Wednesday, July 29, 2009

Defending The Undefendable

Дифоъ аз дифоънопазир

Зафар Абдуллоев дар маколае, ки ба дифоъ аз Эмомъалии Рахмон дар «Факты и комментарии» чоп карда, дар мавориде аз хак нагузаштааст. Аз чумла дар огози матлаб у менависад, ки чи дар хорич ва чи дар дохили кишвар раисичумхур сарзаниш мешавад. Албатта, дар дохили кишвар ин сарзанишхо дар шакли пичпичаву гушонахост. Аммо дар хорич – бо садои хар чи баландтар ва дар Русия – бо ибороте хар чи ракиктар, ки намунаашро хамин чанд руз пеш дар Як Дарвеш баррасй кардем.

Абдуллоев инро хам изъон кардааст, ки баъзан ин интикодхо муваччах аст (по делу). Аммо таъйид мекунад, ки бештари ин накухишхо номунсифона аст, чун мунтакидон хисоби Рахмонро аз хамрохонаш чудо намекунанд. Навокиси матлаб хам аз хамин чо огоз мешавад.

Мутмаиннан, худи окои Абдуллоев хам медонанд, ки Точикистон дар амал як кишвари худкома ва дорои кудрати мутамаркиз аст. Дар як чунин кишваре масъули тамоми умур рахбар аст. Ва танхо нукоти мусбат нест, ки бояд дар корномаи у навишта шавад, балки тамоми нукоти заъфу мавориди манфии давлатдорй хам баромада аз тавоноихои махдуди хамон як нафар аст, ки давлатро кабза кардааст. Пас агар Рахмон намехохад ба хотири катъ шудани барки хонаи касе ё тахриби дороии каси дигаре душноми хафттабака нисораш шавад, бояд ин худкомагй ва тамаркузи госибонаро бишканад ва ба чомеъа фазои бозтаре барои худгардонй дихад. Он гох нишонии душномхо хам тагйир хохад кард.

Абдуллоев муътакид аст, ки «Рахмон раисичумхури хуб аст. У аз миёни мардум аст ва мушкилоти мардумро мефахмад.»

Кадом рахбареро сурог доред, ки аз миёни мардум набошад? Ин таъбир ба андозае обшуста аст, ки дигар маънояшро аз даст додааст. Агар манзур ин аст, ки Рахмон бархоста аз миёни кишри нодори чомеъа аст, галати махз аст. Эмомъалии Рахмон набуд, ки троктур меронд. Он бародараш буд, ки у хам дигар троктур намеронад ва ба васоили наклияи ба маротиб маргубтар даст ёфтааст. Эмомъалии Рахмон дар зумраи нухбагон (элита)-и махаллии кумунист буд ва пеш аз ин хам дастикам як кулхузро рахбарй мекард. Кохиши сатхи фарханги мардум ба рахбари як кулхуз ин мачолро медихад, ки кишварро низ ба унвони як кулхуз идора кунад. Магар он чи шохидаш хастем, ба чуз аз ин аст?

Абдуллоев бо шавк ишора мекунад, ки Рахмон ба хангоми сафар ба манотик бо бознишастагону кишоварзон сухбат мекунад, чун «у хам як баччаи кишлокист, ба мисли бахши аъзами точикхо ва ин мояи ифтихор аст» («он - кишлачный парень, как большая часть таджиков, и это- предмет гордости.»)

Пеш аз хама сухбати мустаким бо мардуми кишвар аз вазифахои як рахбар аст ва набояд ба хотири он бар сари мардум миннат гузошт. Аз рохи хамин гуфтугухо буд, ки шохони бостонии мо, мастур дар пушиши дарвеш, аз вокеъиятхои кишвару чомеъаи худ огох мешуданд. Аммо чунин чизеро дар бораи гуфтугухои Рахмон бо мардум наметавон гуфт. Боди габгабу садои омиронаи рахбар ва девори баланду махуфи амниятии перомуни у ба хеч бознишаству дехконе чуръати онро намедихад, ки бо рахбари кишвараш самимона дарди дил кунад. Ин дидорхо магар чизе ба чуз санову дуруду суруд бар рахбарро дар бар доранд?

Дигар ин ки намефахмам чаро «кишлокй будан» бояд мояи ифтихори миллате бошад, ки яке аз фарзандонаш (Мавлавй) гуфта буд:

Дех марав, дех мардро ахмак кунад,
Фикрро торику беравнак кунад.

