Wednesday, July 16, 2008

Hasan Saadullaev Resurrected?

Растохези Хасан Асадуллохзода?

Хабаргузории Asia-Plus бидуни ишорае ба хадиси дуру дарози нопадидии Хасан Саъдуллоев (Асадуллохзода) аз сафари у ба Бадахшон хабар додааст. Зухури дубораи у дар паи эхзораш ба додгохи Ландан руйдоди кобили таваччух аст.

Хасани Асадуллозода бо сафари расмй дар ВМКБ карор дорад

Asia-Plus

16.07.2008 11:18

Муаллиф: Шонавруз Афзалшоев/Аваз Юлдошев

Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дируз раиси «Ориёнбонк»Хасани Асадуллозода ба маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон (ВМКБ) ба шахри Хоруг омад.

Аз дафтари марказии бонк ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки раиси яке аз бонкхои маъруфи Точикистон чихати омода сохтани боздиди расмии сарвари давлат аз Бадахшон, ки ахири хамин хафта сурат мегирад, ба шахри Хоруг рафт.

Аз намояндагии «Ориёнбонк» дар ВМКБ иттилоъ доданд, ки Х,Асадуллозода хамрохи раиси раёсати «Амонатбонк» Махмадамин Махадаминов бо рафти корхои сохтмонй дар майдони варзишии Хоруг шинос шуданд.

«Хангоми мулокот бо сохтмончиёни майдони варзишй раиси «Ориёнбонк» ваъда дод, ки барои ороиши майдони варзишй 5 хазор доллари амрикойи маблаг чудо хохад кард», - изхор дошт сарчашма. Раисони бонк хамчунин аз осоишгохи «Гармчашма», ки дар он мувофиқи фармоиши «Ориёнбонк» манзилхои истирохатй сохта мешаванд, боздид карданд.

Тибки иттилоъи муътамад, Х.Асадуллозода шабро дар хонаи раиси «Амонатбонк» М.Махмадаминов гузаронидааст, ки он дар 20 километрии гарби шахри Хоруг дар нохияи Шугнон чойгир шудааст. Феълан раиси «Ориёнбонк» дар осоишгохи «Челондй», дар 120 километрии шарки Хоруг аст.

Матлаби марбут ба эхзори Саъдуллоев ба Ландан

Monday, July 14, 2008

Verbal Fight between Babajan & Dadajan

Чанги лафзй миёни Бобочону Додочон

Бобочон Бобохонов – Додситони кулли Чумхурии Точикистон (ба кавли худи у, Пракурори Генералй - бидуни кучактарин ислох мунташир мешавад):

Додочон Атовуллоев хамчун чинояткор, шарики чинояткорон хаст и мемонад. Вай лидер набуд, хич вакт лидер намешавад. Ай Ватандору ай хама чо шумо бохабар хастен. Вай беватан аст. Беватан. Агар вай ватану хоки ватани худша агар эътироф кунад, дар хакки ватану ватандоришу дар хакки хоки ватани худушу мардуми худуш и кадар паст намезанад. Ман уро ба терарист баробар мекунам. Тераристхо хам як чора мекафонанд, як дахшат медуроранд, мардума ноором мекунанд, ки хамун ба иктисодиёти давлат инвиститсия надурояд, обруи давлат да дига чо паст шавад. Максади терарист хаминай. Максади статяхои Додочон Атовуллоев аз хамин иборат аст. Шаъну шарафи давлат, хукумат, Точикистонро пас задан, дар хакки касе тухмату бухтон кардан.

Ман уна ба хайвон баробар мегум. Хайвоне, ки кадом тарафе, ки хайуш кунй, хамон тараф рафтан мегира. Суратое мекова метия дар газетахош, ки шаъну шарафи мардуми Точикистона паст мезана. Локин як точики ба хайвон мубаддалгашта дар хорич и кадар шаъну шарафи мардуми точика паст задестай. Барои хамин, вай хайвон аст. Вай хуни точикй надорад. Дар кучое, ки набоша. Барои тухмута бухтону и корош вай бояд дар назди конун чавоб бга. Як маротиба вая дастгир кардам. Ба кадом рох халос хурд. И дафъа тухмату бухтонша бас накунад ага, дела огоз карда ба дигар воситаи дигар давлатхо, он чизе, ки конун талаб мекунад, талаб карда, ба чавобгарии чиноятй мекашум! Хамчун тухматчй, хамчун каллоб, хамчун терарист. Терарист дар матбуъот. Игвогар.

Хами хел якташа мо суд кардем ба хами карибй. 15 сол дар КГБ кор мекард, да хукумати Исфара мутахассис кор мекард. Факат коруш навистан, тухмат кардан, мана хамин Исфараву вилояти Сугд ба чи дарача овард, хамин одам мекардаст. Исбот кардем, 16... 16 сол гирифт? Чанка гирифт?.. Мана, Рахматов Мирзошариф, 1939-ум год раждениш, хукумати Исфарада мутахассис кор мекуна. 16 сол. Худуш, зануш, писаруш дар назди конун чавоб гуфтанд. Тухмат ба гучо мебара. Хай я бор мебахшй, ду бор мебахшй.

Ё ин ки Додочон Атовуллоев... Додочон Атовуллоев, ин шахсе ман вая хисоб мекунум, ки вай чинояткороро... чинояткорда лукма мепартоя, чинояткора рох ишон (нишон) метия. Чинояткор... Мегуяд, ки фалон вазир, Пракурори Генералй, ё ин вазир, ё дигар вазир дар шётуш сад милён – дусад милён пул дора. Ин чй мазмун дора? Чй вай омада катй ман пули мана хисов кард-мй? Катй ягон вазир шишта пул хисов кард-мй? Ай гичо мегирад ира? Вай ба хамин восита ишон (нишон) метияд, ки ха, Пракурори Генералй пулдор аст. Ха, у вазир пулдор аст. Чинояткора диккатша ба хамун чалб мекунад, ки даст ба чиноят занад. Локин чинояткори ашаддй а Додочон Атовуллода баъаклтар аст.

Посухи Додочони Атовулло ба Бобочон Бобохонов
(бидуни кучактарин дасткорй)

ГОВИ ХУДО
аз охур сар бурун кард ва жож хоид...


Суханронии омиёна ва авбошонаи додситони кулли Точикистон Бобочон Бобохонов барои ман хайратангез набуд. Шеваи гуфтори хукумати Рахмон чунин аст.

Посухи ман ба он айбномахое аст, ки бисёр калидї ва мухиманд.

Додситони бедодгар санги маломат бар сари ман мезанад, ки банда Ватан надорад:

«Вай беватан аст. Беватан. Агар вай ватану хоки ватани худша агар эътироф кунад дар хаќќи ватану ватандоришу дар хаќќи хоки ватани худушу дар хаќќи мардуми худуш ин ќадар паст намезанад».

Bа ин бесаводи бехирад, ки худро сохибватан эълом доштааст, хатто забони точикиро ханўз наомўхтааст. Сохиби миллату сохиби ватан пеш аз хама бо забони давлати худ озодона сухан меронад. Шояд вараќхои пешакї омодакардаашро ду-се бори дигар машќ мекард, то чумлахои подархавояш чунин бечо баромада, аз ватану миллат ва давлати точикон дур буданашро исбот намекарданд.

Эй худобехабари даюс! Ту кучову харфи Ватан кучо? Ватани ѓуку ќурбоќахо кўлхои гандида аст. Туву хамкосахоят Ватанро хароб кардед, на танхо ман, балки 2 миллион точикро беватан кардед. Мо аз Ватан фирор накардаем, мо аз чамъияти туву ту баринхо- навдавлатони чохил ва ношуд фирор кардаем. Шумо Ватани моро олуда ба полудаатон кардед, зеро дар хавои полуда калон шудаеду одат кардаед. Бо шумо аз як хаво нафас гирифтан харом аст.

Ман Ватанамро паст назадаам. Ман пастихои шуморо ба мардум хикоят кардаам.

Додситоно! Худситоё! Тихимаѓзо! Ту нашармида маро террорист эълом мекунї! Агар ман террорист бошам, ту кистї? Рахмон кист? Хайриддин Абдурахимов кист? Зарбулмасале хаст: аз худ гиру бар ман бизан! Шумо кистед? Магар шумо зомини марги 150 000 нафар нестед? Магар тую бонди ту хазорон хазор пирамардону навчавононро накуштаанд? Магар силохбадастони аз таги дор гурехтаи хукумати ту рустохои Бадахшону Рашту Кофарнихонро бомбаборон накардаанд? Магар аз дасти шумо мардуми точик аз сардии зимистон дар хонахову беморхонахои хунук нафавтиданд? Террорист ин шумоед, ки халќро ба чунин дахшат гирифтор кардаед.

Эй касифе аз лашкари касофатхо!

Эй хабисе аз тўдаи начосатхо!

Эй шаѓоле аз селаи даррандахо!

Дар баёнияи ту калимахои номус, шаън ва шараф чанд бор омадааст. Ба номи худо, ту хеч гох маънии ин калимотро намедонї ва намефахмї. Зеро ту як дастгохи хўрдан ва полудан хастї. Ту як хайкали холие хастї, ки агар 90 кило вазн дошта бошад, 89 килову 999 грам начосат ва 1 грам маѓз дорад.

Ту кучову номус кучо? Ту кучову шараф кучо? Боз бехаёёна мегўї, ки дар ман хуни точикї нест. Хуни точикї дар он кас нест, ки лафзи точикї дар забонаш бегонаву нопечон аст. Ту як лўлизода ва чўгитаборї, ки ба чуз гадої коре надорї. Аз хама ту металабї: аз ордфурўш-орд,аз калушфуруш- калуш, аз ќандфурўш-ќанд, аз к...фурўш- к...

Ту эй чанахси питхеф! Пеш аз номи маро ба забон овардан, хафт бор дахонатро бишўй. Ман чинояткорам? Чинояти ман навиштани хаќиќат аст? Хар чизе, ки ман дар хаќќи туву хамкосахои ту навиштаам бузугтарин савоб аст.

Чинояткор ту хастї. Чинояткор он касест, ки хуни мардумро рехтааст, барои мансаб, барои давои дарди шикамба. Террорист он кас аст, ки хафт миллионро ба дахшат гирифтор кардааст, ба дахшати торикї, сардї, бенавої, беморї, гуруснагї.

Аз шумо мардум чун аз гурги гушна мехаросанд. Рўйи сиёхи шуморо бубинанд, дилашон сиёх мешавад, рохашонро дигар мекунанд... Шумо дар дили мардум дахшат мекоред. Дар хар хонадони точик шуморо дуои бад мекунанд: «Худоё, моро аз ин лаънатихо халос кун!»

Шарики чинояткор он касест, ки ќотилро барои писари президент буданаш ба хабс намегираду бегунохонро ба чойи дигарон зиндонї мекунад. Хайвон он касеро мегўянд, ки ба ѓайри хўрдану шох задан дигар коре аз дасташ намеояд. Маѓз надорад ва мардумро бо шохаш метарсонад. Ќаллоб он касест, ки чиноятро ба савдо мегузорад, чони мардумро хариду фурўш мекунад.

Тфу бар ту!

Тфу бар хукумати ту!

Садќаи номи додситон кунад туро!

Эй палидо! Эй начисо! Эй лаино!!!

Он замон дур нест, ки мо ба шумо мефахмонем, ки дод чист, додгустар кист, додгустарї чист, кї террор кардааст. Даврони шумо ба завол наздик расидааст ва барои хамин аз тарс эзоратонро тар карда, мисли бед меларзед. Меларзед аз он, ки анќариб барои хар ќатраи ашки рехтаи модари точик, барои номуси тачовузшудаи хар як духтари точик, барои хар ќатраи хуни фарзанди точик, барои хар як хонаи сўхтаи точик, барои хар часади ѓариби точик чавоб хохед гуфт. Мо мисли шумо террористона амал намекунем. Он замон наздик аст, ки хар як шахси бегунох дар хабс нишаста, хар як фарди аз дасти шумову хукумати шумо талафдода дар додгох барои шумо мурофиа барпо мекунад. Он замон деру дур нест, ки парвандаи чиноятї барои шумо боз мегардад. Фикр накунед, ки тамоман лачоми давлатро ба даст гирифтаеду дигар хар коре, ки хохед мекунед. Не! Шумо барои хар як амали худ пагох дар назди халќ ва фардо дар назди таърих чавоб хохед дод. Мо на ба силоху зўроварї, балки ба халќ такя мекунем. Ба он халќе, ки тирборонхои шумо, хонасўзихои шумо, кушторхои шумо ва бедодихои густурдаи шуморо хеч гох фаромўш намекунад ва хеч гох намебахшад.

Хушдори охирин:

Агар як тори мўе аз сари як тарафдори Ватандор кам мешавад, агар як нафар аз ширкаткунандагони митигни Хоруѓ таъќиб мешавад, агар боз ба Рашт лашкар мекашед, агар як журналист озор меёбад, бидон ки масъулияташ бар гардани туст. Мо аз он импотентхои сиёсї нестем, ки бо ту мушу гурбабозї кунем. Бас! Бас! Бас! Хокатро бод мекунем, номард! Ба Рахмонат хам бигўй. Шумо дунёро бесохиб ёфтаед. Шумо гумон мекунед, як умр мардум харигарию хартозии шуморо тахаммул мекунад.

Ту мегўї:

«Барои тўхмату бўхтону барои ин корош вай бояд дар назди ќонун чавоб бга. Ман як маротиба вая дастгир кардам ба кадом рох халос хурд, ин дафъа тўхмату бўхтонаша бас накунад агар дела оѓоз карда ба дигар воситаи дигар давлатхо он чизе, ки ќонун талаб мекнад талаб карда ба чавобгарии чиноятї мекашам. Хамчун тўхматчї, хамчун ќаллоб, хамчун террорист».

О, ман битарсидам. Дар лабам табхол дамид. Кўч бастам ба кухе... Бобохон маро бубахш. Дигар намекунамат. Дигар намезанамат. Ман хато кардам...

Гурбаяки мискини ман!!!

Орзу кун....

Ман аз онхое нестам, ки ту маро дастгир кунї. Зўрат намерасад. Туро аз Точикистон берун касе намешиносад. Ту хамоне нестї, ки : «добро пожаловать»-ро «добро пожалийста» гуфта будї? Худо хохад, баъди чанде хукумат нав мешавад, хукумати ВАТАНДОРОН. Баъд мо ба ту «розыск» эълон мекунем. Чи хеле ту ба дастони Искандаров занчир баста овардї, туро хам хамон хел мебиёранд. Мо чун ту туро говсуд намекунем. Суди одилона. Кам-кам машќ кун, баданатро обутоб бидех. Рохи аѓбаи Анзобу Шахристонро ту меканї. Дар ќатори махбусони дигар.

Боз як бори дигар мегўям: бехуда зўр назан. Ба умеди Абдурахмон Хотамбеков нашав. Ба пулу пораю ришва умед мабанд. Зўри бехуда миён мешиканад. Худро шармсор макун. Ту ягон ваќт ба маќсади нопокат намерасї. Хич ваќт ту наметавонї, ки маро боздошт бикунї. То хастам, то хастї, то хастем.

Аламат меояд, медонам. Ягон касро ба бозори Шохмансур бифирист, занчабил биёварад. Бимолу бимолу бимол....

Орзу айб надорад.

