«Точикистон забони русиро мамнуъ мекунад», «Думои Русия Точикистонро ба хотири тазйики забони русй бо шуриш тахдид мекунад», «Дар Точикистон доманаи корбурди забони русй махдуд мешавад» ва «Точикистон даханкачй мекунад» танхо намунахое аз унвони беш аз 50 хабару маколаи расонахои русии рузи панчшанбе (23.07.09) буд, ки вазъияти равобити миёни Русияву Точикистонро шадидан кирмиз тарсим мекард.
Коршиносону сиёсатмадорони ташнаи хаячону хангома муначчимвор ба пешгуихои шитобзада пардохтаанд. Нигарон шудам. Фикр кардам таи чанд рузу хафтае, ки саргарми руйдодхои бахши азимтаре аз сарзамини пахноварам будам, дар зодбумам иттифокоти родиколе уфтода ва фардо-пасфардо карор аст чакмахои сарбозони рус дубора хоки поки марзу буми моро бисобад.
Нагу, ки хамааш як хубоби холй буд. Ва чи вакехонаву бешармона унвонхои дуруге барои харзачоти худ гузоштаанд! Ва чи гуна ба худ чуръат додаанд, ки ба монанди «Эхо Москвы» раисичумхури як кишвари «мустакил»-ро то хадди тавон бо тозиёнаи фухшу душному носазо бикубанд. Як матлаби ин шумнафас бо тавхинхои пурруёнае чун «противный Рахмон», «коварный Рахмон», «подлость и вероломство Рахмона» мунаккаш буд. Ба худ андешидам, ки агар як нашрияи точикй ин корро карда буд, рузгораш сиёх мешуд. Аммо русхо доранд килуйи бар рахбари мо тавхин мекунанд. Пас ба так-таки макомоти масъули точик бояд гуфт:
Агар зурй, бо онхо зурозмойи кун, то аз шарафу номуси кишвар, ки Рахмон (бо хамин зарфияте, ки дорад) аз он намояндагй мекунад, дифоъ ба амал ояд.
Далели ин хама ошуби девонавори матбуъоти Русия танхо як мавриди сода аст: дар тархи нави Конуни Забони Точикистон забони русй ба унвони «забони муъоширати байни миллатхо» зикр нашудааст. Гурури захмии русхо мисли фаввораи канори Кохи Борбад аз аъмоки калбашон мечушид. Андешамандони миллигарои рус ба тахлука уфтоданд, ки ба зудй бисоти забони бузургашон дар Точикистон барчида хохад шуд. Чанд мушти обдори мачозиро хам бар сару сурати Медведев заданд, ки натавонистааст аз макоми забони русй ба таври боиста дифоъ кунад.
Агар ин «кудакони боги дониш» дар муфодди тархи нави конун гавр мекарданд, бояд кулохашонро ба хаво медоданду дар саросари Русия ширинй пахш мекарданд, ки то дахсолахои дигар забони Пушкин дар сарзамини Рудакй чира хохад монд.
Тархи нав, ки нусхаи мукаддамотии онро дар даст дорам ва фикр намекунам тагйири зиёде дар он сурат бигирад, як мусибатномаи дигари миллати точик ва навиди дигаре барои русу узбаку хар гайриточики дигар дар кишвари мост. Дуруст аст, ки он аз забони русй макоми «забони муъоширати байни миллатхо»-ро дарег доштааст. Аммо танхо дар калом. Дар амал забони русй чавлонгохи худро аз даст намедихад.
Тархи чадид, ки таъкид мекунам, нусхаи мукаддамотии он пеши ман аст, на шакли нихоии он, хам ба наъл задаву хам ба мех ва дар нихоят хеч амреро ба дурустй адо накардааст. Барои намуна, мегуяд, ки дар Точикистон тахсил ба забони давлатй хохад буд. Аммо бедиранг меафзояд, ки «ба миллатхову халкиятхои дигари сокини чумхурй барои интихоби озоди забони тахсил шароит фарохам оварда мешавад.» Пас чи фарке мекунад?
Дар бахше дигар омадааст, ки дар муассисахои тахсили умумй, «ибтидоии касбй, миёнаи касбй, олии касбй» ва гайра «омузиши забони давлатй таъмин мешавад.» Дар айни хол меафзояд, ки дар хамин муассисоти омузишй забонхои «русй, англисй ё забонхои дигар» низ мавриди корбурд хоханд буд. Пас чи фарке мекунад?
Хамин тарх мегуяд, ки забони илм дар Точикистон забони расмии кишвар аст, аммо бедиранг меафзояд, ки «дар тадкикоти илмй забонхои дигар низ истифода мешаванд». Пас чи фарке мекунад?
