Мирзо Чага кучост?
Як манбаъи наздик ба Мирзо Зиёев – фармондехи пешини нерухои мухолифи давлати Точикистон ва вазири пешини умури изтирорй дар гуфтугу бо Як Дарвеш хабар дод, ки Зиёев кушта шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, Зиёевро дар холате куштанд, ки у ба як нишасти расмй даъват шуда буд. Аммо ин хабар аз суи манобеъи мустакил хануз таъйид нашудааст.
Хабаре, ки то кунун дар хабаргузорихо, аз чумла Asia-Plus мунташир шуда, аз таслим ё боздошт шудани Мирзо Зиёев дар Тавилдара ва интиколи у ба шахри Душанбе гувохй медихад.
Вазъияти шарки Точикистон, ки аз мохи май то кунун ноором буда, хамчунон ошуфта гузориш мешавад. Тозатарин гузоришхо хокй аз кушта шудани дастикам 19 тан аз чумлаи нерухои давлату мухолифон дар ду рузи ахир аст. Аммо тахаввуле, ки таваччухи расонахои чахониро ба худ чалб карда, хамин хабари боздошт ё хатто кушта шудани Мирзо Зиёев аст.
Мирзо Зиёев, ки дар паи имзои паймони нихоии сулхи точикон, соли 1999, вориди кобине шуд, мохи нувомбри 2006 дар паи интихоби дубораи Рахмон ба макоми раёсати чумхурй аз макомаш барканор шуд. Дар паи ишоъаи шоеъот дар бораи хузури Мулло Абдуллох дар Тавилдара гузориш шуда буд, ки Зиёев бо ин фармондехи пешини мухолифон вориди музокира шудааст, то миёни у ва давлат подармиёнй кунад.
Бо ин ки хабархо дар бораи сарнавишти Мирзо Зиёев (мулаккаб ба Мирзо Чага) зидду накиз аст, мусаллам аст, ки чи катл ва чи боздошти у дар Точикистон паёмадхое хохад дошт.
Ёддошт: Як руз пас аз интишори ин хабари Як Дарвеш макомоти Точикистон таъйид карданд, ки Мирзо Зиёев тавассути "як гурухи номаълум" кушта шудааст.
3 comments:
Allohi buzurg, TJK-i azizi moro dar panohash nigah dorad.
Boz in kishvari nozanin ba sahnai boziho tabdil yofta istodaast....
F
Паёми Беноми 2 ба далели шикастани хурмати калам ва истифода аз душномхои ракику вакех хазф шуд.
Post a Comment