Thursday, July 23, 2009

Chatam House on Iranian Election

Ахмадинажод интихоби аксарият набуд

Дустоне дар торнигористони точик гилоя кардаанд, ки Як Дарвеш дар бораи Эрон дидгохе яктарафа дорад ва бар Ахмадинажоду бозгузиниши у меситезад ва аз як номзади бахусус ва Чунбиши Сабз химоят мекунад. Дар айни тархи ин иттихомот мушохида мешавад, ки дустоне чун Сайидюнуси Истаравшанй, аз сохибназарони сутуданй дар масоили исломй, худнохоста дар самти дигари ин сангар чабха гирифтаанд ва аз давлати кудетои Ахмадинажод химоят кардаанд.

Ман дар ин чихатгирихои интернетй ишколе намебинам. Мо дар ин фазои мачозй хар кадом хонаи худро дорем ва дуст дорем дар хонаи худ садову симои асилу ростини худро дошта бошем. Ба дур аз хар навъ махдудияте, ки дар фазои хакикй бар мо тахмил мешавад.

Аз ин ру он чи дар Як Дарвеш мунташир мешавад, дидгохи Як Дарвеш аст, магар он ки макола ба калами каси дигаре таъаллук дошта бошад ва дар ин сурат ишора хохад шуд.

Лутфан аз Як Дарвеш интизор надошта бошед, ки дидгоххои хамаро маъкул бидонад, чун маъкул нест. Як Дарвеш расонаи хамагонй нест. Як торнигор аст ва ба "як дарвеш" ин хакку имконро медихад, ки дар он ба тархи дидгоххои худ бипардозад. Дар мавриди интихоботи Эрон хам дидгохи Як Дарвеш мушаххасу равшану дакик аст, на чистонию «кач дору марез»-у «на инварию на онварй».

Як Дарвеш аз огоз муътакид буд ва хаст, ки дар интихоботи ахири Эрон такаллуботи бесобикае рух додааст. Дар бораи ангезахои он дар навишторе дигар батафсил тааммул хохем кард. Аммо дар матлаби зер нигохе хохем андохт ба гузориши як муассисаи мутолеъотии мустакил, ки бо далоили мубархан вучуди такаллуботи густарда дар интихоботи 22 хурдод (12.06.09)-и Эронро собит мекунад.

***

Чатам Хоус, муассисаи мустакилли умури байнулмилалии Бритониё, дар гузорише ба тахлили натоичи дахумин давраи интихоботи раёсати чумхурии Эрон бар мабнои омори эъломшуда аз суи вазорати кишвар пардохтааст.

Ин гузориш ба сарпарастии Алии Ансорй, мудири Маркази мутолеъоти эронии Донишгохи Сант-Андрюз (St. Andrews) ва бо хамкории Дониел Берман ва Тумос Ринтул аз хамин марказ тахия шудааст.

Ин гузориш бар мабнои омори устон ба устони эъломшудаи Вазорати кишвар (дохила)-и Эрон дар ду интихоботи ахири раёсати чумхурй ва омори расмии Маркази Омори Эрон дар соли 2006 тахия шудааст.

Гузориши ин муассисаи тахкикотии Бритониё мегуяд, ки дар ду устони Мозандарон ва Язд, ки аз онхо ба унвони ду устони мухофизакор ёд карда, дарсади мушорикати мардум беш аз 100 дарсад гузориш шудааст.

Дар сатхи устонй низ хеч иртиботе миёни афзоиши мушорикат бо чархиши оро ба суи Махмуди Ахмадинажод дида намешавад, ки ин масъала тасаввури мавчуд мабнй бар пирузии Ахмадинажод бо хузури густардаи аксарияти хомуши мухофизакорро бо чолиш мувочех мекунад.

Тибки ин гузориш, дар як севум (1/3)-и устонхо натичахои расмии эъломшуда ниёзманди он аст, ки Ахмадинажод на танхо раъйи тамоми мухофизакорони даври гузашта, балки орои миёнаравхо ва тамоми раъйдихандагони чадид, илова бар 44 дарсади орои раъйдихандагони ислохталабро ба даст оварда бошад.

Ин гузориш мегуяд, дар соли 2005 ба монанди соли 2001 ва соли 1997 номзадхои мухофизакор ва бахусус Махмуди Ахмадинажод ошкоро дар манотики рустойи фокиди махбубият буд. Ин ки навохии рустойи хамвора ба мухофизакорон раъй медиханд, як таваххум аст. Ин иддаъо, ки имсол хам окои Ахмадинажод бештари орои манотики рустоиро аз они худ кард, бар хилофи ин додахост.

Беназмихо дар мизони мушорикати оро

Дар ду устон мизони мушорикат фаротар аз 100 дарсад аст ва дар чахор устон низ ин мизон болои 90 дарсад гузориш шудааст. Хеч иртиботе миёни афзоиши теъдоди ширкаткунандагон ва чархиши оро ба самти окои Ахмадинажод дида намешавад.

Дар соли 2005 ва дар интихоботи он давра шикофе миёни мизони мушорикат дида мешуд. Дар хафт устони Эрон мизони мушорикат зери 60 дарсад ва дар 10 устон болои 70 дарсад буд. Дар соли 2009 танхо ду устон зери 70 дарсад аст ва 24 устони дигар болои 80 дарсад гузориш шуд. Бо ин омор тафовутхои минтакайи дар мизони мушорикат дигар дида намешавад.

