Дар яке аз торнигорхои исломии ислохталаби Эрон номае мансуб ба Оятуллох Писандида – бародари Имом Хумайнй мунташир шудааст, ки гуё 26 сол пеш хитоб ба рахбари инкилоби исломй навишта шуда. Дар ин ки Оятуллох Писандида аз рафтору маниши бародари баномаш дили хуше надошт ва сиёсатхои уро намеписандид, шакке нест. Аммо ин нома каблан чое мунташир нашуда буд ва бо ин ки мавориди озурдагии Писандида дар он баршумурда шуда, таъйиди таъаллуки он ба бародари Оятуллох Хумайнй кори торихнигорони муъосири Эрон аст. Мурури ин нома барои афроде, ки руйдодхои ахири Эронро пайгирй мекунанд, холй аз манфиъат нест.
به دبيره پارسی
Номаи Оятуллох Писандида – бародари Имом Хумайнй ба вай дар торихи 15 амурдоди 1362 (06.08.1983)
Нолахо аз хар су ба гуш мерасад ва нафринаш бар арбоби амоим (муллохо) оламеро гирифтааст.
Бар асоси он чи хар руз мушохида мекунем ва он чизхое, ки ба гуши мо мерасад ва худамон ахёнан дар чараёни он карор мегирем, мардум хар соъат даст ба осмон доранд ва орзуи бозгашти авзоъи гузаштаро мекунанд. Оё ин нолахоро шумо мешунавед? Ё мошоллох, бо хисоре, ки даври шумо кашидаанд, шумо хам хикояти он чупонро доред, ки гург бар галлааш зада буд, вале у бехабар машгули душидани меши мавриди алокааш буд ва хеч аз чой начунбид, то лахзае, ки гург суроги худаш омад? Аввал меши уро ба панчае дарид, баъд хам худашро...
Рузе, ки дар Хумайн ва ба дастури Хизби Чумхурй ва бо тамхиду тавтеае, ки гумон надорам ба дур аз иттилоъ шумо буда, аммома (салла) аз сари ман кашиданд ва аз хеч ихонате ибо накарданд. Ман заррае гилоя накардам, ки рузгори чаддамон пеши чашм буд.
Рузе, ки он сайиди бечораро, ки факат касди хидмат дошт ва худи шумо сад бор гуфта будед, ки аз фарзанд ба ман наздиктар аст (Банй Садр – Як Дарвеш), бо он ифтизох аз раёсати чумхурй халъ карданд ва як бадбахти бадъокибатро, ки идораи як корвонсаро хам аз ухдааш барнамеояд (Мухаммадъалии Рачойи - Як Дарвеш), ба раёсати чумхурии ин мамлакати бузургу муътабар таъйин карданд, ба шумо гуфтам, ин шаётин касди дигаре доранд ва мехоханд аз ин арусак (лухтак) барои ичрои макосиди худ истифода кунанд. Аммо шумо ба чои гуш додан ба ин харфхои муслехона ру дар хам кардед ва хатто хурмати бародари бузургро хам риъоят нанамудед. Ман ки мисли Акил ибни Абутолиб молу чову маком нахоста будам, ки шумо хукм ба дог кардани дилам додед ва сари пирй ихонат ба ман раво доштед, ки дар замони шох хам касе чуръати эъмоли онро надошт...
Рузе, ки дастур додед хамаи сандукхоро ба номи Алй-око Хоманайи боз кунанд, ман ва ду-се одами дилсуз, ки хадди акал якешон, яъне Шайх Алй-око Техронй бист сол шогирди хос ва мавриди мухаббати шумо буд, ба шумо навиштем, ки ин интихоб Эронро бар боди фано медихад, гуш накардед ва холо мебинед он чи набояд медидед. Ин хама хунхо рехта шуд. Ин хама чиноят вукуъ пайдо кард, ки аз зикри он ба худ меларзам, ки мабодо катрае аз ин хунхо ба сабаби ухувват (бародарй)-и ману шумо домани маро бигирад. Факат барои ин ки шумо ба чои гуш супурдан ба онхо ки хам ба ислом ва хам ба Эрон алокаманд буданд, гуш ба шаётин додед.
Шумо чи гуна бар маснади вилоят менишинед? Он содот (саидон)-и оликадреро мисли Хоч-Око Хасани Кумй, сибт (набера)-и он ифтихори азалии ташайюъ Хоч-Око Хусейн Кумии Тобсурох ва окои Хоч Сайид Козими Шариъатмадорй, марчаъи бархакки шиъаи Мавло Алиро ба он хиффат (хорй) хонанишин мекунед ва марчаъиятро аз онхо салб мекунед, аз онхо, ки худ бо ашку нолахои ман бист сол пеш хукми марчаъияти шуморо имзо карданд ва ба шох доданд, то аз озору тавхин ба шумо мумонеъат шавад. Шумо худ бехтар аз хар касе медонед, ки ман аз ибтидо бо мудохилаи рухониюн дар умури кишварй ва лашкарй мухолиф будам ва ба шумо гуфтам, вакте мо масдари кор шавем, агар корхо мутобики хости мардум набошад, хамаи нафрат мутаваччехи мо хохад шуд ва дар нихоят ислом зарар хохад дид. Оё имруз натичае ба чуз ин хосил шудааст?