Маро Амрико, Руссия, Олмон, Инглистон боздошт мекунанд ва ба ту месупоранд. Танхо дар хоби шабат. Танхову маст ваќте, ки аз боди шиками тулумат нафас гирифта, дар пахлўи ягон фохиша хоб бошї. Бедор мешавї мастона ва шодона... ки дар хобат будааст.

Мискин хараке орзуи дум кард,
Ноёфта дум, ду гўш гум кард.

Хоби ширин, додситонаки азизи ман!

Хоби ширин, гови худо!

Додочони Атовулло

Sunday, July 13, 2008

An Open Letter to Sayyaf Mizrab

Номае саргушода ба Сайёфи Мизроб

Сайёфи Мизроби гиромй. Агар ин сатрхоро мехонй, бароям посух бигу.

Номаат ба раиси кулли родю Озодиро дар хамон рузи ирсолаш мунташир кардам. Дар он банди зер пурсишбарангез буд:

Ба ҳамин тартиб ман низ борҳо аз кори оқои Род Шаҳидӣ эродҳои касбӣ мегирифтам. Ман мегуфтам, ки шунавандаҳои мо дар Тоҷикистон кам шудаанд, Зеро кори мо заъифтар мешавад. Вале садорат дар симои оқои Род Шаҳидӣ (воқеан ҳам қаблан ҳамин эроди маро Турфа Маъсума – роҳбари собиқ ба назар намегирифт) эроди профессионалии маро нодуруст ва сахт мепазируфт ва барои ман шароити кориро тангтар менамуд...


Чи замоне бо Маъсумаи Турфа дар ин бора сухбат доштй? Ва аслан дар чй маврид? Аз ин ки коратон заъифтар шудааст? Хамин дишаб аз Масси пурсидам, ки оё шархи ин достонро медонад ё на. Комилан бехабар буд. Зимнан, у хам аз бархе нукоти номаат химоят кард, аммо ин маврид барояш аломати суол буд.

То он чо ки ман ба ёд дорам, достон дуруст баръакс буд. Маъсумаи Турфа буд, ки аз кори заъифи ту ва дигар хамкорон гилоя дошт ва талош мекард шуморо ба зур ба пеш хул бидихад ё тела кунад. Маъсумаи Турфа буд, ки бо вучуди такозохои мукаррари ихрочи ту ва чандин нафари дигар аз суи "ёронат" шикебо буд ва мегуфт: Бояд инхоро таълим дод, чун чавхари резе дар ниходашон хаст, ки парварда нашудааст; хамон чавхарро бояд кашф карду парварид. Хамон бону буд, ки заминаи пешрафти фаннии нисбии родю Озодиро поя ниход: иртиботи мустаким бо Душанбе ва ичрои барнома аз ду шахри Прог ва Душанбе, торнамое, ки кабл аз вуруди Масси ба Прог хатто як акс надошт ва акнун намунаи ибрати дигар бахшхост, афзоиши дастмузди бачахо дар Точикистон ва бархе дар Прог, аз чумла Мирзои Салимпур, ки Маъсумаро бо номардии тамом "кампирак" меномид, истихдоми афроди тоза; афзун бар рушди хирфаии нисбй, он хама идехои тоза ва барномахое, ки то кунун такрибан тагйире накардааст. Маъсумаи Турфа родюи шуморо дигаргун кард. Маъсумаи Турфа сипари туву чандин хамкори дигар шуда буд. Аз ин ру зикри нуктаи галат ва дуруг дар номаат ба раиси родю кори савобе набуд. Ва носипосй ба Маъсумаи Турфа чизе чуз гунох нест. Дуруст нест? Агар бахши точикии родю Озодй як раиси муносиб дошт, хамон Маъсумаи Турфа буду дигар хеч. Танхо ишколи у дар эътикодаш ба демукросй буд. Ва тахаммулу тасомухи хар навъ балохату хамокат, ки дар атрофаш медиду вахшат мекард.

Он бону аз дасти махалгароию дасисабозихои точикон фирор кард. Махалгароие, ки такрибан тамоми шуморо балъида буд.

Хаму буд, ки аз усули гайрихирфаии родю интикод мекард ва то охирин лахза талош кард, ки хеч гузорише мугризонаву яктарафа пахш нашавад. Агар аз ман бипурсй, ба назари ман, гузоришхои бисёре аз кормандон, аз чумла худат яктарафа, мугризона ва гайрихирфайи буд ва ба ислох ниёз дошт. Бароям чолиб буд, ки дар номаат масоилеро матрах кардайи, ки аз чумлаи нигаронихои аслии Маъсумаи Турфа буд, аммо танхо ишораат ба номи ин бону бори манфй дорад. Масси талош мекард аз норузноманигороне чун Хиромон Бакозодаву гайра рузноманигор бисозад. Дарег, ки зангй ба шустан нагардад сапед.

Ман аз бисёре аз мавориди эътирозат химоят кардам, чун вокеъияти ноб аст. Аммо бо вучуди ин далели эътирозат хануз бароям машкук аст. Далели огозини он ки равшан аст: пул. Агар галат мегуям, лутфан ислохам кун. Пул танхо машгалаи зехнии бисёре аз хамкорони пешинат ба монанди Мирзои Салимпур ва Нурмухаммади Холзода аст ва ту хам собит кардй, ки пул ангезаи ибтидоии эътирозат будааст. Дар холе ки масоиле, ки чудо аз пул дар номаат овардайи, бисёр мухимтар ва сазовортар барои эътирозе баланд буд. Чаро то кунун он хамаро тоб овардй? Чун дастмуздат бехтар буд?

Шунидам ё чое хондам, ки зохиран макоми муъовинати телевизюни Сафина дар интизорат аст. Агар вокеъият дорад, ангезаи аслии эътирози гарроят хам бароямон равшан хохад шуд. Ва он гох чизе ба чуз арзи таслият нахохам гуфт.

What Happened to BBC Persian Central Asia Magazine?

Бар сари Мачаллаи Осиёи Миёнаи Би Би Си чй омад?

Мачаллаи Осиёи Миёнаи родю Би Би Си, ки аз мохи нувомбри соли 2003 бад-ин су барои шунавандагони бахши форсй дар Точикистон пахш мешуд, рузи 30 жуан (июн)-и гузашта охирин барномаашро пахш карду баста шуд. Ин барнома аз соли 1995 ба баъд дар таркиби барномахои Би Би Си вучуд дошт ва шомили руйдодхои Афгонистон, Точикистон ва соири кишвархои Осиёи Миёна мешуд. Аммо баъдан ба як барномаи 15-дакикайи, сипас нимсоъата ва саранчом 45-дакикаии вижаи Точикистон табдил шуд.

Дар ин бора имруз гуфтугуе доштам барои родю Замона бо Бехрузи Офок – раиси барномахои Осиё ва Укёнусияи бахши чахонии Би Би Си. Нахуст аз у хостам, ки далели таътил шудани Мачаллаи Осиёи Миёнаи Би Би Сиро тавзех дихад:


Бехруз: Барномахои форсии Би Би Си, барномахои куллии мо ба забони форсй, албатта, хамеша дар Точикистон шунаванда дошта ва мардум дар Точикистон метавонистанд ин барномахоро бишнаванд ва бифахманд. Ба хар хол, забони мо яке хаст. Мунтахо чандин сол пеш, ки мо тавонистем бо макомоти Точикистон ба тавофук бирасем ва фиристандахои FM – яке дар шахри Душанбе ва яке дар Хучанд – бигзорем, ба ин фикр уфтодем, ки чун ин фиристандахо он чо хаст ва садои хеле бехтаре хоханд шунид ва ба хар хол, родюи FM родюи хеле хусуситaру шахситару наздиктаре хаст ба шунаванда, мо барномахои рузонае хам дуруст кунем, ки хосси точикхо бошад. Илова бар хамаи дигар барномахои форсии Би Би Си, ки ба хар хол, точикхо мешунаванд. Ва ин барномахо шуруъ шуд. Мунтахо, мутаассифона, муддати кутохе баъд аз ин ки ин барномахо пахш мешуд, макомоти Точикистон назарашонро иваз карданд ва дигар ичоза надоданд, ки мо барномахоямонро руи мавчи FM пахш бикунем. Мо чандин сол машгули музокира будем бо макомоти Точикистон ва мехостем, ки ин барномахо руи FM пахш бишавад. Мунтахо онхо мувофикат накарданд. Ба ин далел теъдоди шунавандахои мо дар Точикистон хеле кам шуд. Бино бар ин, дигар кори басарфае набуд, ки мо хар руз барномаи хоссе барои мардум дар Точикистон дуруст кунем, чунки дигар FM-е надоштем. Ин хаст, ки тасмим гирифтем, барномахои хоссеро, ки барои Точикистон дуруст мекунем, феълан катъ бикунем. Албатта, хамаи барномахои дигари форсй хаст. Мунтахо ба чои он сойт (торнамо)-и форсии точикимонро таквият бикунем, то хамааш ба хатти сириллик бошад, ки мардум дар Точикистон битавонанд бибинанду бихонанд. Ва баъд хам умедворем, ки ба зудй телевизюни форсй хам, ки рохандозй хохад шуд, дар Точикистон бинанда дошта бошад ва албатта, барномахо ва матолибе, ки аз Точикистон меояд, дар он хохад буд ва онхо дастрасй хоханд дошт. Ин ба ин маънй нест, ки мо таъаххудамонро ба Точикистон кам кардаем. Ба хеч вачх. Мо хамчунон мехохем, ки аз Точикистон хар чи бештар ба ин чо иттилоъ бирасад, хабару барномахо аз Точикистон биёяд ва руи родюи форсии мо, руи сойт (торнамо)-и форсии мо ва иншоаллох, телевизюн пахш бишавад. Барои хамаи форсизабонхо ва аз чумла точикхо.

Д: Эхтимолан арзёбии дакике вучуд дошт аз ин ки теъдоди шунавандахои Би Би Си дар Точикистон чанд аст?

Бехруз: Такрибан. Мо охирин арзёбие, ки доштем, замоне буд, ки фикр мекунам ба хамон авоили давраи FM бармегашт. Теъдоди шунаванда хеле кам буд. Яъне теъдоди шунаванда ба нисбати родю кам буд. Ал-он аркомаш дакикан хотирам нест, вале чизе дар худуди ду дарсад буд. Ду дарсади мардум дар Точикистон доштанд ба ин барномахо гуш мекарданд он мавкеъ...

Д: Вале шояд точикхо дар соири кишвархои Шуравии пешин, мисли Русия, Узбакистон ва Казокистон хам гуш медоданд ба барномахо, на?

Бехруз: Хатман. Хатман онхо хам гуш медоданд. Мусалламан, шунаванда дошта. Мунтахо ман агар ба шумо яке-дуто ракам бидихам дар мукоиса... Масалан, дар Афгонистон барномахои мо шаст дарсад шунаванда дорад. Яъне шаст дарсади мардуми Афгонистон, касоне, ки дар синни родю гуш кардан хастанд ва аз 15 сол ба боло син доранд, шаст дарсадашон ба таври мураттаб ба барномахои мо гуш мекунанд. Ё фарз бикунед, ки масалан, дар як кишваре мисли Покистон ё Банглодеш, дар худуди 14-15 дарсади мардум гуш мекунанд. Масалан, дар Хинд мо худуди 20 милюн шунаванда дорем. Албатта, ин худуди ду дарсади чамъияти болиг хаст. Мунтахо чун Хинд кишвари бузургест, ин теъдод хеле зиёд мешавад. Бино бар ин, дар мукоиса бо ин теъдоди шунавандагони мо дар Точикистон хеле зиёд набуд.

Д: Дар Эрон чанд дарсад аст, бибахшед?

Бехруз: Дар Эрон худуди панч дарсад.

Д: Гуфтед, ки онлойн (торнамо) ба хатти сириллик мешавад, дуруст аст? Ё форсй хам хохад буд?

Бехруз: Мо, ба хар хол, онлойни форсимон, ки хаст ва дар он матолиби Точикистон хам хаст. Илова бар он, мо сафхае дорем дар онлойни форсй, ки хосси Точикистон аст ва ин сафха духатта аст. Ва ин маъмулан хам хуб амал намекунад ва одрес (нишонй)-и он чузъе ё зермачмуъае аз барномаи Эрон аст. Ба хар хол, матолиби Точикистонро ба хатту забони форсй барои касоне, ки хатти форсиро рохат мехонанд, хохем дошт. Вале мехохем як сафхаеро хам ба истилох Точик-онлойн дошта бошем, ки сириллик бошад, таквият бишавад, матолиби бештаре дар он бошад ва точикхо ба он дастрасй дошта бошанд.

Д: Дар эъломияе, ки Ондрес Илвес – раиси бахши форсй ва паштуи Би Би Си дар бораи баста шудани Мачаллаи Осиёи Миёна барои кормандони бахш мунташир кард, омада буд, ки дар телевизюни форсии Би Би Си хам барномаи муназзаме дар бораи Точикистон ва барои Точикистон хохад буд. Мехостам бибинам, оё мушаххас хаст, ки ин чи барномае хаст. Оё рузона хохад буд ё хафтагй ё сирфан гузоришхои пароканда ва чудогона, ки ба таври номуназзам пахш хохад шуд?

Бехруз: Дар телевизюни форсй як телевизюн хохад буд. Яъне мо ал-он дар родю ба хар хол барномахои форсй дорем. Ва баъд саъй мекунем, ки баъзе аз ин барномахо бештар мутаваччехи Афгонистон бошад, баъзе аз барномахо мутаваччехи Эрон бошад ва дар мавриди Точикистон барномаи кучаке доштем, ки факат мутаваччехи Точикистон буд. Дар телевизюн мо ин корро наметавонем бикунем. Имконоташро надорем. Вале он як телевизюни форсизабон хохад буд, ки мутаваччехи форсизабонон дар хар се кишвар хохад буд. Ва бино бар ин, Точикистон хам. Матолибе аз Точикистон хохем дошт, ки он факат барои точикхо нахохад буд. Эронихову афгонхо хам ин барномахоро хоханд дид. Хамчунон ки барномахои дигари моро хам точикхо дар Точикистон хоханд дид ва хоханд писандид. Яъне ин ба ин маънй нест, ки мо хар руз як сутуни хос барои Эрон дошта бошем, як мачалла ё барномаи хос барои Афгонистон ва як барномаи хос барои Точикистон. Чизе, ки хохад буд, ин аст, ки мо умедвор хастем, ки дар Точикистон хабарнигор дошта бошем, тахиякунанда дошта бошем ва баста ба ин ки чи кадр битавонанд, матолибе барои мо мураттабан бифиристанд ва мо ин матолибро пахш бикунем. На танхо ахбор, балки барномахои фархангй хам.

Д: Як идда аз шунавандахои Би Би Си дар Точикистон, ки бо ман ва дустонам тамос гирифтанд, дар мавриди баста шудани Мачаллаи Осиёи Миёна норохат буданд ва мегуфтанд, ки ин мавзуъ бар факри иттилоъотии кишвар хохад афзуд. Хамин холо танхо як родю Озодй дар Прог бокй монда, ки барномахои вижаи Точикистон дорад. Ин родю хам феълан дар Точикистон дучори мушкилоте шуда, ки мавзуъи дигарест. Дар холе ки кишвархое чун Эрону Афгонистон ба изофаи расонахои мутаъаддиди дохилишон барномахои мухталиферо хам аз чандин кишвари хоричй дарёфт мекунанд. Ин афрод, ки сухбаташонро мекардам, нигаронанд, ки бо баста шудани Мачаллаи Осиёи Миёна Точикистон дучори факри иттилоъотии бештар хохад шуд. Шумо хам бо ин назар мувофикед?

