Sunday, May 18, 2008

Tajik Children Released. Who's Next?

Бо точикон хар кореро метавон кард?

Расонахои Точикистон ва марбут ба он дар дохил ва хорич аз кишвар собит карданд, ки хар кишваре метавонад кудакону навчавонони моро барои муддати номахдуд дар асорат бигирад ва садои эътирозе чуз аз падару модарони кудакон нахохад шунид.

Давлати Точикистон бори дигар собит кард, ки хоричихо бо шахрвандонаш хар кореро метавонанд бикунанд (аз чумла латукубе, ки марзбонони узбак бо кудакони точик карданд ва дар расонахои чахонй гузориш шуд). Эътирози давлат ба бадрафтории узбакхо танхо пас аз фарчоми достон (як руз баъд аз он) дар шакли ёддошти эътирози диплумотик ба Вазорати хоричаи узбак фиристода шуд.

Оре, шаш навчавони дигар хам ки рузи 27 оврил тавассути марзбонони узбак дар имтидоди марз бо Точикистон боздошт шуданд, шомгохи 15 май дар паи музокироти тулонй озод шуданд. Сипас давлати Точикистон тасмим гирифт ёддошти эътирозашро (рузи 16 май) ба узбакхо бифиристад. Пеш аз он чуръат ба харч надод.

Аммо бетафовутии расонахои точикй ба ин мавзуъ, ки яке-ду бор садо дароварданду сипас хомуш шуданд, шигифтангез буд. Узбакхо хам мутаваччех шуданд, ки бозй бо сарнавишти кудакони точик паёмаде надоштааст. Эхтимолан акнун онхо ёддошти диплумотики Точикистон ба даст самти дастшуйи мераванд.

Як корбари узбак дар сухангохе узбакй зимни изхори нигаронй аз вазъияти равонии кудакону навчавонони точик мегуяд: «Умедворам, ки давлати Точикистон барои он кудакону навчавонон давраи бозпарварии равонй созмон дихад. Чун хатто яке-ду соъат дар дасти марзбонони узбак тачрубаи сахтест. Ин бечорахо чандин руз азоб кашиданд.»

Аз баргузории давраи бозпарварй барои кудакони дарбанд, ки тоза озод шудаанд, хабаре нест. Аслан хабари озодии онхоро низ бо камоли шармандагй аз расонахои русй гирифтам, на точикй.

PS. Пас аз иншои ин матлаб дар зери торнамои Озодй дидам, ки Фарходи Мелоди гиромй ба ин мавзуъи механй пардохтааст. Ба гуфтаи вай, хануз ду тани дигар аз навчавонони точик дар дасти марзбонони узбаканд ва музокирот хамчунон идома дорад.


Муртабит:
Tajik Children Under Uzbek Arrest

6 comments:

Anonymous said...

Агар дар назди узбакхо дар ТЧК миллаташонро "узбак", забонашонро "узбаки" ва кишварашонро "Узбакистон" гуи, кахрашон меояд, ки онхоро гуие тахкир карда истода боши. Мегуянд, бояд узбек гуфт.

Харчанд ба фикри ман калимаи узбакро дар забони форси на барои тахкири он миллат истифода мебаранд, балки аз он лихоз ки ин вожа дар форси хамин гуна аст шакли дурусташ, на русишудаи узбек. Далели ин гуфтахо метавонад он бошад ки узбакхои Афгонистон низ худро узбак мегуянд, на узбек, то чое медонам.

Мехостам, аз онхое ки дар ин бора бештар медонанд, ягон чиз бишнавам

D said...

На танхо дар забони порсй, балки дар забони озарй ва дигар забонхои минтака низ шакли дурусти вожа "узбак" (ozbak) будааст ва дар вокеъ, танхо тахти таъсири забони русй, ки садои бози "а"-ро табдил ба "е" мекунад, вожаи "узбек" мутадовил шуд. Хеч далеле барои тахкиру ихонат пиндоштани ин вожа нест. Номи хар миллате дар забонхои дигар метавонад таври дигар талаффуз шавад. Ба монанди олмонй, рус, гурчй, арманй ва гайра, ки хеч кадом номи миллати худро ин гуна намехонанд. Пас дустони узбаки мо, чи дар Точикистон ва чи дар Узбакистон, бояд бо ин хакикати забони порсй ху бигиранд.

Anonymous said...

Ташаккур,

Ое чое пажухише дар ин маврид медонед, ки мутолиа бикунем?

Агар на, вокеан, мавзуъи чолибест барои тахкик аз чониби забондонон. Мутмаинам, ки забоншиносхои зиеде аз ЯД низ дидан мекунанд ва шояд яке сари ин мавзуъ бишинад ва кор бикунад ва онро нашр бикунад чое?

D said...

Мухимтарин пажухиш нигох ба хамзабононамон дар берун аз Осиёи Миёна аст, ки порсиро аз зиёни русй масун нигах доштаанд. Хама ба узбак "узбак" мегуянд. Бартар аз он, тамоми навиштахои торихию адабии пеш аз шуравй, ки хамин талаффузро доранд.

Аммо фикр мекунам, пажухише, ки зарурати бештар дорад, кандукови вожаи "точик" аст, то моро ба худшиносй бирасонад. "Точик", ки то пеш аз Шуравй мутародиф ё синоними порсу эронй буд ва акнун маълум нест, ки чист.

Anonymous said...

Дуруст аст,

Бархе аз хафтахафмхо хамон точикии шуравияшонро ки бо он хатто як чумлаи оддии русиро тарчмуа карда крада намешавад, бартар медонанду мегуянд бояд аз он кор гирифта шавад. Хол он ки форсие ки мо аз даст додаем дар мадориси оли мешавад бо он аз нучуму алчабру физика дарс гуфт

Anonymous said...

Лузуматаш як су бошад, чи андоза фасех ва зебо ва ширин аст ин лафзи дари, ки Икболро тасхир кардааст. Аммо кай ин русзадашудахо аз хоби гарон бихезанд, охир забони Икболро барои худ бегонаву арабиву душворфахм мехонанд, аз кучо бихезанд аз хоби гарон