Thursday, October 23, 2008

Farzane: There Will Be A Poetic Storm

Фарзона: Туфони шоъиронае дар рох аст

Гуфтугу бо Фарзонаи Хучандй дар Ландан, 13 уктубри 2008

Назари шумо дар бораи шеъри имрузи порсй дар кул чи хаст, то баъдан бо чузъиёт дар борааш сухбат кунем? Оё имруза шеъри порсй комгор аст ё гирифтор?

Фарзона: Бештари пажухишгарон хиёл мекунанд, ки шеъри мо дар рукуд ба сар мебарад ва дар макоме поинтар аз шеъри насли каблй карор дорад. Вале ман бисёр хушбин хастам. Чун бо ашъори чавонони кишвархои порсизабони Эрон, Афгонистон ва Точикистон то андозае ошно хастам, метавонам фол бизанам ва хушбин бошам, ки ояндаи шеъри порсй бисёр равшан аст. Танхо чурми мо ин аст, ки агар адабиёти кишвархои дигар хамеша кадаме пештар ба суи рушду барозандагй ва пешрафт нихад, мо чиход мекунем, то ба маком ва он куллаи баланде, ки ниё расида буд, наздиктар равем. Ин бисёр тафовути бузург аст. Гуё вопас меравем то бузургони худ. Дар холе ки аквоми дигар кадамхои густардатар ба пеш мениханд. Масалан, барои ахли адаби имруз ва шуъарои муъосир наздик рафтан то Хофиз пешравист, на пасравй. Яъне кариб омадан то Мавлоно, ин хам пешрафти бузург аст.

Оё ин бад-ин маъност, ки шеъри мо дар вокеъ пасрафт дошта, ба гунае, ки акнун мо бояд ба хаштсад сол пеш, ба Мавлавй баргардем, то битавонем шеъри хубе бигуем?

Фарзона: Ин пас рафтан аслан мутародифи пеш рафтан аст. Зеро Мавлоно ва Хофиз куллаи шеъри порсй хастанд ва коре, ки мо мекунем, кариб омадан ба суи онхост ва ман хиёл намекунам, ки мо акибнишинй мекарда бошем. Хатман ки рухи Мавлоно ва Хофиз иршод мекунанд, то моро ба пеш бикашанд. Акибнишинй дар холе хохад буд, ки аз гузаштагони худ дур шавем. Дар адабиёти чахон сахт аст касеро монои Мавлоно ва хамсатху хаммакоми Мавлоно пайдо кард. Пас ахли адаби кишвархои дигар хам, бо ин ки пеш мераванд ва суъуд мекунанд, ман фикр намекунам, ки то Мавлоно расида бошанд.

Як идда хам бар ин андешаанд, ки вучуди чехрахои бузургворе – аз Рудакй гирифта то Икболи Лохурию гайра – барои мо – порсизабонон шеър гуфтанро сахт карда. Бархе мегуянд, ки шояд инхо хама маънои мавчудро гуфтанд ва мо дигар харфе барои гуфтан надорем...

Фарзона: Оре, аммо Мавлоно мегуяд:

Гуши бозу чашми бозу ин амо
Хайратам аз чашмбандии худо

Ва ё Санойи мегуяд, ки:

Халкро зери гунбади даввор
Чашмхо куру диданй бисёр

Яъне ки диданию гуфтанй хануз бисёр аст. Факат чашме бояд овард, ки ин диданихоро бибинад. Мисли Сухроби Сипехрй, ки омаду дунёро ба навъе дигар дид ва маърифат кард. Мисли Фуруг. Мисли устод Лоик, ки гуё харфхои бузургони рафтаро мукаррар кард, аммо хамин такрори у ба навъе номукаррар буд. Хеле тоза буд, чун рухе дошт бисёр кавй ва боъазамат. Рухе дошт фарогири хафт осмону нух фалак. Ва инсонхое бо шахсияте бисёр муктадир ва бо пиндору маърифате бисёр кавй шуъарои тозабине омаданду дар кори хунар эъчозхо карданд.

Ин шуъарои тозабин бештар мутаъаллик ба дахаи 1340-и хичрии хуршедй ва 1960-70-и мелодй хастанд. Вале оё имруз чунин чунбишу чушише дар шеъри порсии се кишвари порсигу ва Узбакистон хаст? Чехрахое ба вучуд омадаанд, ки ба монанди Сухроби Сипехрй харфи тозае гуфта бошанд ё мисли Фуруг диди тозае дошта бошанд ё мисли Шомлу колибшиканй ва бутшиканихое дошта бошанд?

