17:45 BST
Вазорати кишвар (дохила)-и Эрон дархости Мачмаъи рухониюни мубориз мабнй бар баргузории тазохурот дар Техронро рад кардааст.
17:43 BST
Исои Сахархез, рузноманигор дар Техрон:
Сухангуи Вазорати кишвар (дохила) мегуяд, ки агар ин хама раъйро бозшуморй кунем, дах руз тул мекашад. Пас чи гуна шумо тавонистед ин хама раъйро дар чанд соъат бишмуред ва натичаи раъйгириро ин кадр зуд эълом кунед?
16:39 BST
Мехдии Каррубй, аз ракибони Ахмадинажод дар интихобот, ба Шурои Нигахбон номае навишта, ки матни он дар торнамои хизби Эътимоди Миллй чоп шудааст.
Каррубй дар ин нома гуфтааст, ки агар Шурои Нигахбон коре камтар аз ибтол (ботил кардан)-и натичахои интихоботро анчом дихад, иштибохи бузурге кардааст.
Каррубй мегуяд, аксарияти котеъи мардум ба натичахои интихобот муътариз хастанд ва интихобот бояд дубора баргузор шавад.
16:00 BST
Созмони Афви Байнулмилал мегуяд, бино ба тозатарин гузоришхо, шумори кушташудагон дар нооромихои Эрон 15 тан аст.
15:38 BST
Вазорати хоричаи Бритониё Расули Муваххидиён - сафири Эрон дар Ланданро эхзор кард. Далели ин икдом эълом нашуда.
Хоманайи дар суханронии имрузаш Бритониёро "хабис" номид.
15:36 BST
Созмони Афви Байнулмилал суханронии имрузи Алии Хоманаиро нишонае аз омодагии макомот барои ташдиди хушунат дар сурати идомаи эътирозот тавсиф кард. Ба гуфтаи ин созмон, изхороти рахбари мазхабии Эрон чароги сабзест барои нерухои амниятй, ки дар сурати идомаи эътирозот муътаризонро саркуб кунанд.
Хоманайи аз чумла гуфт: Зурозмойии хиёбонй равиши дурусте нест ва агар идома ёбад, худи созмондагони он масъули харчу марчи ношй аз он хоханд буд.
12:54 BST
Ин чумлаи Хоманайи хам шоёни таваччух буд:
Тасаввур кардаанд, ки Эрон хам Гурчистон аст.
Ин чумла гуёи нигаронии рахбари мазхабй аз эхтимоли тадорукот барои як "инкилоби рангин" аст.
12:37 BST
Саранчом Алии Хоманайи, рахбари мазхабии Эрон дар бораи руйдодхои пурошуби ахир дар ин кишвар изхори назари комил кард. Дар хутбахои намози чумъаи имруз, (ки бар хилофи бархе аз гузоришхо дар махалли маъмулиаш – Донишгохи Техрон баргузор шуд), рахбар талош кард хам ба наъл кубаду хам ба мех.
Вай зимни химоят аз натичахои интихобот ва раисичумхурй аз Акбар Хошимии Рафсанчонй – раиси Мачлиси Хубрагони низом хам химоят кард. Вай дар интикоде талвехй аз Ахмадинажод гуфт, ки набояд иттихомоте номувассакро алайхи Рафсанчонй ва дигар чехрахои низом матрах мекард. Ва дар айни хол таъкид кард, ки дар заминахои сиёсати хоричй, адолати ичтимоъй ва масоили фархангй назари у ба дидгохи Ахмадинажод наздиктар аст ва аз дидгохи Рафсанчонй дуртар.
Рахбар дар айни ин ки аз Ахмадинажод бобати эъломи иттихомоти таъйиднашуда алайхи бархе аз чехрахои низом интикод кард, ононеро хам ки Ахмадинажодро ба «дуруггуйи, хурофагуйи ва раммолй муттахам карданд», сарзаниш кард. Хошимии Рафсанчонй дар номаи худ ба рахбар Ахмадинажодро ахли дуругбофию хурофагуйи унвон карда буд.
Хоманайи хузури бесобикаи мардум дар интихоботро «як зилзилаи сиёсй барои душманон ва як чашни торихй барои дустони Чумхурии исломй ва нишонаи эътимоди мардум ба низоми сиёсй» донист.
