Дар раъйгирии ин хафта 14 тан муътакиданд, ки махалгаройиро бояд дархам кубид, як тан мувофики хифзи он аст ва як тани дигар бо махалгаройи миёнаи хубу баде надорад ва мегуяд, ки онро бояд ба холи худ гузошт. Руи ин хисоб, агар ин раъйгириро дар микёси густардатар анчом дихем, метавон гуфт, ки аксарият мухолифи сарсахти махалгаройи хастанд (ё мехоханд бошанд). Дар раъйгирии Як Дарвеш 87% лашкари мухолифони махалгаройиро ташкил медиханд. Хаккан, бо ин ниру метавон хар адуеро дархам кубид.
Аммо то кучо мо пойбанди ин мавзеъ хастем? Ё метавонад холате хам вучуд дошта бошад, ки мо зимни муъомила бо виждони худ раъй дода бошем? Ва агар махалгаройи дар гушае аз дилхои мо чун печаки зард гунудааст ва аз вучуди захрогини он огохем, барои решакании он чи кардаем ё мехохем бикунем? Аслан бо махалгаройи чи гуна метавон мубориза кард?
Манзури ман мубориза дар сатхи давлат нест, чун давлати мо ба тамом курбонии ин мараз шуда ва гандидааст ва чои он аз хамин холо зуболадони торих аст. Як сафхаи нангин аст, ки бояд хар чи зудтар аз шарри он гузашт.
Манзур мубориза дар хадди худии худ аст. Оё мо кодирем мантик ва аклро бо дил оштй дихем ва аз зиёни махалгаройи, ки бино ба тасаввури козиби дил, ба суди мост, бигзарем? Ва аслан чй мантике дар махалгаройи нихон аст, ки сари ман намеравад? Дар чавомеъи кабилайи, ки аз вопасмондатарин чомеъахои чахон аст, ин хис голиб аст ва шояд яке аз далоили вопасмондагишон хам хамин вобастагихои хунию кавмист. Магар сахнаи чахон намоёнгари хибту хатойии ин бовар нест? Кадом кишвар бо махалгаройи ба саъодат расидааст? Искандари макдунй то замоне ки ба иттиходи порахои Юнон накушид, Искандар нашуд. Хатто фалсафаи Юнон натавонист ба худии худ миллати кавй биофаринад. Юнон замоне Эронро шикаст дод, ки миллат шуд. Точикхо замоне Самарканду Бухороро аз даст доданд, ки махалгарову пора-пора буданд. Аз бахти бад, хамин холат акнун бо фарти порагй хануз мушохида мешавад. Ва бадтар аз он, «равшанфикрон»-и мо бо чидду чахди дучандон дар холи таъмику решадортар кардани ин хисси чомеъахои вопасмонда хастанд.
Хондани ин сатрхо барои иддае аз дустон сахт дарднок аст. Хамин навиштахои ман боъис шуда, ки бархе аз дустони хуби кадимиамро аз даст бидихам. Бисёр мутаассифам. Намедонистам хисси махалгаройи дар эшон чунон кавист, ки тоби шунидани харфе алайхи он хисро надоранд. Чизе, ки равшан аст, шираи захиму гализи махалгаройист, ки чашми бархе аз азизонро бастааст. То кунун ба худам мекабулондам, ки нахайр, мо хамчунон дустем ва ин савдо аз сари эшон дур хохад шуд. Бо ин ки ман худамро мутаъаллик ба хеч чое кучактар аз Точикистон намедонам, ин дустон манро ба бовари худ мутаъаллик ба як нуктаи резтари руи накша медонанд ва танхо аз хамон манзар навиштахои манро мехонанд ва суханони манро мешунаванд. Пас дилам бояд ба холи худам бисузад ё ба холи эшон? Барояшон сабри чамил ва офияти зудрас аз ин накохати хоркунандаро хохонам.
2 comments:
Набояд гусса хурд, зеро шояд аз будани чунин "дуст" набуданаш бехтар аст ва аз умедхои дуругин навмедй ва аз хаёлпараварии тасиятдиханда магзи сард ва рушан?
Аз чунин бечорагон набояд ранчид. Як руз хоханд донист, ки ба "махав"-хои чомеа табдил ёфтаанд. Чунин афрод хамеша буданд, аммо кист, ки номи яке аз онхоро бигуяд?
Сарбаланд бошем!
Дустонам хамеша барои ман азиз будаанд ва хисси чудойии маънавй аз онхо бисёр ногувор аст. Дар гувориш ё хазми ин вокеъият мекушам, чун сухани Шумо бори мантикй дорад. Ба хар хол, ба кавли маъруф, наметавон хамаро аз худ хушнуд нигах дошт. Агар карор аст касе аз ман сахт биранчад, бигзор он тоифаи махалгаро бошад.
Дорам дар тавсифи ин падидаи нописанд матлаби муфассале менависам ва аз ганди он холам гирифтааст. Боварнакарданист, ки шумори зиёде аз мардуми кишвари азизи мо дар садаи 21 ба ин фикри чаранд пойбанд мондаанд.
Сипос, Точвари гиромй.
Post a Comment