсолахо гузашту динхои кухна рафтанду динхои нав чойгузинашон шуданд ва иде нав дар Пахнаи Ориёйи роич шуд бо хамон номи бостонии Курпон, ки дар хайъате тозй (арабй) ба шакли Курбон мутадовил шуд. Дар ин руз хам хуни чорпоён фидои ному чойгохи Худо мешавад. Барои мардуми порсигуи Осиёи Миёна ин ид то кунун "нав" ба шумор меравад, чунончи кудакон дари хамсоягонро мекубанду нидо медиханд: "Иди нав муборак! Кулчахако каторак!"

Ва шинохти мо аз ин идхо дар хаддест, ки бахши точикии родю Озодй шояд бо ноогохй аз тафовути Иди Курбон аз Иди Фитр (шояд хам ба хато) навиштааст:

"Иди саиди Курбон дар Точикистон бо намози идона дар хамаи масочиди чомеъи кишвар огоз ёфт. Маъмулан, нахустин табрики Фитр дар Точикистон субх бо садои кудакон огоз мешавад..."

Ба хар руй, ба азизоне, ки ба хар далеле ин рузро гиромй медоранд, чашнашонро шодбош мегуям.

PS: Родю Озодй лагзиши худро ислох кард.

Акс аз ozodi.org

Saturday, December 06, 2008

Tajik Aluminium Court Case Ends in London... Defeat for President Rahmon

Мурофеъаи корхонаи арзиз бо шикасти президент Рахмон поён ёфт

Чон Хелмер дар Маскав

27/11/08

Дар икдоме, ки эътибори Эмомъалии Рахмон – раисичумхурии Точикистонро зери суол бурд, вакилони мудофеъи корхонаи арзизи Точикистон (Талко) якшаба ба тавофук расиданд, ки даъвои казоиашон дар Девони Олии Ланданро мутаваккиф кунанд. Онхо бо Аваз Назаров, ширкати Ансол, як мудири пешин ва бозаргонони корхонаи арзиз, ки Рахмон ва атрофиёнаш дар мохи десомбри соли 2004 барканор карда буданд, ба тафовук даст ёфтанд. Иддаъо шудааст, ки дар паи барканории онхо беш аз понсад милюн дулори хосил аз содироти олюминиюм ба чои амне дар чазоири Вирчини Бритониё мунтакил шуд.

Чузъиёти тавофук аланй нашудааст. Назаров ва дигарон аз изхори назар дар ин бора худдорй мекунанд. Аммо завохире аз пирузии онхо акнун ошкор мешавад – дар Душанбе, дар кохи раёсати чумхурй ва дар утокхои хайъатхои мудираи чандин созмони байнулмилалй, ки мудирони омилашон дар додгох дар мавриди иттихомоти мабнй бар кулохбардорй шаходат додаанд. Тавофуки шабонаи вакилони мудофеъ ба ифшои розхо дар Ландан поён ниход, аммо шавохиде барои мурофеъаи эхтимолй дар шахри Услу (Oslo) ва тахкикоти байнулмилалй дар Бонки Урупоии Бозсозй ва Тавсеъа, Бонки Чахонй ва Сандуки Байнулмилалии Пул, ки аз даъвои казоии нофарчоми Рахмон химоят мекарданд, бокист.

Хамчунин хеч кас намегуяд, ки ин тавофуки махрамона зохиран шомили пардохти даххо милюн дулор хазинаи додгох аз суи ширкати Талко низ мешавад. Ин мухокима аз гаронтарин мурофеъот дар торихи додрасии Бритониё буд.

Як коршинос, ки чараёни додгох ва натичаи онро дар Ландан пайгирй мекард, ба Asia Times Online гуфт: «Ин око (Рахмон) барои ин казия 200 милюн дулор хазина кард ва барои чи натичае? У эътиборашро лаккадор кард ва обруи хонаводаашро бурд ва эътибори мухимтарин бонки кишвараш (Ориёнбонк)-ро зери суол бурд. У сандуки даромади содиротии кишварашро холй кард. Миёнаи у бо сармоядори рус [Олег Дерепаска], ки каблан шарикаш буд, ба хам хурд. Вай ширкати нурвежй (норвегй)-и Хидру (Hydro)-ро даргири тархе кардааст, ки мояи сарафкандагист ва барои нурвежихо, ки онро имзо кардаанд ва бонкдорони байнулмилалй, ки тархро аланан таъйид кардаанд, ин тарх чизе бадтар аз расвоист.»

Дар паи он ки Стивен Томлинсон – козии додгохи Ландан ичоза надод, ки даъвои чахорсола ба таъвик биуфтад ва дастур дод, ки мурофеъа дар поёни мохи гузашта (уктубр) огоз шавад, фишор бар Рахмон барои поён ниходан ба даъво афзоиш ёфт. Утоки 76-и додгох ба унвони махалли мурофеъа таъйин шуд ва руи мизхои он бастахои аснод ва дастгоххои роёна карор гирифтанд ва бисоти гуруххои вакилон ва козии хозир дар мурофеъа пахн шуд.

Танхо барои мурофеъа дар Девони Олии Ландан то кунун беш аз 140 милюн дулор хазина шудааст. Дигар даъвохои казоии марбут ба Точикистон хамчунон дар чазоири Вирчини Бритониё ва Суис (Шветсария) чараён дорад ва махоричи онхо руихамрафта 4 дарсади даромади нохолиси миллии кишварро ташкил медихад.

Шаходатхо, ироаи аснод ва бозпурсии гувохон дарёе аз шавохиду далоилро чорй кардааст, ки на танхо барои ширкати давлатии Талко ва вобастагонаш дар чазоири Вирчини Бритониё, балки барои ширкати давлатии нурвежии Hydro Aluminium, Бонки Урупоии Бозсозй ва Тавсеъа ва Боки Чахонй низ хичолатбор буд.

Даъво замоне огоз шуд, ки ширкати Талко (ТадАЗ-и пешин) Аваз Назаров ва дигаронро, ки бо корхонаи арзиз – бузургтарин ниходи санъатии Точикистон доду ситад мекарданд, ба кулохбардорй ва суъимудирият муттахам кард. Онхо саранчом дар соли 2004 барканор шуданд. Назаров мутакобилан икомаи даъво кард ва мудирияти Талкоро ба кулохбардорй, чаъли санадхо ва ихтилоси даромади корхона ва бахракашй аз он муттахам кард. Ба гуфтаи у, оидоти хосил аз содироти олюминиюми Точикистон аз тарики ширкатхои тахти кунтрули Рахмон ва акрабояш ба чазоири Вирчини Бритониё мунтакил шудааст.

Дар мохи жуан (июн) Сандуки Байнулмилалии Пул гузоришеро мунташир кард ва хостори бозрасии байнулмилалии мустакилли хисобхои ширкати Талко шуд ва ин ширкатро, ки мустакиман тахти назари Рахмон аст, ба анчоми «амалиёти молии бисёр нигаронкунанда ва ношаффоф» муттахам кард. Сандуки Байнулмилалии Пул хамчунин дастур дод, ки «як вохиди назоратии вижа дар вазорати доройи» таъсис шавад, ки яке аз вазоифаш таъйини «даромадхои молиётии номушаххас ва бидехй (карз)-хои пушидаи эхтимолй» бошад.

Давлати Иёлоти Муттахида, ки нигарони асароти бади чанчоли додгохи Ландан руи хайсияти сиёсии Рахмон ва тавоноии дарёфти карзи бонкхои байнулмилалй ва дихишгарон (донорхо) аз суи у буд, ошкоро хостори бозрасии хисобхо ва анчоми ислохот дар умури Талко шуд. Паёми Вошингтун ин буд, ки агар Рахмон мехохад чон ба саломат бибарад, бояд аз кунтрули корхонаи арзиз фосила бигирад.

Сипас дар мохи равон (нувомбр), хамин ки мурофеъаи Ландан огоз шуд, шавохиди сарнавиштсозе барои нахустин бор руи об омад. Ин санад тавофукест, ки рузи 20 десомбри 2006 миёни Симон Сторезунд аз Hydro Aluminium ва Садриддин Шарипов аз Талко имзо шудааст. Ин санади 49-сафхайи накшаеро ташрех кардааст, ки бино бар он ширкати Hydro уксиди олюминиюм (alumina)-ро бо кимати гарон ба корхонаи Точикистон мефурухт ва олюминиюмро бо кимати поин мехарид. Даромади корхона аз ин муъомила чизе бештар аз кимати фароварй (обработка)-и уксиди арзиз набуд. Карор буд оидоти содироти олюминиюм ба ширкате дар чазоири Вирчини Бритониё пардохт шавад.

Шарипов дар гувохии худ дар додгох таъйид кард, ки кимати фароварии модда камтар аз кимати тавлиди олюминиюм будааст. Шарипов дар чараёни пурсишу посухи додгох хамчунин тасдик кард, ки дар як маврид аз у хоста буданд, то олюминимеро, ки барои гурухи бозаргонии барканоршуда тавлид шуда буд, ба таври ройгон ба як ширкат дар чазоири Вирчини Бритониё бидихад.