Дар холе ки мавче аз чавонони муътариз мепурсанд, ки «Раъйи мо чи шуд?» ва ба дар созукори низоми Чумхурии исломй шак ворид медоранд, Хоманайи мушорикати мардум дар интихоботро нишони «дилбастагии онон ба низоми Чумхурии исломй» тавсиф кард.
Дар хутбахои намози чумъа Хоманайи мустакиман ба Би-Би-Си ва Садои Омрико хамлавар шуд ва расонахои гарбиро ба шубхаафканй дар мавриди натичаи раъйгирй ва талош барои тазъифи эътимоди мардум ба низом муттахам кард.
Хоманайи дар айни ин ки аз анчоми мунозирахои номзадхо ба раёсати чумхурй дар корзори интихоботй истикбол кард, афзуд, ки ин гуфтугухо набояд дигар идома ёбад ва ба омиле барои кинатузй ва душманй табдил шавад.
Рахбари мазхабии Эрон бо ишора ба дархости ботил кардани натичаи интихобот ва баргузории интихоботе дигар таъкид кард, ки «зери бори бидъатхои гайриконунй» нахохад рафт ва афзуд, ки агар шубхае дар бораи натичахо вучуд дошта бошад, бояд аз тарики Шурои Нигахбон ва конунхои марбута пайгирй шавад.
Ва дар айни хол вай назари худро баён дошт, ки «имкони такаллуб дар хадди чобачоии 11 милюн раъй вучуд надорад». Яъне аз диди рахбар, натичахои интихобот набояд ботил шавад.
Рахбар акидан тавсия кард, ки дигар рохпаймоихои эътирозй баргузор нашавад, то «теруристхо» аз он суиистифода накунанд.
Вай бо ишора ба хамлаи басечихо ба хобгоххои донишчуён гуфт, касоне «донишчуёни муъмину хизбуллохй»-ро хадаф карор додаанд, дар холе ки шиъори химоят аз рахбарй медоданд.
Хулосаи сухбатхои рахбари Чумхурии исломй ин аст, ки у таслими фишори мардумй нахохад шуд, интихоботро ботил эълом нахохад кард, аз Ахмадинажод химоят мекунад ва хохад кард ва бо дидгоххои у мувофик аст.
Акнун, ки рахбари мазхабй таклифи худашро равшан кардааст, таклифи муътаризон ва идомаи набардхои онхо низ равшантар хохад шуд. Акнун Мусавй ва Каррубй медонанд, ки дар баробари чй касе карор доранд ва бо назардошти ин мавзуъ метавонанд тархи барномахои ояндаашонро бирезанд. Албатта, агар тавтеае аз суи рахбар ва дастгохаш барои бадном кардани чунбиши мардумй тархрезй нашавад, ки дар паи он саркуби густарда ва хаммоми хуне чорй шавад.
01:34 BST
Дар сафхаи корзори интихоботии Мусавй дар торнамои Twitter ин паём чоп шудааст:
Mousavi & Karoubi ask supporters NOT to attend Friday prayers (which is being delivered by supreme leader Ayatollah Khamenei) #IranElection
Мусавй ва Каррубй аз хаводоронашон мехоханд, ки дар намози чумъа (ба имомати рахбари муъаззам Оятуллох Хоманайи) хузур НАёбанд.
Ин дар холест, ки Хоманайи аз Мусавй хоста буд, ки дар намози чумъа канори у биистад ва мардумро ба вахдати миллй бихонад.
Ин тоза огози кор аст.
Матлабхои пешин: Эрон. Рузи 4; Эрон. Рузи 5; Эрон. Рузи 6; Одинаи сарнавиштсоз
8 comments:
Boyad az nigohi manofe'i TJK ba in kaziya nigarist, ki chi rahbare dar Iron, chi nizome dar Iron ba naf'i TJK ast.
Dar zamoni Ahmadinajod munosiboti Ironu Chin khele ham khub shudand, Iron duvvumin pas az Chin sarmoyazguroi tarhhoi TJK ast, u ba kishvari mo safarho anjom doda va bo mo oshno ast.
Ki medonad, ki in Musavi bo TJK chi barkhurde khohad dosht? Ki medonad, ki in mushkilote ki Musavi Ironro giriftor mekunad, ba sari TJK chi baloho khohad ovard.
