Friday, May 16, 2008

Linguistic Nostalgia

Пажмонии забонй

Имшаб тахти оханги кадимии фаронсавии 'Nostalgie' (Носталжй) сайри муфассале дар торнамои хабаргузории расмии Ховар (khovar.tj) доштам, ки номи расмиаш, бино ба ин торнамо, «Национальное Информационное Агентство Таджикистана (НИАТ) Ховар» аст. Мо хам ният кардем, ки бо нигохе ба чамоли ховарии ин торнамо укдаи дил бигушоему ба ёди гузаштахо андаке аз хисси кушандаи нустолжиамонро бикушем.

Хатман ёдатон хаст, ки замоне номи расмии ин хабаргузорй «ТаджикТА» буд ва ахбори он аз забони русй ба забони шикаста-бастае тарчума мешуд, ки бо номи «забони адабии хозираи точик» мешинохтем. Зохиран каламбадастони вафодору далери ин бунгохи хабарй поймардона ин забону баёнро то кунун хифз кардаанд ва аз насл ба наслу аз сина ба сина ба ояндагон ба армугон мебаранд.

Аммо барои пайдо кардани бахши точикии он зури бехуда назанед. Матолиб хамин чурй дар сатхи сафхаи дарандашти нахуст парту палост. Унвонхо хама ба забони бародари бузурги собик аст: Главная (страничка), Президент (яъне «Главный Человек»), Правительство (яъне «Арба Главного Человека»), Парламент (яъне «Театр Главного Человека»), Международные отношения (яъне «Хобби Главного Человека»), Безопасность (разумеется, Главного Человека) и т. п. и гайра.

Пузиш, ки забонхоро даромехтаму шархе носуфта додам, аммо ин тавсиф баёнгари сафхаи нахусти торнамои Ховар аст. Яъне аз боздидкунанда интизор меравад, ки хадс бизанад чй ба чй хасту ба кадом забон.

Шуморо дар тораки сафха тасвири худи «Главный Человек» пешвоз мегирад, ки рубаруи хабарнигори солхурдаи (Ховар на, балки) ИТАР-ТАСС истодаасту бо викор сураташро ба самти парчами Точикистону мучассамаи бобои обрумандаш Сомонй тофтааст. Яъне, «эй нигори нозанин, мехроби ман дигар найи!»

Ду хабари нахуст ба забони «нигори нозанин» аст ва ду-се хабар ба «забони адабии хозираи точик» бо холате нобахинчор хоксорона васати анбухи бегонагон уфтодаанд. Барои хондани идомаи матлаб бояд дугмаи «Подробнее»-ро фишор дихед. Бо шуру иштиёк якеашро «подробнее» мекунем ва порае аз онро айнан бидуни хеч тагйиру дасткорй руи сафхаи Як Дарвеш мерезем:

«Балҷувон. 15 май (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов).- 15 майи соли ҷорӣ сафири Британияи Кабир Грем Лотен ба ноҳияи Балҷувон овард (чй овард? Киро овард?-ЯД)... Грем Лотен ва ҳамроҳонаш ба осорхонаи Восеъ рафта бо ёдгориҳои таърихӣ ва бозёфтҳои ҷолиб шинос гардиданд. Сафир бо дидани шамшери қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ ба ваҷд омад.»

Бо хондани ин сатрхо кас худ ба худ ба вачд меояд ва мехохад ба обу ранги он чизаке изофа кунад:

«Сафир бо дидани шамшери кахрамони халки точик Восеъ аввал чашмонаш барк зад, баъд ба вачд омад ва дод зада фиристод. Директори осорхонаи Восеъ аз тарс тарбузаш аз багалаш гелида монд ва у хам дод задан гирифт. Сафири Британияи Кабир беихтиёр шишаро зада шикаста шамшерро кашида гирифта дар гирди сараш чарх занонд ва хануз бо вачд фарёд мезад, ки «Ана, ёфтам!!! Шамшери Восеъро ёфтам!!! Худди шамшери Нелсони худамон будаст ин сабил-ку!». Фурсати як чойник чой хурдан нагузашта посбонони осорхона аз берун давида даромаданд ва кушиш карданд, ки шамшерро аз дастони зарифи сафири Британияи Кабир кашида гирифта дар чояш монда кулф карда партоянд. Вале аз афташ дастони нозуки сафир ба шамшер бисёр махкам часпида буданд, ки харчанд посбонон ба оху уху уффу туф даромаданд, шамшер аз дасти сафир канда намешуд. Ана-мана нагуфта, худи сафири Британияи Кабир якбора оромакак шуда шамшерро дар сандукчаи шикастагиаш монда муйлабхои чарбиашро молида-молида ба атрофиён синчакунон нигох карда охи сард кашид. Баъд бо як силтав сарашро боло андохта ба директори осорхона нигохи дуру дароз карда пичингомез «Ин шамшератонро чанд мефурушед, ако?» гуфту интизори чавобаш хам нашуд. Сафири Британияи Кабир маънидорона лабханде зада даст ба кисаи чапи шими нагзакак дарзмолшудагиаш бурда...»

Уфф, ин нустолжй бо мо чй коре намекунад! «Ховар» хаёли моро гарки «забони адабии хозираи точик» карда монд-ку!

Унвонхои дигар матолиби «точикй»-и Ховар хам шуниданист:

«Купруки дехкадаи «Зарафшон-1» кушода шуд» (Ба ин мегуянд вафодорй ба бародарони узбак, ки «пул»-и худамонро фидои «купрук»-ашон мекунем, ки хай «кушода»-ву «пушида» мешавад).

«Конхои Балчувон эхё мешаванд» (Яъне дубора зинда мешаванд... На, сухбат аз филми «ужас» ё «фантастика» нест. Вокеъиятхои ховарист).

Боз дар зери унвонаки «Другие новости по теме» мехонем:

«Хонахои харобгардида баркарор карда мешаванд». Аммо маълум нест, ки «хонаи харобгардида»-и забони мо рузе обод хохад шуд ё на.

Дар гушаи «Мухимтарин»-и «Ховар» матлаберо мебинем, бо як акси ошно: «Миллатсоз – Китоб дар бораи андешахо ва фаъолияти сиёсии Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон».

Дар хаму «андешахош» мара бкша, амакй!

Нигарон набош. Мекушадат, аммо ба тадрич.

4 comments:

D said...

Эзох:

Ин маколача хачвй буда ходисаи осорхонаи Балчувон аз хакикат фарсангхо фосила дорад. Сухтор дар номери хоби Грем Лотен дар Кулоб, ки имруз хабараш расид, ба шамшери кахрамони халки точик Восеъ иртибот надорад ва сафири Британияи Кабир дар хакикат нияти дуздидани шамшери муборакро надошт. Тамом.

Anonymous said...

:), Bravo!

I dont remember, when I laughed so much last time. Oops. I remember, it was when you has a travel into President.tj. Many thanks,

Anonymous said...

....when you had a travel...

Anonymous said...

This posting nearly killed me. I laughed until one cries. I advise Khovar journalist to read it.