Сандуки Байнулмилалии Пул дар гузориши мохи жуан (июн)-и худ кимати нисбатан поини фароварии олюминиюм дар корхонаи Точикистонро изъон карда буд. Ин тавофукнома ва гувохии эъломшуда дар додгох хокист, ки ин тарх накшаи шайёдонае буд барои тасохуби пул аз суи макомоти баландпоя. Аммо номи сахомдорони точик, ки ширкатхои вокеъ дар чазоири Вирчини Бритониёро кунтрул мекарданд, пушида монд.

Шавохиди бештари ироашуда дар додгох ба ин нукта хам ишора дошт, ки мудирони омили ширкати Hydro аз пеш медонистанд, ки ин сахомдорон чи афроде хастанд ва тадобире чихати махфй нигох доштани манофеъи онхо анчом гирифта буд. Дар додгох хамчунин ифшо шуд, ки яке аз сахомдорони фаръии ширкати вокеъ дар чазоири Вирчини Бритониё «мохи оврил (апрел)-и соли 2008 ба чурми ришвахорй ва сарпечй аз пардохти молиёт тавассути додгохе дар Точикистон ба хашту ним сол зиндон махкум шуда буд.»

Хангоми пурсишу посух бо Шарипов козй Томлинсон дар мавриди чаъли санадхо изхори нигаронй кард ва аз ширкати хукукии Herbert Smith, ки аз Талко намояндагй мекард, хост, то тавзех дихад, ки чаро чанд сатр дар шавохиди мустанад хазф шудааст. Зохиран он сатрхо барои пушида нигох доштани накши ширкати русии Русал, ки корхонаро дар поёни соли 2004 тахти кунтрули худ гирифт, хазф шуда буданд. Шарипов хамчунин ба таври мустанад муттахам ба дасткорй ва чаъли асноди гумрук шуд.

Дар хулосае, ки ба козй Brian Doctor ироа шуд, вакили мудофеъи гурухи Назаров гуфт, ки пас аз барканории онхо «мукаррароти нав барои корхонаи арзизи Точикистон аз лихози молй фочеъабор буд ва дар вокеъ созукоре буд барои гурухи CDH ва акнун мудирияти Талко, то даромадхои корхонаи арзизро ба ширкатхои худ дар чазоири Вирчини Бритониё ворез кунанд. Мо мутмаиннем, ки бино ба мукаррароти чадид корхонаи арзизи Точикистон ба таври билкувва 450 милюн дулор аз даромади холиси худро пеш аз пардохти молиёт аз даст дод ва агар он ба мукаррароти Ансол/Hamer пойбанд мемонд, ин хисоратро мутахаммил намешуд. Дар холе ки корхонаи арзизи Точикистон таи солхои 2005 то 2007 куллан худуди 15 милюн дулор бахра дошт, даромади мудирияти CDH/Талко беш аз 500 милюн дулор буд ва ин маблаг ба хисоби сохибони CDH/Talco Management ворез шуд.»

Мудирони омили ширкати Hydro дар шахри Услу (Oslo) аз баррасии чузъиёти амалиёташон бо ширкати Талко ва Talco Management ё ифшои накшаи Hydro дар додгох худдорй карданд. Halvor Molland, сухангуи ширкати Hydro ба торнамои Asia Times Online гуфт: «Мо дар бораи сохибони расмии Talco Management [яке аз ширкатхои вокеъ дар чазоири Вирчини Бритониё] иттилоъот дар ихтиёр дорем ва далеле вучуд надорад, ки ба хуввияти онхо шак кунем.»

Molland хамчунин аз як банди карордоди соли 2006-и ширкаташ бо Талко дифоъ кард. Дар он банди санад ширкати Hydro ба Талко кавл додааст, ки дар икомаи даъвои он алайхи мудирияти пешин ба Талко кумак хохад кард ва мувофикат кардааст, ки дар сурати муваффакияти казоии Талко то 57.5 милюн дулор аз махоричи хукукиро бипардозад. Накши ширкати Hydro дар ташвики тoчикхо барои пайгирии даъвои пурхазинаашон дар Ландан то кунун равшан набуд. Ба гуфтаи Molland, «ишколе надорад, ки бахше аз ин дороихо ба унвони пардохти кисмате аз бидехии Tadaz/Talco ба Hydro талаккй шавад.»

Мудирони Бонки Урупоии Бозсозй ва Тавсеъа аланан изъон кардаанд, ки дар музокироти мунтахй ба тавофуки Hydro-Talco дар мохи десомбр (декабр)-и соли 2006 ширкат кардаанд ва онхо шароити тавофукро ошкоро таъйид кардаанд. Аз Enery Quinones, яке аз мудирони аршади Бонки Урупоии Бозсозй ва Тавсеъа ва шахрванди Омрико пурсиданд, ки у дар бораи тавофукномаи ифшошуда дар Девони Олй чи медонад ва ин ки чаро бонки у ба Талко кумак кард, то алайхи дигар тарафхо, аз чумла гурухи Ансол/Назаров ва Русал икомаи даъво кунад, то барои ширкати Hydro пул хосил кунад. Аз Quinones хамчунин пурсиданд, ки Бонки Урупоии Бозсозй ва Тавсеъа (БУБТ) барои хифзи худ аз даргир шудан дар як накшаи зохиран фасодолуди тагйири масири маблагхо тибки карордоде, ки ин бонк аланан таъйид кардааст, чи тадбирхое анчом дода буд.

Quinones аз додани посух сарпечй кард. Козй Томлинсон ба гувохие гуш дод, ки дар он бонкдорони БУБТ «зудбоварони ноогохи ин мочаро» унвон шуданд, аммо Anthony Williams, як сухангуи БУБТ, ишора кард, ки созмони у бештар огох буда, то ноогох ва аз химояти худ аз ин муъомила даст намекашад. Williams ба торнамои Asia Times Online гуфт, ки «БУБТ дар бораи иртибототи каблй дар мавриди ин мавзуъ тавзехоти бештаре надорад.»

Хуручи раёсати чумхурии Точикистон ва корхонаи арзиз аз Девони Олии Ландан, ки шомгохи чахоршанбе иттифок уфтод, ва тавофуки онхо бо Назаров монеъ аз судури хукми додгох бар мабнои шавохид шуд. Аммо ин икдом иддаъохои гурухи Назаровро таъйид мекунад. Аз суи дигар, парвандаи иддаъохо, ки шомили холи афроди дахил дар накшаи Hydro ва судхурони ин муъомила мешавад, хануз боз аст.

Shigeo Katsu, Annette Dixon ва Chiara Bronchi макомоти аслии Бонки Чахонй буданд, ки аз карордоди мохи десомбри 2006 ва шароити доду ситади олюминиюм, ки акнун ошкор шудааст, химоят карда буданд. Аз онхо хам хоста шуд, то далели химояти худ аз тагйири масири даромадхои корхона ва ташвики Точикистон ба пайгирии даъвои казоиаш дар додгохи Ланданро тавзех диханд. Ва хамчунин бигуянд, ки чаро онхо дар баробари шавохиди Девони Олй мабнй бар як тавтеъаи густарда барои кулохбардорй хомуш монданд. Andrew Kircher, сухангуи Бонки Чахонй, кавл дод, ки ба ин пурсишхо посух бидихад, аммо ин ваъдаи у амалй нашуд.

Аз ширкати Талко ба таври телефунй ва навишторй хоста шуд, то дар бораи натичаи мурофеъаи Ландан изхори назар кунад. На дафтари Шарипов ва на Саёхат Кодирова – сухангуи расмии ширкат ба ин дархостхо посух доданд.

Wednesday, December 03, 2008

Rusal attacks Tajik Aluminium over 'fruitless' claim

Русал алайхи корхонаи арзизи Точикистон бар сари даъвои «бесамар» ситеза мекунад

Алекс Спенс

Аз Times Online
November 28, 2008


Русал – ширкати гулосои олюминиюми Русия, ки тахти кунтрули Олег Дерепаска аст, дируз (27 нувомбр) алайхи як ракиби худ дар мавриди як даъвои дуругини «хангомасоз», ки милюнхо пунд стерлингро барои хадамоти хукукии «бесамар» ба боди фано дод, хамлаи шадиде кард.

Изхороти ширкати Русал як руз пас аз он сурат гирифт, ки ширкати олюминиюми Точикистон мавсум ба Талко поёни мурофеъаи 500 милюндулории худ алайхи яке аз шарикони пешини худ дар Девони Олии Ланданро эълом кард. Ин мурофеъа барои ба даст овардани кунтрули корхонаи арзиз вокеъ дар перомуни шахри Душанбе рох уфтода буд.