Dar mavridi masoili bahshoi enerjiyamon tanho yak pushtibon doshtem, on ham, Iron, vale agar sari Iron dard bikunad, oyo dar fikri pushtibonii mo khohad bud?
Follower
Мусавй танхо номзади раёсати чумхурии Эрон буд, ки дар корзори интихоботиаш аз Точикистон ёд кард ва гуфт, дар сиёсати хоричиаш барои кишвархое чун Точикистон ва Афгонистон чойгохи вижае коил аст.
Ахмадинажод таи давраи раёсати чумхурии худ танхо тарххоеро рохандозй кард, ки дар давраи Хотамй мавриди ичро карор гирифтанд. Суди раёсати чумхурии Хотамй бо Ахмадинажод барои Точикистон аслан кобили мукоиса нест. Хотамй буд, ки дари хамкорихои густардаи иктисодй ва фархангй бо Точикистонро боз кард ва Ахмадинажод танхо мучрии тарххои Хотамй буд.
Мусавй чун яке аз афроди бисёр наздик ба Хотамй пайгири сиёсатхои хаму хохад буд ва бо кишвархои хамзабон равобити наздиктареро бунёд хохад гузошт. Ин гурух, ки мутаъассиби мазхабй нестанд ва дидгохашон наздиктар ба миллигароист, ба Точикистону Афгонистон руйкарди вижае доранд.
Ахмадинажод таи давраи раёсати чумхуриаш бештарин кумаку ёриро ба чунбишхои араб кард, ки шояд танхо дах дарсади он метавонист Точикистонро аз бухрони иктисодй рахо кунад. Ва хар мутаъассиби мазхабии дигаре, ки дар Эрон сари кудрат ояд, чунин руйкарде хохад дошт.
Пас мавзуъро бояд на танхо аз зовияи мазхабй ё чинй, балки аз зовияи миллй хам дид.
Паёми каблиро барои он навиштам, ки посухе ба пурсиши мушаххас бошад. Ва вокеъият ин аст, ки барои Точикистон хам будани касе чун Мусавй дар садри умур бехтар аз шахсияти мунзавие чун Ахмадинажод аст.
Аммо бартар аз манфиъати хар давлате хукуки башар аст. Риъояти хукуки башар барои хар давлате вочиб аст, чун давлатхо танхо бар мабнои эътимоди мардум ба онхо машруъият меёбанд. Саркуби орои мардум бояд паёмадхои сахту нангине барои хар давлате дошта бошад. Ва руйдодхои Эрон бояд барои чомеъаи Точикистон омузанда бошад, ки гуянд "хакки худро аз дахони шер мебояд гирифт." Инсичому далерии чавонони Эрон тахсинбарангез аст.
In khel boshad khele khub, zero man bar in fikram, dar vaz'e ki mo hol karor dorem, noguzir ba har havodise dar mahalli geopolitikii nazdik ba mo az zoviyai manofe'i khud bingarem.
Vale chunin bar nazar merasad, agar in tazohurot idomkunand, on noguzir ba khushunathoye khohad pechid, chun shumori tarafdoroni Ahmadinajod va rejim niz ki na kamtar az mu'tarizon ast, bal shoyad beshtar boshad.
Va in nooromiho khele ham bar arari mo niz khohad bud, ham az nigohi iktisodi, ha siyosi va ham farhangi. Tanho shoyad salafiho khushhol havand va khalos.
Tarsam, ki az in noorootiki judoitalabi Iron, ba misli Ozarboyjonash niz istifoda kunand.
Bar ilova, furuposhii har nizome, chi gunaye ki naboshad, dar pay mushkiloti sangin khohad dosht, on gunaye ki furuposhii SSSR bist sol bad in su muskiloti mardumro jarftar mekunad va behbudiye dida nameshavad.
bar on fikr ki "hakki khudro az sher ham boyad girift" khele ham muvofikam.
Ba har hol, khele umedvoram, ki Iron Iroq nashavad, va mo tojikonro miyoni turkon tanhoi tanho naguzorad, harchand be in ham hej hisse juz' tanhoi nadorem....
Vokean, kismati bozigaroni futbolash chi shud ba'd?
va ham charo yak darvesh bavokeahoi akhir dar TJK nigohe namezanad? Nakhustin "khudkushi"-i yak general va nafare ki dar guzashta khele ham ba raisjumhur nazdik bud va nahustin bodoshti irf iktisodi va kholi az siyosati yak sobik makomi khele baland bari jomeai TJK khele ham muhimmand.
