Идомаи эътирозхои пуштибомй дар Техрон
Дар паи баркарории чавви хафаконй дар Эрон хабархои андаке аз ин кишвар ба берун дарз мекунад. Аммо номахои расида аз Техрон хокй аз идомаи эътирозоти шабона аст. Номаи зерро Як Дарвеш дишаб аз Техрон дарёфт кард:
Имшаб, сешанбе, 16 тири 1388 (07.07.2009), дар бештари нукоти нимаи шимолии шахри Техрон фарёдхои эътирозомези «Аллоху акбар!» аз соъати 21:40 дакика, дуруст хамзамон бо огози суханони Ахмадинажод – раисичумхури гайриконунии кишвар бо танини бештаре нисбат ба шабхои гузашта ба гуш расид ва то соъати 22:30 идом дошт. (Фарёдхои «Аллоху акбар!» дар шабхои дигар аз соъати 22:00 огоз мешавад).
Нуктаи чолиб он буд, ки дар махаллаи Саъодатобод, дуруст хангоме ки Ахмадинажод аз мухолифати худ бо бархурди пулис бо мардум сухан мегуфт, нерухои басеч (шибхинизомиёни хаводори Ахмадинажод) дар дар наздикии майдони Сарв дар холи кутак задани чавоне буданд, ки ба гумони онхо аз даруни худрави худ фарёди «Аллоху акбар!» сар дода буд.
Нерухои басеч ва зиддишуриш такрибан хар шаб бархе аз манотики шахр, аз чумла Саъодатободро бо хадафи эчоди фазои руъбу вахшат ба ишголи худ дармеоваранд ва хамаи худравхоеро, ки сарнишини чавон дошта бошад, мутаваккиф мекунанд ва ба тафтиши он ва пурсучу аз хувияти сарнишинони он мепардозанд. Ин рафтор бидуни истисно дар мавриди чавононе, ки пиёда дар ин минтака тараддуд мекунанд низ эъмол мешавад.
Мавзуъи кобили таваччух дар мавриди хузури нерухои пуршумори басечй ва нерухои вижаи зиддушуриши вобаста ба Сипох дар ин минтака афзоиши ангезаи сокинони ин манотик барои тадовуми шиъорхои «Аллоху акбар!» аст, ки аз 22 хурдод (12.06.2009) ба ин су бевакфа идома доштааст. Ба чуз шиъори «Аллоху акбар!» мардум маъмулан шиъорхои «Марг бар диктотур!» ва «Ё Хусейн! Мирхусейн!»-ро низ аз ёд намебаранд.
No comments:
Post a Comment