Бо ин ки ширкати Русал муттахам (айбдоршаванда)-и ин казия набуд, он дар як даргирии хукукии дигар бар сари корхонаи арзиз, ки танхо дороии санъатии мухимми Точикистон аст, гирифтор мондааст. Хазинаи хадамоти хукукии мурофеъа танхо дар Ландан наздик ба 90 милюн пунд(беш аз 140 милюн дулор) ё муъодили худуди 5 дарсади даромади нохолиси миллии Точикистон аст.

Дар соли 2005 ширкати Талко дар Девони Олии Ландан алайхи Аваз Назаров, як бозаргони точик икомаи даъво кард ва уро ба ихтилоси даромади корхона тайи солхои 1996 то 2004 аз тарики равобити фасодолуде бо мудири пешини он муттахам кард.

Окои Назаров ин иттихомро такзиб кард ва алайхи ширкати Талко барои 130 милюн дулор даъвои мутакобил кард. Дар чараёни мухокима дар мохи гузашта вакили мудофеъи у афроди муртабит бо Эмомъалии Рахмон, раисичумхурии Точикистонро ба барканории гайриконунии Аваз Назаров дар мохи десомбр (декабр)-и соли 2004 муттахам кард ва афзуд, ки Талко бо истифода аз иттихомоти дуругин мехохад сари казияи аслй сарпуш бигзорад.

Рузи панчшанбе хар ду тараф таъйид карданд, ки ба тавофуки махрамонае даст ёфтаанд ва мурофеъа бидуни эъломи масъул ва мучрими казия ба поён расид.

Аммо Талко мухокимаи чудогонаеро дар додгохи чазоири Вирчини Бритониё рох андохтааст ва муттахами казия ин бор ширкати Русали Русия аст. Бино ба ин иттихом, ширкати Русал, ки шарики пешини окои Назаров буд, ба у дар ихтилоси дороихои корхонаи арзизи кумак кардааст. Тавофуке, ки дар Ландан хосил шуд, шомили холи ин мурофеъа намешавад ва он хамчунон идома дорад.

Русал, ки салохияти додгохи чазоири Вирчини Бритониё дар мавриди расидагй ба ин казияро ба чолиш кашидааст, имруз гуфт, ки Талко бояд аз додгохи Ландан «дарсе барои худ бигирад» ва ба куллй аз даъвохои додгохй даст бикашад.

Русал дар як баёния эълом кард: «Талко сиёсати пархез аз пазириши масъулиятро ихтиёр карда ва онро аз рохи эъломи иттихомоти хангомасозу беарзиши мабнй бар кулохбардорй алайхи бистонкоронаш (талабкоронаш) анчом медихад. Ба чои исрофи манобеъи махдуди Точикистон барои хадамоти хукукии бесамар Талко бояд ба содагй карзашро ба бистонкоронаш бипардозад. Агар Талко ин корро накунад ва тарчех дихад, ки иттихомоташ алайхи Русалро пайгирй кунад, Русал мутмаин аст, ки ин иттихомот ба сарнавишти иттихомоти пешин дучор хохад шуд... ва саранчом такзибу матруку беэътибор хохад шуд.»

Як сухангуи Талко иддаъохои Русалро рад кард ва гуфт, ки ширкати у мутмаин аст, ки дар мурофеъаи чазоири Вирчини Бритониё комгор хохад шуд.

Вай гуфт: «Русал хамчунон саргарми бозихои казоии худ аст, то аз баррасии умураш тавассути як додгохи байнулмилалй чилавгирй кунад. Аммо Русал кодир нахохад буд аз расидагй ба иттихомоти Талко дар як додгохи бетараф барои хамеша чилавгирй кунад.»

Poll: Brace Yourself for Coming Winter

Точикистон дар зимистони оянда:

9 раъй

Такрори зимистони гузашта 3 (33%)

Бадтар аз зимистони гузашта 6 (66%)

Бехтар аз зимистони гузашта 0 (0%)

Дигар 0 (0%)

How to Checkmate a King

Матлаби зер имруз аз Душанбе дарёфт шуд. Як Дарвеш бо сипос аз нависандаи он Ромизи Шероз маколаро бидуни кучактарин вероиш чоп мекунад. Як Дарвеш масъули матолиби дигарон нест ва навиштахои дигаронро бо такя бар асли чандандешй (плюрализм) мунташир мекунад. Посух ба ин навиштахо низ бозтоб хохад ёфт.

Чи гуна як шох мот шуд

Оштии миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Ансол» бадномии президент Раҳмон ва атрофиёни ӯро дар саросари олам бештар кард.

Хабари «миравой» ва ё бо ҳам оштӣ кардани корхонаи давлатии арзизи тоҷик мавсум ба ТалКо ва ширкати Ансол,ки тайи се соли ахир дар додгоҳи салтанатии Ландан идома дошт, дар ҳоле пахш мешуд, ки телевизиони тоҷик аз корномаҳои беназири «сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ» Эмомалӣ Раҳмон ситоишро ба авҷи аъло мерасонд.Бале,дар бораи ҳамон сиёсатмадори беназир ,ки чанде қабл аз адами як юристи байналмилалӣ дар кишвараш дарди дил мекард ,то ӯву додарарӯсаш Ҳасан Асадуллозода-раиси Ориёнбонк) ро дар баробари «дуздон»-и ширкати Ансол дар додгоҳи Ландан ҳимоят кунад.

Вақте ҳамаи расонаҳо ва ҳатто созмонҳои ёригар ба ӯ гуфтанд ин қадар харҷу масрафоти ҳангуфт барои кишвари қашшоқе чун Тоҷикистон ҳеҷ зарурат надорад ва хуб будӣ ин ҳама барои рушди зиндагӣ масраф шавад оқои Раҳмон ва атрофиёнаш гуфтанд 140 миллион доллар чӣ 200 миллион доллар ҳам бошад харҷ мекунанд то «имиҷ»-и кишвар ва шарафи корхонаи ТалКо дар сатҳи байнулмилалӣ ҳифз шавад.

Аммо имрӯз чӣ хулоса шуд? Баъди он ҳама хароҷоти миёншикан,ки баробар ба даҳдарсади маблағи буҷаи кишвар дар соли оянда аст.Ва ин ҳам танҳо маблағи масрафшуда барои адвокатҳои ТалКо.Ва аслан чӣ шуд,ки Раҳмон 180 дараҷа тоб хӯрду ба оштӣ рӯ овард?Хуб,ин дуруст аст,ки масорифу махориҷ аз ҷайби ӯ нест ва ӯ раҳме ба пули мардум надорад.Пас чӣ боис шуд?

Манобеи наздик ва огаҳ аз асли қазия гуфтанд,ки авқоти ахир дар додгоҳи Ландан кори ширкати Ансол то ба ҳадде пешрафтааст,ки мебоист худи Эмомалӣ Раҳмон ба сифати шоҳид даъват ва таҳти бозпурсӣ қарор мегирифт.Оқои Раҳмон дуруст он саволҳоеро бояд посух медод,ки сарнавишти суратҳисобҳои пинҳонӣ ва ширкатҳои пӯшидаи коршарики ТалКо дар ҷазоири Вирҷинияро,ки худи ӯ низ аз муассисони онҳост, рӯшан мекард. Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода ва чанд тани дигар аз ин авлод аз рӯи далоили ҷамъоварикардаи додгоҳ бар сирқати маболиғи ширкати ТалКо даст дошта, даромадҳои асосии ин ширкат умдатан дар суратҳисобҳои манотиқи офшории онҳо сарозер мешудааст.

Акнун бар изофаи он 160 миллион доллари ба «юристони байнулмилалӣ» додаи Раҳмон харҷи сафари ҷониби ҳукумат дар ин се -чаҳор соли ахир ба Ланданро ҳисоб кунед,ки баробар ба даҳҳо миллион доллари дигар мешавад.

Хуб бо ин ҳама дӯғу дағдаға ва то ба пулиси байналмилал-Интерпол шикоят бурдани Раҳмон ва атрофиёнаш алайҳи Аваз Назаров ва Абдуқодир Эрматов ирӯз худи ӯ маҷбур шудааст,ки аризаи даъвогиро муқобили онҳо аз додгоҳ пас бигирад.Ва низ розӣ шудааст,ки ҳамин тавр аризааш муқобили Ансол ва Эрматовро аз Интерпол пас бигирад.

