Wednesday, June 10, 2009

Tajik Students’ Protest in London

Тазохуроти чавонони точик дар Ландан


Барои нахустин бор шахрвандони точики мукими Бритониё тасмим гирифтанд бо баргузории рохпаймойи ва сар додани шиъорхои хакталабона хузури худ дар ин кишварро аланй кунанд. Аммо осмони гирёни Ландан ва ба вижа эътисоби кор (корпартойи)-и коргарони метруи пойтахти Бритониё ба баргузории саривакти тазохуроти чавонони точик алайхи бегонаситезй дар Русия мусоъидат накард.

Бо вучуди ин, даххо тан аз мардуми точик, умдатан чавононе, ки дар Бритониё дарс мехонанд, дар холи гирди хам омадан дар Хойд Порки Ландан хастанд, то аз он чо ба суи сохтмони Сафорати Русия рох пеш бигиранд. Дар ин миён точикони Афгонистону Узбакистон низ хастанд.

Ин тазохурот ба монанди хар навъ икдоми дигаре, ки барои нахустин бор анчом мешавад, метавонад хеле чашмгир набошад. Ба вижа ба далели ин ки донишчухо дар шахрхои мухталифи Бритониё парокандаанд ва эътисоби кори метру хамлу накл дар Ланданро такрибан фалач кардааст. Аммо кучактарин садои эътироз бехтар аз сукут аст. Ва мусалламан ба гуши сардамдорони сафорати Русия дар Ландан хохад расид ва онхоро мутмаин хохад сохт, ки дар оянда метавонанд интизори шунидани садохои баланду бештареро дошта бошанд.

Аз суи дигар, ин тазохурот метавонад ба точикони Русия дилдорй дихад ва онхоро низ ба анчоми икдомоти тадофуъй ва эътирозй барангезад. Ба монанди тазохуроти порсигуён дар баробари сафорати Афгонистон дар Ландан дар эътироз ба икдомоти зиддифархангии вазири фарханги Афгонистон, ки огозгари мавче аз тазохуроту эътирозот дар даруни Афгонистон шуд.

Хануз тазохурот рох науфтодааст. Чузъиёти он дар рох аст.


Соъати 14:50 ба вакти Ландан

Тазохурот бо шиъору фарёдхои баланд ва зарби таблу накораи муътаризони точик дар баробари сохтмони Сафорати Русия дар Ландан идома дорад ва шояд то як соъати дигар ба поён бирасад. Шумори муътаризон худуди 50 тан баровард мешавад.


16:10

Тазохурот то хаволии соъати 15:30 бо шиъорхои зиддинажодпарастй ба забонхои инглисй ва русй чараён дошт. "Чилави нозихо (натсистхо)-ро бигиред!", "Мухочиронро накушед!", "Акаллиятхоро накушед!", "Монеъи нажодпарастй шавед!" аз чумлаи шиъорхои тазохурот буд. Дар миёни ширкаткунандагони тазохурот шуморе аз Хинду Покистон ва атбоъи Фаронса хам буданд.

Дар поёни тазохурот муътаризони сапедчома баёнияеро таслими сафорати Русия карданд. Масъулони сафорат ба тазохурот вокунише нишон надоданд.

Як корманди сафорат, бидуни ин ки ба муътаризон наздик шавад, аз дур тазохуротро мушохида мекард.





7 comments:

D said...

Тазохурот бо шиъорхои пурсарусадо ва зарби таблу накораи муътаризони точик дар баробари сохтмони Сафорати Русия дар Ландан идома дорад ва шояд то як соъати дигар ба поён хохад расид. Шумори муътаризон худуди 50 тан баровард мешавад.

Shamsi said...

Ташаккур Дориюш, аз хабаре умедворкунанда.

Зинда бод рузхои офтобитар аз имруз !

D said...

Сипос аз паёмат, Шамсичон. Ба умеди рузхои офтобитар.

Anonymous said...

Ташакур барои ин хабар. Бехтарин хабаре буд, ки аз хорич мешунидам. Ин ба чи анчомид? Тафсилоти бештар...

D said...

Мисли хар тазохуроти дигаре муътаризони мо хам катънома ё баёнияеро таслими макомоти Сафорати Русия карданд ва пас аз суханронию шиъордихй ва овозхонй ва даъват ба сулху оромиш сахнаро тарк карданд. Ин нахустин икдоми эътирозии донишчуёни точик буд ва точикхо дар ин замина аз дигар мардумони Осиёи Миёна дар Ландан пешдастй карданд.

Anonymous said...

Илхом.
Кай бошад, ки ин гуна тазохуротхо дар Душанбею Хучанду Маскав низ баргузор шаванд. Афсус, 70 фоизи чавонони мо гусфанди тарсуянд.

D said...

Илхоми гиромй,

Касе интизор надошт, ки рузе як идда аз чавонони точик дар Ландан даст ба ин икдом бизананд. Аммо чунин шуд. Мутмаиннан дар оянда чавононе дар он сомон низ шучоъати ин корро хоханд ёфт. Ба вижа бо таваччух ба ин ки он чо шумори чавонони мо бамаротиб бештар аст.