Тибки гузориши Чатам Хоус, иртиботи чашмгире миёни афзоиши мушорикати мардум дар интихобот дар як устон ва чархиши оро ба самти Ахмадинажод дида намешавад. Набуди ин иртибот боъис мешавад, то ин истидлол, ки орои аксарияти мухофизакорони хомуш боъиси пирузии Махмуди Ахмадинажод шуда, бо мушкил рубару шавад.

Ин гузориш мегуяд, дар мавриди омори эъломшуда низ нигаронихое вучуд дорад. Дар 2 устони Язду Мозандарон натичахои эъломшуда нишон медихад, ки орои ба сандук рехта шуда дар рузи интихобот бештар аз мизони вочидони шароити раъйидихй аст ва дар чахор устон мизони мушорикат беш аз 90 дарсад аст.

Ин гузориш меафзояд, дар кишваре, ки истифода аз раъйи мурдагон марсум аст, истифода аз шиносномаи мутаваффиён (мурдагон) барои рехтани раъйи бештар ба сандукхо ба сурати густарда дар чараён аст. Ин амр мушкилсоз аст, аммо гайри мунтазира нест. Чунин мушкиле бо Ахмадинажод шуруъ нашудааст.

Раъйи Ахмадинажод аз кучо омад?

Гузориши Чатам Хоус мегуяд, тибки омори расмии эъломшуда, Ахмадинажод дар ин интихобот 13 милюн раъй бештар аз давраи пеш ба даст овардааст.

Бо фарзи ин ки у тавониста тамомии 11.5 милюн раъйи соли 2005-и худро нигах дорад, ин 13 милюн раъйи изофй аз се манбаъ метавонад ба даст ояд:

Худуди 10.6 милюн шахрванде, ки дар соли 2005 раъй надоданд, аммо дар ин интихобот ширкат карданд;

6.2 милюн тане, ки дар интихоботи даври пеш ба Рафсанчонй раъй доданд;

10.4 милюн тане, ки дар даври пешини интихобот ба номзадхои ислохталаб раъй доданд.

Барои ин ки ин омори эъломшуда дуруст бошад, Ахмадинажод бояд тамоми раъйдихандагони чадидро ба худ чазб мекард, орои Хошимии Рафсанчониро ба худ ихтисос медод ва 44 дарсади орои раъйдихандагон ба ислохталабон дар давраи пешро аз они худ мекард.

Тибки гузориши Чатам Хоус, ин нукта хоизи ахамият аст, ки дар бархе аз устонхо Мехдии Каррубй – рухонии ислохталаб дар соли 2005 раъйи болое ба даст овард ва омори эъломшудаи давлатй хокй аз он аст, ки хомиёни даври пешини у ин бор ба у, он гуна ки интизор мерафт, ба Мирхусейни Мусавй раъй надодаанд, балки ба Ахмадинажод мутамоил шудаанд.

Барои бисёре аз ислохталабон ин вазъият гайри мухтамал аст. Мехдии Каррубй як ислохталаби шинохташуда ва маъруф аст ва дидгоххое бар хилофи окои Ахмадинажод дар масоили сиёсй, фархангй, озодихо, мудирони иктисодй ва сиёсати хоричй дорад.

Оё манотики рустоинишин аз Ахмадинажод химоят мекунанд?

Агарчи бисёре аз тахлилгарон бар ин боваранд, ки кабл ва пас аз интихоботи ахир Ахмадинажод дар манотики рустойи махбубу пуртарафдор буда, аммо омори интихоботи соли 2005 ин амрро нишон намедихад. Балки омори интихоботи даври пеш нишон медихад, ки Ахмадинажод раъйи худро дар он сол умдатан аз манотики шахрй ва перомуни шахрй ба даст овард.

Тибки гузориши Чатам Хоус, омор нишон медихад, ки бар хилофи он чи расонахои гарбй мегуянд, рустонишинон хаводори Махмуди Ахмадинажод нестанд. Бисёре аз чамъияти рустоии Эрон таркибе аз акаллиятхои кавмист. Лурхо, балучхо, курдхо ва арабхо аз чумлаи ин кавмхо хастанд.

Ин кавмиятхои эронй ё маъмулан ба нафъи номзадхои ислохталаб раъй дода ва ё ба фарде аз кавми худ раъй додаанд. Раъйи онхо дар интихоби Хотамй дар соли 1997 ва 2001 мухим буд ва дар соли 2005 низ умдатан ба Мехдии Каррубй ва Мустафо Муъин раъй доданд.

Ин гузориш меафзояд, дар ин хол омори соли 2009 нишондихандаи тагйири ногахонй дар ин масъала аст. Ин омор нишон медихад, ки орои Мехдии Каррубй, ки дар нохияхои кавмй пуртарафдор аст, аз миён рафта ва хатто дар Луристон, зодгохи у, орои у аз 440 247 дар соли 2005 ба 44036 дар соли 2009 расидааст ва 50.9 дарсади раъйхо ба самти Ахмадинажод чархиш ёфтааст ва у 47.5 дарсади раъйхои ислохталабон дар даври пешро ба худ ихтисос додааст.

Full text in English

ПС: Ин нукта хам ёдамон бошад, ки Шурои Нигахбони Эрон вучуди се милюн раъйи изофй дар интихоботро эътироф кардааст, аммо ин мавридро хам барои ибтол (ботил кардан)-и натичахои интихобот басанда намедонад.

No comments: