Thursday, January 08, 2009

What Goes Around Comes Around


Мо медаравем хар он чи мо коштаем

Мусикй аз каъри торих, аз лобалои чангалхои анбух меомад ва дар хиёбони васеъи Истиклоли Истонбул рахо мешуд. Андак-андак шумори хаводорони гурухи хунармандони даврагарди экводурй (эквадорй) ба 25 то 30 тан расид. Писарону духтарон дасти якдигарро гирифтанд, ба хам огуш боз карданд ва аргушт рафтанд.

Шаб буд, аммо ситорае дар осмон набуд. Нури пурзури хиёбони Истиклол талаълуъи ситорахоро хомуш карда буд. Бозии рангхои чарогхои хиёбон буд бо сози экводурй, ки се марди мубаланд ва як бонуи мукутох бо ороишу пушиши сурхпустон менавохтанд. Садои азони масчиди багалй дар самоъи сози Омрикои Чанубй фуру рафта буд ва хаёхуи мастони давру бар хам дигар ба гуш намерасид. Факат Экводур буду хиёбони Истиклол ва дилбохтагоне, ки дар багали хам тахлил рафта буданду алвонч мехурданд.

Ба ногох нури хиёбон бештар шуд. Минибуси баланду болои пулиси турк чарогхояшро дуруст ба давраи шодию сурури мо нишона рафта буд. Худрав дар думетрии махфили мо истод ва чарогхояшро тахдидомез равшан гузошт. Чавонаке бо сару бари пулисй аз худрав пиёда шуд ва ру ба суи хунармандони экводурй ангушти ишораашро ба лаб бурд. Яъне, «хафа шавед»-и муаддабона. Экводурихои забоннафахм забони Оппочиро фахмиданд ва аз сузи наяшон дигар чизе бокй намонд. Андак-андак ба чамъ кардани бисоташон пардохтанд.

Туркхои давру бар, ки аз мусикии дилгудози экводурй лаззат мебурданд, ба пулиси чавон ру оварданду забони гилоя гушуданд. Боз хам бо риъояти одоб. Ба ногох аз гушае дур шуголвор марди фарбехе расиду хавор кашид ва туркхои «бегонапараст»-ро сарзаниш кард, ки ба чои мусикии туркй ба мусикии ачнабй гуш медиханд. Чору чанчоле боло гирифт ва пурсиши хувияти туркй ба сад ранг дар он матрах шуд. Аз марди пархошгар пурсиданд: «Оё гуш додан ба мусикии хоричй хиёнат ба хувияти туркист?» У гуфт: «Ин хама турки бечораи даврагард дар хиёбони Истиклол рехтаасту камончаву дафу рубоб менавозад. Агар шумо бегонапараст набудед, чаро ба навои сози онхо гуш намедихед? Чаро пули бедарегатонро нисори он бечорахои турк намекунед?»

Хунармандони экводурй дар ин миён забонбаставу хайрон монда буданд. Турки пархошгар бо вачохате ахриманй ба онхо ру овард ва боз хам ба забони туркии хашин гуфт: «Агар бори дигар ин чо бибинаматон, мурдед! Бо хамин дастони худам мекушаматон!»

Ин эъломи хунташнагй дар канори пулис иттифок уфтод. Пулис сукуну оромишашро барои лахзае аз даст надод. Бо камоли майл ба пархоши турки фарбех гуш дод, табассуме хам такдими хаммехани хунгармаш кард, бо чашмони сарду берух хунармандони экводуриро гусел кард, сахнаро холй дид, савори худраваш шуд ва рафт.

Барои ононе, ки аз Фарангистон омада буданд, ин сахна порае аз торихи кухани сарзаминхои худашон буд, ки дар вокеъият руъят мекарданд. Барои ман ин сахна сут ё хуштаки баланде буд дар жарфои замири нохудогохам, ки сарзаминхои ховарй, сарфи назар аз иддаъохои бартаричуёнае, ки доранд, аз гардунаи пешрафту тамаддун фарсангхо вопас мондаанд.

Дируз рафике мепурсид, кучо зиндагй мекунам. Гуфтам, дар сарзамини нокомони Ландан ва ба шарки он руи накша ишора кардам. Гуфт, ачаб, хатто дар Ландан шарки он ноком аст. Гуфтам, ачибтар он ки дар шарки Ландан хам танхо шаркиёни курраи хокй сукно гузидаанд. Оходи ин бахши пойтахти Бритониё такрибан ба куллй шаркианд. Оё ин як конуни нонавиштаи табиъат аст, ки шаркиён бояд дар зулмату бадбахтй такалло бикунанд? Ё косаи даврест, ки мечархад ва акнун ба дасти гарбиён уфтода? Хушбоварона ба эхтимоли дуввум имон меоварам ва ба комгории карибулвукуъи шаркиён умедвор мешавам.

Аммо ин комгорй кай ва чи гуна аз рох хохад расид? Руйдодхои имрузи Ховари Миёна гуёи хакикатест, ки шунидани он талх аст: Ховар дар хоби кобусист. Ховариёнро бедагдага мекушанд ва бар сари мурдаи ховариён ашки камтаре фуру мерезад. Ховариён дар хашму гайзанд ва худро хам мекушанд. Аммо андак касе ба решаи мавзуъ нигох мекунад, ки ноогохии мо аз худу чахони перомунамон аст. Пойбандии арабхо ба нафт саранчом мучиби сарафкандагиашон шуд. Ситампарварии мо – точикон саранчом моро ба хоки зиллат нишонд. Фардои мубхаму тираи мо сохтаи касе нест чуз худи мо. Хомушии имрузи мо пушаймонии фардои мост. Сукути мо хории наберахои мост. Каноъати мо ба сарафкандагй измихлолу нобудии кавми мо дар оянда аст. Чи гуна хомуш бимонем, ки гунох аст?

Медонам, имшаб чи пароканда мегуям. Аммо ин парокандагихо ба гунае бо хам гирех мехуранду занчираеро шакл медиханд, ки дар як харф хулоса мешавад: ноогохй. Рузе, ки мо ба дарки ноогохии худ аз худу перомунамон бирасем, рузи мелоди дубораи мост. Ва он руз кай фаро мерасад? Кай фардо хохад шуд?

2 comments:

Shamsi said...

Мутмаинан замоне расида, ки бояд аз харф ба амал гузашт. Гурухе, ки тавони дарки хакикати холро дорад бояд худро дар активизм бисанчад. Бояд бо мардум кор бурд, бо чавонон, ру ба ру. Шояд агар бими ба мисли хунармандони экводурй дар миёни мардуми худ забонбаставу хайрон монданро аз дил дур кунем (барои огоз) 5 дакика кам ба фардо хохем расид?...

D said...

Комилан мувофикам, Шамсичон. Барои бархе панч дакика дар хадди панч сония аст. Барои шуморе дигар он панч дакика дастикам панчох сол ба дарозо мекашад. Дар ин миён мавкеъияти мо батамом ошкор аст.