Wednesday, June 17, 2009

Iran. Day 5

Эрон. Рузи 5

18:42 BST
Борак Убомо - раисичумхурии Омрико мегуяд, ки миёни сиёсатхои Ахмадинажод ва Мусавй тафовутеро намебинад. Ин ду далел метавонад дошта бошад:

Як. Мондани Ахмадинажод дар макоми раёсати чумхурй барои ракибони Эрон (Омрико, Исроил ва Урупо) ба маротиб бехтар аст. Чун бо истифода аз матарсак (пуголо)-е чун Ахмадинажод ракибон хоханд тавонист беш аз пеш чилави барномахои Эронро бигиранд.

Ду. Изхори назари вокеъии Убомо метавонад барои Мусавй гарон тамом шавад. Агар Убомо аз Мусавй акнун дифоъ кунад, уро зери зарба хохад гузошт ва бедиранг макомоти Чумхурии Исломй Мусавиро ба "хиёнат" ва "хамкорй бо душманон" муттахам хоханд кард.

17:56 BST
Давлати Эрон сафири Суис (Швейтсария) дар Техронро, ки хомии манофеъи Омрико дар Эрон аст, фаро хонда ва аз "руйкарди мудохилачуёна"-и Вошингтун дар мавриди интихобот гилоя кардааст.

17:16 BST
Манбаъхои гуногун шумори муътаризони давлат дар майдони Хафти Тири Техрон ва хиёбонхои перомуни онро аз 70 хазор то 500 хазор тан гузориш додаанд. Ин тазохурот сипас ба суи Валии Аср рох уфтод.

17:13 BST
120 тан аз устодони Донишгохи Техрон ва даххо тан аз устодони донишгоххои саросари кишвар ба нишони эътироз ба хамлаи басечихо ба донишчуён аз макомхояшон канор рафтаанд.

16:33 BST
Тими мунтахаби футболи Эрон имруз ба масофи Куреи Чанубй рафт. Шаш тан аз бозикунони тими Эрон, аз чумла сардастаи он, ба нишони химоят аз Мусавй ва мухолифат бо Ахмадинажод мучбандхо (дастбандхои порчайи)-и сабз доштанд.

Бозй бо хисоби баробари 1:1 ба поён расид.
Видеуи марбута

15:04 BST
Мухаммадризо Шачариён, устоди овози Эрон, дар гуфтугу бо Би-Би-Си гуфт, "хар бор, ки садои худамро аз ин расона (садову симои давлатии Эрон) мешунавам, баданам меларзад. Инхо хеч хакке бар ман ва сурудхои ман надоранд."

Шачариён гуфт: "Ин садои хамон хасу хошок аст. Садои хасу хошокро пахш накунанд."

Ишораи Шачариён ба изхороти Ахмадинажод буд, ки муътаризони худро як мушт "хасу хошок" номид.

14:59 BST
Вазорати хоричаи ЧИ Эрон изхори назари кишвархои гарбй дар бораи руйдодхои Эронро "руйкарде фурумоя" тавсиф кард.

14:49 BST
Рохпаймоии ороми мухолифони давлат дар майдони Хафти Тири Техрон огоз шуд.

14:00 BST
Телевизюни порсии Би-Би-Си хамчунон дучори зарбахои электруникии ношй аз Эрон аст ва тасвиру садои он руи мохвораи Hotbird катъу васл мешавад. Барномахоро метавон аз тарики Telstar бо кайфияти бехтаре дид:

Telstar 12, 15 degrees West,
Transponder 10, 12.608 GHz (Horizontal polarisation)
Symbol rate: 19.28 Mbaud
Forward Error Correction (FEC): 2/3

Пахши зиндаи барномахои порсии Би-Би-Си дар торонаи Интернет дучори ихтилол нашудааст. Аммо дар Эрон суръати Интернетро башиддат поин бурдаанд, то дастрасй ба матолиби он махдудтар шавад.

Афзун бар ин, Би-Би-Сии порсй дар ин набарди расонайи барномахои телевизюнии худро ба таври 24-соъата аз тарики мавчхои родюйи хам пахш мекунад.

13:37 BST
Мирхусейни Мусавй бо хонаводахои кушташудагони рохпаймоии рузи душанбе хамдардй кард ва хостори пос доштани хотираи онхо дар рузи панчшанбе шуд. Вай аз мухолифони давлат хост, ки фардо бо нишонхои сугворй тачаммуъ ё рохпаймойи кунанд. Мусавй аз боздошти фаъъолони сиёсй ва эъмоли махдудиятхои расонайи башиддат интикод кард.

Ин сугворихо ба азохои хафтагию чиллаии 30 сол пеш дар Эрон сахт монанд аст. Посдошти ёду хотираи курбониёни ситами давлатй аз шигирдхои рахбарони Инкилоби исломии 1979 буд. Хар бор, ки муътаризон кушта мешуданд, ба нишони посдошти ёди онхо пас аз як хафта ё чихил руз мардум дубора тачаммуъ ва эътироз мекарданд. Ва хамин гуна мавчи эътирозот харгиз хомуш намешуд ва ба инкилобе анчомид, ки давлати шохро сарнагун кард.