Дуруст аст, ки бисёре дар рустохо ба дунё омадаанд, аммо бисёре хам талош кардаанд аз чордевории рустохои худ фаротар бираванд ва чахонро дарёбанд ва бар вусъати дидашон биафзоянд. Ва онхое, ки ин талошро кардаанд, хамвора дар зумраи одамони бомантику мудаббир будаанд. Ононе, ки хамеша «кишлокй» бокй мондаанд, хамвора чахонро аз равзанаи кулбаи кишлокии худ дидаанд ва мафхумхои чахонй ба зехнашон рох наёфтааст. Дар натича рахбарии афроди кишлокй метавонад як кишварро табдил ба як кишлок кунад. Оё ин бояд боъиси ифтихори касе бошад?

Ва ин пиндошт, ки як одами факиру кишлокй метавонад рахбари хубе барои як кишвар бошад, тасаввуре кумунистист ва демуде шудааст. Мусалламан, як фарди нодори рустойи метавонад ба хадде рушд кунад, ки рахбариро ба даст бигирад ва рахбари комгоре хам бошад. Аммо чаро бояд нодор ва рустойи будани уро милок (критерия) карор бидихем? Кишвар ба рахбаре ниёз дорад, ки бидонад пул чист, ташнаи пулу доройи набошад, то байт-ул-молро горат накунад ва пулро танхо барои мардуми он кишвар хазина кунад. Кишвар рахбари чашмудилсер мехохад, то дороихои миллатро ба ягмо набарад ва миёни хешовандонаш таксим накунад. Шоистасолорй боиста аст, на кишлокисолорй ё бечорасолорй.

Абдуллоев дар дунболаи дифоъияи худ аз Рахмон мегуяд, ки раисичумхур таи чандин соли мутамодй зери фишори шадид ва тахти шароити бухронии низомй-сиёсй ва иктисодй кор мекунад. Ман муътакидам, ки ин мавридро хам набояд бар рухи мардуми бечора кашид, ки зери юги ин давлат солхост бештар аз Рахмон ранч мекашанд. Агар фишор бар Рахмон гаронй мекард, набояд барои севумин бор дар макоми раёсати чумхурй мемонд. Ба ростй, рахбарии дарозмуддат барои хар касе касолатбор ва хастакунанда мешавад ва аз короии он фард мекохад. Аз ин чост, ки дар кишвархои пешрафта 8 соли паёпай хадди аксари рахбарии як фард аст. 17 сол рахбарй хар касеро ба кунда табдил мекунад. Магар мачбур аст ба худаш ва мухимтар аз он, ба мардум ва сарнавишти кишвар ин ситамро раво бибинад?

Абдуллоев меафзояд, ки хеч рахбаре дар чахон наметавонист ин шароитро тоб оварад ва хатман муртакиби иштибоххои чиддй мешуд. Дар холе ки ба назари бисёре, хеч миллате наметавонист як чунин давлатеро тахаммул кунад. Ин чумларо дигар авчи тамаллуки як дастандаркори матбуъот дар пешгохи рахбари давлат медонам, ки ба хеч руй барозандаи окои Абдуллоев нест. Оё метавон фишореро, ки рахбарони кудратхои азими чахон доранд, бо хачми кори Рахмон мукоиса кард? Хафт милюн кучову як милёрд кучо? Оё иштибоххои онхоро метавон канори хам карор дод? Оё ин Чин буд, ки табли расвоиашро Сандуки Байнулмилалии Пул навохт ё Точикистон? Чи касе ба дуздию дуруггуйи муттахам шуд? Оё яке аз гаронтарин мухокимахои казойи дар торихи Бритониё мутаъаллик ба Омрико буд ё Точикистон? Оё шахсиятхои сиёсию низомии Бритониё бештар худкушй ё сакта ё тасодуф мекунанд ё Точикистон? Бехтар аст то тахи казия кандуков накунем, ки буи бадтаре дар фазо хохад печид.