Мегуяд, барномахои фархангй ба забони давлатй баргузор мешаванд, аммо дар чумлаи баъдй тасрех мекунад, ки хамин барномахо ба забонхои дигар хам сурат мегиранд. Пас чи фарке мекунад?
Кутохсухан, хеч мавридеро пайдо намекунед, ки дар он «забони точикй» дорои макоми вижаи танхо забони расмии кишвар бошад. Афзун бар ин, каламфарсоёни беадаби рус фаромуш кардаанд, ки бино ба Конуни Асосии Точикистон забони русй хамчунон «забони муъоширати байни миллатхо»-ст ва хеч конуне наметавонад он аслро хазф кунад, магар ин ки Конуни Асосй ислох шавад.
Дар тули 20 соли расмияти забони порсии точикй, ки аз армугонхои умри бобаракати фарзандони начиби миллат чун шодравон устод Тохир буд, мо гоме ба чилав нагзоштаем, ки хеч, балки воруна рафтаем. Забони порсй акнун дар хостгохи он бадтарин вазъиятро дорад. Аз ин ба баъд хам карор нест вазъияти он бехтар шавад. Барои намуна, дар арсаи илм вакте «забони точикй» харгиз наметавонад аз зери сояи фарохи забони кудратманди русй дар биёяд, чи гуна он метавонад илмй шавад? Магар ин ки ба дабира (хат) ва харими фархангии худамон баргардем. Танхо рохи зинда мондани мо ба унвони порсиёни Осиёи Миёна ё точикон хамин аст: бозгашт ба хувияти порсй аз рохи бозгашт ба дабираи порсй. Рахмон ошкоро гуфтааст, ки хостори ин бозгашт нест. Пас чаро русхо хамчунон ин дустдорашонро душном медиханд? Ачаб носипосанд ин нависандахо!
Гузашта аз ин русхо дар пойтахти Точикистон сипари кавие доранд, ки шахси шахрдор аст. М. Убайдуллоев рузи 22 жуан (июн) бо садои зарифаш чег кашид: «Бигзор фарзандони мо ба забони русиву англисй озодона гап зананд.» Гуйи касе мехохад лабони фарзандони онхоро бо часпи Скоч ба хам бидузад, то лаб ба такаллуми русию англисй нагшоянд. Вале чаро касе такозо намекунад, ки «бигзор фарзандони мо ба забони модариашон озодона гап зананд»?
Шояд ба ин далел, ки Убайдуллоев муътакид аст, мо ниёзе ба нигаронй дар ин замина надорем ва мегуяд:
«Касе, ки шири модари точик хурдааст, хеч гох забони модариро фаромуш нахохад кард.»
О карданд-ку! Шумо хам кардед-ку! Хазорон нафар, ё шояд милюнхо, натавонистаанд то имруз дайни шири модарашонро ба чо оваранд. Магар намебинед?
Эшон хитоб ба «зиёиён», ки зохиран бештар аз хама ба насихат ниёз доранд, фармуданд:
«Аз колабхои шахшуда берун бароем ва имконият фарохам кунем, ки хамрох бо ифтихор ва эхтиром ба забони модарй чавононро ба омухтани забонхои дигар ташвик кунем... «Забон донй – чахон донй» хикмати олист».
Агар эхтиром ба забони модарй хифз мешуд, харгиз вожахои кулумба-сулумбае чун «имконият» ба чои «имкон» ва «истиклолият» ба чои «истиклол» ин кадр симичона хуни забони шевои моро намемакид ва пайкари онро бечон намекард. Аз хикмати хубе ёдовар шуда. Вокеъан, бо донистани хар забоне чахоне тоза кашф мешавад. Аммо шахрдор ёдаш рафтааст, ки:
Хар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.
Аз ин чост, ки русии шахрдору раисичумхуру даму дастгохи хукумат хам ба андозаи «точикй»-ашон хароб аст. Хишти аввал зохиран кач рафта.
Ба гузориши Би-Би-Си, устод Мухаммадчон Шакурй бо тархи нави Конуни Забон башиддат мухолиф аст ва умедвор аст, ки мачлис пас аз ислохи лозим онро тасвиб кунад. Мутмаиннам, ки худи устод хам ба умеди худаш бовар надорад. Порлумони харфшунави мо барои мухри таъйиду тасвиб задан офарида шуда. Хатман холо дар рузхои таътилоти тобистона намояндагон дар холи тахияи чавхари мухр хастанд. Хамин.
Пас набояд русхо бар Рахмон ин хама хурда мегирифтанд ва ёри безинхори худро бо ин хама хушунати девонавор шаллоки лафзй мезаданд.
Рахман любит Россию!
No comments:
Post a Comment