Саъиди Лайлоз, аз тахлилгарони сиёсй хам боздошт шудааст.

Мухаммадризо Чалоипур, Бехзоди Набавй, Мухаммади Атриёнфар, Мухаммади Тавассулй, Мухаммадъалии Абтахй, Саъиди Хаччориён, Абдулфаттохи Султонй, Ахмади Зайдободй ва чандин тани дигар аз чумлаи курбониёни мавчи тозаи боздоштхо дар Эронанд. Бисёре аз ин афрод бо расонахои хоричй сухбат мекарданд ва тахлилхоеро тахвил медоданд, ки хилофи дидгохи давлат буд.

11:44 BST
Мухаммадризо Шачариён, устоди овози Эрон, дар номае родю ва телевизюни Эронро аз пахши осораш манъ кардааст. Окои Шачариён дар ин нома хостааст, ки аз пахши осори механии у дар ин рузхо худдорй кунанд. Вай навишта, сурудхои механй, ба вижа суруди «Эй Эрон, эй сарои умед» мутаъаллик ба солхои 1978-79 буда ва «хеч иртиботе бо шароити кунунй надорад». Нозирон ин икдоми Шачариёнро навъе эътирози у ба бархурди давлат бо мардуми муътариз арзёбй кардаанд.

11:30 BST
Дар шабакаи чахонии Интернет ин хабар мунташир шудааст, ки соъати 17:00-и имруз ба вакти Техрон дар майдони Хафти Тир рохпаймоии ороми мухолифони давлат баргузор мешавад. Зимнан, рохпаймоии дишаб дар шимоли Техрон хам бесарусадо ва ором буд.

11:26 BST


11:03 BST
Бо вучуди ин ки давлати Эрон ба манзури кудратнамойи ва шояд хатто эчоди даргирй тазохуроти тарафдорони худро дуруст дар чое баргузор кард, ки карор буд мухолифони давлат он чо тачаммуъ кунанд, дишаб дар Техрон бархурди хунине сурат нагирифт. Зеро Мирхусейни Мусавй, ки худ замоне нахуствазири Эрон буд ва аз тарфандхои низом огох аст, тазохуроти хаводоронаш дар Валии Асрро ба шимоли Техрон мунтакил кард, бидуни ин ки худаш дар он хозир шавад. Бад-ин гуна, Мусавй аз бархурди ду неруи мутахосим бо хам чилавгирй кард ва сахнасозии давлатро хунсо кард.

Ва аммо имруз хам карор аст хаводорони Мусавй дар Техрон рохпаймойи кунанд. Зохиран хамлаи нерухои басечии давлат ба хобгоххои донишчуён, ки дишаб сурат гирифт, таъсири чандоне дар мунсариф кардани чавонон надоштааст. Ва хамин тавр, суханронии Оятуллох Хоманайи.

Дар вокеъ, дахолати мустакими рахбари мазхабии Эрон ва химояташ аз як номзади бахусус (Ахмадинажод) аз вачхаи сиёсии у ба шиддат костааст.


Матлаби пешин: Эрон. Рузи 4

4 comments:

Ramin said...

Бо дуруд бар Дориюши гиромӣ!
Мисли ҳамеша сипосгузорам аз ин ҳама заҳамотатон.

Як пурсише доштам, ки ба авзоъи имрӯзии Эрон рабте надорад. Мехостам аз дониши фаровону бекарони шумо дар мавриди забон баҳра бигирам. То имрӯз фикр мекардам, ки website ба забони форсӣ мешавад торнамо, вале шумо вожаи торонаро ба кор бурдед. Магар маънои ин вожа webiste аст? Ва кадоме аз вожаҳо дуруст аст? Ё ҳар ду дурустанд?

Аз қабл сипосгузорам!

Anonymous said...

Iron lilasaf bo in musovi dar guruh pas az du Korea va Saudi joi 4-umro kasb kard va soli oyanda ba Jomi Jahon nakhohad raft....

Saudi va North Korea musovi kardand, va agar Iron dar Seoul piruz meomad, ba SAR rohkhat megirift, vale afsus....

D said...

Роминчон, сипос аз пурсиши бачоат.

Замонест, ки "торона"-ро ба маънои шабака ё хатто ба чои иборати "шабакаи Интернет" ба кор мебаранд.

"Торнамо" вебсойт аст ва "торнигор" веблог.

Комгору сарбаланд бошй, Ромини гиромй.

Ramin said...

Бо арзи дуруду сипос аз Дориюши гиромӣ!
Росташ ҳамон рӯз посухатонро дидам, вале саросема будам ва натавонистам изҳори ташаккур намоям. Аз тавзеҳатон хеле мамнунам.