Бо вучуди ин ки макомоти ЧИ ошкоро тахдид карда буданд, ки хар навъ тачаммуъу рохпаймойи дар рузи 18-тир (09.07.2009) берахмона саркуб хохад шуд, хазорон тан ба хиёбонхои перомуни майдони Инкилоби Техрон рехтанд, то дар мукобили издихоме аз нерухои амниятию интизомй ва либосишахсихо рубару оянд, гози ашковар бичашанду кутаки ботум бихуранду ба чанги маъмурони низом биуфтанд. Аммо шиъори «Марг бар диктотур!» бо гурриши баландтар бомхои Техронро меларзонд. Онхо барои посдошти дахумин солрузи нахустин шуриши донишчуйи дар Чумхурии Исломй хатархоро ба чон хариданду дастурхову тахдидхои куруни вустоии арбобро ношунида гирифтанд ва тачаммуъу рохпаймойи карданд.
Пас аз сукути Мавчи Сабз хануз хабаре нест. Мухсини Махмалбоф, коргардони саршинос ва сухангуи Мусавй дар Урупо, дар тавзехи хостахои чунбиши сабз матни зерро навиштааст:
Занчираи сабзи демукросй
Мухсини Махмалбоф
Эрониён бо хар марому маслак ва бо хар гароишу бовар, аз кучахо ва хиёбонхои Техрон ва соири шахрхо ва рустохои Эрон то Урупо ва Омрикову Устролиё ва хар кучои чахон, акнун дастхои худро ба хам додаанд ва хамчун занчираи сабзи бузурге алайхи кудетои зидди демукросй дар Эрон мубориза мекунанд. Ин харакати бузург як хадафи мархилайи дорад ва он ин аст, ки давлати кудеторо барканор кунад ва раъйи мардумро ба онон баргардонад.
Хар фарди эронй, хар ташаккулу созмоне дар хар кучои дунё бо хифзи акоиду мавозеъаш, вакте дар рохи ин хадаф мубориза мекунад, як халка аз ин Занчираи Сабзи Демукросй аст. Хамчун тачрубаи Кунгреи Миллии Офрико ва муборизоташ алайхи режими опортойд.
Дар зери ин чатри бузург хар фаъъоле як рахбар аст ва хар рахбаре як муборизи сода ва танхо халкае аз ин занчираи сабзи инсонй. Ончунон ки Мирхусейни Мусавй – раисичумхури мунтахаби мардум хам худро ин гуна таъриф мекунад:
«Аз ин пас давлате хохем дошт, ки аз назари иртибот бо миллат дар ногувортарин шароит ба сар мебарад ва аксарияте аз чомеъа, ки инчониб низ яке аз онон хастам, машруъияти сиёсии онро намепазирад.»
Дар ин хангомаи саффороию мубориза алайхи дуруггуён ва дуздони раъйи миллат хар фарду гурухе, ки эълом кунад давлати кудеточиро машруъ намедонад ва хозир аст ба даме ё дираме ё кадаме ё каламе хамрохи мардуми Эрон бошад, халкае аз ин Занчираи Сабзи Демукросист.
Навори Эрони Сабз аз Як Дарвеш:
No comments:
Post a Comment