Friday, July 03, 2009

A Letter from Tehran

Номаи дусте аз Техрон ва авзоъи он чо

Оре, мо хубем. Он кадр хуб, ки гуё хамин нафас кашидан хам барои мо зиёдй аст ин чо.

Метавонистем яке аз хамон кушташудахо бошем. Намедонам, ки бигуям хушбахтем, ки хануз нафас мекашем ё на.

Авзоъи хубе нест. Вакте ёдам меояд, ки чи гуна фиребамон доданд, хунам ба чуш меояд. Гарчи авзоъ ором шуда, вале дилхои мардум ором нашуда ва хун аст. Мунтахо саркуб он кадр хашин аст, ки касе чуръат намекунад эътирозашро пайгирй кунад. Дасту дахану чашми мо хабарнигоронро хам бастанд. Расман барои ман факс фиристоданд, ки хеч чо аккосй накунам ва хеч аксе хам нафиристам. На танхо барои ман, балки барои хамаи хабарнигороне, ки бо расонахои хоричй кор мекунанд. Эронии муким ва хоричиаш хам фарке намекунад.

Абъоди чиноят хеле бештар аз он аст, ки то холо дида шуда. Хамсарам дар яке аз даргирихо ботум (калтак) хурда; хам сараш ва хам баданаш. Ва тоза хуб шуда. Дустхоям кутак хурданд, сарашон бо зарбаи ботум шикофта ва чуръат намекарданд бираванд барои бахя задан (кук задан). Чун басечихо (шибхи низомиёни хаводори режим) бемористонхоро курук карда буданд (камин гирифта буданд).

Холо намедонам бояд хуб бошам ё на ё аслан мешавад хуб буд ё на. Диламон факат ба умед хуш аст. Умеди ин ки як руз як иттифоке биуфтад ва онхое, ки бояд, ба сазои аъмолашон бирасанд.

3 comments:

Anonymous said...

Hamesha dar guftahoyam "politically correct" hastam, ammo hodisoti Iron majbur mekunad, ki "Marg ba diktatur" faryod zanam.

Anonymous said...

Номи Иронро харом кард ин чумхурии исломй!

Anonymous said...

http://newsru.com/world/05jul2009/sua.html