Tuesday, June 16, 2009

Iran Developments Live-Blogging

Пушиши лахза ба лахзаи руйдодхои чорй дар Эрон

21:27 BST
Оятуллох Хусейнъалии Мунтазирй, ки аз ёрони Хумайнй буд ва замоне интизор мерафт дар макоми рахбарй чойнишини у шавад, аз амалкарди масъулони Эрон интикод карда ва хушдор додааст, ки мумкин аст мардум эътимоди худ ба хокимияти исломиро аз даст диханд.

Окои Мунтазирй имруз (сешанбе) дар ин бора иттилоъияе мунташир кард ва гуфт, ки натичахои эъломшудаи интихоботи раёсати чумхуриро «хеч акли салиме намепазирад ва бар асоси шавохиди мувассак, тагйироти умдае дар орои мардум дода шудааст.»

21:07 BST
Сарфи назар аз талоши макомот дар Техрон барои эчоди ихтилол дар шабакаи телефуни хамрох тарафдорони Мусавй ва Каррубй имруз дар атрофи сохтмони Садову Симои Чумхурии Исломй (Чоми Чам) тачаммуъ карданд. Гуфта мешавад, ки ин тазохурот аз тачаммуъи рузи душанбе хам густардатар будааст. Гузоришхои таъйиднашудае аз корбурди ботун (калтак) ва гози ашковар тавассути нерухои пулис хокист. Дар тазохуроти имруз Мирхусейни Мусавй хузур надошт.

18:50 BST
Алии Хоманайи, рахбари мазхабии Эрон, дар нахустин изхори назари худ дар бораи нооромихои ахир ин руйдодхоро натичаи кори дастхои пинхони душманони Эрон ва бегонагон донист. Вай бори дигар интихоботро нишони иззату азамати миллати Эрон донист ва номзадхои интихоботро ба вахдат даъват кард. Вай гуфт, тарафдорони хамаи номзадхо набояд ичоза диханд, ки пирузии интихобот дар комхо талх шавад. Хоманайи дар хузури намояндагони хомиёни хар чахор номзади интихобот сухбат мекард. Пахши ин суханронй аз тарики телевизюни давлатии Эрон хамчунон идома дорад.

Ин дар холест, ки мухолифони Ахмадинажод хостори ибтол (ботил шудан)-и интихобот ва баргузории интихоботи нав хастанд. Гумон намеравад, ки суханронии рахбар вазъиятро хеле тагйир дихад.

17:12 BST
Родюи давлатии Эрон шумори кушташудагон дар тазохуроти дирузро "хашт нафар" эълом кард.

16:23 BST
Порозитафканй руи шабакаи телевизюнии Би-Би-Сии форсй хамчунон идома дорад. Бо вучуди шикояти раиси бахши чахонии Би-Би-Си аз макомоти Эрон, ки як монеъи электруникиро дар баробари мохвораи Hotbird карор додаанд, макомот аз ин кори шарри худ дастбардор нестанд. Дар вокеъ, ин кор хилофи паймони байнулмилалии пахши мохвораист, ки Эрон хам узви он аст.

15:49 BST
Ба далели кушта шудани чандин нафар дар тазохуроти дируз Мирхусейни Мусавй аз хаводоронаш хостааст, ки дар тазохуроти имруз дар Валии Аср ширкат накунанд. Телевизюни давлатии Press TV тачаммуъи тарафдорони Ахмадинажод дар Валии Асрро нишон медод. Ва карор буд тарафдорони Мусавй хам дар хамон махал хозир шаванд.

Як сухангуи Мусавй ба хабаргузории AFP гуфтааст: "Ин ситод аз мардум мехохад, ки ба тала (дом)-и даргирихои барномарезишуда науфтанд."

15:38 BST
Имруз тасовири камтаре аз Эрон дар расонахои чахон пахш мешавад. Далели он махдудиятхои тозаест, ки макомоти Чумхурии Исломй бар хабарнигорони хоричй эъмол кардаанд.

Ин тасмим дуруст пас аз он гирифта шуд, ки Шурои Нигахбон дар мавриди бозшумории оро эъломи омодагй кард. Ин икдом нигаронии чомеъаи байнулмилалиро барангехтааст, ки шояд давлат касд дорад аз дарзу пахши иттилоъоти дасти аввал аз Эрон мумонеъат мекунад.

Хабарнигорон аз пушиши тазохуроти «гайриконунй» манъ шудаанд ва барои рафтан ба сахнаи руйдодхо бояд аз макомот ичозаи навишторй бигиранд. Кортхои матбуъотй беэътибор эълом шудааст. Хабарнигори Би-Би-Си дар Техрон мегуяд, ки дар хеч чои чахон бо мукаррароте бад-ин андоза махдудкунанда барои гузориш додан мувочех нашудааст.

15:00 BST
Имруз соъати 18:00 ба вакти Ландан тарафдорони Мирхусейни Мусавй дар баробари Сафорати Эрон дар Ландан тачаммуъ мекунанд.

14:58 BST
Сухангуи Шурои Нигахбони Эрон гуфт, ки эхтимоли баргузории интихоботи дубораро мардуд (радшуда) намедонад.