Бехруз: Албатта, хуб, ман мефахмам ин мавзуъро. Табъан, вакте ки мо як барномаи хосси рузона дорем, ки катъ мешавад, шунавандахои он норохат мешаванд ва эхсоси камбуде дар ин замина мекунанд. Ва ман инро мефахмам. Аммо яке-ду нуктаро ман эхсос намекунам. Аввалан, мо рузона микдори зиёде барномаи форсй дорем, ки хамааш дар Точикистон кобили шунидан хаст ва метавонанд ин шунавандахо ба ин барномахо гуш кунанд. Ба ин маънй нест, ки мо барои Точикистон барнома пахш намекунем. Барнома пахш мекунем. Рузе худудан 4-5 соъат барномаи форсй хаст, ки дар Точикистон шунида мешавад. Мунтахо як барномаи хосси мутамаркизи Точикистон дигар надорем. Ва илло иттилоъоти бисёр-бисёр зиёде дар барномахои мо хаст, ахбори чахонй хаст, ахбори минтакайи хаст, ахбори кишвархо хаст, ахбори худи Точикистон хам хаст. Ва барномахои фархангй-хунарй ва тафрехй, ки дар Точикистон шунавандахои мо метавонанд истифода бикунанд. Хам руи мавчи кутох ва хам руи мавчи мутавассит. Яъне ба ин маънй нест, ки мо барои Точикистон барнома нахохем дошт. Чудо аз он, вакте ки телевизюн рохандозй бишавад, ба телевизюн хам дастрасй хоханд дошт ва умедворем, ки иттилоъоту барномахои бештаре руи сойти интернетй (торнамо) хам дошта бошем. Яъне ман фикр мекунам, ки баъд аз рохандозии телевизюни мо ва баъд аз таквияти сойти сафхаи Точикистони мо, ман фикр мекунам, иддаи бештаре дар Точикистон ба иттилоъоти бештаре дастрасй хоханд дошт, дар мукоиса бо имруз. Дар мачмуъ, микдори иттилоъ ва барномахои Би Би Си, ки ба Точикистон хохад расид ва фикр мекунам, иддаи бинандагону шунавандагону хонандагони мо хеле бештар аз ин хохад буд, ки имруз хаст. Ман фикр мекунам, ду-се сол баъд, агар мо дар Точикистон оморгирй бикунем, хохем дид, ки иддаи бештаре доранд аз Би Би Си истифода мекунанд, то дар мукоиса бо имруз.

Д: Оё ин тахаввулот хеч таъсире руи теъдоди кормандони бахши форсии Би Би Си дар Точикистон нахохад гузошт?

Бехруз: То он чое, ки ман медонам, феълан ба хеч вачх карор нест, ки теъдоди кормандони мо ё микдори коре, ки дар Точикистон тавлид мешавад, тагйир кунад. На.

Saturday, July 12, 2008

Illiberal Liberty

Гирифтори Озодй

Пушиши хабарии даъвои Сайёфи Мизроб бо родю Озодй, ки дар он чо бино ба ривояте 11 ва бино ба ривояте дигар 12 сол кор кард, фавкулъода буд. Родю ва телевизюни давлатй, хабаргузорихову расонахои дигар гузоришхои муфассалеро дар ин бора тахия ва пахш карданд ва онро дар сархатти ахбори рузи худ карор доданд. Зохиран тайи ин 11-12 сол синаи Сайёфи гиромй моломол аз дардхои магу шуда буд, ки сухани бисёре барои гуфтан дошт. Дар мусохибааш бо родю Имруз ба чузъиёти бахсхои молиаш бо макомоти родю Озодй хам пардохт ва гуфт, ки онхо хостаанд бо пардохти мохона 50 дулор уро розй кунанд, то руи ин казия сарпуш гузошта шавад. Аммо Сайёф мувофикат накардааст. Фарз кунем, ки ба дунболи 50 як сифри дигар изофа мешуд, оё боз хам Сайёф табли русвоии родюро менавохт? Намедонам.

Дар матлаби каблй хам ишорае доштам, ки мутаассифона корд замоне ба устухони хампешагони азизи мо мерасад, ки мавзуъи пул матрах аст. Ангор танхо хукуки мо хамин дастмузди мост ва мо дигар хукуке надорем. Агар пули хуб бидиханд, метавонем аз накзи хамаи дигар хукуки худ чашм бипушем. Бо тамоми арчу эхтироме, ки ба Сайёф дорам, тайи ин чанд руз борхо андешидаам, ки чи гуна тавонистааст зарфи 11-12 сол хиффату хориеро, ки дар баёнияаш тавсиф карда, тахаммул кунад. Пиндоштам, ки шояд руасои дигари бахши точикии Озодй бо у канор омада буданду ин яке на. Аммо мушкилоте, ки Сайёф дар номааш овардааст, моли яке-ду соли ахир нест, балки хамвора дар родю Озодй вучуд доштааст.

Родю Озодй, ки ба шиддат аз родю Би Би Си мутафовит аст, як расонаи чангисардист, ки бо хадафи вохиди сарнагунии Иттиходи Шуравй таъсис шуд. Пас аз комгорй ин расонаи ба вузух империолистй барои худ хадафхои тозаеро мушаххас кард; аз чумла иншиъобу парокандагии бештари Русия аз тарики пахши барномахо ба забонхои махаллии он кишвар, барканории режимхои мустабидди ру ба Маскав дар дигар кишвархои иттиходи пешин ва овардани давлатхои омрикогаро ба руи кор.

Чандин нуктаи баёнияи Сайёф бисёр дакик ва вокеъй буд. Яке ин ки родю Озодй ба тавозуни рузноманигорй арч намегузорад. Рузгори кутохе, ки дар ин родю кор кардам, бо макомоти хоричии он бахсхое доштам. Франк, яке аз макомоти вакти родю, аз як хамкори ман эрод гирифта буд, ки дар канори садои мухолифи давлат садои намояндаи давлатро низ пахш кардааст. Гуфтам, кори дурусте кардааст, чун тавозуни оро ва назархо бояд риъоят шавад ва хар ду тарафи даъво бояд назар бидиханд. Гуфт, ин чо Би Би Си нест ва карор нест Озодй мукаллиди Би Би Си бошад. Ба пиндори у, ки конуни нонавиштаи ин родюст, Озодй трибуни нерухои бетрибун аст. Дар ин сурат, нерухои иртичоъии зиёде трибун надоранд. Оё Озодй хозир аст микруфуни худро дар ихтиёри онхо гузорад?

Ин хакикати талхест, ки замоне ба тафсил метавон дар борааш навишт. Дар бахши точикии ин родю афроди баруманде хам кор мекунанд, ки харгиз ба сиёсатхои тахдиду иръоби макомот тан надодаанд ва бо ин ки аз имтиёзоти кобили таваччухе махрум шудаанд, хозир набудаанд, ки хостахои арбоби мустабидди омрикойиро анчом диханд ва ба вазифаи шарифи рузноманигорй вафодор мондаанд. Зиндагй ва кори онхо зери фишори шадиди равонй чараён дорад. Аммо будани онхо дар он мухити гандида ба родю андаке шамоили рузноманигорй медихад.

Аммо шумори дигаре хам хастанд, ки барои чанд дулори изофй хозиранд бо нангу номуси худ муъомила кунанд. Хамин афрод буданд, ки ба макомоти омрикойии родю гилоя карданд, ки Дориюш точик несту эронист ва забони у точикй несту порсист. Хамин точикони мо буданд, ки пайваста навкарвор пушти дари раиси омрикойи дар интизор менишастанд, то аз ёгигарихои хамкори чадидашон, ки ман будам, гилоя кунанд.

Яке аз хамин афрод буд, ки бароям нома навишт ва манро ба тахмили забони порсй бар точикони родю Озодй муттахам кард. Дар холе ки хамин «рузноманигор» дар гузашта далерона иддаъо мекард, ки порсй ва точикй як забони вохид аст. Аммо он чо сухбати кору пул матрах набуд. Дарачаи расмии болотари ман, ки ба таври худкор бароям даромади бештар дошт, мояи хасодату асабонияти хамкори мо шуда буд ва у тасмим гирифт аз андешаи ман дар бораи забони модариам ба унвони харбае алайхи ман кор бигирад. У расман дар номае изхор дошт, ки порсй ва точикй ду забони мучаззост ва ман ба унвони сардабири торнамои Озодй дар холи ичрои «эксперимент»-е руи забони «точикй» хастам. Яъне бо пул метавон хуввияти миллию забонии бархеро харид.

Хамин фард буд, ки хозир буд дар изои чанд пашизи ночиз хафтае панч то хафт шаб шабкорй кунад. Ман дар номае аз раиси бахш хостам, ки барои ман чахор шаб шабкорй кофист, чун истондорди байнулмилалй хамин аст ва хатто дар дигар бахшхои родю Озодй низ, ки барои худ эхтироме коил хастанд, кормандон бештар аз чахор шаб шабкорй намекунанд. Такозои ман пазируфта шуд ва галаёни хашми хамкори моро барангехт. Гуфтам, бино ба пажухишхои тозаи пизишкй шабкории мумтад саратонзост. Корае накард. Саранчом икрор кард, ки «хеч як аз мо фисабилуллох кор намекунам» ва ин ки ба пули он шабкорй ниёз дорад. Пули он ба хадде ночиз буд, ки боварам намешуд касе хозир шавад ба хотири он зиндагии одиашро ба хам занад. Охируламр мо чахор шаб кор мекардему у панч шаб шабкориро ба чон харид. Халолаш бод.

Мавориди бисёре дар родю Озодй бароям чолиб буд. Аз чумла сухбатхои бархе пушти мизи нахор, ки ба шиддат иштихокуш буд. Сухбат аз кимати либоси тани фалонй, нархи мошини бехмонй ва чахиши кимати хона дар Точикистон аз махбубтарин мавзуъоти нахори бархе буд, ки рохи нон ба гулуямро мебаст. Аз нахустин рузхои вуруд ба родю Озодй мутаваччех шудам, ки ба дунёе номаънусу галат уфтодаам.

Вуруди ман ба Озодй дар паи як имтихони тулонии тамомъайёр ба забони инглисй сурат гирифт. Барои нахустин бор дар торихи бахши точикй. Дар натичаи хамон имтихон тавассути руасои омрикойи буд, ки бароям дарачаи хирфаии болотар таъйин карданд. Ин мавзуъ хам боъиси вохимаи баъзе аз хамкорон шуд. Онхо бимнок шуда буданд, ки мабодо чунин имтихоне ба сарвакти онхо хам бирасад. Шояд ин маврид хам дар эчоди хисси танаффур аз ман дар вучуди бархе сахим буд.

Бо вучуди ин, рафтори бархе аз хамкорон ба гунае буд, ки ангор аз хуртуми хазрати Фил уфтодаанд. Далел хам доштанд. Тайи чандин соли кор дар родю раиси забоннафахми пешини он хатто дар як маврид аз онхо эрод нагирифта буд. Дар вокеъ, раиси пешин озарие буд муътакид ба хуввияти туркии худ ва китобхое дар ин бора навишта ва шадидан алайхи порсхо тохта. Солхо пеш аз ин ки вориди Прог шавам бо у бахсе телефунй доштам. Ин турк ба мани порс тавзех медод, ки номи забони ман чист ва чи гуна бояд бо он такаллум кард. Мегуфт, порсй забони эронихост ва точикй забони точикхо. Мегуфт, точикхо ба «густара» ё «махдуда» «территория» мегуянд. Мегуфт, «чи гуна» нагу, ки эронист; «чи хел» бигу. Як чунин фарде бо хадафи мушаххаси дур нигах доштани точикхо аз хуввияти ростинашон тайи хашт сол бар бахши точикй раёсат дошт ва хушхол буд, ки забони порсии бархе аз кормандонаш ба хадде шикаста-баста аст, ки хеч порсизабоне дигар онро мутаваччех нахохад шуд. Корбурди вожахои русй дар сухбатхои порсй аз махбубтарин тиккакаломхояш буд. Аз ин ру, хар чи забон шалахтатару ворехтатар буд, барои ин око бехтар буд. Бо чунин пешинае ислохи забони дархаму бархами бархе аз хамкорон сабри Аюбро мехост.

Яке дигар аз ачоиби родю Озодй мудирияти зарраии он буд. Яъне баландпоятарин мудирони кулли родю меомаданд ва мустакиман дар кори як хабарнигор дахолат мекарданд, ки хеч чои дигар надида будам. Дар паи шикоятхои точикони мо ба омрикоихо аз забону баёни ман тамоми гузоришхову барномахои ман зери заррабин рафтанд, то ташхис диханд, ки забони ман порсист ё точикй. Як пиразани омрикойи (аз руасо), ки порсй балад набуд, мегуфт: «Эронихо ба нон «нан» мегуянду точикхо «нун». Холо биёву дурусташ бикун. Сахнае хандадортар ва дар айни хол риккатбортар аз инро дидаед?

Баррасихои супоришии родю Озодй аз Точикистон расиданд. Баррасихоро созмони назарсанчии «Зеркало» анчом медихад, ки муассисаш аз кормандони Озодй дар Прог аст. Ин хонум тобистони хар сол барои «таътилот» ба Душанбе мерафту бармегашт ва пас аз муддате кутох натичаи назарсанчихо ба Прог мерасид. Тибки интизоре, ки доштам, ин бор эроди аслии «шунавандагон» марбут ба забони порсии ман буд. Дар холе ки солиёни сол дар бахши точикй гуяндагоне аз Афгонистон ва Эрон барнома пахш мекарданду иттифоке науфтод, аммо забони ман, ки хатталмакдур ба лахчаи точикй адо мешуд, мояи инзичори бархе аз хамкорон шуда буд, ки пушти сахна сахт захмат кашиданд, то асноду далоиле даступо кунанд.

Кутохсухан, ман буридам. Ва эъломи истеъфо кардам. Чолиб ин чост, ки истеъфои манро омрикойихо напазируфтанд. Пурсиданд: «Мехохй бар даромадат изофа кунем?» Гуфтам: «На. Хамин пуле хам ки медихед, изофист.» Гуфтанд: «Пас мушкили ту чист?» Гуфтам: «Фазои родю дорад манро хафа мекунад.» Гуфтанд: «Пас метавонй ба бахши эронии родю биравй ба унвони муъовини сардабири торнамои порсй ё тахиякунандаи барномахои чавонон. Ё метавонй дар утоки хабари инглисй кор кунй. Ё шояд бихохй дар бахши омузишии родю дарс дихй». Хар се пешниходро бедиранг рад кардам. Гуфтам: «Хамаи ин корхоро метавонистам дар Би Би Си анчом дихам. Аммо мехостам барои Точикистон кор бикунам ва родю Озодй рузона барои кишвари мо шаш соъат барнома дорад. Аммо зохиран ин чо чои ман нест». Се руз мунтазир монданд, то шояд назарам тагйир кунад, ки накард. Бад-ин гуна пас аз худуди нух мох родю Озодиро барои хамеша тарк кардам ва гуё дубора зода шудам. Шушхоям, ки аз хавои гирифтаи родю гандида буд, дубора нафас даркашид. Аммо холати равониам ба хадде ба хам хурда буд, ки барои муддате дароз аз дунё комилан буридам: телефунамро хамеша хомуш нигох медоштам, ба номахо посух намедодам ва хавсалаи дидори хеч рафику норафикеро надоштам. Оворагии хонаводаам, ки аз хонаи шики Прог ба куча-паскучахои Ландан ва сипас Омстердом парт шуданд, бар ранчи равониам афзуд ва хеле тул кашид то ба худ оям. Ин достонро хам ки факат пораи кучаке аз кулли мочарост, то кунун чое нанавишта будам, бо ин ки борхо касоне аз ман хоста буданд, ки бо зикри мушаххаси хакоик дар ин бора матлабе бинависам.