Oyo ajib nest, ki dasturi bozdosht Tilloev va Solehov dar yak ruz sodir shudaast?
Follower-и гиромй,
Ба посух аз поён огоз мекунам.
Руйдодхои Точикистон хам мадди назари Як Дарвеш хаст ва иттифокан кабл аз номаи шумо ба ин фикр будам, ки имшаб дар борааш чизе дошта бошем. Аммо иддаъохо ва зиддаиддаъохо тахкики бештар мехохад ва руйдодхои ахири Точикистонро наметавон мисли руйдодхои Эрон лахза ба лазха пушиш дод. Ба хар сурат, Як Дарвеш ба хеч руй аз иттифокоти Точикистон чашм намепушад.
Аммо руйдодхои Эрон, хамон гуна ки аз изхори назари шумо хам бармеояд, барои Точикистон хам бисёр мухим аст. Аз бахти бад, пушиши хабарии он дар даруни Точикистон бисёр махдуд аст ва пайдост, ки мардум аз вокеъиятхои он чо огох нестанд, он гуна ки изхори назари чехрахои сиёсии Точикистон хокист. Ин руйдодхо метавонад дар нихоят накшаи жеупулитикро ба куллй дигаргун кунад.
Аммо фаромуш накунед, ки хануз дар сахнаи алании сиёсии даруни Эрон (public transcript) сухбат аз барандозии режим нест, балки тагйири тадричии он ва наздикии бештари он ба мардум аст, ки зиндагии бехтар ва озодихои бештар мехоханд. Иддаъои ин ки Ахмадинажод дорои хаводорони бештарест, пояи мантикии худро хануз пайдо накардааст ва тазохуроти тарафдорони Ахмадинажод бо кумаки утубусхои давлатй созмон меёбанд. Дуруст ба монанди «намоишхои мехнаткашони»-и худи мо дар замони Шуравй. Режимхои мустабидди идеулужик хама шабехи хам хастанд.
Эрон вокеъан ба тагйир ниёз дорад ва ин тагйир хаётист. Бидуни он тагйир чудоихохон ва душманони Эрон чун арабхо бурди бештаре хоханд дошт. Хамин акнун хам арабхо бо истифода аз инзивои Эрон дар арсаи байнулмилал бо кишвархои пешрафта канор меоянд ва алайхи Эрон тавтеа мечинанд. Омрико озарихову арабхову курдхои Эронро тахрик мекунад. Эрон ба давлате миёнарав ниёз дорад, ки фазоро андаке боз кунад ва чилави тавтеахоро бигирад. Хеч давлате дар як шакли мунчамид мондагор набудааст ва мисли Шуравй тикка-пора шудааст. Пас низом бояд пуё ва тагйирпазир бошад, то давом оварад. Аз бахти бад, суханронии имрузи Хоманайи ин умедро ба яъс нишонд.
Аммо мояи хушбахтист, ки чавонони Эрон бедортар аз ин гапхо хастанд ва моиланд тагйиротро тадричан ва ба таври решайи пайгирй кунанд. Танхо дар ин холат Эрон ояндаи равшан хохад дошт. Чумхурии исломй, ки Эронро ба зиндоне бузург табдил кардааст, ё мачбур ба тагйиру тахаввул хохад шуд ё ба дигар режимхои мустабидди торих хохад пайваст, ки корашон ба нобудй кашид.
Аммо ташбехи Эрон бо Ирок аз бех дуруст нест. Ин ду кишвар дорои бофти ичтимоъй ва пешинаи торихии комилан мухталиф хастанд ва аз ин ба баъд хам роххои мухталиферо тай хоханд кард.
Зимнан, Follower-и гиромй, бад нест шумо хам назархои худро дар бораи чи руйдодхои Точикистон ва чи Эрон дар торнамои худ бинависед, то торнигористони точик фаъъолтар шавад ва мо хам бахра бибарем. Мамнун.
Az ozarihovu arabhovu kurdhoi Iron yod karded.
Vokean, dar in ruzho on manotik ba chi kore mashghuland?
Аз манотики арабнишин хабаре нест. Аммо дар миёни муътаризон озарихову курдхо хам андак нестанд. На чудоихохон, балки мухолифони низом.
Post a Comment