Ин мардуме, ки дар рохи ислом аз чон мегузаштанд ва дар замони шох аз фукулй (гарбзада)-ву бозорию донишчуву зан шаъоири диниро мухтарам медоштанд, имруз на ба дин таваччухе доранд ва на барои шаъоири динй арзише коиланд. Онхо мегуянд, агар дин ин аст, ки авлиёи Чумхурии Исломй эъмол мекунанд, бехтар аст мо кофар бошем ва аслан исми мусалмон руи мо набошад.
Бо сиёсатхои галати чамъе минбарй ва мударрис, ки аз идораи хонаи худашон хам очизанд, имруз Эрон ба нихояти зиллату хорй дар дунё уфтодааст. Хатто як дуст барои мо бокй намондааст. Ман бо чанд рухонии шиъаи покистонй ахиран харф мезадам. Онхо аз вазъи Эрон гиря мекарданд ва мегуфтанд, дар кишвари мо собик шиъа макому арзише дошт, вале холо мо то исми ташайюъро меоварем, мегуянд, лобуд мисли Эрон.
Окои Хоч-Око Садр ба ман мегуфт, мардуми Лубнон, ки дар гайбати око Мусо Садр чашм ба Эрон доштанд, имруз хеле аз Эрон зада шудаанд. Ин чи маъно дорад, ки аслиха аз Исроил бихарем ва баъд аз чанг бо Исроил ва тахрир (озодй)-и чануби Лубнон сухан бигуем? Банда дар мавриди чанг ва масоили он харф намезанам, ки худ маснавии хафтод ман когаз аст. Факат мегуям, оё ба гуши шумо намерасад, ки баъзе аз нуричашмихо чи дастандозихо ба байтулмоли муслимин ба исми чанг ва кумак ба чангзадагон кардаанд.
Беш аз се мох аст банда барои дидани шумо вакт хостаам, вале дафтари шумо мураттаб мегуянд, вакт надоред. Он вакт хар руз муллои фалон дех ва додситони бехмон касабаро ба хузур мепазиред. Чун лобуд ба чуз мадху сано намегуянд ва бадбахтона, шояд чун Худованди таборак ба ман лисон (забон)-и маддохй надода, хатто бояд аз бародари худ махрум бимонам.
Банда гумон дорам, ки бо ирсоли ин нома лобуд тазйикот ва гирифторихо барои мо бештар хохад шуд, вале чун чанд рузест хис мекунам хар лахза мумкин аст, ки Хак таъоло орзуямро ичобат кунад ва ичозаи тарки ин чаханнами фониро иноят фармояд, лизо (аз ин ру) ба унвони васият ё тавсия ё худохофизии бародаре бо бародараш ин чумалотро навиштам.
Шумо васият менависед ва барои худ чонишин таъйин мекунед. Пас чаро якбора исмашро намегузоред «салтанати исломй» ба чои «чумхурй»? Магар расули акрам чонишин туи (дар) васиятнома таъйин кард? Ба чуз ин ки Мавло Алиро, ки маъсум ва мунтахаби илохй буд, ба мардум арза дошт. Шумо кадом маъсумро дар атрофатон мебинед? Шайх Алии Мишкиниро, ки карохати нафаси у комилан аз манзараш хувайдост? Бале, кадом маъсумро дидаед? 14 карн мардум ташхис медоданд, ки кадом марчаъ аъзам аст ва кадом як аз уламо кобили эхтирому эътимод. Хол рузномахо якруза як шайхро оятулъузмо мекунанд ва дигариро афках-ул-фукахо (сарвари факехон). Он шайхи гелонии чаллод оятуллох мешавад ва даста-даста сакат-ул-ислому хуччат-ул-ислом аз корхонаи хукуматй берун меояд. Исмашро хам гузоштаанд «хукумати чумхурии исломй» ва масруред, ки хукми Худоро дар замин ичро кардаед? Хушо ба саъодати онхо, ки хамон рузхои нахуст рафтанд ва ин рузхоро надиданд. Ман низ дер ё зуд меравам. Танхо вахшатам барои шумост. Худованд хамаро ба рохи рост хидоят кунад.
25 шавволи 1403 камарй, Кум
Муртазо Писандида
2 comments:
waw, chi nomaye...kadom sol navishta shudaast?
Ба гуфтаи торнамои "Калимаи Хак", ин нома рузи 6 ут (август)-и соли 1983 навишта шудааст.
Post a Comment