Баёнияи Сайёф буд, ки дубора манро ба Прог бурд ва он рузгори дудиро бароям зинда кард. Аммо боз хам дар ачабам, ки чаро бояд мавзуъи пул мухаррики эътирози мо бошад, дар холе ки дар он родю садхо масоили бисёр мухимтар хаст, ки бояд руяшон ангушт гузошт ва дар халлашон кушид. Агар хузури чанд рузноманигори ростин дар бахши точикии Озодй набуд, он муддатхо пеш фуру мерехт. Ин рузноманигорони шариф бо риъояти вазифаи дурусти худ ва химоят аз хукуки хаккаи худ зери фишори азиме кору зиндагй мекунанд. Дар Душанбе низ рузноманигорони барчастаи точик зомини обруи родюе хастанд, ки бунёди дурусте надорад. На хамаи ин дустон аз як кумошанд. Шумори зиёде аз онхо чи дар Точикистон ва чи дар Прог дар холи пайкор бо вокеъиятхои нангини родю хастанд ва хеч хиёнатеро ба миллату механ раво намебинанд. Вучуди ин афрод дар бахши точикии Озодй ногузир аст. Умедворам баёнияи Сайёфи Мизроб, ки бедиранг мавриди таваччухи музоъафи давлат карор гирифт, ба ин азизон латмае назанад. Давлат чунон болу пар гирифта, ки гуйи рузноманигорони дохилй дар бихишти барин кору зиндагй мекунанд ва истибдоде озорашон намедихад. Касе нест, ки ойинаро дар баробари ин давлатмардон карор дихад, ки кабл аз интикод аз расонае дигар, ба худат бингар. Калби додситони кул Бобочон Бобохонов аз ин руйдод шикаста ва кавл додааст, ки ба зудй мавзуъи истеъфои Сайёфи Мизробро баррасй кунад. Букаламун замонае!

Гуфтам, усули Озодй бо Би Би Си кобили мукоиса нест, чун дар тули шаш соли кор дар Би Би Си кучактарин мавриди мудохилаи касе дар корамро шохид набудаам ва хеч раисе ба зердасте дастури тахияи матолиби мугризонаро надодааст. Баръакс, риъояти асли инсоф ва тавозун аз мухимтарин усули родю Би Би Сист. Дар Озодй низ афроди зиёде хастанд, ки бо такя ба рисолати рузноманигорй ба хеч фишоре тан дарнамедиханд ва хозиранд аз имтиёзоте махрум шаванд, аммо ба рисолати худ содик бимонанд. Мондагорию пойдории ин азизонро орзумандам.

Шояд рузе-рузгоре мочарои родю Озодиро ба тафсил бинависам, аммо достони Би Би Сиро дар фурсате дигар хохам навишт. Дарег, ки Мачаллаи Осиёи Миёнаи азизи мо ба торих пайваст.

Thursday, July 10, 2008

RFE/RL in Turmoil Again. Part II

Ва боз як номаи дигар аз Сайёфи Мизроб. Такрор мекунам, ки ин номахо тасодуфан ба дасти ман уфтоданд. Хар ду ин нома хокй аз бадтар шудани авзоъ дар родюест, ки каблан хам таърифе надошт. Дар Прог, албатта, мавзуъи молй матрах набуд. Ба хар хол, барои ман матрах набуд, вале барои иддае зиёдй матрах буд. Дар Прог кирме хаст, ки бахши точикиро пайваста мечавад. Бархе сурох-сурох шудаанд ва пусидаанд ва худ хам табдил ба кирм шудаанд. Дар бахш дастикам се тан хастанд, ки кирмсифатанд ва худашон хам хуб медонанд кй хастанд. Род Шахидиро хам хамон се тан бо дасисахо руи кор оварданд. Зимнан, Род аз озарихоест, ки ба турк будан муътакиданд. Маъсумаи Турфа як порс аст. Ман хам ки порсам. Дар натичаи дасисаи ин се кирмсифати бахши точикй ду порс (Маъсума ва ман) бахшро тарк кардем ва кирмхои бахш салтанати як туркро ба чон хариданд. Бо ин ки озарихо асолатан эронианд, аммо як идда ба монанди Аббоси Чаводй ва писархолааш (ё хар чй, ба хар хол бо хам нисбати хешовандй доранд) Род Шахидй аз понтуркистхои дуоташа хастанд ва бо порсхо сари ситез доранд. Боз хам чун хамеша хиёнати худихо боъис шуд, ки порсхо бираванду туркхо оянд. Туркхо бо истифода аз заъфи шадиди точикхо ва махалгаройии кушанда хамчунон бар точикхои родю Озодй хукумат мекунанд. Хиффатбор ва хоркунанда аст. Кутохсухан, навиштаи Сайёф гуёи хол аст. Бисёре аз нукоти онро, аз чумла чангисардй будани он ва якбуъдй (яктарафа) ва мугризу номунсиф будани он, гайрихирфайи будани онро яке-ду сол пеш ман хузуран ба арбоби омрикойии родю гуфта будам. Холо афроди дигар хам хоханд гуфт, замоне ки корд ба устухонашон бирасад. Зохиран барои хелехо корд замоне ба устухон мерасад, ки дастмуздашон кохиш ёбад... Сари фурсат бахши точикии родю Озодиро колбудшикофй хохам кард.

Изҳорот:

Раҳбарияти бахши тоҷикии Радиои Озодии Аврупо-Радиои Озодӣ сар аз моҳи апрели соли 2008 барои кормандон шартномаи нави корӣ пешниҳод кард, ки ҳокӣ аз чанд банди зидди Қонунҳои роиҷи Тоҷикистон бо шумули Қонуни Тоҷикистон дар бораи меҳнат буд. Аз ҷумла дар банди 2.2 омадааст, ки коргар баъд аз 3 моҳи мӯҳлати озмоишӣ ба кор гирифта мешавад.

Ин банд зидди моддаи 33 Кодекси меҳнати ҶТ аст, ки санҷиш ҳини ба кор қабул шудан роиҷ аст, аммо аксари коргарон собиқадоранд – шахсан ман беш аз 11 сол дар ин расона кор мекунам. Ин бандро Род Шаҳидӣ танҳо ба хотири «чистка»-и журналистони «номатлуб»ва онҳое, ки моил нестанд, ки аз фаъолияти ҳукумат интиқоди муғризона кунанд, роҳандозӣ кардааст.

Банди 5.1 ҳуқуқҳои журналистро ҳамчун коргар ва шаҳрванд поймол мекунад. Дар ин банд гуфта мешавад, ки «коргар ҳамон қадар кори барзиёдатӣ (сверхурочная работа) мекунад, ки аз ӯ дархост мешавад». Ҷумлаи дигари ин банд: «Коргар розист, ки барои кори барзиёдатӣ маъош талаб накунад». Оё аз ин банд бӯи неоғуломӣ ба машом намерасад?!

Ин банд хилофи моддаҳои 69, 72, 73, 74, 102(1) ва 105 Кодекси меҳнати ҶТ аст, ки бар тибқи онҳо корфармо муваззаф аст, ки ба коргар ҳақуззаҳмати кори барзиёдатиро пардохт кунад.

Ба ҳамин тартиб дар бандҳои 5.3; 8.3.3 ва 8.3.4 ва 8.4 Кодекси меҳнати ҶТ риоя нашудааст. Дар ин шартнома ҳуқуқи корфармо барои аз кор пеш кардани коргар зиёд аст – 11 банд. Аммо коргар дар ягон банд аз худ дифоъ карда наметавонад. Ин магар Радиои Амрикоист, ки даъвои демокросӣ дорад ва ба мо дарси демократия меомӯзонад?! Дар банди 8.4.5 (в) нуктаест, ки бевосита обрӯи журналист ва интелигенсияи тоҷикро мерезонад. Дар ин банд омадааст, ки «Корфармо коргарро дар сурати дуздии моликияти Корфармо ва ё ҳамкорон аз кор пеш мекунад». Оё Радиои Озодӣ ҳуқуқ дорад, ки коргарашро дузд эълом кунад? Танҳо додгоҳ ин ҳуқуқро дорад...

Ман қабл аз имзои Шартномаи кори нав аз ин бандҳо эрод гирифта, пешкаши Род Шаҳидӣ доштам, аммо раҳбари дафтари тоҷикии Радиои Озодӣ ғайричашмдошт на хатои мавҷударо ислоҳ кард, ки пеши ман ултимотум гузошт, ки хоҳӣ нахоҳӣ бояд зери ин шартнома имзо монӣ!

Бар эроди кормандон Род Шаҳидӣ изҳор мекунад, ки мо ба шумо маъоши баланд медиҳем ва нахоҳед, рафта дар расонаҳои маҳаллӣ кор кунед, ки камтар пул медиҳанд. Дар ин маврид Род Шаҳидӣ аз нуқтаи заъфи кишваре, ки ҷанграсида буд, сӯистифода мебурд ва журналистони тоҷикро таҳқир ҳам мекард, ки ин рафтори ӯ ҷавобгӯи раёсати як Радиои амрикоӣ ва таҳаммулпазир нест. Биноан ман зери шартномаи кории таҳвиномез ва таҳқири инфиродии раёсати РО имзо нагузоштам.

Гузашта аз ин Радиои Озодӣ бояд расман эълом кунад, ки оппозистсияи ҳукумати конститутсионии ҶТ аст ё расонаи иттилоотист. Зеро дар ин Радио дар тӯли чанд соли ахир тамомии амалҳои ҳукумат истеҳзоомез, таҳрифомез мунъакис мешаванд. Тамомии гузоришоти марбут ба ҳукумати марказӣ бӯҳтонӣ ва таҳрифӣ - интиқодианд. Дилхоҳ гузориши РО варақ гардонед ва худ хулоса бароред. Дар ин маврид кормандону корфармоҳои РО имиҷи ҳукумат ва обрӯи миллатро мерзонанд, ки ин яке аз дигар қадами ниҳоии ман дар пешорӯи истеъфо аз ин Радио шудааст. Таҳқири сарзамин, кишвар, ҳукумат, миллат пайваста аз ин Радио садо медиҳад ва гузоришгарони Радио иҷборан ё ихтиёран пайваста ба домани фитна нисбат ба ҳамин кишвар даст мезананд. РО дар тӯли 2 соли ахир дар нисбат ба Тоҷикистон аз усули « љанги сард» бо собиқ СССР кор мегирад: оё РО – расонаи Конгресси ИМА бо Тоҷикистон ҷанги сард эълом кардааст, ё ин шеваи кори Род Шаҳидист?

Кор то ҷоест, ки бар тибқи кадом як «пурсишномаҳо»-и хаёлӣ проблемаҳои будаву набударо матраҳ мекунанд. Радиои Озодӣ то ҷое ман медонам, иҷозати гузаронидани назарсанҷиро дар ин кишвар надорад. Биноан 70 ва 80% пурсидашудагони ин Радио кистанд? Мушаххас нест. Гузашта аз ин Радио бар тибқи талаботи професионалӣ ҳадди ақалл дар ин «назарсанҷиҳо» бояд садое истифода барад ва номи соҳибназаронро орад. Вале бо ин иддаъо, ки онҳо «гӯё» мавриди шиканҷаи ҳукумат қарор мегиранд, на садоест ва на номе дар ин зумра гузоришот. Ба таҳқиқ, ин пардапӯшии соҳибназарон ба назари мардуми олам ҳукумати Тоҷикистонро ҳамчун як ҳукумати авторитарӣ ва табъизӣ муаррифӣ мекунад… Ҳол он ки гузоришоти интиқодии конструктивие қавитар аз ин фитнаҳо дар саҳафоти газетаҳои Миллат, Нигоҳ, Фараж ва ғ. интишор мешаванд!

Ба назар мерасад, ки ин ҳама фитна мавқеъи расмии Радиои Озодист. Агар чунин аст, пас роҳбарият бояд расман эълом кунад, ки Радиои Озодӣ расонаи иттилоотии реолӣ не, ки расонаи таҳвинбарангез ва оппозитсионӣ ба ҳукумати марказии ҶТ аст.

Ва дар ҳамин ҳол, оқои Род Шаҳидӣ борҳо дар ҷаласаҳои муштараки Прагаву Тоҷикистон изҳор кардааст, ки «чандест, ки дар Тоҷикистон журналистеро накуштаанд ва зиндонӣ накардаанд» (воқеан ҳам, агар кормандони душанбегии РО натарсанд, ин гуфтаҳоро таъйид мекунанд) ва моро таҳрик медод. Яъне чи? Оқои Род Шаҳидӣ мехоҳад, ки дар Тоҷикистон кушторе ба вуқӯъ пайвандад? Вазъ бӯҳронӣ шавад?

Мавқеъгирии оқои Род Шаҳидӣ дар самти диктотурӣ барои ман ҳамчун собиқадори РО гӯшношунид аст. Оқои Шаҳидӣ бо такя бар ин далел, ки хеши наздики Аббоси Ҷаводӣ масъули баландпояи РО дар Прага аст, дар тӯли ду соли раҳбарии худ танҳо аз диктотураи шарқиёна кор мегирад ва ягон пешниҳоду шарҳу баёни журналистони тоҷикро қабул надорад. Род Шаҳидӣ барои тарсонидани коргарон бархе аз кормандони собиқадори ин Радиоро бе ягон сабаб аз кор рондааст, ки далели ин гуфтаҳо Холиқи Сангин – журналисти шинохташудаи тоҷик аст, ки таи соли ахир мурофиъаи ӯ бо Корфармо дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур идома дорад. Гузашта аз ин бо дархости Род Шаҳидӣ ва барои «брэнди ройгон»-и сайти ин Радио масъулин аксҳои Сӯҳроб Лангариев ва ҳамсилоҳони ӯро, ки моли ҳалоли гурӯҳи эҷодии фаврӣ - амалии кормандони соҳаҳои қудратии кишвар буд, дар саҳифаи худ ҳамчун моли ин Радио гузоштанд ва зери он аксҳо имзои RFE/RL монданд. Ин плагиат ё дуздии рӯирости Радиои Озодӣ буд, ки алайҳи Қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аст ва танҳо ман бар ин плагиат ирод гирифтам, вале Род Шаҳидӣ бо таҳдид иддаъои маро рад кард.

Гузашта аз ин тамомии афроди ҷиноятпеша дар ин Радио чун қаҳрамон муаррифӣ шудаанд. Радио бе ягон таҳлил бар оташи алангаи вазъият дар Кӯлоб, Бадахшон Рашт равған мерезад ва бар фитна доман мезанад. Оё РО чи мехоҳад? Дар Тоҷикистон боз ҷанги шаҳрвандӣ рӯ занад? Чаро матлаби РО бе таҳлили воқеӣ ва бе назари алтернатив пахш мешавад?