14:57 BST
Мирхусейни Мусавй - ракиби Махмуди Ахмадинажод гуфтааст, ки хозир аст барои баёни мавзеъхои хуж дар бораи интихобот ва руйдодхои пас аз он дар барномахои мусткими телевизюнй хузур ёбад. Манбаъ: ghalamnews.ir, торнамои вобаста ба Мирхусейни Мусавй.

11:27 BST
Ахмадинажод дар изхороташ муътаризонашро "хасу хошок" тавсиф карда буд. Донишчуёни мухолифи Ахмадинажод пораи зеринро дар посух ба тавхини раисичумхурй пахш кардаанд:

Он хасу хошок туйи
Душмани аз хок туйи
Шур манам, нур манам
Ошики ранчур манам
Зур туйи, кур туйи
Холаи бенур туйи
Далери бебок манам
Молики ин хок манам

11:04 BST
Хаводорони Мусавй ва Ахмадинажод имруз хам мардумро ба тачаммуъ фаро хондаанд. Карор аст хар ду тазохурот дар хиёбони Валии Асри Техрон анчом бигирад. Тачаммуъи ду неруи мутахосим дар як махал метавонад паёмадхои нохушоянде дошта бошад.

11:00 BST
Шурои Нигахбони Эрон дар мавриди бозшумории орои интихоботи рузи одинаи гузашта ибрози омодагй кардааст.

Мирхусейни Мусавй, номзади ислохталаб дар интихоботи раёсати чумхурй, муътакид аст, ки Махмуди Ахмадинажод бар асари такаллуботи густарда дубора ба макоми раёсати чумхурй баргузида шудааст.

Шурои Нигахбон тахти фишори шадиди садхо хазор муътариз, ки таи се рузи гузашта хиёбонхои шахрхои умдаи Эронро пур карданд, мачбур ба тагйири 180-дарачаии мавзеъи давлат шуд.

Мумкин аст дар паи бозшумории оро ва кашфи тахаллуфот ё иштибохот дар шумориши аввалияи оро мухолифони Ахмадинажод хостори баргузории дубораи раъйдихй шаванд.

Ба гузориши родю Эрон, дар рохпаймоихои рузи душанбе хафт тан кушта шудаанд. Гузоришхои таъйиднашудае ин ракамро болотар унвон кардаанд.

Гузоришхо хокист, ки шуморе аз рахбарони ислохталабон, аз чумла Мухаммадъалии Абтахй ва Саъиди Хаччориён дишаб боздошт шудаанд.

Дар ин миён эхсос мешавад, ки дар миёни давлатмардони Эрон шикофе эчод шудааст. Алии Лоричонй, раиси Мачлиси Шурои Исломии Эрон, вокуниши нерухои давлатй ба тазохуротро махкум кард ва гуфт: «Дар ин маврид вазири кишвар (дохила) масъул аст.»

Дар тахаввуле дигар Махмуди Ахмадинажод вориди Маскав шудааст. Вай дар нишасти сарони СХШ аз «поёни асри импротурихо» хабар дод, аммо дар бораи руйдодхои чорй дар кишвараш изхори назар накард.

Борак Убомо, раисичумхурии Омрико, дар нахустин вокуниши мустакими худ ба руйдодхои Эрон изхори «нигаронии амик» кард.

4 comments:

Anonymous said...

О том, что происходило в Тегеране в ночь после выборов, рассказал в интервью телепередаче Би-би-си Newsnight Мохсен Махбалбаф, европейский представитель Мира Хосейна Мусави.

In hamon kinorejisser ast?

D said...

Бале, хамон коргардони синемост, ки муддате хам дар шахри Душанбе зиндагй мекард ва дар Точикистон ду филм сохт.

Ramin said...

Дориюши гиромӣ, воқеъан дастатон дард накунад, ки тоҷикҳоро дар бораи вазъияти порае аз меҳанамон ба хабари лаҳза ба лаҳзаро фароҳам намудаед.

D said...

Ромини гиромй,

Сипос аз мехру таваччухат. Барои ман ачиб буд, ки руйдодхое бо ин ахамият дар Точикистон пушиши бисёр заъифе дорад. Мурури дидгоххои намояндагони хизбхои сиёсии Точикистон дар бораи ин руйдодхо, ки бахши порсии Би-Би-Си мунташир кард, гуёи ин хакикат буд, ки мохияти ин вакоеъ хатто барои сиёсатмадорони мо ба таври кофй равшан нест. Бахши точикии родю Озодй хам хабари сарони созмони хамкорихои Шонгхойро мухимтар дида буд ва хабари марбут ба Эронаш кухна буд (вокуниши бону Клинтон). Дар вокеъ, ин холат хокй аз зехни рахбар-мехвари мост. Хар чо рахбаре хаст, хабари он мухимтар аст, аммо рохпаймоии садхо хазор мардум дар хиёбонхо - дарачадувум. Ин руйкард ба куллй галат аст ва бояд тагйир кунад. Чунбишхои мардумй хастанд, ки сиёсатхоро аз беху бун иваз мекунанд, на музахрафоти номарбути Ахмадинажод дар Русия, ки аз хама чизи чахон гуфт, ба чуз аз руйдодхои кишвари матбуъаш.

Поянда бошй.