Абдуллоев мегуяд, ки Рахмон харгиз дар шароити гайрибухронй кор накардааст, то мудирияти дурусту хисобие ба намоиш гузорад. Шароит худ ба худ одй намешавад. Шароити бухрониро танхо бо талошу пушткору чораёбию захмати фаровон метавон гайрибухронй кард. Пас мудирияти дурусту хисобй бояд дошта бошед, ки шароит ба холати одй баргардад, на воруна. Ва аммо барои арусе, ки раксидан балад нест, кафи замин хамеша кач аст.

Матлаби Абдуллоев бо чанд чумлаи кишлокй ба поён мерасад. Вай мегуяд, борхо Рахмонро дидааст, ки шомгохон бо чехрае хаста ба хонааш баргаштааст. Гуё мехохад бо додани ин тасвир дар дили хонанда хисси тараххум ба раисичумхурро бедор кунад.

Чанд руз пеш барномаеро мешунидам дар бораи ин ки дар чи шароите метавон раисичумхури Омрикоро аз хоб бедор кард. Чанд шароитро баршумурданд. Аз чумла агар музокироти мухимме дар он суи обхо чараён дошта бошад ва хатто агар соъат ба вакти Вошингтун 3 ё 4 бомдод бошад ва хатари нофарчом мондани гуфтушунуд матрах бошад, масъули музокирот беибо ба Убомо занг мезанад ва уро аз хобаш бедор мекунад ва аз у машварат мехохад. Яке аз макомоти Омрико дар ин барнома изхори шигифтй мекард, ки хар мавкеъ дерхангом ба Убомо занг зада, уро бедор ёфтааст ва намедонад, ки оё раисичумхур аслан мехобад ё на.

Чолибтар мебуд агар Абдуллоев як чунин намунае аз пуркории рахбарро меовард. Аммо, албатта, вусъати физикй ва жеупулитикии кишвари мо ба хадде нест, ки дервакти шаб рахбари он аз он суи дунё занги телефуни мухимме дарёфт кунад. Пас боз хам собит мешавад, ки мизони фишор бар раиси мо камтар аст.

Ва саранчом, Абдуллоев мехохад хонандаашро мутакоъид кунад, ки Рахмон пулу сармояеро, ки аз хоричиён мехохад, барои худашу хонаводаву наздиконаш на, балки барои Точикистон металабад. Ин иддаъоро хам бояд собит кард. Баръакси он борхо тавассути ниходхо ва нозирони байнулмилалй собит шудааст. Ва аслан, хар миллате, агар заррае номус дошта бошад, пас аз 17 сол гадойи бояд ин пурсишро бо садои баланд матрах кунад: Гадойи то ба кай? Аз замони поёни расмии чанг 12 соли тамом гузашт ва чангро дигар наметавон бахона овард. Агар давлати коромаде руи кор буд, Точикистонро бо хамин имконоте, ки дорад, ба кишвари комгоре табдил мекард, ба гунае, ки дигарон ба он руи ниёз оваранд.

Натичаи 1: Пас бо вучуди таъкидхои фаровони Зафар Абдуллоев, боз хам бовари мо нашуд, ки раисичумхур масъули иштибоххо ва кутохихои давлат нест ва танхо масъули «бурдхову комгорихо»-и давлат аст.

Натичаи 2: Дар Точикистон мафхуми "журнолисм" хануз чо науфтодааст ва тасаввури шумори зиёде хамчунон бар он аст, ки аз рахбари давлат дар баробари мардум бояд дифоъ кард ва мардумро ба хотири "носипосй"-ашон дар киболи "хадамот"-и раис бояд сарзаниш кард, он "хадамот"-ро бояд бар рухи мардум кашид ва бар сарашон то хадди имкон миннат гузошт, то дигар ёрои баланд кардани сарашонро надошта бошанд. Дарег бар чунин рузноманигорию рузноманигоре.

11 comments:

Anonymous said...

Навиштаи оличанобона буд, браво!

Хуб, аз Зафар наранчед, бечораро аз сафархои бепули хоричи дар самолети люкси Рахмон махрум накунед. Просто так, ба он самолет намешинанд ку. СССР-ро хам надидаед, аз Рахмон чи хел дифоъ мекунад.....

Anonymous said...