Аз сӯи дигар раҳбари бахши тоҷикии РО - Род Шаҳидӣ бо сӯистифода аз заъфи билодавои тоҷикон – маҳалгароӣ сахт истифода мебарад ва ҳудуди як сол аст, ки дар бахши Прага муовини худро таъин накардааст. Ҳар коргар ҳафтае роҳбари бахш мешавад, ки дар натиҷа кор дар бахш заъиф шудааст ва авзоъ сахт нороҳаткунанда аст. Ҳар муддаии 7 рӯза кӯшиш мекунад, ки худро ҳамчун «роҳбари хуб» нишон диҳад, ки бар асари он марази маҳалгароӣ аз Прага ба Душанбе доман задааст. Вазъ дар дафтари корӣ нороҳаткунанда ва осебпазир аст. Воқеан ҳам, сарчашмаи он маҳалгароӣ, ки имрӯз ба матбуоти тоҷик реша давонидааст, маҳз дар РО ниҳон аст, ки яке аз сенаристони аршади он Род Шаҳидист!

Бо дарназардошти ин ҳама нукоти боло овардашуда ва ба ин далел, ки ҳуқуқҳои ман ҳамчун шаҳрванд ва журналист поймол шудаанд ва шахсан ман намехоҳам, ки зидди миллат ва ватани худ зери фишори раҳбарияти гуфторҳои тоҷикии РО фаъолият барам, бо масъулияти том аз кор дар ин Радио канор меравам.

Сайёфи МИЗРОБ

(Достиев Сайфиддин Мизробович)

10 07 2008

RFE/RL in Turmoil Again

Родю Озодй, ки аз пурмочаротарин родюхои порсигу дар чахон аст, дубора дастхуши нооромй шудааст. Табли русвоии хеч родюи дигаре ба ин хад баланд ва мукаррар навохта нашудааст. Шумори афроде, ки аз ин родюи чанги сардй бо дили оганда аз дарду гусса ба берун парт шудаанд ё алайхи он эътироз кардаанд, дорад аз шумори ангуштонам фаротар меравад. Сайёфи Мизроб - аз кормандони пурсобикаи ин родю дар Точикистон тозатарин мавриди он аст. Номаи зер мутаъаллик ба калами Сайёф аст, ки имруз ба раиси кулли родю Озодй фиристода шуд ва тасодуфан ба дасти ман хам уфтод. Танхо порае аз онро ин чо меоварам, ки ба назари ман, мухимтар аз дигар нукоти нома аст.

Ба президенти Радиои Озодии Аврупо - Радоио Озодӣ, ҷаноби Ҷефри Гедмин.

Мӯҳтарам ҷаноби Ҷефри Гедмин! Чунин ба назар мерасад, ки дар баробари шахсияти ман мӯҳтарам сарвари гуфторҳои тоҷикии Радиои Озодӣ дар Прага ҷаноби Род Шаҳидӣ аз беадолатӣ кор мегирад...

Оқои Род Шаҳидӣ баъд аз талаби ҳуқуқи қонунии ман (гонорар) бо ман сард ҳарф гуфт ва эълом дошт, ки шурӯъ аз ҳамин рӯз гузоришҳои ман (ва аз дигар ҳамокрон низ) тибқи реҷа (лимит) пахш мешаванд ва мо ҳуқуқ надорем, ки аз 25 гузориш дар як моҳ бештар матлаб таҳия кунем. Дар сурати акс оқои Род гуфт, ки ба мо пули гузоришҳоро нахоҳад дод!

Ҷаноби президенти РО! Ман 12 сол дар Радиои Озодӣ ба ҳайси хабарнигор кор мекунам, вале ин барои нахустин бор аст, ки мебинам, сардори гуфторҳои як бахши РО аз гузоришгарон амр мекунад, ки камтар кор кунанд.

Дар тӯли ин 12 сол ҷаноби Ҷефри Гедмин, ман корҳои зиёде барои обрӯи ҳамин Радио кардаам. Репортажҳои ман дар соли ҷанги шаҳрвандӣ аз нуқоти доғ ва ҷангҳо садо додааст. Барои кор дар РО дар моҳи майи соли 2000 ба ҷони ман сӯиқасд карданд ва маро ду захми корд ба сарам заданд, ки ман 2 моҳ дар бемористон бистарӣ будам. Ман ба Афғонистон дар соли 2000 сафар карда, аз ҷабҳаи ҷанги Толибон ва Аҳмадшоҳ Масъуд репортажҳо навиштаам. Ман дар солҳое дар ин Радио кор кардаам, ки ягон журналист намехост дар Тоҷикистони ҷанграсида дар ин Радио кор кунад. Ин миннат нест - ин ҳақиқати ҳол аст! Ва дар тӯли ин ҳама сол кор ва фаъолият дар дафтари кории РО дар Душанбе роҳат ва ҳамвор буд.

Аммо мутассифона, баробари омадани ҷаноби Род Шаҳидӣ ба сари кор кормандони мо бе ягон баҳона (танҳо ба ин хотир, ки оқои Шаҳидӣ мақбул намеафтоданд) аз кор хориҷ мешуданд. То ҳанӯз парвандаи шаҳрвандии Холиқи Сангин, ки бе ягон баҳона аз кор сабукдӯш шуда буд, дар додгоҳи Шоҳмансури шаҳри Душанбе давод дорад. Холиқи Сангинро танҳо ба ҳамин хотир аз кор пеш карданд, ки ҳини даромадани раиси нав – Род Шаҳидӣ ба толори маҷлис дар офиси РО дар Душанбе аз ҷой баланд намешуд ва тамаллуқкорона ба ӯ салом намедод. Оқои Шаҳидӣ дар сафарҳои худ дар Душанбе худро ҳамчун як ҳоким, шоҳи Шарқӣ нишон медиҳад. Фикр мекунам, ба намояндаи як радиои амрикоӣ зебанда нест, ки дар ҷои кор диктотураи Шарқиро роҳандозӣ кунад.

Ба ҳамин тартиб ман низ борҳо аз кори оқои Род Шаҳидӣ эродҳои касбӣ мегирифтам. Ман мегуфтам, ки шунавандаҳои мо дар Тоҷикистон кам шудаанд, Зеро кори мо заъифтар мешавад. Вале садорат дар симои оқои Род Шаҳидӣ (воқеан ҳам қаблан ҳамин эроди маро Турфа Маъсума – роҳбари собиқ ба назар намегирифт) эроди профессионалии маро нодуруст ва сахт мепазируфт ва барои ман шароити кориро тангтар менамуд...

Ман фикр мекунам, ки оқои Род Шаҳидӣ ҳамчун як корфармо шахсияти маро дар симои Ватани ман, ки мутассифона ҷангзада аст, таҳқир намуд! Дуруст аст, ки Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ва сахттарин рӯзҳои баъдиҷангиро аз сар мегузаронад ва дар ин сулҳи бадастомадаи тоҷикон нақши Радиои Озодӣ ногусастанист! Мо - журналистони ин Радио дар Тоҷикистн дар тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кӯшишҳо кардаем, ки ин кишвар ба сулҳ бирасад. Аммо дар шароити бурҳонӣ, танҳо бо ин иллат, ки маъоши кор дар расонаҳои ватанӣ камтар аст, пеши журналистони касбӣ, собиқадорони Радио ултимотум гузоштани оқои Род Шаҳидӣ ба имиҷи РО зебанда нест.

Ҷаноби президент! Дар моҳи июл бо сабабҳои тамоман ба ман номаълум оқои Род Шаҳидӣ амри додааст, ки гузоришҳои ман дар радио пахш нашаванд ва ман танҳо дар як ҳафта як пакеҷи фарҳангии 30 дақиқа омода кунаму тамом! Ман тамоман намедонам, ки сабаби аслии ин фармон чист? Агар гузоришҳои ман профессионалӣ набошанд ва ба талаботи Радио ҷавобгӯ нестанд, ман омодаам, корро дар ин радио қатъ кунам. Аммо ман дар тӯли 12 сол боре ҳам эрод надидаам, ки гузоришҳои ман ба талаботи РО ҷавобгӯ набошанд. Тамоми ҳмакорон метаовнанд ин иддаъои маро тасдиқ кунанд.

Мутассифона, маро оқои Шаҳидӣ танҳо барои дифоъ аз ҳуқуқҳои инфиродии худ, нақзи ҳуқуқ ва дифоъ аз шарафи инсониам мавқеъи маро танг мекунад. Мутассифона, аксари коргарони РО дар Душандбе ҳамин аҳволро доранд вале аз тарси Шаҳидӣ хомӯшанд. (Раёсати РО метавонад бо бархе аз коргарони мо дар Душанбе сӯҳбати пинҳонӣ кунад ва ҳақиқатро ифшо созад)

Гузашта аз ин оқои Род Шаҳидӣ, ки бо мо – кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе ҳамчун корфармо не, ҳамчун хуҷаин – диктатор рафтор мекунад, ҳар эроди моро, ҳар пешниҳоди моро хуш намепазирад ва моро таҳқири маънавӣ мекунад ва дар ин ҳама маврид аз номи садорати Радоии Озодӣ ҳарф мезанад.

Ҷаноби президент! Имиҷи РО дар Душанбе рӯз то рӯз коҳиш меёбад ва хоҳишмандам, барои рӯшноӣ андохтан ба вазъ чорае андешед.

Бо ҳурмати том Сайёфи МИЗРОБ (Достиев Сайфиддин)

собиқадори РО дар Тоҷикистон

Tuesday, June 24, 2008

Günaydın, Türkiye!

Lying down on a snow-whıte satın cover of my bed in one of the hottest evenings of my recent months in a jewel-cıty caught between three marvellous seas: the Black Sea, the Sea of Marmara and the vast Aegean Sea. The city of heroıc Roman and Byzantıan emperors - Constantınople. After being conquered by the Ottoman sultan Mehmet II in 1451 its name was destorted ınto İstanbul. It lost ıts glamour together with the Ottoman empire by the end of the 19th century. But still, my taxi driver believes that Istanbul is better than the present capital - Ankara.

İ am typing these lines ın a fashionable hotel room. Its wireless keyboard though looks a bit odd and ıs not that comfortable to work wıth. Hence, the real travelogue wıll be posted a bit later.

Just wanted to tell you what I found on my bed: a little blue bead pınned into a piece of paper with the followıng words:

This ıs a tradıtıonal Turkısh good luck charm that protects you from evil eye. In Turkey, we believe that this blue bead, with the shape of an eye, attracts the negative energy and supplies you with positive energy. Please accept this small welcome present as a symbol of our good will and keep it to bring you good luck.

Don't we have the same traditıon ın Tajikistan to protect us from chashm-zakhm (evil eye)?

Will get back soon with more stories to tell you.

Saturday, June 21, 2008

Badakhshan Governor Speaks to Protesters

Кодир Косим, устондори Бадахшон (20.06.08):

Мо бояд ки дар ин вакт, дар ин замон хушёрии сиёсира ай даст надихем, ки дигар кас аз мо истифода набара. Минтакаи Бадахшон барои бисёр куввахои беруна даркорай. Бисёр куввахои беруна мехоханд, ки нотинчира аз Бадахшон сар кунанд. Бародарои азиз, ида мо бояд ки рох натием. Ягон гап, ягон кор дар Бадахшон намешава. Ина пурра дарк кунен. Баъзе гапу хабарое, ки зиётй рафтестан, ино аз худи мо вобастагй дора. Аз рафтор, кирдор, гуфтори мо. Куввахо барои чй омаданд? Куввахо таъмини сархад, мо бояд ки гап занем, ки таъмини сархади мо пурра шава. Ба амнияту бехатарии шахрвандони Бадахшон ягон кас, нули милтик ё гапу сухан хам нигаронда нашуда. И гапо хама гапои сохтаву бофта аст. Ана, камисия омадаст. Камисия имруз-пагох бо кор мекуна. Мо бояд нишон дихем, ки мо мардуми бафарханг, сохибэхтиром, таърихи бой дорем, хич вакт мо гапи бегонада, правакатсияда ягон гапе намегем.

***
Назарсанчй

Ангезаи аслии баргузории тазохурот дар Хоруг чй буд?

25 раъй

Бенавойи: 6 (24%)
Махалгаройи: 3 (12%)
Ниёз ба табдили макомот: 8 (32%)
Тарс аз неруи низомй: 2 (8%)
Дигар: 6 (24%)

Thursday, June 19, 2008

Poll: Tajik Bloggers Disappointed

Чаро торнигорхои точикй дер-дер баруз (тоза) мешаванд?

27 раъй

Нависандагон маъюсанд: 12 (44%)
Харфе барои гуфтан нест: 2 (7%)
Нависандагон пуркоранд: 11 (40%)
Аз навиштан суде ку? 1 (3%)
Дигар: 1 (3%)

Why Are Jews So Powerful?

Чаро яхудиён ин кадр кудратманданд?

Дуктур Фаррухи Салим,
Исломобод, Покистон


Дар тамоми чахон танхо 14 милюн яхудй зиндагй мекунанд: хафт милюн дар Омрико, панч милюн дар Осиё, ду милюн дар Урупо ва яксад хазор нафар дар Офрико.

Дар баробари хар яхудй дар дунё яксад мусалмон зиндагй мекунанд. Бо ин хол, яхудиён бештар аз яксад баробар кудратмандтар аз тамоми мусалмонон хастанд. Оё харгиз шигифтзада нашудаед, ки чаро?

Олберт Эйнштейн, бонуфузтарин ва таъсиргузортарин донишманди тамоми даврон ва Марди Сада ба интихоби мачаллаи Time, як яхудй буд. Зигмунд Фройд – падари равонковй як яхудй буд. Ба хамин тартиб, Корл Моркс, Пол Сомуэлсун ва Милтун Фридман иддае дигар аз яхудиёне хастанд, ки хосили хираду равшанфикришон ба тамоми башарият расидааст.

Бенчомин Рубин суранг (сузандору)-и моякубй (ваксинатсия)-ро ба башар арзонй дошт. Юнос Солик воксани фалачи атфолро тахия кард. Олберт Собин воксани фалачи атфолро муассиртар кард. Гертруд Элиюн доруи мубориза бо саратони хунро ба мо хадя кард. Борух Блумберг моякубии хепотити Би-ро мухайё кард. Пол Элрих дармони сифилисро кашф кард. Эли Мечникуф як чоизаи Нубелро дар беморихои уфунй ба даст овард. Бернорд Котз як чоизаи Нубелро дар интиколи асабй-узалонй касб кард. Андрю Шолй барандаи чоизаи Нубел дар гудуди тарашшухкунандаи дохилй шуд. Орун Бак дармоншинохтиро кашф кард (равондармонй барои муъоличаи ихтилолоти равонй, афсурдагй ва вахм). Грегурй Пинкос нахустин курси зидди обистании хурокиро тахия кард. Чурч Волид як чоизаи Нубел ба хотири пешбурди донишу идроки мо аз чашми инсон касб кард. Стенлй Кухен барандаи як чоизаи Нубел дар чаниншиносй шуд. Вилём Кулф бо мошини диолизи кулия (гурда) матрах шуд.

Дар тули 105 соли гузашта 14 милюн яхудй 15 дучин (дюжина) аз чавоизи Нубелро касб кардаанд, дар холе ки танхо 3 чоизаи Нубел тавассути 1.4 милёрд мусалмон касб шудааст (гайр аз чавоизи сулх). Чаро яхудиён ин кадр кудратманданд?