Фарзона: Хатман бояд афроде бошанд, ки рухи инкилобгар доранд ва иктидори растохез кардан дар аксои хунар доранд. Факат ин ки дигар ичтимоъи мо пазиранда нест, ба хадде ки замоне буд, ба хиёли ман. Масалан, ин чо, дар Магриб, мебинем, ки мардум ба шеър он кадр рагбату пайванде надоранд, аз шеър буридаанд ва толорхое, ки шоъирон дар онхо шеър мехонанд, холист. Аммо дар кишвархои мо он мухаббату утуфату гармию рабоише, ки шеър дошт, хануз то андозае хаст. Аммо касоне чун Фуругу Шомлуву Ахавони Солису Сухроби Сипехрй ва Рахии Муъайирй ё устод Каноъат ва Восифи Бохтарй, устод Лоик, устод Бозор, Сулаймон Лоик ва мисли инхо... ба ин хадди шухрат нарасидаанд, аммо хунаре доранд бисёр баланд, ки замон мехохад то интишор ёбад. Масалан, то хадде бо осори чавонон хам ошно хастем ва мебинем чи кадр чавонон ковишхо ва чустучухо доранд, дар чустучуи худ ва Худо ва хакикати худ чи кадр пуё хастанд ва мехоханд бо сабкхои чадид харфхои тоза ва паёми нав мунташир кунанд. Аммо дар ин миён монеъе хам хаст. Дар шеъри порсй алам задан кори сода нест. Чуноне ки шумо гуфтем, ин чо Мавлоно ва Хофиз хастанд, ин чо Фуругу Шомлуву устод Лоику Халилуллохи Халилй ва бузургоне хастанд, ки шахоматашон ба хаддест, ки дигархо гох мисли гунча мемонанд ва кафасбанди худ, наметавонанд боз шаванд. Яъне дар вучуди онхо неруе нест, ки онхоро во кунад. Ё нерухои хоричй ичоза намедихад, ки ин касон асли худро дарёбанд ва хакикати худро бигушоянд.

Вале бо вучуди ин, дар Точикистон буданд чехрахое, ки якбора омаданд ва дар шеъри порсии точикй чизи тозае гуфтанд ва хуб дурахшиданд. Худи шумо бехтарин намунааш хастед. Аммо баъд аз он чунин падидае дигар набуд. Касеро надорем, ки шеърро тавре гуфта бошад, ки таваччухи умум ба он чалб шавад ва аз у ба унвони чехраи барчастаи шеър ном бибаранд. Чаро?

Фарзона: Шумо чанд соли ахирро дар назар дорем. Панч то дах соли ахирро, ки мо бештар гирифтори обу дона будем. Чомеъаи мо ба шеър, адабиёт ва отифа камтар таваччух дошт. Ман хиёл мекунам баъд аз ин сукут хатман туфоне хохад омад. Яъне як чехраи бисёр дурахшон ва тобанда бо паёме тоза ва бо сабке нав ва бо рухе боъазамату бошахомат дар рох аст, ки харфхои комилан нав хохад гуфт ва кадаме фаротар хохад гузошт то бузургон. Ва як нафаре хохад буд бо рухи чахонгир. Яъне афроде бо рухи масдуду махдуд наметавонанд коре бикунанд...

Оё дар холи хозир косидакхои он туфонро мебинед?

Фарзона: Вакте ки устод Лоик сарсухани нахустин мачмуъаи ашъори манро навишта буданд, гуфтанд, ки ман аз фол задан худдорй мекунам ва намегуям, ки аз ин шоъир чи пешомадеро дар чахони шеър интизор дошта бошем. Ман хам, ба ростй, наметавонам ба худам ичоза дихам ва бигуям, ки ин ё он нафар хатман дар чоддаи хунар инкилобе хоханд кард ва мардум бори дигар рабоиши гарми шеърро дар вучуди худ эхсос хоханд кард. Аммо хушбахтона, чанд танеро мебинам, ки агар аз дардхои ахли хунар ба монанди бузургманишй рахо бошанд ва ба шухрат камтар биандешанду ба хунар бештар, вокеъан дар хунар растохезхои бузурге хоханд кард ва ба мову шумо дуруде тоза хоханд гуфт.

Ба умеди Худо. Холо аз шеърхои тозаатон, ки чое чоп нашуда, мешавад намунае бихонед?

Фарзона:

Ин кист, ин нишаста дар чиллахонаи дил
Дар чиллахонаи дил хаст он ягонаи дил
Кай тан дихад ба мурдан, бар зиллати фусурдан
Зеро туйи, туйи, ту узру бахонаи дил
Бо номи хазрати Хак, эй ишк, аз хамин дам
Дил – ноздонаи ту, ту – ноздонаи дил
Хамхачми шабнаме шуд чугрофиёи фикрам
Хуршеди ман, бифармо бар бекаронаи дил
Номи маро навиштй аз хошия бурунтар
Номи туро навиштам ман дар миёнаи дил
Бо гардхези айём, бо тундтози даврон
Монад ва ё намонад чамъи таронаи дил

2 comments:

باقر کتابدار said...

Thanks alot
translation of your post in persian alphabet:
http://tajikestan.blogspot.com/

D said...

سپاس از زحمتی که کشيده ايد. تنها خواهشمندم بيت زير را به شکلی که اورده ام اصلاح کنيد

گوش باز وچشم باز و اين عمی
حيرتم از چشم بندي خدا