Вокеан, диди 1 Дарвеш ба супертаркишхои ахири Душанбе чист? Ое маргафканхои Душанбе ба андозае бехунаранд, ки бомбхояшон як дарахтро хам аз по фиканда наметавонад? Ва ба андозае нодонанд, ки онро дар нисфи шаб метарконанд, замоне ки касе нест? Ое чаро дар зери арчаи мехмонхона мегузоранд, дар холе ки барояшон мушкил нахохад буд ки онро дар худи мехмонхона бигзоран ва садояшон баландтар бошад? Ое тнхо мехостанд тарс бидиханд? Чаро тарсро сахттар намедиханд? Е курбони нахостанд? Ачаб, террористони рахмдиле...

Anonymous said...

Инро хам бихонед, линкашро ба окои Абдуллоев ва СССР низ бидихед:


Военный трибунал против бывшего президента Либерии Чарльза Тейлора, проходящий в Специальном суде для Сьерра-Леоне в Гааге, принял драматический оборот: в одном свидетельском показании, от которого волосы могут встать дыбом и дача которого продолжалась более трех дней, бывший соратник экс-диктатора обвинил его в тяжких преступлениях - жестоких убийствах, изнасилованиях и каннибализме, пишет Neue Zürcher Zeitung.

Начиная с 7 января в рамках процесса над Чарльзом Тейлором было допрошено 20 свидетелей, рассказывавших о принудительных работах, сексуальном насилии, убийствах, ампутациях различных частей тела. Но ни одному из свидетелей не удалось вывести из себя бывшего диктатора, который, облаченный в безупречно сидящий костюм с галстуком, невозмутимо делал пометки в блокноте и давал указания своим адвокатам.

Этот образ государственного руководителя с незапятнанной репутацией дал трещину, после того как свидетель по имени Джозеф "Зигзаг" Марзах рассказал о многочисленных убийствах, изнасилованиях и других зверствах в Сьерра-Леоне, Либерии и Гвинее, которые, по его собственным словам, он совершал по приказу Тейлора. Но особенно подробно Марзах описал акты каннибализма. По приказу диктатора, заявил свидетель, он ел убитых или казненных врагов, среди которых были и взятые в плен военнослужащие миротворческого контингента Нигерии.

На лице бывшего диктатора было написано отвращение, когда он слушал убедительно звучащие показания Марзаха о каннибальских ритуалах, проводимых тайным обществом Poro, которое, по словам свидетеля, и возглавлял Тейлор. Марзах рассказал о том, как Тейлор и его ближайшие соратники во время ритуалов своего тайного общества употребляли в пищу сердца своих убитых конкурентов, а в 1995 году устроили ритуал на пляже за пределами Монровии: во время этого ритуала была заживо погребена беременная женщина, а живая овца была разорвана на куски участвующими в ритуале. На вопрос адвоката Тейлора Марзах ответил, что не раскаивается ни в чем, потому что действовал по приказу своего "фюрера" Тейлора. (Полный текст статьи на сайте InoPressa.ru)


Тейлор обвиняется в преступлениях против человечности и нарушении законов и обычаев войны, в связи с его ролью в гражданской войне 1991-2002 годов в соседней с Либерией стране Сьерра-Леоне. В изданном против Тейлора обвинительном заключении утверждается, что он активно поддерживал боевиков из так называемого Объединенного революционного фронта (ОРФ) Сьерра-Леоне, которые безжалостно уничтожали мирное население. По мнению стороны обвинения, Тейлор несет ответственность за массовые убийства, пытки, причинение увечий, изнасилования, сексуальное рабство, вовлечение детей в боевые действия.

Утверждается, что многие преступления бывший либерийский лидер совершал лично. Согласно информации правозащитных организаций, в бытность президентом Либерии Тейлор санкционировал создание сети концентрационных лагерей, а также был вовлечен в незаконную торговлю наркотиками и алмазами. На полученные от этой торговли деньги Тейлор обеспечивал закупки оружия для ОРФ.

Суд над Тейлором проходит в Гааге, из-за опасений, что его проведение во Фритауне спровоцирует протесты среди сторонников экс-президента, которые могли вылиться в новое вооруженное противостояние в Западной Африке.

Anonymous said...

Тейлор - не единственный в Африке диктатор-людоед


Многие до сих пор хорошо помнят президента, а затем и императора Центральной Африканской Республики (ЦАР) Жана Беделя Бокассу. Он правил нищей (несмотря на несметные залежи алмазов) страной полтора десятилетия (с 1966 по 1979 год). Уже после его свержения и смерти международное расследование показало, что политических противников Бокассу гноил в ямах и скармливал их крокодилам. Любил употреблять в пищу многочисленных своих жен и вообще ел всех, кто попадался под руку, и даже "сожрал единственного в стране математика", писала газета "Известия".