Стенлй Мизур нахустин тарошаи микропросессор (резпардозанда)-ро ихтироъ кард. Леу Силорд нахустин реоктури хастаии занчираиро сохт. Питер Шултз кобли фибер (кабели нахй)-и нурй; Чорлз Одлер – чароги рохнамо; Бену Строус – пулоди зиддизанг; Ойсодур Койсй – синамои садодор; Эмил Берлинер – микруфуни даханй ва телефун; Чорлз Гинсбург – забти навори видеуйи.

Сармоядорони шахир дар чахони бозаргонй, ки ба мазхаби яхудият таъаллук доранд, иборатанд аз:

Ролф Лурен (Polo)
Луис Строус (Levi’s Jeans)
Хуворд Шултз (Starbuck’s)
Сергей Берин (Google)
Мишел Делл (Dell Computers)
Лурй Элисун (Oracle)
Дуно Корон (DKNY)
Иру Рубинз (Baskins & Robbins)
Билл Рузенберг (Dunkin Donuts).

***

Ричорд Левин, раиси Донишгохи Йол (Yale), як яхудй аст. Хамчунин Хенрй Киссинчер – аз давлатмардони маъруфи омрикой, Олен Гринспан – раиси мачлис дар даврони Рейгон, Буш, Клинтун ва Буш, Чузеф Либерман, Моделин Олбройт – вазири омрикойи, Коспер Винбергер – вазири дифоъи Омрико, Моксим Литвинуф – вазири умури хоричаи Шуравии пешин, Дейвид Моршол – нахуствазири Сангопур, Исок Исокус – фармондори кулли Устролиё, Бенчомин Дисроилй – сиёсатмадор ва нависандаи бритониёйи, Евгений Примокуф – нахуствазири Русия, Беррй Гулвотер, Хурхе Сомпойу – раисичумхури Пуртугол, Чон Дуйч – мудири СИО (CIA), Херб Геррй – коиммакоми нахуствазири Конодо, Пйер Мендез – нахуствазири Фаронса, Мойкл Хуворд – вазири кишвари Бритониё, Бруну Крискй – садри аъзами Утриш ва Руберт Рубин – вазири хазонадории Омрико низ яхудй хастанд.

***

Дар арсаи расона яхудиёни саршинос шомили Вулф Блитзер (CNN), Борборо Волтерз (ABC News), Евчин Меир (Washington Post), Хенрй Грунволд (сарверостори Time), Котрин Грохом (ношири Washington Post), Чузеф Ллилд (веростори ичроии New York Times), Мокс Фронкел (New York Times).

Оё метавонед навъдусттарин некукор дар тули торихи чахонро ном бибаред?

Номаш Чурч Сурус (George Soros) аст. Як яхудй, ки то кунун беш аз 4 милёрд дулор эхдо карда, ки бештари он барои кумак ба донишмандон ва донишгоххои саросари чахон сарф шудааст.

Пас аз Чурч Сурус Волтер Оненберг, як яхудии дигар карор дорад, ки яксад китобхонаро бо бахшиши такрибан ду милёрд дулор сохтааст.

***

Дар Улампикхо (Olympics)

Морк Спитз бо бурдани хафт медоли тило як рекурд сабт кард. Ленй Кройзелберг барандаи се медоли тилои улампик аст. Спитз Кройзелберг ва Бурис Беккер хам яхудианд.

Холивуд

Оё медонистед, ки Харрисун Фурд, Чурч Бернз, Тунй Куртис, Чорлз Бренсун, Сондро Булок, Билй Кристол, Вудй Олен, Пол Нйуман, Питер Селрез, Достин Хофман, Мойкл Доглос, Бен Кингзлй, Крек Доглос, Гулдй Ховен, Крей Гронт, Вилём Шонтез, Черй Луис ва Питер Фолк хама яхудианд?

Хакикати амр ин аст, ки худи Холивуд ба дасти як яхудй бунёд нихода шуд. Дар байни коргардонхо ва тахиякунандахо Стивен Спилберг, Мел Брукс, Оливер Стоун, Орун Сплинг, Бурлй Хилз, Нил Симун, Ондрю Войно, Мойкл Мон, Милус Фурман, Доглос Фирбанкс ва Эйвон Ритман хамагй яхудианд.

Сиёсати калон

Вошингтун пойтахти мухиммест. Дар ин шахр лоббие, ки аз ахамият бархурдор аст, Анчумани Умури Умумии Исроили Омрикойи (AIPAC – The American Israel Public Affairs Committee) аст.

Вошингтун медонад, ки агар нахуствазир Эхуд Улмерт кашф мекард, ки замин соф аст, AIPAC яксаду нухумин кунгреро водор ба тасвиби мусаввабае чихати кадрдонй аз Улмерт ба хотири ин иктишоф мекард.

Хуш

Вилём Чеймз Сидис бо зариб (коэффитсиент)-и хуши 250-300 тобноктарин ва хушмандтарин башарест, ки то кунун вучуд доштааст.

Хадс бизанед, ки у ба чй дине таъаллук дошт?

Пурсиш: Холо чаро яхудиён ин кадр кудратманданд?

Посух: Омузишу парвариш


Чаро мусалмонон ин кадр камтавонанд?

Ба таври тахминй, дар худуди 1 476 233 470 мусалмон бар сатхи сайёраи Замин карор доранд: як милёрд дар Осиё, 400 милюн дар Офрико, 44 милюн дар Урупо ва шаш милюн дар Омрико.

Як панчуми тамоми инсонхо мусалмонанд. Ба изои хар нафар хинду ду нафар мусалмон вучуд дорад. Дар мукобили хар нафар буддойи ду нафар мусалмон ва дар баробари хар нафар яхудй яксад нафар мусалмон вучуд дорад. Хеч фикр кардаед, ки чаро мусалмонон ин кадр заъифанд? Далелаш ин чост:

57 кишвар дар Созмони Кунфронси Исломй узвият доранд ва тамоми онхо бар руи хам дар худуди 500 донишгох доранд; як донишгох ба изои хар се милюн мусалмон.

Иёлоти Муттахидаи Омрико 5758 донишгох ва Хинд 8407 донишгох доранд. Дар соли 2004 донишгохи Шонгхой Чиёу Тунг як раддабандии илмии донишгоххои чахонро гирдоварй кард. Ва хеч донишгохе аз кишвархои бо аксарияти чамъияти мусалмон дар чамъи 500 донишгохи бартар карор надошт.

Мутобики иттилоъоте, ки тавассути Барномаи Тавсеъаи Созмони Милал чамъоварй шудааст, дарсади босаводй дар чахони масехият дар худуди 90 дарсад мебошад ва 15 кишвар бо аксарияти чамъияти масехй дорои мизони босаводии сад дарсад будаанд. Як кишвар бо аксарияти чамъияти мусалмон дар болотарин холати тамоюз миёнгини нархи босаводии худуди 40 дарсад дошта ва хеч кишвар бо аксарияти мусалмон бо нархи босаводии 100 дарсад вучуд надорад.

Худуди 98 дарсад аз босаводон дар чахони масехият мактаъи ибтидойи ё дабистонро ба поён расондаанд, дар холе ки камтар аз 50 дарсад аз босаводон дар дунёи масехият донишгох рафтаанд. Дар сурате, ки камтар аз ду дарсад аз босаводон дар чахони ислом донишгох дидаанд.

Кишвархои дорои аксарияти чамъияти мусалмон 230 донишманд ба изои хар як милюн мусалмон доранд. Иёлоти Муттахида 4000 донишманд ба изои хар милюн нафар ва Жопун 5000 донишманд ба изои хар як милюн нафар доранд.

Дар саросари чахони араб теъдоди кулли пажухишгарони тамомвакт 35000 нафар аст ва танхо 50 текнисян (техник) ба изои хар як милюн араб вучуд дорад. Дар чахони масехият то 1000 текнисян ба изои хар як милюн нафар вучуд дорад.

Гузашта аз ин, чахони ислом 2 дарсад аз даромади нохолиси миллиашро барои тахкик ва тавсеъа сарф мекунад. Дар холе ки чахони масехият худуди 5 дарсад аз даромади нохолиси миллиашро сарф мекунад.

Натича: Дунёи ислом дар зарфияти тавлиди илм камбуд дорад.

Теъдоди рузномахо дар изои хар 1000 нафар ва теъдоди унвонхои китоб ба изои хар милюн нафар ду шохиси густариш ва нашри илму огохй дар як чомеъа хастанд.

Дар Покистон 23 рузнома ба изои хар 1000 нафар покистонй вучуд дорад, дар холе ки нархи мушобех дар Сангопур 360 аст.

Дар Бритониё теъдоди унвонхои китоб ба изои хар милюн нафар 2000 аст, дар холе ки нархи мушобехи он дар Миср 20 аст.

Натича: Дунёи ислом дар нашри илм шикаст хурдааст.

Содироти махсулоти дорои фанноварй (текнулужй)-и олй ба сурати дарсаде аз кулли содирот як шохиси мухим барои корбурди илм аст.

Содироти Покистон дар заминаи махсулот бо фанноварии олй ба сурати дарсаде аз кулли содирот як дарсад аст.

Нархи мушобех барои Арабистони Саъудй 3 дарсад аст; Кувейт, Марокаш ва Алчазоир хамагй се дарсад хастанд, дар холе ки Сангопур 58 дарсад аст.

Натича: Дунёи ислом дар бакоргирии илм шикаст хурдааст.

Чаро мусалмонон ин кадр камтавонанд?

Зеро илмро намепарокананд (мунташир намекунанд).

Monday, June 16, 2008

Nasim Fekrat’s Courageous Steps

Гомхои далеронаи Насими Фикрат

Таи гашту гузоре кутох дар ду торнигори Насими Фикрат (www.kabuli.org ва www.afghanlord.org), аз рузноманигорони чавону баноми Афгонистон, ба зиндадилй ва пуёии чавонони кишвари хамсояву хамзабон кибта хурдам, яъне хасудиам шуд (ба маънии мусбат). Ин чавони далер, ки дар Афгонистон ба сар мебарад, бо хамдастии чанд тан равшанфикри дигар то кунун дар устон (вилоят)-хои кишвараш ду коргохи омузишии веблогнависй баргузор кардааст. У хадаф аз ошно сохтани мардуми Афгонистон бо торнигорро ин гуна тавсиф мекунад:

«Мо мехохем веблогнависиро дар Афгонистон ба хамагон ёд бидихем, [то] хар кас битавонад харфашро озодона аз кунче, аз горе, аз шахре, чи аз Дойкандй, Бомиён, Турабура, Кандахор, Балх ва ё Помир, нашр кунад. Ба дунё бифахмонад, ки Афгонистон Афгонистони дируз нест, ки ойинааш аз катли омхо ва калламанорхо кидир (тира) шуда буд. Афгонистон чехраи чадидашро мехохад ошкор кунад.»

Дар таърифи «чехраи чадиди Афгонистон» Насими Фикрат меафзояд:

«Инсоният, баробарй, бародарй, таъаккул, омузиш, фарханг ва пешрафт. Ба дунё бифахмонад, ки агар Афгонистон дар чангу чадал он кадр каллашак (гарданшах) аст, дар омузиш, одам шудан ва як гом ба чилав [гузоштан] хам каллашак аст. Албатта, замоне ки тасмим бигирад.»

Насими Фикрат дар яке дигар аз навиштахои худ пас аз бозгашташ аз шахри Лохури Покистон изхори таассуф мекунад, ки мардуми кишварашро берун аз он одам намешуморанд ва то бифахманд, ки аз Афгонистонед, «биниашонро мемоланду шуморо тарк мекунанд.» Фикрат бо лахни истехзо ва тамасхур мегуяд, ки Афгонистон хам одамони «бузург»-е дорад, чун кахрамони куштии кач Абдулкарими Хуррам – вазири фарханг ва иттилоъоти Афгонистон, ки ахиран сахт машгули «мубориза бо забони форсии дарй» будааст ва хамаи навиштахои порсиро ба пашту табдил кардааст, то рузе бирасад, ки порсй ба пастуи хонахо ронда шавад.

Далерии Насими Фикратро меситоям, аммо ба монанди Ходй, яке аз дустони Насим, ки дар торнигори у назар додааст, нигарони амнияти у хастам. Дар Афгонистоне, ки ахиран як хабарнигори чавони паштуни Би-Би-Сиро дар Хилманд куштанд, чунин руёруии ошкор бисёр хатарнок аст. Аммо пас аз дидор бо Фахими Даштй дар Ландан дарёфтам, ки шумори далерони Афгонистон дар арсаи озодии баён андак нест. Фахими Даштй бо садои баланд аз трибуни кунфронсе дар Ландан эълом кард, ки рузноманигорони кишвараш алайхи давлати саркубгар чанг эълом кардаанд ва озодиеро, ки ба даст овардаанд, дигар ба рохатй аз даст нахоханд дод.

Ин шуру иштиёк ба хифзи озодихо аз кучо бармеояд? Чаро дар Точикистон, ки аз амнияти нисбатан бехтаре бархурдор аст, аз ин даст суханхо ба гуш намерасад? Тарс аз бурузи чанг? Онхо ки бештар аз мо чанг дидаанд. Дар вокеъ, набуди озодихост, ки саранчом ба чангу чадал меанчомад. Дуруст мисли як зарфи сарбастаи об, ки агар руи оташ бичушонедаш, мунфачир хохад шуд. Магар ин ки сурохе нуки зарф бошад, то бухори обро рахо кунад. Чомеъаи Точикистон ба хамон зарфи сарбаста мемонад, ки аз зер дар холи чушидан аст ва агар бухори он махбус бимонад, лочарам ба инфичори чомеъа хохад анчомид. Манзур аз «сурохи зарф» озодии баён аст, ки бугзи чомеъаро берун мерезад ва хатари инфичори онро кохиш медихад. Зарфи мо хамчунон сурох надорад. Пас бояд аз набуди озодй харос дошт, ки метавонад ба чангу нооромихо анчомад.

Масалан, чаро чомеъахои озоди Гарб аз инкилобу нооромихо харос надоранд ё камтар бим доранд? Чун озодии нисбй дар ин чавомеъ фарохам аст ва бугзе дар синахо хабс намешавад. Агар рузе эхсос кардед, ки харфе барои гуфтан доред, метавонед ба Гушаи Сухангу (Speaker’s Corner) дар Хойд Порк (Hyde Park)-и Ландан биравед ва ба замину замон душном дихед. Касе чилави шуморо нахохад гирифт. Дар натича, бухори чамъшуда аз сурохи зарф дармеравад ва хатари инфичори зарф хам камтар мешавад. Дар акси зерин сахнае аз хуручи бухор аз зарфро мебинед: Гушаи Сухангу дар Хойд Порки Ландан.

Зарфи мо хам сурох мехохад.

Sunday, June 15, 2008

Lullaby

لالايی

شوريده يار من
ز اندوه چاره کن
بنشين کنار من
و رخت ماهپاره کن
با يک تبسمی که رخ ماه بشکند

ای رازدار من
که به غمها غنوده ای
اکنون خمار من بشکن
ساز من بزن
پرواز کفتران خيال را نظاره کن
ای غم گسار من

در کنج خلوت شب و روزت نبوده ام
تا دست نوازش به شبستان تو کشم
آشفته جان من
افسون نگاهت شب و روز مرا گرفت
در هرم تب ساقه دستت خزان شدم
موييدم و لوليدم و هم آنچنان شدم
ای دل ستان من

لالايی کن، غم ديرينه ات بريز
در سينه ام که باز چو منقار کفتری است
بگشای لب که نوش نهانم روان شود
باز آ به دل، سرا که مناسب چه منبری است
ای دلبر سرای دل پاشخورده ام

تنها نه ای
فرشته دلان را چه لشگری است
پيمان تو با حور و پريان هميشگی است
لالايی کن، بخواب و غم دل رها بکن
که اين راه زندگی است

Лолойи

Шурида ёри ман
Зи андух чора кун
Биншин канори ман
Ва рухат мохпора кун
Бо як табассуме, ки рухи мох бишканад.

