Monday, July 20, 2009

Keep an Eye on Iran

Аз Эрон чашм наканем

Матлаби тозаи «Андеша», ки имруз хондамаш, бар хасби тасодуф ба мавзуъе ихтисос дорад, ки муддатхост фикри манро ба худ машгул дошта: тахаввулоти мухимми Эрон ва бетаваччухии расонахои точикй ба он. Танхо ду-се торнигор дар бораи он рухдодхо назар доданд, ки хуб буд ва яке-ду рузноманигор дар Душанбе чизхое навиштанд, ки умдатан мубтанй бар донистахои дасти севуму чахорум буд ва бо вокеъиятхо намехонд. Албатта, боз хам бастагй дорад, ки вокеъиятро аз кучояш бибинй.

Аммо дусти муштараки Андешаю Як Дарвеш Мунаввар, ба назари ман, аз Рустами Субхонй пурсиши мантикие кардааст: чаро торнигори Андеша дар бораи руйдодхои Эрон наменависад. Бо пузиш аз Рустами гиромй бояд бигуям, ки посухи у аз диди ман бо мантик созгории чандоне надошт. Посухи кутохи у, ки сипас батафсил ба шархи он пардохта, чунин аст:

«Замоне хохам навишт, ки хамаи мушкилоти Точикистон хал шуда бошад ва кори дигаре надошта бошам.»

То кунун мушкилоти чи кишваре бакуллй ба сар расида, ки Точикистон дувумаш бошад? Кош чунин чизе шуданй буд. Аммо аз бахти бад, хатто пешравтарин кишвархои чахон хам ки мояи рашку гибтаи моанд, пайваста бояд бо мушкилоти тоза ба тоза дасту панча нарм кунанд. Чи бирасад ба кишвари вомондае чун Точикистон, ки ба назар меояд чархи фалак дорад бо шитоб ба гузашта мебарадаш, на ба оянда. Шояд яке аз роххои табдили ин пасрафт ба пешрафт чалби таваччухи мардум ба руйдодхои Эрон бошад, ки бо контексту шароити кишвари мо хеле бегона нест. Танхо тафовут ин аст, ки чомеъаи маданй дар Эрон комилан шакл гирифта ва дар холи тагйир додани низом аст, аммо дар Точикистон чомеъаи маданй дар холати чанинй бо хатароти зиёде рубаруст ва низом мехохад онро «шакл бидихад», яъне аз шакл биандозад.

Ба гуфтаи муаллифи гиромии Андеша, «чизе ки дар Эрон мегузарад, ба хама рушан аст: мафияи Рафсанчонй мехохад, мафияи Хоманаиро аз сари косаи чулупалав дур кунад. That’s it!»

Шояд бишавад руйдодхои Точикистонро ин гуна ташрех кард: чамъе аз арбоби тавоиф, ки мофиёхоеро созмон додаанду умурро ба суди худу зиёни гуруххои бегона анчом медиханд. Аммо дар Эрон казия мутафовит аст ва умки бештаре дорад.

Хоманайиву Рафсанчониро худуди панчох сол дустй ба хам пайванд медихад ва агар Рафсанчонй набуд, гумон буд, ки Хоманайи бо дониши казоии исломиаш рахбар мешуд. Чун Алии Хоманайи ба дарачаи «марчаъи таклид» даст наёфта буд, ки аз болотарин макомхо дар ичтиходи ахли ташайюъ аст ва рахбари Чумхурии Исломй бояд аз зумраи марочеъи таклид баргузида мешуд. Дар паи гуфтушунуди Хошимии Рафсанчонй бо уламои ислом дар Куму Техрон ва ин изхороти у, ки Имом Хумайнй Алии Хоманаиро вориси худ медонист, Хоманайи бар маснади рахбарй такя зад ва Рафсанчонй ба чои Хоманайи раисичумхурй шуд.

Дар даврае, ки Хоманайи раисичумхурй буд, нахуствазире дошт Мирзусейни Мусавй ном, ки хамаи умурро кабза карда буд ва ба раисичумхурии беъурза мачоли кор кардан намедод. Хоманайи пайваста аз Мусавй ба Хумайнй гилоя мекард, аммо Хумайнй харгиз Мусавиро мавриди бемехриаш карор надод, чун хамон Мусавй буд, ки дар солхои тангдастии чанг бо Ирок метавонист умури кишварро ба сару сомон оварад. То Хоманайи имкони чавлон задан дар майдони фарохтари сиёсатро ёфт, макоми нахуствазириро лагв кард ва Мусавй охирин нахуствазири Чумхурии Исломй шуд.

Мусавй таи бист соли ахир саргарми меъморй буд ва сохтмонхои зебову дидании бисёре сохт. Сипас тасмим гирифт ба арсаи сиёсй баргардад ва кишварро аз дасти дуругхову сиёсатхои вайронгари Ахмадинажод, ки кишварро беш аз пеш мунзавй кардааст, начот дихад. Бештари чавонони тахсилкардаи Эрон аз Мусавй химоят карданд ва ин нукта руз то руз дорад равшантар мешавад. Худуди 50% вочидони шароити раъй дар Эрон зери 30 сол доранд. Дигар андак касе мондааст, ки дар вукуъи такаллуботи бесобика ва густарда дар интихоботи ахири Эрон кучактарин шакке дошта бошад. Шароити эъломи пирузии Ахмадинажод, бештар будани теъдоди баргахои раъйи имзошуда нисбат ба шумори раъйдихандагон, тозаву дастнахурда будани баргахо, хамсонии навиштахо дар баргахои мухталиф ва гайра аз чумлаи нишонахоест, ки машруъияти давлати Ахмадинажодро зери суол мебарад. Пас иддаъои Чунбиши Сабз бепоя нест. Агар бепоя буд ва агар Ахмадинажоду низом наметарсиданд, чаро ба кимати ин хама дардисар бо анчоми тахкики дакику муфассал мухолифат карданд? Чун медонанд, ки тахкикот ганди низомро дар хохад овард.