Вале ин ҳафта ҳафтае буд ки барои Раҳмон се шармандагӣ ба бор овард.Яке ин ногузир шуд ба Созмони миллали Муттаҳид иқрор кунад дар боздошт ва истирдоди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров- раиси ҲДТ ӯро Русия кӯмак кардааст,дар ҳоле ки ҳамеша мегуфт Искандаровро дар Душанбе боздошт кардаанд дуввум ин ки Русия ва мақомоти додситонии вай эълон кард,ки ба ҳеҷ ваҷҳ Додоҷони Атовулло- сардабири «Чароғи рӯз» ва раиси ҳаракати «Ватандор»-ро таслими Тоҷикистон намекунад ва ниҳоят шармандагии аз ҳама калони сеюм ин бохти ӯ дар баробари ширкати Ансол аст,ки Раҳмон дуздашон хонда буд.Вале маълум шуд,ки дузди калон худи ӯст.Ва вақте ҳам рӯ ба оштӣ овард,ки фишорро эҳсос кард,онгуна ки ибтидо оппозисиюни тоҷикро дар хунхориву ҷанг муттаҳам карда вале вақте ҳалқа барояш танг шуда буд, рӯ ба оштӣ овард

Бо ин аъмолаш вай давлат ва Тоҷикистонро дар сатҳи байнулмилал бебрӯ, бешараф ,таҳқиру сархам ва шарманда кард.Ва агар бо мантиқи худи ӯ ба ҳодиса наздик шавем ӯ дар назди миллат бояд ҷавоб диҳад, мисле ки барои таҳқири шахсияти президент дар қонун ҷазо муқаррар кардааст ӯ барои таҳқиру паст задани шаъну эътибори давлати тоҷикон ва халқи тоҷик ӯ бояд ба додгоҳ кашида шавад.

Ромизи Шероз
Душанбе

Friday, November 28, 2008

Tajikistan turns on Rusal after Talco deal

Пас аз муъомила бо Талко Точикистон ба Русал ру меорад

Меган Мурфи, хабарнигори додрасй

Financial Times

Published: November 28 2008 01:26 | Last updated: November 28 2008 01:26

Дар паи ифокаи яке аз гаронтарин мухокимахо дар торихи додрасй дар Бритониё давлати Точикистон мехохад ба ширкати олюминиюми Русал, ки тахти идораи милиордери рус Олег Дерепаска аст, бипардозад.

Мухокимаи пуровоза дар Девони Олии Бритониё бар сари иттихомоти мабнй бар фасоди молй ва ришвахорй дар Талко (корхонаи давлатии олюминиюми Точикистон), ки мухимтарин дороии санъатии Точикистон ба шумор меояд, сархатхои нохушояндеро барои давлати ин кишвар дар матбуъоти чахон падид овард. Ин дар холест, ки Точикистон ба унвони яке аз факиртарин кишвархои Осиёи Миёна дар ростои чалби сармоя ба шиддат дасту по мезанад.

Пахши ин хабар ки Талко акнун касд дорад талошхояшро бар икомаи даъво алайхи Русал дар чазирахои Вирчини Бритониё мутамаркиз кунад, метавонад гуруххои имдодрасонро биозорад. Созмонхои имдод давлати Точикистонро сарзаниш кардаанд, ки даххо милюн дулорро хазинаи як мухокимаи казойи дар хорич аз кишвар мекунад, дар холе ки ин чумхурй дар зимистони имсол бо камбуди шадиди хорбор (хурок), гармо ва неруи барк мувочех хохад буд.

Ин мухокимаи тулонй умдатан дар мавриди иттихомоти Талко алайхи мудири пешини он Абдулкодир Эрматов ва корпардози аслии корхона Аваз Назаров буд. Талко муддаъй буд, ки ин ду тан 500 милюн дулор аз даромади корхонаро тайи солхои 1996 то 2004 дар як шабакаи ширкатхои бурунмарзй ба таври гайримучоз захира кардаанд.

Талко иддаъо мекунад, ки Русал – бузургтарин ширкати тавлиди олюминиюми чахон ва окои Дерепаска дар ин ихтилос хамдастй доштаанд. Талко мехохад аз рохи мухокимоти хукукй дар чазирахои Вирчини Бритониё он хисоратро чуброн кунад.

Муъомилаи рузи панчшанбе даъвии казоии ин ширкат алайхи окоён Назаров ва Эрматовро поён дод. Хар ду нафар иттихомоти ширкатро рад карданд ва алайхи Талко даъвои мутакобилеро бо такозои 150 милюн дулор рох андохта буданд. Муъомила миёни ширкати давлатии Талко ва ин ду нафар махрамона буд ва хеч як аз тарафхо ба унвони бидехкор (карздор)-и ин мочарои молию казойи эълом нашуд.

Tajik Aluminium settles $500m fraud claim

Даъвои 500 милюн дулории Талко ба ифока расид

Аз Times Online
November 27, 2008


Яке аз гаронтарин мурофеъахо дар торихи Бритониё имруз (27 нувомбр) пас аз се соли радду бадали иттихомоти тунду талх ва харчи даххо милюн пунд (фунт) барои хадамоти хукукй ба ифока расид.

Баррасии ин парванда, ки дар паи набард барои кабза кардани кунтрули корхонаи олюминиюми Точикистон (яке аз факиртарин кишвархои Осиёи Миёна) падид омад, мохи гузашта дар Девони Олии Ландан огоз шуд.

Ширкати олюминиюми Точикистон (Talco) – гардонандаи давлатии корхонаи арзизгудозй Аваз Назаров - шарики тичории пешини худро ба ихтилоси беш аз 500 милюн дулор дар хилоли солхои 1996 ва 2004 дар чараёни равобити фасодолуде бо мудири пешини корхона муттахам кард. Окои Назаров, ки мункири ин иттихом аст, дар як даъвои мутакобил хостори дарёфти худуди 130 милюн дулор аз ширкати Талко шуд.

Дар баёнияе, ки субхи имруз ширкати Талко мунташир кард, омадааст, ки хар ду тараф ба тавофуке даст ёфтаанд ва ин ки мурофеъа ба поён расида ва хеч як аз тарафхо муттахам ва масъули казия махсуб намешавад. Шароити муъомила махрамона буд.

Набарди тунду тез барои ба даст овардани кунтрули корхонаи арзиз, ки севвумин корхонаи арзизи бузурги чахон ва танхо дороии санъатии мухимми Точикистон аст, кабл аз огози мурофеъа ба анчоми даргирихои казоии фаровон дар чандин кишвар мунчар шуд.

Дар ин даъво ду тавлидкунандаи кавии арзизи чахон – Русал (ширкати русии тахти кунтрули Олег Дерепаска) ва Норск Хидро (ширкати санъатии гулосои Нурвеж) даргир шуданд ва мавзуъи иддаъохои хорикулъодаи хар ду тараф шуданд.

Мохи гузашта дар Девони Олии Бритониё вакилони Талко окои Назаров – бозаргони точики мукими Ланданро ба пардохти милюнхо дулор ришва ба мудири пешини корхона, аз чумла як опортмони 600 000-дулорй дар минтакаи Марилбоуни Ландан барои писари у, муттахам карданд.

Вакилони окои Назаров дар вокуниш ба ин иддаъо афроди муртабит бо давлати Точикистонро ба сарпуш гузоштан руи фиребу такаллуби худашон бо истифода аз ин иттихомот муттахам карданд.

Вакили мудофеъ Брайан Доктор ба додгох гуфт, ки афроди муртабит бо раисичумхурй Эмомъалии Рахмон окои Назаровро дар мохи десомбри соли 2004 ба таври гайриконунй аз макомаш канор гузоштанд ва аз он замон то кунун мохона беш аз 20 милюн дулор аз даромади корхонаро ба як ширкати бурунмарзй мунтакил мекунанд. Ба гуфтаи у, хамин интиколи гайриконунии даромади корхона боъис шудааст, ки Талко алорагми афзоиши шадиди кимати олюминиюм тайи чахор соли ахир наметавонад бидехй (карз)-хои худро бипардозад.

Окои Доктор ба додгох гуфт, ки Талко ин казияро «ба таври лагомгусехта» дунбол кардааст. У пурсид, ки чаро дар ин мухокима Талко хозир аст панч дарсади даромади нохолиси миллии кишварро хазина кунад. Вай гуфт: «Дар вокеъ хеч мурофеъае дар торихи мухокимоти казойи барои мутолибагар ин кадр гарон тамом нашудааст.»

Талко дар баёнияе, ки мунташир кард, иттихомоти окои Назаров мабнй бар кулохбардориро такзиб кард ва гуфт, ки хазинаи мурофеъа бад-он далел боло рафт, ки «раванди тулонй ва гароне барои канори хам гузоштани хакоик ва полудани онхо аз дуругу тахрифоти дасисакорон ва хамдастони онхо рох уфтод.»

Херберт Смит – ширкати хукукии шахри Ландан, ки аз Талко намояндагй мекунад, пеш аз огози мурофеъа ифшо кард, ки интизор доштааст то поёни мухокима худуди 55 милюн пунд (110 милюн дулор) хазина кунад. Ширкати Clyde & Co., ки аз окои Назаров намояндагй мекунад, мизони харочотро 22 милюн пунд (44 милюн дулор) унвон кард. Дигар вакилон 10 милюн пунд (20 милюн дулор)-и дигарро ба хисоб афзуданд.

Бо вучуди ин, вакилони наздик ба мурофеъа гуфтанд, ки ин арком танхо марбут ба умури казоии анчомшуда дар Ландан аст ва хазинаи вокеъии мурофеъа бисёр бештар аз ин харфхост. Дар яке аз мурофеъоти муртабит ширкати Талко ширкати Русали Русияро, ки шарики пешини окои Назаров буд, ба хамдастй дар кулохбардорй муттахам кардааст.