Эй роздори ман
Ки ба гамхо гунудайи
Акнун хумори ман бишикан
Сози ман бизан
Парвози кафтарони хиёлро назора кун
Эй гамгусори ман

Дар кунчи халвати шабу рузат набудаам
То дасти навозиш ба шабистони ту кашам
Ошуфта чони ман
Афсуни нигохат шабу рузи маро гирифт
Дар хурми таби сокаи дастат хазон шудам
Муидаму лулидаму хам ончунон шудам
Эй дилситони ман

Лолойи кун, гами деринаат бирез
Дар синаам, ки боз чу минкори кафтарест
Бугшой лаб, ки нуши нихонам равон шавад
Боз о ба дил, саро, ки муносиб чи минбарест
Эй дилбари сарои дили пошхурдаам

Танхо найи
Фариштадилонро чи лашкарест
Паймони ту бо хуру париён хамешагист
Лолойи кун, бихобу гами дил рахо бикун
Ки ин рохи зиндагист.

Friday, June 13, 2008

The Hanging Sword of Raghun

Шамшери хамоили Рогун

Чусторе аз Парвизи Пилтан (Душанбе)

Окил Окилов - нахуствазири Точикистон ба унвони хамтои русаш Владимир Путин номае фиристоду иштироки ин кишвар дар бунёди неругохи Рогунро дархост кард. Дар холе ки мохи гузашта Рамазон Абдулатипов - сафири Русия дар Точикистон шикоят мекард, ки тархи чадиди пешниходоти Русия барои ширкат дар сохтмони ин неругохро давлати Точикистон бечавоб гузоштааст.

Хуб, чаро Эмомалй Рахмон тавассути ёри безинхори худ ба нахуствазири Русия нома фиристод?

Шояд махз аз Путин талаби ширкат кардан ба он маъност,ки макомдорони Точикистон медонанд,ки «вазн»-и Путин дар хукумати Русия чанд аст? Аммо….

Бархе аз коршиносон ин гашти мавзеъи окои Рахмонро ба хаводиси ахири Кулоб ва боздошти Сухроб Лангариев нисбат медиханд. Сухроб Лангариев - бародари Лангарй Лангариев ва писари бобои Салмон – аз кумандонхои саршинос Фронти Халкй аст, ки дар руи кор омадани хукумати Рахмон сахми мустаким доранд.

Макомоти амниятии Точикистон уро дар ташкили гуруххои фаромиллии кочоки маводди мухаддир ва горатгарй бо истифода аз силох муттахам мекунанд. Аммо эъломи иттихом ва шеваи боздошти у дар 27 мохи май дар пеши назари мардуми Кулоб барои як рузи тамом сахнахои чанги хакикии солхои навадумро зинда кард.Дар чараёни ин боздошт, ки тавассути силоххои сакила сурат гирифт шаш нафар кушта шуд, даххо тан захмй ва даххо хазор дулор хисорат ба бор омад. Мухимтар аз хама ин хама эъломи иттихом мардумро конеъ накард ва мардум ба он чи ки хукумат гуфт, бовар накард.

Дар ин миён бар асоси ахбори бархе аз манобеъи наздик ба хукумат, иллати аслии хамла алайхи Сухроб чилавгирй аз накшаи анчоми табаддулоти давлатй алайхи Рахмон ва хукумати вай будааст. Гуфта мешавад дар ин кудето бархе аз фармондехони пешини Иттиходи мухолифони точик дар Бадахшон, Гарм ва Ванч низ шарик буда ва дар макомоти марказй низ хаводорон ва чонибдорон доштаанд.

Гуфта мешавад, ки се мошин силох ва мухиммоти чангй, ки Сухроб ба минтакаи Гарм барои яке аз ин фармондехон рохй кардааст, дар рох аз тарафи кормандони амният боздошту мусодира ва хамин тавр тархи кудето ошкор шудааст. Зимнан, гуфта мешавад, ки ин силоххоро Сухроб аз Афгонистон харидорй карда ва накшаи анчоми табаддулот низ дар ин кишвар тархрезй шудааст ва бар асоси ахбори хамин манобеъ, ин бор ин накша аз суи русхо пайрезй шуда ва хамчунин дар чанд рузи кабл аз хамла ба Сухроб Махмуд Худойбердиев - сарханги пешини вазорати дифоъи Точикистон, ки дар табъид ба сар мебарад, аз марзи вокеъ дар нохияи Турсунзодаи Точикистон ва Сариосиёи Узбакистон дидан кардааст ва Махмуд низ, гуфта мешавад, аз дигар чониби ин кудето будааст.

Аммо русхо ба хотири нопадид кардани радди пои худ махз аз тарики Афгонистон ба анчоми ин амал икдом кардаанд. Дуруст аст, ки русхо дар минтака дасти дароз доранд ва дуруст аст, ки муносибати Рахмон дар заминаи Рогун бо ин кишвар сард шудааст ва низ дуруст аст, ки бидуни Русия ва ичозаи он ин неругох сохта нахохад шуд. Зеро ин неругох на танхо як манбаъи таъмини рушнойи ба манозили точикон хохад буд, балки ин неругох як дафтар ё маркази мухимм ва калидии идораи кудрат дар Точикистону Узбакистон ва хамин тавр минтака хохад шуд, ки дар хеч сурат русхо онро ба дасти касе дигар намедиханд. Зеро бо ин неругох назорат ва кунтрули комил ва саддарсадии ояндаи бахши аъзами иктисоду кишоварзй ва хамин тавр саноеъи ин кишвархо, яъне хаёту мамоти минтака ба даст хохад омад.

Аз ин чост, ки Рахмони тарсон бо хазоруяк пушаймонй ба Русия аз номи ёри безинхори худ (Окилов) нома задааст, то русхоро дигарбора барои иштирок дар сохтмони неругох даъват кунад. Вай хуб медонад, ки русхо аз чи кудрат ва нуфузе бархурдоранд ва дар холати нодида гирифтани он сад бонки чахонй кодир ба пуштибонй аз Рахмон нахохад буд. Харчанд бар асоси тавофукоти миёни ду кишвар дар холоти истиснойи Рахмон хакки фармондехии пойгохи 201-и Русия мустакар дар Точикистонро дорад, аммо ин чо як нюанс аст, яъне танхо бо мувофакаи чониби Русия.

Гуфта мешавад, хадамоти амниятии Точикистон ба Рахмон фахмонидаанд, ки Сухроб тахти фармони хамин русхост. Ва Рахмон акнун аз тарс ба Русия нома навиштаву даъват кардааст , ки бар сари Рогун бозгардад. Албатта, Рахмон барои хифзи курсй ва бакои кудраташ ба хар рохе хохад рафт, ки мо инро дар тули ин солхо борхо мухошида кардаем. Мисоли возехи он хамон харфи торихии уст, ки Ислом Каримовро падари худ ва миллат эълом карда буд, вале баъдтар падар аз фарзандонаш ру тофт.

Ба хар сурат, Рогун на танхо нумоди номуси миллй ва символи давлатдории точикон аст, балки аз суи дигар, шамшери хамоил ва ё корди дудамаест бар фарки сари кудрати Рахмон.

Вале як суоли дигар ин аст, ки чаро Рахмон ва идороти амниятиаш аз эълони иттиххоми мазкур ва ё , тавре мегуянд ,«асли казия»-и Сухроб ичтиноб варзиданд ва нагуфтанд, ки вай касди ташкили табаддулоти давлатиро дошт? Зеро тарсиданд. Тарси онхо аз мардум аст. Чунки мардум низ аз Рахмон, дар вокеъ, хаста шудааст. Аз чониби дигар, Рахмон ба мардум чи тур метавонад бифахмонад ва итминон дихад, ки хамаи онхое, ки замоне хамрохаш буданд, касди табаддулот алайхи уро мекунанду карданй буданд: Яъкуб Салиму Гаффор Мирзо, Махмуд Худойбердиеву инак, бобои Салмону фарзандонаш ва низ Мухаммадрузй Искандаров нохакканду танхо ва танхо вай хакк аст? Ва то ба кай метавон афродро бо иттихоми кудетогарй ба махбас кашонид? Холо ин суол дигар чавоб пайдо кардааст, ки Рахмон аз рохи сиёсй рафтанй нест ва чи дар дохилу чи дар хорич ва хатто наздиктарин касонаш хам ба касди сарнагунии у уфтодаанд.

PS: Як Дарвеш бино ба мулохизоте номи бархе аз афроди мушаххасро, ки иддаъо шудааст аз хамрохони Сухроб Лангариев будаанд, аз матни ин гузориши дарёфтй хазф кардааст.

Thursday, June 12, 2008

Aytmatov Dies, Mankurts Remain

Ойтматов рафту манкуртхо монданд

Агар дар Осиёи Миёна як нависанда бо эътибори байнулмилалй вучуд дошт, у хам вучудашро дарег дошту рафт. Ба гуфтаи бону Гулрухсор, карор буд Чингиз Ойтматов пас аз дидораш аз Тотористон вориди Точикистон шавад. Аммо дарег.

Киргизистон соли 2008-ро соли Ойтматов эълом карда буд. Зихй миллате, ки мурдапарвар нест! Чингиз Ойтматов барои хузур дар маросими бузургдошти худ дар кишвархои мухталиф дар холи сафар буд. Аз казо дар Тотористон вазъи саломати нависандаи забардаст ба хам хурду аз он чо ба Точикистон на, балки ба бемористоне дар шахри Нурнберги Олмон мунтакил шуд ва вопасин рузхои умри бошукухашро хамон чо ба сар бурд.

Ойтматов хамрохи хамешагии фарзандони даврони шуравй буд, бо ин ки дар осори у рухияи шуравй камтар эхсос мешуд. Марде мардумй буд бо хофизае кавй саршор аз руйдодхои гузашта ва хол. Достонхои «Джамиля», «Тополек мой в красной косынке», «Первый учитель», «Прощай, Гульсары!», «Белый пороход», «Буранный полустанок» ва «Плаха»-и у аз шохкорхои давраи шуравй буданд ва мо, чун шахрвандони шуравй, шарики ин ифтихори мардуми киргиз будем.

Бештари осори уро ба забони русй хонда будам, ки забони асли аксари офаридахои Ойтматов буд. Хаму буд, ки вожаи «манкурт»-ро вориди забони хавоси точик кард. Дар огози давраи бозсозии Горбачев дар ину он рузномаи точикй мехондем, ки мардуми мо «манкурт» шудаанд. Ба Ойтматов дар хамон рузхо офарин мегуфтем, ки пеш аз огози ошкоргуйи дар соли 1980 дар асари «И дольше века длится день», ки баъдан «Буранный полустанок» (Дурохаи буронй) ном гирифт, мафхуми «манкурт»-ро тафхим карда буд.

Маркурт инсоне буд, ки кабилаи душман уро дар даврони кудакй мерубуд, сарашро пок метарошид ва пусти шутурро руи сари у гармогарм мечаспонд, тавре ки муи у ба даруни чумчума (косахонаи сар) рушд мекард. Дар натича, кудак хофизаи худро пок аз даст медод ва табдил ба бардае харфшунав мешуд ва ба дастури сохибаш бечуну чаро гуш медод. Дар ин достон яке аз манкуртхо, бидуни ин ки бидонад чи кор мекунад, модари худро мекушад.

Ишораи зарифи Ойтматов ба бисёре аз афроди даврони шуравй буд, ки ба фархангу ториху пешинаи мардуми худ арч намегузоштанд ва бино ба дастури бегонагон амал мекарданд. Манкуртхои фаровонеро пеш ва баъд аз он дидему акнун хам мебинем. Дар вокеъ, дар Точикистони мо манкуртхо сари кудрат омаданду дар зудудани хофизаи торихии мардум талош карданд ва шуморе аз онхо хамчунон мекунанд ва то хадди зиёде хам комгор шуданд.

Чингиз Ойтматов дар соли 1928 дар рустои Шакари устони Толоси Киргизистон аз падаре киргиз ва модаре тотор ба дунё омад. Даврони кудакии у дар таркиби як кабилаи кучии киргиз гузашт, ки пайваста аз як махал ба маконе дигар куч мекарданд. Туракул Ойтматов, падари Чингиз, аз давлатмардони барчастаи Киргизистон буд, ки курбонии саркубхои хунини Столин шуд. Уро соли 1937 боздошт карданд ва соли 1938 ба гулула бастанд. Чингизро модари хунарпешааш бузург кард.

Пас аз солхои бозсозй ва фурупошии Иттиходи Шуравй Чингиз Ойтматов вориди арсаи сиёсй шуд ва дар кишвархои мухталиф аз Шуравй ва сипас Русия намояндагй мекард. У то мохи морси соли 2008 сафири Киргизистон дар Фаронса, Белжик, Луксембург ва Хуланд буд, аммо тайи ин муддат хам аз навиштан боз намонд ва шаш достони дигар навишт.

Бону Гулрухсор мегуяд, ки Чингиз Ойтматовро рузи шанбе дар канори гури падараш ба хок хоханд супурд. У оромгохи падари худро пас аз чандин сол чустучу пайдо карда буд.

Эмомъалии Рахмон хам бо ирсоли паёме ба хамтои киргизаш даргузашти Чингиз Ойтматовро зоеъае чуброннопазир номид. Ба гуфтаи Рахмон, «хамаи офаридахои у саршор аз хисси механпарастй, башардустй ва ишки ростин ба механ буд.» Эй кош аз он офаридахо Рахмон хам андаке бахра бурда буд. Ва эй кош ба дарки хатари манкуртият мерасид, ки холати котирии кунунии худи уст: мункири асолат ва хуввияти порсии миллати точик, мункири забони миллат, ки порсист.

Равони устод Чингиз Ойтматов шодмон бод.

Wednesday, June 11, 2008

Teardrops

Ашкнома

Ашки ояндагон озорам медихад. Ашки надомату хичолат, ки наводагони як мушт одами беъурза (бездарный)-анд, ки чуз мояи хасрату маломат чизе ба мерос нагзоштаанд. Ашке, ки сузи онро шабхо дар хобу рузхо дар бедорй руи гунахоям хис мекунам. Ашке, ки аз хилоли хандахои талх, аз зери пустам, дарунамро шарха-шарха мешикофаду ба дарун мечакад. Берангу бенишон. Гуссахои носуруда. Андухи махбуси фардо. Накбати торики оянда. Ва сангхои бешуморе, ки пушти хам руи гурхоямон анбошта мешаванд.

Гуфтугу бо азизони азрохрасида аз хуштарини лахзахои мо дар гурбат аст. Ва аз талхтарини онхо. Хушии дидори ёру талхии сухбати мазор. Мазори орзухои шахидамон, ки то чавона заданд, табаре ба сарвакташон расиду буриду рафт.

Аз духтараке мегуфт, ки ба бахонаи кор дар Афгонистон аз канори падару модараш рубуданд ва дар чанги як мушт номарди айшталаб андохтанд. Акнун модари писараке яксола аст ва наметавонад бидуни шиноснома ба Точикистон баргардад. Ашки берангу бенишони хамон духтару фарзандаш аз чашмонам метаровад.

