Тозатарин баёнияи Мусавй
متن کامل به دبيره پارسی
Мирхусейни Мусавй – ракиби умдаи Махмуди Ахмадинажод дар интихоботи ахири Эрон имруз зимни интишори баёнияе тулонй бори дигар таъкид кард, ки натичахои интихобот ва давлати баромада аз онро машруъ намедонад. Мехдии Каррубй – ракиби дигари Ахмадинажод дар интихобот хам дишаб натичахои интихобот ва давлатро номашруъ донист.
Фарозхое аз номаи баланди Мусавиро дар зер меоварам:
Хушдор
Хамватанони азиз,
Хамон гуна ки интизор мерафт, Шурои Нигахбон пас аз намоишхое, ки таваччухи хеч касро чалб накард ва бо чашм бастан бар руи анбухи такаллубхо ва тахаллуфхои суратгирифта, саранчом дахумин давраи интихоботи раёсати чумхуриро таъйид кард. Чашнворахое, ки тачдиди хаёти миллати моро мужда медод, бо такаллубу тахаллуф аз ахдхои ислому инкилоб бо ногувортарин сахнахо ба поён расид; бо хамла ба хобгохи донишчуён, бо хунхои рехташуда, чавонони кутак (лат)-хурда ва мавриди ихонат карор гирифта, Садову Симои аз анзори чомеъа уфтода, каламхои шикаста, рузномахои баста, бо фазои амниятии кудетогуна ва беэътимодии талху густардаи мардум нисбат ба натоичи эъломшуда барои интихобот ва давлати ношй аз он. Ба зудй гармои ходиса фуру менишинад ва дастандаркорони ин мочаро бо суратхисоби баландболои иштибохоти худ рубару мешаванд. Оё онон аз тахмили он чи руй дод, суд бурданд?
Вохима
Аз ин пас мо давлате хохем дошт, ки аз назари иртибот бо миллат дар ногувортарин шароит ба сар мебарад ва аксарияте аз чомеъа, ки инчониб низ яке аз онон хастам, машруъияти сиёсии онро намепазирад. Давлате бо пуштвонахои заъифи мардумию ахлокй, ки аз у интизоре чуз бетадбирй, конунгурезй, адами шаффофият, тахриби сохторхои тасмимгирй ва тадовуми сиёсатхои вайронгари иктисодй надорем. Ва бими он меравад, ки бар асари заъфхои бешумори зотию оризиаш дар вартаи имтиёз додан ба бегонагон биуфтад. Ин чизе нест, ки мо аз он хурсанд бошем, балки аз он ба шиддат вохима дорем.
Хатар
Хатар дар пеш аст. Низоме, ки ба муддати сй сол ба эътимоди мардум муттакй буд, наметавонад якшаба кувои амниятиро чойгузини ин нуктаи иттико кунад. Ин эътимод латамоти чиддй дидааст; агар он чи инкораш мекунем, вокеъан сиххат надорад, чаро ба дигарон ичозаи ичтимоъ намедихед, то маълум шавад, ки чи кадр андаканд?
Эътимоди мардум ва матбуъот
Бояд боз гардем. Хануз дер нашудааст. Хануз метавон итминони осебдидаи мардумро бозсозй кард. Амнияти низоми мо дар гарави чунин корест. Фарзандони инкилобро аз зиндонхо озод кунед. Хабси онон чуз тагзияи гаризаи фарофиканй дар вучуди худи шумо фоидае надорад. Мардум чи гуна метавонанд ба хукумате эътимод кунанд, ки дустону хамкорон ва фарзандонашонро ба сирфи таваххум дар банд мекунад? Чира кардани фазои амниятй бар чомеъа чуз садама задан ба авотифи миллат нисбат ба низом асаре намегузорад. Матбуъоти озод мачории танаффусии як чомеъаи солиманд. Барои тармими эътимоди мардум ин мачориро масдуд накунед...