Гуфта мешавад, ки то кунун дар торихи додрасии Бритониё танхо ду мурофеъаи бозаргонии дигар хазинаи бештаре доштаанд. Хазинаи сарсомовари ин мурофеъа нигаронихоеро ба вучуд овардааст, ки шояд он эътибори Ландан ба унвони махалли баргузории мурофеъоти тичориро лаккадор кунад ва ширкатхоро водорад, ки барои халли мушкилоти казоии худ суроги додгоххои арзонтареро бигиранд.

Friday, November 14, 2008

Latest Technology vs Privacy

Фанноварии навин дар киболи харими хусусй

به دبيره پارسی

Чи хиссе хохед дошт, агар бидонед, ки маъмурони бонки шумо аз фурушгоххо ва рестуронхо ва хутелхои мавриди алокаи шумо огоханд ва медонанд, ки чи соъате аз кучо чи чизеро харидорй кардед ва баъдан ба кучо рафтед? Ё агар бидонед, ки фарохамсози хадамоти интернетии шумо медонад шумо дар тули руз аз кадом торнамохо боздид мекунед, чи тасовиреро мебинед ва чи навъ мусикиро мешунавед, чи холе пайдо мекунед?

Инхо нахустин марохили фуру рехтани деворхои харими хусусй буд, ки холо хелехо ба он ху гирифтаанд ва ба удул аз ин бахш аз харими хусусии худ тан додаанд. Доштани дастгохи кучаке ба номи блутус (Bluetooth), ки имконоти фаровони иртиботиро барои шумо фарохам мекунад, мумкин аст додахои хусусие монанди ному торихи таваллуд ва хатто нишонии пайки электруникатонро ба афроди перомунатон мунтакил кунад.

Гузориши тозаи мачаллаи «Нйу соентист» (New Scientist) бисёре аз мардуми Бритониёро, ки телефунхои хамрохашон бо блутус мучаххас аст, нигарон кардааст. Бино ба ин гузориш, харакоти рузонаи даххо хазор тан дар ин кишвар бо истифода аз блутуси худи онхо бидуни огохишон пайгирй мешавад.

Дар маконхое махфй дар сатхи шахри Бос (Bath) дар гарби Инглистон дастгоххои скан (дидбон) насб шудааст, ки сигноли дастгоххои блутусро дарёфт мекунад ва омаду шуди мардумро тахти назар мегирад.

Пажухишгарони Донишгохи Боси Инглис бо истифода аз додахое, ки аз ин дастгоххо дарёфт мекунанд, нахваи рафту омади мардум дар сатхи шахрхоро баррасй мекунанд. Аммо хеч як аз афроди мавриди мутолеъа аз тачовузи донишпажухон ба харими хусусишон огох нестанд.

Ин мавзуъ эътирозхоеро мутаваччехи тархи мавсум ба Ситивер (Cityware) ё «Шахрафзор»-и Донишгохи Бос кардааст, аммо дастандаркорони ин тарх мегуянд, ки манзурашон танхо тахкики тахарруки дастачамъии анбухи мардум аст ва бо так-таки афрод коре надоранд. Ба гуфтаи мудири ин тарх, тасаввури ин мавзуъ, ки ниходе бихохад бо истифода аз блутус ба мушаххасоти хусусии афрод дастрасй дошта бошад, музхик аст.

Аз суи дигар, Восилис Кустокус, аз устодони пешини хамин донишгох, изъон мекунад, ки блутус хатаре чиддй алайхи харими хусусии корбарони он аст ва агар касе аз ин бобат нигаронй дорад, бехтар аст коркарди блутусро дар телефуни хамрохаш хомуш нигах дорад.

Дар вокеъ, блутуси шумо як чосусаки чайбист, ки харакати шумо аз як махал ба махалли дигарро пайваста ба атроф гузориш медихад. Доманаи пушиши сигноли он худуди дах метр аст ва дар дастгоххои чадидтар доманаи бештаре дорад. Блутус дар вокеъ чойгузини симхоест, ки ду роёнаро ба хам васл мекунад ва барои тасхили радду бадали додахо миёни ду дастгох бисёр судманд аст.

Аммо як коршиноси хибраи блутус метавонад, бидуни ин ки шумо хабар дошта бошед, аз рохи дур вориди дастгохи шумо шавад, тасовири махфуз дар онро бибинад, дафтари телефунатонро варак бизанад ва мушаххасоти мавчуд дар телефуни шуморо барои худаш пиёда кунад.

Ба навиштаи рузномаи Гордияни Ландан, то кунун дастгоххои скани Ситивер, ки дар шахрхои Сон Диегу, Турунту ва Берлин ва кишвархое мисли Хунг Кунг, Устролиё ва Сангопур насб шудаанд, сохибони 250 хазор дастгохи блутусро шиносойи кардаанд.

Бархе муътакиданд, ки блутус дар оянда метавонад бо дасткории андаке ба дурбини мадорбастаи мутахаррике табдил шавад, ки аслан тахти кунтрули дорандаи он нахохад буд.

Дурбинхои мадорбаста хам ки дар ошкор кардани чароим ва чиноятхои бисёре корсоз буда, борхо мавзуъи бахсхои доги ичтимоъй дар мавриди тачовуз ба харими хусусии афрод будааст.

Ду сол пеш гузориш шуда буд, ки дар саросари Бритониё худуди панч милюн дастгох дурбини мадорбаста насб шуда, яъне як дурбин барои 12 шахрванди кишвар. Ба иборате дигар, 20 дарсади кулли дурбинхои мадорбастаи чахон дар Бритониё мутамаркизанд, бо ин ки ин кишвар танхо 0.2 дарсади замини кобили искони чахонро ташкил медихад.

Тасвири як шахрванди Ландан рузона худуди сесад бор руи дурбинхои мадорбаста меуфтад. Шаш хазор дастгох дурбини истгоххои метру ва утубусхо, ба изофаи 1800 дастгох дурбини дигар дар истгоххои рохи охани Ландан ва садхо дурбини дигар дар сатхи шахр хамаруза ба обирон зул задаанд (синча мекунанд).

Намоиши бархе аз филмхои дурбинхои мадорбаста мавзуъи баррасихои казойи будааст, чун мардум рогиб нестанд тасвирашон бидуни ичозаи онхо руи сафхаи телевизюн зохир шавад. Шикоятхои фаровон аз ин нахваи кунтрули интизом ва ташбехи он ба чомеъаи «Бародари бузург»-гунае, ки дар достони «1984»-и Чурч Урвел (George Orwell) омадааст, бархе кавоъиди тозаро дар нахваи корбурди ин дурбинхо ба миён овардааст, ки бино бар он, масалан, забти садои афрод дар хиёбонхо ва истгоххо голибан мамнуъ аст.

Дурбинхои телефуни хамрох (mobile) низ аз суи мудофеъони харими хусусии афрод, аз чумла созмони Privacy International мухилл (халалрасон)-и осоиши мардум тавсиф шудаанд. Ин созмон аз созандагони телефуни хамрох хостааст, ки садои диёфрогми дурбинхо ба хангоми баста шуданро баландтар кунанд, то афрод аз корбурди он дар чойхои умумй пархез кунанд.

Бад-ин гуна, рушди физояндаи фанноварии иттилоъотй аз як су асбоби саргармй ва сухулати иртибототро фарохам мекунад ва аз суи дигар дар холи шикастани деворхои харими хусусй ва тагйир додани таърифи ин мафхуми мубхам аст.

Мардум акнун сардаргум мондаанд, ки харими хусусии онхо дар кучо огоз мешавад ва кучо ба сар мерасад, то битавонанд аз он ба дурустй мурокибат кунанд. Ин муъзал аз зоидахои чавомеъи масрафист ва шояд рохи халли он низ чанбаи бозорй ва масрафй дошта бошад. Ба кавли Дейвид Кусгрув (David Cosgrove), аз коршиносони хукукии фанноварии иттилоъотй, шояд пас аз муддате созмонхое шакл бигиранд, ки дар изои пул аз харими иттилоъоти хусусии мо нигахбонй кунанд.

Tuesday, November 11, 2008

Prix Goncourt for Syngue Sabour

Гункур барои «Санги сабур»

به دبيره پارسی

Нависандае, ки дар авони чавонй аз Афгонистон ба Фаронса панох бурда буд, болотарин чоизаи адабии Фаронсаро ба даст овардааст. Чоизаи Гункур (Goncourt)-и Фаронса ба достони «Санги сабур»-и Атики Рахимй таъаллук гирифт. Ин достон шархи мочарохои занест, ки шавхараш дар давраи чанг мутахаммили зарбаи магзй шуда ва бори рузгору мурокибат аз худро ба души хамсараш андохтааст. Ин достони фаронсавй бо номи порсии «Санги сабур» мунташир шудааст.