Мегуфт, он чи дар гурбат аз зодбумамон мешунавй, хама дуруст аст, гамафзост; аммо вокеъият фачеътар аз ин харфхост; вокеъият кушанда аст. Ашки мардуми гирифтори хамон вокеъият ба чои хун дар шараёнам медавад.

Мегуфт, шояд хатто Офрико акнун бехзистии бехтар дошта бошад. Якинан, кишваре чун Офрикои Чанубй дах сару гардан чойгохи фарозмандтаре дорад ва хануз сари созмонхои молии чахон кулох нагзоштааст. Ашки шарму сарафкандагии милюнхо ба чои арак руи сару суратам морпеч мешаваду мехушкад.

Яке дигар аз гаронии камаршикан мегуфт ва аз ранчи котили мардум дар сукути мутлак. Мегуфт, давлате, ки на нон медихаду на ком, махкуми торих аст. Давлате, ки забону дахони мардумро баста, то на ноне бихуранду на харфе ба лаб оранд, малъуни замона аст. Ва чои он зуболадони торих аст. Ашки замонаи мост, ки аз фалак мечакад ва мо ба хиёли ин ки борон аст, худамонро дилдорй медихем.

Шуъури хобидаи имрузиён шурии рузгори фардоиёни мост. Аз шуразори хушки шуъури имрузиён чашмони мо бод кардааст ва сакфи зехни хису шури мо хамчунон чакка мекунаду мерезад.

Танхо бо хамдилй метавон ин сели ашкро боз дошт. Хамдилон, кучоед?

Чаро торнигористони точик хомуш аст?

Monday, June 09, 2008

London Conference Afterthoughts

Пасандешахои кунфронси Ландан

Яке аз натичахое, ки аз гирдихамоии рузноманигорону филмсозони порсизабон дар Ландан хосил шуд, вопасмондагии Точикистон дар хар ду заминаи синемо ва рузноманигорй буд.

Хатто Афгонистоне, ки то кунун такопу мекунад аз чохи чангу низоъ худашро берун бикашад, дар хар ду арса мавкеъияте бехтар аз мо дорад: худуди 500 рузномаву нашрия, садхо истгохи родюиву телевизюнй. Мусалламан, бештари ин расонахо хусусист.

Дар кунфронси Ландан бисёре аз хамзабонон бо шигифтй ва ба такрор мепурсиданд: Оё ба ростй дар Точикистон рузнома надоред?

Барои исботи гирифтории забони расонахои мо, ки ниёзе ба баргузории кунфронс набуд.

Танхо мояи ифтихори мо хузури чанд рузноманигори кушо ва як филмсози халлок буд, ки хама бо талошу пайкори худчуш барои равшан нигох доштани шамъи ру ба хомушии фарханги порсй дар Точикистон бо марги он мечанганд. Далели ин болбастагии фархангии Точикистон чист?

Яке достонест пур оби чашм. Далел хам яке нест, балки даххост. Шояд мухимтарини онхо идомаи гусастагии мо аз фархангу дабираи порсист. Далели аслии гирифторихои мо фарханги котирй ё нахчирист. Ё фарханги барзахй. На русу узбаки мутлак, на порсии тамом. Норавшании хуввият. Норавшании забон. Ё шояд набуди хуввият ва набуди забон. Набуди ин ду унсури аслй мачол намедихад, ки шумори бештари афрод худии худро дарёбанд ва бахонае барои халлокият дошта бошанд. Каблан ситами шуравй сипари бахонахои мо буд. Акнун он сипарро хам надорем ва хамаи зарбахо ба сару сурати мо фуру мерезад.

Имруз як дусти бисёр арчмандам, ки аз точикони Афгонистон аст, достони хузнангезеро бароям таъриф кард. Мегуфт, дар як мехмонхонаи Душанбе кормандони чавоне, ки пушти мизи пазиройи нишаста буданд, барои соъатхо бо хам лак-лак харф мезаданду тухмаи офтобгардон (семечки) хурд мекарданду мечавиданд ва пустахои онро бо чидду чахд руи замин туф мекарданд. Дусти мо мепурсад, ки оё кори бехтаре барои вактгузаронй надоранд? Мегуянд, масалан, чи коре? Дусти мо андарз мекунад: оё намешавад чои тухма хурдан китоб бихонед ё инглисй ёд бигиред ё хондану навиштани порсй биомузед? Посухи чавонон ба ин пурсиши мантикй се-чахор туфи сахти дигар руи замине буд, ки хамчунон бори гарони моро тахаммул мекунад.

Давлат хам дар холи хурд кардани тухмаи офтобгардон ба шеваи худ аст. Хар соли мо гуё тачлил аз як садаи тамаддуни ориёйист. Аммо чи тачлиле? Даххо деги палаву мантуву кабоб, рубобу шароб, раксу карс-карс, хаёхуву такопу ва дарёе аз пул, ки дар хилоли ин гавго нопадид мешавад.

Дар холе ки тачлили ростин аз он фарханги дурахшон бояд талош барои тадовуму пойдории он бошад. Агар хамон дарёи пул ба сахрои хушки фархангу хунари мо бирезад, оё он сабз нахохад шуд ва бузургдошти дурусттари фархангу тамаддуни ориёйи нахохад буд? Оё бехтар нест бо тавлиди колои фархангии тоза пойдории онро собит кунем?

Ин тачлилу арчгузорихо шабехи маросими бузургдошти як мурдаи хазорсола аст, ки аз у чизе чуз номи баланду корномаи некаш бокй намонда. Вале равони у шодтар нахохад шуд, агар дар идомаи кори неки у бикушем, ки навоварй ва зодани андешахои нав буд?

Нудратан дар хабархо мехонем, ки Казокистон солеро, масалан, ба Обой (Абай) ё Форобии мо ихтисос дода бошад, ки они худ медонанд. Ба чои он давлати Назарбоев тарчех медихад ба филмсозонаш пули чашнворахои фарзиро бидихад, то филме чун «Кучй» (Кочевник) бисозанд, ки дар арсаи байнулмилалй ба хубй дурахшид ва нишон дод, ки чи гуна казокхо мояи нанги пешинашон (кучигарй)-ро ба мояи ифтихор табдил кардаанд. «Кучй» вокуниши хирадгароёнаи казокхо ба масхараи Казокистон тавассути Саша Барон Кохен (Борат) буд. Солхост, ки Равшан ва Чамшуди хаёлии русхо табли русвоии точикхоро дар Русия менавозад. Аммо дар паи сукути мутлаки Точикистон дар ин бора шохиди вокуниши хирадгароёнаи он дар шакли тавлиди як филми хунарии муъаррифи фарханги точикон набудем.

Чори шукуху уббухати Сомониён гуши фалакро кар кард, аммо оё чизе фаротар аз харфи тихй доштем, ки Сомониёнро ба чахониён бишиносонад? Бо бузургдошти Зартушту Авесто рашки хамзабононамонро дар кишвархои дуру наздик барангехтем. Дар холе ки тавлиди як филми хирфайи бо хазинаи хамон чашнхо метавонист барои вачхаву эътибори байнулмилалии кишвари гумноми мо хидмати садчанд бештаре кунад. Бузургдошти бузургон савоб асту фарз. Вале мо то кунун хатто як бор натавонистаем ин кори савобу фарзро ба дурустй анчом дихем, балки дуруст баръакс, бо сиёсй кардани арзишхои фархангй шаммае аз ганди сиёсатро дар мафхумхои арзишманду поку муназзахи фархангиамон рехтаем. Арзишхои фархангй бояд дар колиби фархангй арза шавад, на дар шакли суханронихои пуртумтароки сиёсатмардоне, ки пеши бисёре бадном шудаанд ва аз он арзишхо кучактарин бахраеро набурдаанд ва голибан мутаваччех нестанд, ки харфе гундатар аз дахони худ мезананд.

Бо «халво» гуфтан, ки то кунун дахонамон ширин нашудааст. Пас бехтар нест ба фикри тахияи халвое маргубтар бошем? Бо зикри мукаррари ин харфи музахраф, ки точикон бартар аз дигар мардумони минтакаанд, то кунун чуз масхара чизе нашунидем. Пас бехтар нест бидуни сарусадо бо тавлиди кору андешаи тоза дар исботи бартариамон бикушем? Агар посух мусбат аст, бояд давлатро мутакоъид кард, ки пули чашнхои бузургдошти ину онро ба филмсозону нависандагон бидихад, то бо бехтарин имконоту тачхизот бузургии ину онро руи пардаву сафха оваранд.

Inflation Consequences Poll

Паёмади эхтимолии гаронии физоянда дар Точикистон:

12 раъй

Рохпаймоихо: 1 (8%)
Нооромихо: 5 (41%)
Идомаи хомушй: 6 (50%)
Дигар: 0 (0%)

Friday, June 06, 2008

A Friend's Poem

Чакомаи ёр

Дусте фарзона номае фиристод бо чакома (шеър)-и зер. Мухотаби он ба гунае тасвир шуда, ки дар бораи кй будани у шакке наметавонад вучуд дошта бошад. Боз шумо худ донед.

Ин чӣ хатту тамсил аст рӯи лавҳи пешонӣ,
Аз бурун ҳама тавсил, андарун парешонӣ?!

То ба кай дар ин темор бо табассуми бемор,
Зери пардаи лабханд нолаҳо бипӯшонӣ?!

Мезанӣ ба ҳарфу мушт лофи оташи Зардушт,
Қудрате надорӣ лек луқмае биҷӯшонӣ.

Обрӯ на беш аз кайк-аз ҳама тамаъ лаббайк?!
Гаҳ дари худо бандӣ, гаҳ фақеҳу эшонӣ?!

Метарошӣ ту Ҷамшед аз тарошаи Ҷамшуд
Бо ҳазор номи нанг-ин қадар хурӯшонӣ?1

Дод аз ҳаёи ту, фитнаву риёи ту,
Орзу макун дигар партаву дурахшонӣ.

Хӯрдаат заку лой аст,чун ки обат аз сой аст,
Кай ба хона оберо нӯшиву бинӯшонӣ?

Хонаи ту торик аст,мурдани ту наздик аст,
«Ҷомаи сафед»-атро ин қадар чӣ афшонӣ?

Озод

Wednesday, June 04, 2008

Tajikistan

Точикистон

Туро, эй Точикистон, мепарастам,
Туро, эй хокрези човидона.
Туро, эй хандаки човиди Хуршед,
Ба пеши зулмати номардумона.

Туро, эй нозхоят нохарида,
Парешон ахтари бекахкашонам.
Агар чоне марост, хохам, ки рузе
Ба даргохат ба осонй фишонам

Туро, эй механи маънии механ,
Ки хокат лонаи зогу заган шуд,
Шахона шахрхову коххоят,
Насиби душманони беватан шуд.

Дилам танг аст барои сангхоят,
Барои шохахои беди мачнун,
Барои кохгилободи кадимй,
Барои чуйхои шуху мавзун.

Чаро, эй ашки бепоёни такдир,
Ки хокат пур зи оби ашки шур аст,
Намехандй, ки андухат гурезад,
Чи рузе навбати созу сурур аст?

Фалакро мешикофем рустамона,
Ки оби рахматаш хокат бишуяд,
Зи рухсорат губори гам зудояд,
Бароят киссаи шодй бигуяд.

تاجيکستان

تورا ای تاجيکستان می پرستم
تورا ای خاکريز جاودانه
تورا ای خندق جاويد خورشيد
به پيش ظلمت نامردمانه

تورا ای نازهايت ناخريده
پريشان اختر بی کهکشانم
اگر جانی مراست، خواهم که روزی
به درگاهت به آسانی فشانم

تورا ای ميهن معنی ميهن
که خاکت لانه زاغ و زغن شد
شهانه شهرها و کاخ هايت
نصيب دشمنان بی وطن شد

دلم تنگ است برای سنگ هايت
برای شاخه های بيد مجنون
برای کاهگل آباد قديمی
برای جوی های شوخ و موزون

چرا ای اشک بی پايان تقدير
که خاکت پر ز آب اشک شور است
نمی خندی که اندوهت گريزد
چه روزی نوبت ساز و سرور است؟

فلک را می شکافيم رستمانه
که آب رحمتش خاکت بشويد
ز رخسارت غبار غم زدايد
برايت قصه شادی بگويد

Monday, June 02, 2008

Long Live Andesha!

Имруз барои торнигористони точикй рузи хуше нест. Точвар, гардонандаи пурхонандатарин торнигори точикй бо як падруди андухгин аз кор дар Андеша даст кашидааст. Коре, ки чуз хуни дил хурдан ачри ошкоре надорад, аммо ачри пинхони он таваччухи фарогири чавонони Точикистон ба торнигорхо, ба вижа Андеша, ва торнигорсозй буд. Точвар мегуяд, вазъи саломаташ хуб нест ва тахдидхои фаровон имкони идомаи корро намедихад ва аз ин ба баъд карор аст Рустами Субхонй чойгузини Точвар шавад ва матолиби сирфан хунарию фархангй бинависад.

Албатта, чои хушй бокист, ки Андешае, ки Точвар барафрухта буд, хамчунон фурузон хохад монд ва чароги хидоятро ба сарзамини тираи фархангу хунар хохад бурд. Аммо канорагирии Точвар мояи нигаронии жарфи хонандагони Андеша хохад шуд. Пурсишхои бешумор хаводорони ин торнигорро озор хохад дод, ки акнун Точвар дар чй шароите вазъиятест ва он тахдидхо то кучо чиддй будаанд, ки дастрасй ба матолиби Андеша хам махдуд шудааст.

Анкабути чомеъаи Точикистон дар берун аз марзхои он хам тор танидааст, ба гунае, ки дар хеч гушаи чахон як шахрванди кишварамон наметавонад ба дур аз изтироби паёмадхои баёни харфи сареху сахехаш чизе бигуяд. Ин дардноктарин мавриди иттифокест, ки бо Андеша уфтод. Агар карор аст шамъхои заъифе, ки дар гушахое аз торонаи Интернет равшан шудаанд, ба хамин шева якояк камнуртар шаванд, чи гуна метавон шамъи умед ба ояндаи равшанро фурузон нигох дошт?

Албатта, пардохтан ба масоили фархангу хунар хам коре бунёдин аст ва гохо метавонад дигаргунихоеро ба армугон оварад, ки хеч навъ мабхаси сиёсй кодир ба анчомаш нест. Агар фарханги мардум ислох шавад ва рухияи бардагй чои худро ба рухияи озодманишй дихад, сиёсат хам худ ба худ ислох хохад шуд ва хукумактхои бехтаре аз мардуми мо намояндагй хоханд кард. Мухим он аст, ки ба масоили решаии фарханг бипардозем, то зиштии фарханги хокими имруз нахуст собит ва сипас ислох шавад. Фарханге, ки маълул ё натичаи садсолахои саркуби мардуми мост, ки мунчар ба бардахуии фарогир шудааст.

Ба Точвари гаронмоя, хар чои дунё ки хаст, орзуи офияти зудрасро мекунам ва умедворам хеч газанде ба пайкару равони шарифаш ориз нашавад ва ба зудй дубора ба чамъи мо бипайвандад. Умедворам Рустами Субхонй ба хубии Точвар мурокиби машъали Андеша бошад ва дар болотар бурдани чойгохи он ба монанди Точвар бикушад.

Поянда бод Андешасарои Точвар!

Shabnam & Janibek Live in London

31 May 2008; London