Мардум ба хукумате эътимод мекунанд, ки ононро махрам бидонад. Чаро бояд мухимтарин масоили мамлакат аз мардум пинхон бошад? Махрам донистани миллат ва шаффофияти иттилоъот аввалин кадам дар рохи мубориза бо фасод аст, хол он ки мардуми мо хатто ба андозаи хондани хабархои чанд рузнома махрам дониста намешаванд.
Худихою бегонахо
Ба мардум баргардем? Чаро хар гирехи сахлро бо дандонхои амниятй боз мекунем? Чаро ба кучактарин бахона хар касеро аз доираи худихоямон дур мекунем? Ин яке беш аз хад чавон аст, он яке беш аз андоза хунарманд аст, он яке равшанфикр аст, ин яке бо мо ихтилофи салика дорад, он яке донишчуст, ин яке аз кори мо эрод мегирад, он яке ба гурухи мо таъаллук надорад, ин яке каддаш баланд аст, он яке хеле шикпуш аст. Он кадр аз даври худ меронем, то ин ки танхо мемонем. Ин шеваи инкилоби исломй нест ва шеваи исломй нест, ки огушашро ба руи хама боз мекунад ва ба сирфи шаходати забонй инсонхоро дар доираи худ меоварад.
Дастовард
Алорагми он чи руй дод, мо дар ин чанд мох орзухои баланд ва кушишхои холисонаи худро набохтем. Мо дар ин миёна масиурхое аз тахаккуки ормонхоямонро ёфтем ва дидем, ки он чи ба дунболи онем, чи кадр хостанист ва чи нисбати наздике бо хакикати ислом ва инкилоб ва хувияти миллии мо дорад. Ин дастовардест, ки хеч кас наметавонад онро аз мо биситонад. Мо бо хам сармояе андухтаем, ки пуштвона ва бистари харакатхои отй (оянда)-и мо ва фарзандонамон хохад буд ва ин хатти сабзи чушида аз фитратхои мардум ва вокеъиятхои торихии кишвар ва инкилоб хамчунон дар тули солхо идома хохад ёфт, то ба максади нихоии худ бирасад. Мо барои хифзи ин дастоварди бузург хамчунон истодагй хохем кард.
Мухолифони шумо
Тамомии талошхое, ки ин рузхо дар мухолифат бо шумо сурат мегирад, барои он аст, ки аз самарбахш будани эътирозоти конунии худ ноумед шавед, зеро то мо ноумед нашавем, ин давлат аз эътибори вокеъй бархудор нахохад шуд. Умед ба оянда расотарин эътирози мост. Ба собикаи деринаи ин сарзамин нигох кунед. Дар зиндагонии мо мардум, ки аз кухантарин тамаддунхо зода шудаем, фарози кунунй чузъе аз як торихи тулонист. Мо дар чоддае ба дарозои торихи хамаи башарият кадам мезанем. Дар ин чодда чи бисёр миллатхо, ки мункариз шуданд ва чуз достоне аз онон бокй намонд. Он чизе, ки миллати моро ба хилофи онон ва алорагми сахттарин руйдодхо зинда нигах дошт, умед буд. Зеро офати ин рохпаймоии хазоронсола ноумедй аст.
Масъулият
Масъулияти торихии мост, ки ба эътирози худ идома дихем ва аз талош барои истифои хукуки мардум даст бар надорем. Мусъулияти динии мост, ки нагзорем инкилоб ва низом ба он чи ислом намеписандад, истихола биёбад. Масъулияти инкилобии мост, ки ичоза надихем хосили хуни садхо хазор шахид ба як давлати амниятй таназзул пайдо кунад ва мустахлик шавад.
Вахдат
Хамаи шуморо ба бародарй даъват мекунам. Пирузии мо дар гарави муъозидат ва пайванд бо якдигар аст ва тамоюзе миёни мо ва мардуме, ки ба дигарон раъй додаанд, нест. Хатто ононе, ки инак ру дар руи мо ба хушунат мутавассил мешаванд, дар ухувват (бародарй)-и мо шариканд.