Чоизаи Гункур аз соли 1903-и мелодй то кунун хамасола ба бехтарин нависандаи фаронсавизабон эъто мешавад. Бунёдгузори он Эдмунд ду Гункур – нависандаи баноми фаронсавист, ки чоизаро ба ифтихори бародараш Жул ду Гункур, ки у хам нависандаи комгоре буд, поярезй карда буд. Окодемии Гункур мураккаб аз дах нависандаи фаронсавист, ки пас аз арзёбии осори тоза номи нависандаи солро эълом мекунанд. Барандагони чоизаи Гункур голибан ба шухрате фарогир ва фуруши фаровони осорашон даст меёбанд.

Аммо Атики Рахимй аз муддатхо пеш аз чумлаи машхуртарин ва пуртарафдортарин нависандагони Фаронса будааст. «Хокистару хок»-и Атики Рахимй, ки баъдан мабнои як филми хунарй хам вокеъ шуд, нахустин достони нависанда аст, ки дар Фаронса ва Олмон бештарин фурушро дошт. Атики Рахимй дар гуфтугуе бо рузномаи «Индепендент»-и чопи Ландан дар мохи десомбри 2002 дар бораи румони «Хокистару хок» гуфта буд:

«Алорагми мавзуъи достони «Хокистару хок» ман мехостам дар он бо вожагони порсй, ки забони модарии ман аст ва бо аносири шифохй ва навиштории он бозй кунам. Ин китоб пур аз хушунат аст, аммо зери сатрхои он замзамаи ашъори садаи сездахуми мелодиро хам метавон шунид.»

Амири Фулодй, рузноманигори мукими Ландан дар бораи румони «Хокистару хок» мегуяд:

«Румони «Хокистару хок» чузъи маъдуди румонхоест, ки вакте чанд сатри аввали онро бихонй, дигар наметавонй аз даст бигзориаш. Ин румон аз забони дуввумшахс ривоят шудааст. «Дастгир» танхо пирмарде, ки бо наваи хурдсолаш (Ёсин) аз як карияи вайроншуда дар асари бумбборони русхо бокй мондаанд. Вахшати бумбборон ва садои махиби бумбафканхо шунавоии Ёсинро низ аз у гирифтааст. Аммо у фикр мекунад, ки баъд аз бумбборон хама хафа шудаанд. Ва хеч чизу хеч кас, хатто падарбузургаш дигар садое надоранд.»

Румони «Санги сабур»-и Атик Рахимй, ки чоизаи Гункурро барои у ба армугон овард, то кунун ба забони порсй баргардон нашудааст. Амири Фулодй, ки бо Атики Рахимй гуфтугуе телефунй анчом додааст, гуфт:

«Достони «Санги сабур» аз хофизаи як зани афгон барои худаш ривоят мешавад. Дар ин достон як мард дар чидоли номаълуме мачрух шуда, дар холати байни маргу зиндагй аст ва факат нафас мекашаду бас. Муллои русто ба занаш гуфта, бояд канори болини шавхараш бинишинад ва хар руз аз бом то шом яке аз асомии Парвардигорро бихонаду тасбех бигардонад, то шавхараш саломаташро бозёбад. Аммо зан ором-ором ва нохоста ба худаш боз мегардад, ба дарунаш, ва аз захмхои даруниаш мегуяд, ки зиндагии уро чун муриёна хурдааст. Мухотаби зан низ дар вокеъ худаш аст. Чун зан медонад, ки шавхари нимачон ва ба игморафтааш аз дунёи перомун, хузури у ва харфхое, ки мезанад, бехабар аст. Идомаи ин гуфтугухои танхойи занро часуртар мекунад ва у охиста-охиста аз розхое, ки солхо аз шавхараш мактум нигах дошта буд, парда бар медорад. Шикоят мекунад, аз ситамхои шавхараш мегуяд, аз ситамхое, ки бар равони у, ба хусус бар тани у раво дошта шуда, мегуяд ва танашро, он гуна ки худаш мефахмад, ба шавхараш арза мекунад.»

Амири Фулодй афзуд:

«Чудо аз матни ривоят «Санги сабур» Атики Рахимй бо забони фаронсавй низ бархурди гайрихинчоре (номаъмул) карда ва ин чанба низ ба шухрати ин китоб дар миёни хонандагони фаронсавй мусоъидат кардааст. Аз вакте хабар шудаам румони «Санги сабур» барандаи чоизаи адабии Фаронса шуда, пайваста ба ин фикр мекунам, ки агар ин достон ба забони фаронсавй набуд, боз хам чунин иттифоке меуфтод? Ва Атики Рахимй дар канори нависандагоне чун Ондре Молру, Морсел Пруст, Мишел Турние ва Потрик Мудёну ва дигар барандагони чоизаи Гункур карор мегирифт? Оё агар «Бодбодакбоз» ва «Хазор хуршедру»-и Холид Хусейнй ба инглисй набуданд, боз хам хамин сарнавиштро доштанд? Шояд на. Вале ба як чиз имон овардаам ва он ин, ки фарзандони кишвархое, ки дар он достонгуйи, шохномахонй, гуш додан ба афсонахо ва киссахои асотирй чузъи фарханг аст, метавонанд ровиён ва киссагуёни хубе бошанд. Забоне агар дошта бошанд.»

Атики Рахимй забони фаронсавиро дар даврони навчавонй дар Афгонистон фаро гирифта буд. У шаш сол пеш дар гуфтугу бо рузномаи «Индепендент» дар бораи худаш гуфта буд:

«Ман дар шахри Кобуле ба дунё омадам, ки барояш мафхумхое чун точику паштун маъно надошт. Модарам омузгор буд ва падарам фармондори як вилоят дар давраи салтанати Зохиршох. Падарам буд, ки маро бо осори Виктур Хугу ошно кард ва дар хонаи мо хамеша тарчумаи осори Штойнбек ва Вирчиниё Вулф пайдо мешуд ва хар як узви хонавода баланд буд шеъре бихонад ё бисурояд.»

Атики Рахимй зодаи соли 1962-и мелодист. У дар дабиристони фаронсавии Кобул омузиш дид. Падари у, ки аз фармондорони давраи Зохиршох буд, пас аз кудетои соли 1973 барои се сол зиндонй шуд. У таи муддате кутох бо падараш дар табъид дар Хиндустон ба сар бурд ва пас аз ишголи Афгонистон тавассути Иттиходи Шуравй дар соли 1979 ба Кобул баргашт, дар риштаи забону адаб тахсил кард ва мунтакиди синемо шуд. Дар синни бисту дусолагй Афгонистонро ба касди Покистон тарк кард. Соли 1985 Фаронса уро ба унвони паноханда пазируфт. Атики Рахимй форигуттахсили донишгоххои Руан ва Сурбуни Фаронса аст.

Wednesday, November 05, 2008

A Black Man in the White House

Сиёхпусте дар Кохи Сапед

به دبيره پارسی

Пирузии Борак Убомо дар интихоботи раёсати чумхурии Иёлоти Муттахидаи Омрико рохи дарозе буд, ки худуди хаштод сол пеш дар Урупо огоз гирифт ва саранчом дар он суи обхо то ба сар паймуда шуд.

Мусалламан, чунбиши сиёхпустони Омрикову Урупо решае бас жарфтар дорад, аммо то дахаи 1930-и мелодй талоши умдаи сиёххо дар ростои дур андохтани занчири бардагй ва сипас фосила гирифтан аз пешинаи дарднокашон анчом мегирифт.

Аммо дар дахаи 1930 буд, ки барои нахустин бор нидои баробарии тамому комили сиёххо бо сапедпустон баланд шуд ва орзухои баландпарвозонаи сиёххо барои даст ёфтан ба макомхои рахбарй дар кишвархояшон ба тадрич дарч ва пахш шуд.

Орзуи саромадони чунбиши Негритюд (Negritude) ё Чунбиши сиёхпустон чандон гайриъамалй хам набуд, ба гунае ки Леупулд Седор Сенгур (Léopold Sédar Senghor) – яке аз рахбарони ин чунбиш пас аз муддате нахустин узви сиёхпусти Фархангистони Фаронса (L'Académie française) шуд ва ниходи раёсати чумхурй дар Сенеголро хаму бунёд ниход ва худаш нахустин раисичумхурии он кишвар шуд.

Негритюд як чунбиши адабй ва сиёсй буд, ки равшанфикрони сиёхпусти мустаъмарахои Фаронсаро дарбар мегирифт. Аъзои ин гурух, ки тахти таъсири навиштахои Ланстун Хйуз (Langston Hughes) ва Ричорд Ройт (Richard Wright) – нависандагони сиёхпусти омрикойи карор доштанд, муътакид буданд, ки мероси муштараки сиёххо бехтарин абзор барои набард алайхи бартаричуйи ва султаи сиёсию зехнии фаронсавихост.