После свержения Бокассу в его холодильнике нашли части человеческих тел, а личный повар экс-императора Филипп Ленгис рассказал, что его под страхом смерти заставляли готовить блюда из человеческого мяса. Однажды Бокасса приказал убить одного из своих министров, приготовить из него обед и накормить остальных министров. Повар Бокассы также рассказывал, что в частные заграничные поездки шеф брал с собой колбасы и ветчины, приготовленные все из того же сырья. Этими же деликатесами он питался во время одной из поездок в СССР.

За геноцид и людоедство его приговорили к смертной казни, но заменили 20-летними каторжными работами. Позднее, однако, срок сократили до 10 лет, а затем и вовсе выпустили Бокассу на свободу. Сделал это президент ЦАР генерал Андре Колингба, служивший в начале своей карьеры телохранителем Бокассы. Бокасса умер в 2003 году во Франции

Anonymous said...

Агар "каннибализм"-ро бигирем, бокимонда чароимро дар хакки боз ки гуфта метавон? Фамилияш аз шаш харф иборат аст ва бо Р огоз мешавад.

D said...

Ин хабари Озодй хам намунае дигар аз мизони тавоноихои рахбар аст:

Президенти Тоҷикистон зимни як муроҷиат ба мардуми кишвар гуфт, ҳар кас бояд барои ду соли оянда маводи хӯрока захира кунад.

Муроҷиатномаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба кишоварзон ва мардуми кишвар дар робита ба пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии моливу иқтисодӣ тавассути телевизиёни давлатӣ пахш шуд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бӯҳрони молӣ ва ҳамчунин офатҳои табиӣ, хушксолӣ ва камобӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфии худро гузоштааст ва «ҳар як оила бояд бо истифода аз фаровониву афзоиши имсола захираи дусола дошта бошад».

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон барои сабуктар гардонидани оқибатҳои бӯҳрон ва таъсири он ба ҳаёти мардум то имрӯз як силсила чораҳои мушаххас андешида шудаанд. Вале ӯ дар бораи ин чораҳо иттилое надод.

Муроҷиати президенти Тоҷикистон ба мардуми ин кишвар дар бораи зарурати омодасозии захираи озуқа барои ду сол бори
дуввум аст, ки сурат мегирад. Ӯ соли гузашта низ бо чунин як пешниҳод ба мардум муроҷиат карда буд.

D said...

Беноми гиромй, ки назари Як Дарвеш дар бораи инфичорхои ахир дар Душанберо чуё шудаед.

Бо таваччух ба ахборе, ки дар ин бора мунташир шуд, метавон итминон дошт, ки ин ду таркиши такрибан хамзамон барномарезищуда буданд. Аммо ин ки масъули он чи касе метавонад буда бошад, пурсиши 100 хазор дулорист, ба кавли омрикоихо.

Дар кишвархои баста бо давлатхои худкома мизони бадбинии мардум нисбат ба давлат рафта-рафта боло мегирад ва ин руйдодхо бо тавтеапиндорй баррасй мешавад. Аммо дар бисёре аз маворид хам ин тавтепиндорихо (conspiracy theory) вокеъият дорад. Намунахои бисёре аз аъмоли шарри давлатхои диктотур вучуд дорад, ки бо эчоди фочеъахои башарй ё ходисахое аз ин даст талош кардаанд мавзуъоти мухимро аз зехни чомеъа дур кунанд. Аммо то далели мувассаке дар ихтиёр набошад, дар ин бора наметавон бо итминон сухбат кард. Комгор бошед.

Anonymous said...

Ive seen some comments under Ebi and Komron and Hoomon's videos in UTube. It seems somwhere to somebody they said they are Canadian? Are u aware more about tis?

D said...

No, they are not. But I don't get the relevance of your inquiry under this write-up Anonymous.

Anonymous said...

O, it hasnt any relevance to Rahmon, Ive just posted under the first article of yours,

But all UTube yell that they did

D said...

The U-Tube yelling will cease as soon as people realise that it's not the matter of importance.Anyway, Hooman & Kamran were born in Canada, while Ebi was born in North Iran. Nowadays all three are mainly based in LA. Cheers.