Тагйири хадаф
Дар ибтидо хадафи хамаи мо аз ширкат дар интихобот он буд, ки аклонияти динй ба фазои мудирияти кишвар бозгардад. Лекин дар миёнаи масир ба ахдофе бисёр баландтар хидоят шудем. Мо дар ин байн мехостем аркони зирабти низом ба ёд оваранд, ки дар варои тамомии онон ва мофавкашон мизоне ба номи раъй ва азми мардум вучуд дорад, ки онхо на хак доранд ва на метавонанд онро нодида бигиранд.
Гузашт
Дар айёме, ки гузашт, шахсиятхо ва гуруххое ба суроги инчониб омаданд ва хостори гузашти ман аз он чи гузашт, шуданд. Шояд таваччух намешуд, ки инчониб аз хамон ибтидо аз хакки шахсии худ гузашта будам. Аммо масъалаи интихобот масъалаи шахсии ман набуду нест. Ман наметавонам бар сари хукуку орои поймолшудаи мардум муъомила ва мусолеха кунам. Масъалаи чумхурият ва хатто исломияти низоми мост. Агар дар ин нукта истодагй накунем, дигар тазмине надорем, ки дар оянда бо хаводиси талхе назири он чи дар интихоботи кунунй гузашт, рубару набошем.
Ташкили гурух
Гурухе аз нухбагон бар сари онанд, ки гирди хам оянд ва бо ташкили чамъияте конунй сиёнат аз хукуку орои поймолшудаи мардум дар интихоботи гузаштаро аз тарики интишори мадорику асноди такаллубхо ва тахаллуфхои анчомгирифта, ва низ ручуъ ба махокими казойи (додгоххо) пайгирй кунанд ва натоичи онро мустамарран ба иттилоъи умуми мардум бирасонанд. Инчониб низ ба ин чамъ мепайвандам.
Мутолибот
Таваккуфи бархурдхои амниятй, фавки амниятй ва низомй бо масоили интихоботй ва бозгашти кишвар ба фазои табиъии сиёсй.
Ислохи конуни интихобот ба нахве, ки имкони такрори такаллуботи густардаро аз байн бибарад ва бетарафии ниходхои мучрй ва нозирро тазмин кунад.
Риъояти асли 27-и Конуни Асосй дар мавриди озодии тачаммуъот.
Озодии матбуъот ва рафъи тавкиф аз онхо.
Фаъъолияти мучаддади сойтхои хабарии мустакил.
Мамнуъияти мудохилоти гайриконунии давлат дар фазои иртиботй, назири Интернет, паёмакхои кутох ва чилавгирй аз катъи иртиботи телефунй ва шунуди муколамоти мардум ва хар гуна тачассус (чосусй)-и дигар.
Таваккуфи бархурдхои якчониба, ифтиро, дуругпардозй ва ихонат дар расонаи расмии кишвар.
Бархурдорй аз конолхои мустакилли телевизюнй дар хорич ва дохили кишвар.
Судури мучаввиз барои ташкили чамъиятхои сиёсй, фархангй, иктисодй ва ичтимоъй.
Озодии хамаи дастгиршудагони сиёсй, ибтол (ботил кардан)-и парвандасозихои чаълии амниятй ва дахолат надодани парвандахои чорй дар бархурдории онхо аз хукуки ичтимоъй.
Дар интихо...
...ба хамаи мардуми шарифи кишварамон, чи онхо ки ба инчониб раъй доданд ва чй онхое, ки ба инчониб раъй надоданд, ба вижа касоне, ки дар хаводиси ногувори хафтахои ахир садама диданд, дуруд мефиристам. Хамчунин макоми шахидонеро, ки ба чурми хакхохй ва озодиталабй дар хуни худ галтиданд, арч менихам ва аз Худованди бузург барои хонаводахои азизи онон талаби сабру ачр дорам.
Мирхусейни Мусавй
10 тирмохи 1388
(01.07.2009)
No comments:
Post a Comment