Дар хавзаи Короиб низ чунбиши мушобехе бо номи Негрисму (Negrismo) шакл гирифт, ки нигарони султаи зехнию сиёсии испониёихо буд ва талош мекард дар мудирияти чомеъа мушорикат дошта бошад.

Жон Пул Сортер (Jean Paul Sartre) – файласуфи баноми фаронсавй зимни тахлили чунбиши Негритюд дар соли 1948 онро «нажодпарастии зидди табъизи нажодй» номида буд. Яъне агарчи сиёххо худ аз нажодпарастии сапедхо ранч дида буданд ва бо он сари ситез доштанд, боз хам бар мабнои таъаллуки нажодии худ гирди хам омада буданд, то султаи нажоди дигарро дар хам бишкананд ва доманаи султаи худро бигустаронанд.

Дар дахаи 1960-и мелодй нависандагони сиёхпусте хам буданд, ки чунбиши Негритюдро сарзаниш мекарданд, чун ба гумони онхо Негритюд зиёдй миёнарав буд ва хамчунон дар банди таърифхо ва коъидахо ва шеваи зиндагй ва арзишхои хунарию адабии сапедхо гирифтор монда буд.

Аммо дар хамон давра буд, ки Омрико шохиди мавчи тозае аз чунбиши сиёхпустон ба рахбарии Мортин Лутер Кинг (Martin Luther King) – рухонй ва фаъъоли маданию сиёсй шуд, ки аз хушунат ва тундравй ба куллй фосила гирифта буд ва сирфан ба эътирозхои густардаи дастачамъй ва сулхомез пардохт.

Лутер Кинг тахти таъсири пирузии идеи адами хушунати Мохотмо Гондй (Mahatma Gandhi) дар Хинд чунбиши мушобехеро дар Иёлоти Муттахида рох андохт, бист бор зиндонй шуд ва чахор бор мавриди хамла карор гирифт, аммо саранчом ба иблоги паёмаш ба чахониён даст ёфт ва дар синни сию панчсолагй чоизаи сулхи Нубелро дарёфт кард.

Аммо андешахои Лутер Кинг дар чомеъаи он рузгори Омрико мухолифони сарсахте хам дошт. Соли 1968 яке аз мухолифони тундрав уро хангоми як рохпаймоии эътирозй кушт.

Мортин Лутер Кинг дар мондагортарин суханрониаш бо номи «Руъёе дорам» гуфта буд: «Руъёе дорам, ки чахор фарзанди кучаки ман рузе дар миёни миллате зиндагй кунанд, ки афродаш на ба хотири ранги пуст, балки бо таваччух ба мухтавои сиришташон казоват хоханд шуд.»

Шояд битавон гуфт, ки пирузии Убомо огози тахаккуки он орзуи Мортин Лутер Кинг аст.

Thursday, October 30, 2008

Goodbye, Zamaneh!

با تو بدرود، ای زمانه!

در اين زمانه
به هر بهانه
نه تو بمانی
نه من بمانم
لطيف پدرام

زمانه پندی آزادوار داد مرا
زمانه را چو نکو بنگری، همه پند است
رودکی

مهدی جامی از کوشاترين انسان هايی است که در زندگی ديده ام. شب های بی خوابی و روزهای پرمشغله او بود که از هيچ، يک راديوی نمونه ساخت.

راديو زمانه در طول بيش از دو سال فعاليت بيشتر از راديوهای دهها ساله آوازه شهرتش جهان را درنورديد و به کندوی چهره های برجسته فرهنگ و هنر پارسی تبديل شد.

راديو زمانه ابتکاری ناب بود در روزنامه نگاری پارسی که سرچشمه آن ذهن مهدی جامی و تلاش کارمندان آن بود. نخستين راديويی بود که امکان همکاری هر کسی با يک رسانه را فراهم کرد. کافی بود به اين راديو نامه ای بنويسيد و طرحی را پيشنهاد کنيد.

من برای مدتی دراز به نامه های شنوندگان و خوانندگان راديو زمانه پاسخ می دادم و سيل درخواست ها تکان دهنده بود. شمار زيادی از کارمندان کنونی اين رسانه از جمله نخستين شنوندگان ما بودند که پيشنهاد همکاری دادند و پذيرفته شدند. سياست "درهای باز" مهدی در ژورناليسم پارسی روزنه تازه ای را باز کرد و روزنامه نگاری را درون توده ها برد و به مفهوم "ژورناليسم شهروندی" گوشت و پوست داد و آن را ملموس ساخت.

مهدی بود که ذهن محدود همشهری هايش را با بازگوی حقيقت ها فراختر می کرد و می گفت که اين راديو نبايد تنها برای ايران باشد، چون پارسی تنها زبان ايران کنونی نيست. در نتيجه، پای پارسیگويان ديگر هم به راديوی جوان ما کشيده می شد.

مهدی ارزش کار روزنامه نگاران را خوب می دانست و در تقدير از کار آنها لحظه ای درنگ نمی کرد. حتا پس از اين که از راديو زمانه آمدم بيرون، صفحه ويژه من در تارنمای راديو سر جايش باقی ماند، تا گاه گداری مطالب خودم را روی آن منتشر کنم. راديو زمانه مهدی، محل چاپ و پخش همه مطالب جالب از سراسر جهان بود. آزادی کار با مهدی را هيچ جای ديگر تجربه نکرده ام.

دلم از زندگی در آمستردام گرفته بود و می خواستم برای مدتی کوتاه به لندن برگردم. پس از مشورتی کوتاه با يک همکارم که مسئول فنی راديو بود، طرح ديوانه وتری به مهدی پيشنهاد کرديم: اين که من برنامه ها را از لندنم به طور زنده اجرا کنم. شايد رئيس ديگری اين ريسک را نمی پذيرفت يا کلا به طرح ما و به ريشمان می خنديد. اما مهدی آن را جدی گرفت و طرح ما را آغاز جهانی شدن راديو زمانه دانست. پس از دو سه روز صدای من از لندن پخش شد: اين جا لندن است، راديو زمانه. پخش زنده با استفاده از يک دستگاه ساده رايانه. پس از مدتی ديگر نيک آهنگ کوثر از کانادا برنامه پخش می کرد: اين جا تورنتوست، راديو زمانه. گذارم به هندوستان افتاد و تصميم گرفتم برای مدت درازتری آن جا بمانم و از آن جا برنامه های گوناگون خبری و تفريحی پخش کنم، با ندای "اين جا دهلی است، راديو زمانه". به راستی، راديو زمانه مهدی که همين گونه برنامه های زنده و ضبط شده را از پاريس و برلين و دوبی هم پخش می کرد، داشت دامن پهن می کرد و جهانی می شد.

اما اسپ سمند زمانه همين امروز (30 اکتبر) سکندری خورد و افتاد. هيئت مديره راديو زمانه مديريت مهدی جامی را که آفريدگار راديوست، به حالت تعليق درآورد. چون مهدی موافقت نکرده است که سردبير راديو باشد و کس ديگری به مسند مديريت بنشيند. يعنی مادر کنار برود و دايه ای به جايش بنشيند. يکی از دوستان مهدی می گفت: "خارجی ها می خواستند مهدی اين راديو را راه بيندازد، تا بعدا خودشان لگامش را به دست بگيرند و هدف های پنهانشان را پياده کنند. نمی دانم. اما با رفتن مهدی راديو زمانه ما هم رفت. درست به مانند رفتن باقر معين از راديو بی بی سی و معصومه طرفه از راديو آزادی. آن راديوها ديگر وجود ندارند. راديوهای آرمانگرا و در عين حال واقع بين که سمندوار به سوی آرمان هايشان می شتافتند. اين دو راديو زمانی است که دوره خمودگی را طی می کنند و راديو زمانه هم امروز (30 اکتبر) به اين جمع ناميمون پيوست.

ديشب از مهدی نامه ای دريافت کردم که به دوستان و همکارانش در زمانه فرستاده است با نام "پايان کار من با زمانه":

"دوستان عزیز

به دوره ای که با شما گذراندم افتخار می کنم و آن را یکی از بهترین دوره های زندگی ام می دانم. متاسفم که بیش از این در توان من نبود. اگر در خدمت قصوری کرده باشم مرا خواهید بخشید. از امروز دیگر با زمانه نخواهم بود. شاید وقتی دیگر دوباره جایی دور هم جمع شدیم. برای هر گونه امور حرفه ای مربوط به زمانه با معصومه ناصری در تماس باشید.

من آنچه انجام دادم صرف برای ایده ای بود که همه شما آن را ممکن کردید. از این بابت طبعا از صمیم جان سپاسگزارم. وامدار هیچکس دیگری جز شما نیستم و به آنچه در زمانه کرده ام افتخار می کنم. امیدوارم روزی بتوانم رسانه ای مستقل ایجاد کنم یا به شیوه ای رسانه ای به ایران و همزبانان ام خدمت کنم. قبله من ایران است و هر چه می کنم و می کشم از اوست و برای اوست.

