Яке аз корбарони Як Дарвеш ёдоварй кардааст, ки дар намози рузи одинаи гузашта дар Техрон шиъори "Марг бар Русия!" садо дод. Комилан дуруст аст. Чолиб ин чост, ки шиъорхои расмии "Марг бар Омрико!", "Марг бар Инглис!" ва "Марг бар Исроил!", ки аз баландгу пахш мешуд, дар миёни тудахои муътариз бедиранг ба "Марг бар Русия!" табдил мешуд. Чанд мавриди "Марг бар Чин!" хам садо дод. Парчами Русия хам оташ зада шуд, ки филми онро метавонед дар зер бибинед.
Як Дарвеш имруз дар ин бора бо барномаи БиБиСеваи бахши русии Би-Би-Си гуфтугу кард ва агар имкон дод, порахое аз он сухбатро мунташир хохад кард.
2 comments:
Дарвеши гироми,
Бо воситаи пайк ба торнигори шумо обуна гаштам, вале ягон гузориши нави шуморо дар роёнапайкам дарёфт накардам. Андеша мекунам, шояд пайвандаш аз кор баромада бошад. Бояд санчид ва чи зуд инро пешгири кард. Бовари дорам, дигарон низ ташнаи хондани навиштахои чадиди шумоянд.
Бо сипос,
- Пажухишгар
Пажухишгари гиромй,
Сипос аз паёматон. То кунун чунин гилояи фаннй дарёфт накарда будам ва дар ачабам, ки решаи мушкил кучо бошад. Ба хар хол FeedBurner-и торнигорро имшаб месанчам ва умедворам, агар ишколе хаст, бартараф шавад.
Бо арч,
Д
Post a Comment