Рафсанчонй, ки аз пирони бозмонда аз садри инкилоби 30 сол пеш аст ва аз варзидатарин сиёсатмардони кишвар ба шумор меояд, аз муддатхо пеш эхсос мекард, ки низом ру ба инхитот ва натичатан, измихлол аст. Вай пешбинй мекунад, ки чомеъаи чавони Эрон бекарортар аз пеш аст ва дигар тахаммули ражими вопасмондаи исломй ва махдудиятхои куруни вустоии онро надорад. Аз ин ру у аз чахор сол пеш тагйири равиш дод ва ба чавонон наздиктар шуд, то бо чалби химояти онхо битавонад дубора сари кудрат ояд ва низомро хифз кунад. Чавонон, ки аз хашт сол хукумати Хотамии ислохталаб сархурда шуда буданд, голибан пои сандукхои раъй нарафтанд ва чахор сол пеш Ахмадинажод бар Хошимии Рафсанчонй пируз шуд.

Режим, ки ин бор «зиён»-и хукумати ислохталабонро чашида буд, хозир буд ба хар кимате аз бозгашти онхо ба кудрат чилавгирй кунад ва даст ба такаллуби оро зад, ки дар торихи чумхурии исломй собика надошт. Хамин чост, ки кишри хокими Эрон ба ду даста таксим мешаванд. Гурухе ба рахбарии Хоманайи муътакиданд, ки хукумати Хотамй ба низоми исломй осеб расонд ва чашму гуши чавононро ба чизхое гушуд, ки набояд мегушуд. Ба эътикоди онхо, дигар ба хеч руй набояд ичоза дод, ки ислохталабоне чун Мусавию Хотамй руи кор оянд, вагарна кори низоми исломй сохта аст ва заволи он дур нахохад буд.

Гурухи дувум ба рахбарии Хошимии Рафсанчонй бар ин боваранд, ки танхо афроди чавонписанде чун Мусавию Хотамй метавонанд режимро начот диханд. Ин гурух ислохталабонро ба масобехи супопи итминон мебинад, ки аз инфичори ичтимоъию сиёсй пешгирй мекунанд ва ба низом фурсате барои танаффусу тачдиди куво медиханд. Ба эътикоди ин гурух, агар неруе гайр аз ислохталабон барои муддати зиёде сари кудрат бокй бимонад, кишвар ба кахкарои бесуботию харчу марч хохад рафт ва саранчом, низоми чумхурии исломй муталошй хохад шуд. Зеро чамъияти чавонеро, ки худуди 65 дарсади донишчуёнаш зану духтар хастанд, наметавон бо сиёсатхои сй сол пеш идора кард. Ин чомеъа дунболи тахаввулоту дигаргунихост ва чи масъулони режим бихоханду чи нахоханд, ин тагйиротро анчом хоханд дод.

Бад-ин гуна хар ду чинохи даргири давлати Эрон як хадаф доранд: хифзи режими исломй. Аммо ихтилофи онхо бар сари чигунагии хифзи режим аст. Усулгароён мегуянд, ки вуруди ислохталабон ба сохтор иштибохе буд, ки набояд дигар такрор шавад. Ислохталабон мегуянд, ки бидуни хузури онхо низом зудтар фуру хохад пошид, чун чавонон ташнаи дигаргунианд. Сухбат сари ояндаи низом аст, на палави Рафсанчонй ё Хоманайи. Хар ду лукмахои чарбу гарме доранд, ки басе гундатар аз дахонашон аст. Гумон намеравад дигар ниёзе ба лукмае гундатар дошта бошанд.

Вале афроде хам дар берун аз ин ду чинох хастанд, ки муътакиданд талоши хар ду бенатича хохад буд. Ба назари онхо, низоми исломии Эрон дар хеч сурате давом нахохад овард ва хатман сарнагун хохад шуд. Як чомеъаи пешрафта наметавонад бештар аз ин низом ва конуни вопасмондаро тахаммул кунад. Эрон Осиёи Миёна нест, ки конунхои пешрафта ва чомеъаи акибмонда дошта бошад ва давлат хар галате бихохад бикунад. Эрон кишваре нест, ки 30 сол пеш инкилоби зиддисалтанатиашро ба ягмо бурданду касе нафахмид. Эрон дорои яке аз пешрафтатарин чомеъахои маданй дар чахон аст ва рузе аз хамин рузхо тазодди миёни давлати вопасмонда ва чомеъаи пешрафтаро пушти сар хохад гузошт. Аммо хуб аст, ки ин иттифок на ба шакли инкилоби тунду тез, балки батадричу шумурдашуда сурат бигирад, то ниходина шавад.

Руйдодхои имрузи Эрон дарсест барои кишвархои перомуни он, ба вижа барои чомеъахои маданй, ки бо хифзи истиклол ва ба танхойи сари пои худ биистанд ва таслими саркуби мустабиддони вопасмонда нашаванд. Пас пайгирии ин рухдодхо аз наздик ногузир аст.

1 comment:

Anonymous said...

http://www.youtube.com/watch?v=InKo75c-l1A

Dar amri ma;roufi Rafsanjoni nidoi Marg Ba Rusiya sado medod