Mousavi's criticism of the Iran regime is no longer about the election – it's about the future of the opposition movement.
Интикоди Мусавй аз режими Эрон дигар танхо дар мавриди интихобот нест, балки дар бораи ояндаи чунбиши мухолифи давлат аст.
Бокири Муъин*
Аз замони истикрори Чумхурии Исломй то кунун хеч интихоботе ба андозаи интихоботи 12 жуан (июн) оходи миллати Эронро таксим накарда буд. Ин интихобот рухониюни мукими Кум, бозигарони сиёсии мухофизакор ё усулгаро дар Техрон ва дар ниходхои давлатиро бахш кардааст. Интихобот рахбари чумхуриро водошт, ки аз Махмуди Ахмадинажод химоят кунад ва дар киболи он химоят кимати газофе бипардозад; хам барои макоми худаш ва хам барои чойгохи рухониюни хоким. Вай бо ин химояти вифок ва ичмоъи назари умумй дар радифи болои кудратро тахт-уш-шуъоъ карор дод.
Баёнияхои Мехдии Каррубй ва Мирхусейни Мусавй – номзадхои шикастхурда дар интихобот бозтоби гамангези вокеъиятхои Эрон аст, ки бо забони умед барои милюнхо тан баён шудааст. Ин афрод бар ин боваранд, ки шояд хануз битавон коре кард. «Хануз хама чизро набохтаем» хастаи хар ду паём аст.
Хар ду номзад хам вазъияти хатарнокашонро пинхон намедоранд ва дар айни хол талош мекунанд чунбиши навпои мухолифи давлатро муттахид нигах доранд ва дар чорчуби конун амал кунанд. Онхо аз хаводоронашон мехоханд, ки бо истифода аз хар фурсате нохушнудии худ аз давлатеро, ки номашруъ медонанд, буруз диханд.
Бо таъкиди ин мавзуъ, ки хануз хама чиз аз даст нарафтааст, зохиран онхо умедворанд, ки бар мабнои Конуни Асосй як чунбиши демукротик созмон диханд ва заминаро барои интихоботи оянда фарохам кунанд ё барои замоне, ки хукумати феълй бо сиёсатхои родиколаш аз нафас биуфтад.
Афроди вокеъиятгаро дар миёни мухофизакорон хам аз нахваи бархурди Шурои Нигахбон ва дафтари рахбарй бо казияи интихобот нигаронанд. Ба накл аз як рухонии мухофизакор гуфта шудааст, ки «Ахмадинажод чашмхои рахбарро бастааст.» Мусавй ба эхтимоли зиёд руи ин хакикат хисоб мекунад, ки мухофизакорон ба зудй ба хамдигар дар хоханд уфтод, хамон гуна ки дар гузашта иттифок уфтода буд. Бархе шояд ин интизорро як умеди зохидона талаккй кунанд.
Интихоботи ахир хамчунин умки булуги чомеъаи мадании Эронро ошкор кард: орому аклонй, вокеъиятгаро ва моил ба тагйирот. Оё оташи умеди чомеъаи маданй фурузон хохад монд ё ин чомеъа ба як тудаи бадбину бадгумон, камрух ва сиёсатгурез табдил хохад шуд? Эхтимоли охирй барои Мусавй, Каррубй ва Мухаммади Хотамй (раисичумхурии пешин) хатарнок аст. Аз ин ру онхо талош мекунанд дар айни вафодорй ба Конуни Асосй монеъ аз гароиши чунбиш ба тундравй ва родиколизм шаванд; чунбише, ки дигар хозир нест бартарии рухониюнро бидуни чуну чаро бипазирад.
Мусавй дар баёнияи худ тазаккури чолибе дошт, ки пуёйи ё диномизми вазъияти Эронро нишон медихад. Вай мегуяд:
«Дар ибтидо хадафи хамаи мо аз ширкат дар интихобот он буд, ки аклонияти динй ба фазои мудирияти кишвар бозгардад. Лекин дар миёнаи масир ба ахдофе бисёр баландтар хидоят шудем.»
Ва меафзояд:
«Мо дар ин байн мехостем аркони зирабти низом ба ёд оваранд, ки дар варои тамомии онон ва мофавкашон мизоне ба номи раъй ва азми мардум вучуд дорад, ки онхо на хак доранд ва на метавонанд онро нодида бигиранд.»
*Баргардон аз торнамои Guardian, чопи Ландан, 01.07.2009
No comments:
Post a Comment