با بهترین آرزوها
مهدی جامی"


دهها تن به اين نامه پاسخ نوشته و از مهدی خواسته اند که تصميمش را بازنگری کند. من نوشتم:


"مهدی جان،

با اين که اين روزها انتظار دريافت اين خبر شوم را داشتم، اکنون پايان حديث زمانه باورم نمی شود. چون زمانه، يعنی مهدی جامی و وارونه. البته پندارها متغير اند و چه بسا فردا مهدی جامی مترادف رسانه ای رساتر از زمانه شود که هيچ هم بعيد نيست. اما از اين که زمانه يتيم شد، متاسفم. مگر اين که پدر و مادر زمانه که شما باشيد دوباره سر خانه و زندگی اش برگردد

سر بلندتان بلندتر باد"


مهدی ديروز از اتاق مدير راديو زمانه که ديگر پذيرايش نيست، دوتار اهدايی دولتمند خال را برداشت و رفت، تا بساطش را در مکانی ديگر پهن کند و دوتارش را روی ديواری ديگر بياويزد. شخصيت های محوری ای چون مهدی هرگز به چاه آز و نياز نمی افتند و تاسف من به هيچ روی متوجه او نيست. بلکه برای راديو زمانه متاسفم که بی ستون ماند.


Бо ту падруд, эй Замона!


Дар ин замона
Ба хар бахона
На ту бимонй
На ман бимонам

Латифи Пидром


Замона панде озодвор дод маро
Замонаро чу наку бингарй, хама панд аст

Рудакй


Мехдии Чомй аз кушотарин инсонхоест, ки дар зиндагй дидаам. Шабхои бехобй ва рузхои пурмашгалаи у буд, ки аз хеч як родюи намуна сохт.

Родю Замона дар тули беш аз ду соли фаъъолият бештар аз родюхои даххосола овозаи шухраташ чахонро дарнавардид ва ба кандуи чехрахои барчастаи фархангу хунари порсй табдил шуд.

Родю Замона ибтикоре ноб буд дар рузноманигории порсй, ки сарчашмаи он зехни Мехдии Чомй ва талоши кормандони он буд. Нахустин родюе буд, ки имкони хамкории хар касе бо як расонаро фарохам кард. Кофй буд ба ин родю номае бинависеду тархеро пешниход кунед.

Ман барои муддате дароз ба номахои шунавандагону хонандагони родю Замона посух медодам ва сели дархостхо такондиханда буд. Шумори зиёде аз кормандони кунунии ин расона аз чумлаи нахустин шунавандагони мо буданд, ки пешниходи хамкорй доданду пазируфта шуданд. Сиёсати «дархои боз»-и Мехдй дар журнолисми порсй равзанаи тозаеро боз кард ва рузноманигориро даруни тудахо бурд ва ба мафхуми «журнолисми шахрвандй» гушту пуст дод ва онро малмус сохт.

Мехдй буд, ки зехни махдуди хамшахрихояшро бо бозгуи хакикатхо фарохтар мекард ва мегуфт, ки ин родю набояд танхо барои Эрон бошад, чун порсй танхо забони Эрони кунунй нест. Дар натича пои порсигуёни дигар хам ба родюи чавони мо кашида мешуд.

Мехдй арзиши кори рузноманигоронро хуб медонист ва дар такдир аз кори онхо лахзае диранг намекард. Хатто пас аз ин ки аз родю Замона омадам берун, сафхаи вижаи ман дар торнамои родю сари чояш бокй монд, то гох-гудоре матолиби худамро руи он мунташир кунам. Родю Замонаи Мехдй махалли чопу пахши хамаи матолиби чолиб аз саросари чахон буд. Озодии кор бо Мехдиро хеч чои дигар тачруба накардаам.

Дилам аз зиндагй дар Омстердом гирифта буд ва мехостам барои муддате кутох ба Ландан баргардам. Пас аз машварате кутох бо як хамкорам, ки масъули фаннии родю буд, тархи девонаворе ба Мехдй пешниход кардем: ин ки ман барномахоро аз Ландан ба таври зинда ичро кунам. Шояд раиси дигаре ин рискро намепазируфт ё куллан ба тархи мову ба ришамон механдид. Аммо Мехдй онро чиддй гирифт ва тархи моро огози чахонй шудани родю Замона донист. Пас аз ду-се руз садои ман аз Ландан пахш шуд: Ин чо Ландан аст, родю Замона. Пахши зинда бо истифода аз як дастгохи содаи роёна. Пас аз муддате дигар Некоханги Кавсар аз Конодо барнома пахш мекард: Ин чо Турунтуст, родю Замона. Гузорам ба Хиндустон уфтод ва тасмим гирифтам барои муддати дарозтаре он чо бимонам ва аз он чо барномахои гуногуни хабарию тафрехй пахш кунам, бо нидои «Ин чо Дехлист, родю Замона». Ба ростй, родю Замонаи Мехдй, ки хамин гуна барномахои зиндаву забтшударо аз Порису Берлину Дубай хам пахш мекард, дошт доман пахн мекарду чахонй мешуд.

Аммо аспи саманди Замона хамин имруз сикандарй хурду уфтод. Хайъати мудираи родю Замона мудирияти Мехдии Чомиро, ки офаридгори родюст, ба холати таълик даровард. Чун Мехдй мувофикат накардааст, ки сардабири родю бошаду касе дигар ба маснади мудирият бинишинад. Яъне модар канор бираваду дояе ба чояш бинишинад. Яке аз дустони Мехдй мегуфт: хоричихо мехостанд Мехдй ин родюро рох биандозад, то баъдан худашон лагомашро ба даст бигиранду хадафхои пушидаашонро пиёда кунанд. Намедонам. Аммо бо рафтани Мехдй родю Замонаи мо хам рафт. Дуруст ба монанди рафтани Бокири Муъин аз родю Би Би Си ва Маъсумаи Турфа аз родю Озодй. Он родюхо дигар вучуд надоранд. Родюхои ормонгаро ва дар айни хол вокеъбин, ки самандвор ба суи ормонхояшон мешитофтанд. Ин ду родю замонест, ки давраи хамудагиро тай мекунанд ва родю Замона хам имруз ба ин чамъи номаймун пайваст.

Дишаб аз Мехдй номае дарёфт кардам, ки ба дустону хамкоронаш дар Замона фиристодааст бо номи "Поёни кори ман бо Замона":

"Дустони азиз. Ба даврае, ки бо шумо гузарондам, ифтихор мекунам ва онро яке аз бехтарин даврахои зиндагиам медонам. Мутаассифам, ки беш аз ин дар тавони ман набуд. Агар дар хидмат кусуре карда бошам, маро хохед бахшид. Аз имруз дигар бо Замона нахохам буд. Шояд вакте дигар дубора чое даври хам чамъ шудем...

Ман он чи анчом додам, сирф барои идее буд, ки хамаи шумо онро мумкин кардед. Аз ин бобат табъан аз самими чон сипосгузорам. Вомдори хеч каси дигаре чуз шумо нестам ва ба он чи дар Замона кардаам, ифтихор мекунам. Умедворам рузе битавонам расонае мустакил эчод кунам ё ба шевае расонайи ба Эрон ва хамзабононам хидмат кунам. Киблаи ман Эрон аст ва хар чи мекунаму мекашам, аз уст ва барои уст.

Бо бехтарин орзухо,
Мехдии Чомй."


Даххо тан ба ин нома посух навишта ва аз Мехдй хостаанд, ки тасмимашро бознигарй кунад. Ман навиштам:


«Мехдичон. Бо ин ки ин рузхо интизори дарёфти ин хабари шумро доштам, акнун поёни хадиси Замона боварам намешавад. Чун Замона, яъне Мехдии Чомй ва воруна. Албатта, пиндорхо мутагаййиранд ва чи басо фардо Мехдии Чомй мутародифи расонае расотар аз Замона шавад, ки хеч хам баъид нест. Аммо аз ин ки Замона ятим шуд, мутаассифам. Магар ин ки падару модари Замона, ки шумо бошед, дубора сари хонаву зиндагиаш баргардад. Сари баландатон баландтар бод.»


Мехдй дируз аз утоки мудири родю Замона, ки дигар пазирояш нест, дутори эхдоии Давлатманди Холро бардошту рафт, то бисоташро дар маконе дигар пахн кунад ва дуторашро руи деворе дигар биовезад. Шахсиятхои мехварие чун Мехдй харгиз ба чохи озу ниёз намеуфтанд ва таассуфи ман ба хеч руй мутаваччехи у нест. Балки барои родю Замона мутаассифам, ки бесутун монд.

PS. Хамин лахазоте пеш Мину Собирй, аз хамкорон дар родю Замона торнигорашро баруз кард ва матлаберо бо унвони пурмухтавое дар бораи Мехдй чоп кард: "Чомй Замона сохт, аммо Замона бо у насохт". Ин навишта гуёи мехру утуфатест, ки бештари кормандони дуру наздики Замона ба Мехдй доранд.