Чизе, ки бештар аз хама дар навиштахои матбуъоти Точикистон ба чашм мерасад, мавзуъи махалгаройист, ки гох пушидаву гох ошкор, гох бо кинояву гох бепарда руи сафахоти хафтаномахо зохир мешавад ва зехнхоеро, ки талош мекунанд ба дарки худшиносии миллй бирасанд, ошуфта мекунад.
Ин бор дар хафтаномаи «Озодагон» маколае чоп шудааст бо имзои Сафват Бурхонов ва бо унвони «Махалгаройи – начоти миллат». Нависандаи макола муътакид аст, ононе, ки дам аз зиён ва хатароти махалгаройи мезананд, «ба Худо, ки аз як кампири бесаводи дехотй бештар махалгароянд.» Вай меафзояд:
«Махалгаройи, ба сари худ, падидаи бад нест. Хар кадоме, ки лофи миллатдустй мезанад, аз як музофотишуур бештар нест. Агар одамро чун вохиди биологй кабул кунем, у ба намуди ширхурони вахшй медарояд, ки тарзи хаёти рамагй дорад. Чамъияти инсонй аз авлод, махал, миллат, нажод ташкил меёбад.»
Зохиран Сафват Бурхонов хабар надорад, ки дар чахон махалхо, миллатхо ва нажодхое хастанд, ки аз он мархилаи ибтидойии «ширхурони вахшй» берун хазидаанд ва дигар «тарзи хаёти рамагй» надоранд. Барои хелехо мухим нест, ки чаро раисичумхури кишварашон аз кишлоки у нест. Ва рахбарони хеле аз кишвархо хам исрор надоранд, ки хамрустойии бесаводашон муъовину вазиру кабираш бошад. Бо таваччух ба суханони Бурхонов, Точикистон хануз дар хамон мархила гирифтор мондааст.
Агар махалгаройи, ба сари худ, падидаи бад намебуд, мо имруз дар ин кишвари махалгаро шохиди Точикистоне шукуфо мешудем, на кишваре пажмурда; вазирону кабирони мо бар пояи тахассусашон ба он макомхо баргумошта мешуданд; хонаводахои мушаххас сиёсат ва иктисоди кишварро кабза намекарданд; корхонахои мо фаъъол буданд; хонаву кошонахои мо равшан буд; кудакони мо оядаи равшантаре медоштанд… Пас ин иддаъо хам дар вокеъиятхои рузгори Точикистон бозтоб наёфтааст, ки нишоне аз галат будани ин бовар аст.
Бурхонов дар идомаи дифоъ аз дидгохи махалгароён мегуяд:
«Махалгаройи чузъи иммунитет (масуният)-и миллии точикон аст, ки барои зинда мондани миллат хизмат (хидмат)-хои бехамто кардааст ва имруз давом дорад.»
Ин сухан то хадди зиёде мафхум нест, чун дар вокеъ, хамин махалгаройи буд, ки точиконро пора-пора ва пароканда нигах дошт ва дар натича, шахрхои Самарканду Бухоро ва манотики дигар дар Сурхондарёву Фаргона берун аз хоки Точикистон монданд. Хамин махалгаройи буд, ки ба точикон мачол намедод худро ба унвони як миллати ягона ва вохид бишносанд. Пас ин гуфта хам пазируфтанй нест ва галат аст.
Бурхонов меафзояд:
«Тасаввур кунед, ки ин махалгаройии дагал намебуду хар кавму миллати омада бо мо омезиш меёфт, имруз пусти сафеду чашми шахло хеле камчин мебуд. Мо ориёйи намебудем.»
Ин пораи макола дорои нишонахое аз накохат (синдром)-и «стриптизи нажодй» аст. Он бештар ба таблиги нажодпарастй мемонад, ки дар бисёре аз кишвархо таъкиби конунй дорад. Ва аслан махалгаройи ба мавзуъи хифзи «хуни сараи ориёйи» чй рабте дорад? Оё нависанда «махалгаройи»-ро бо «миллигаройи» иштибох гирифтааст? Ва аслан кй мегуяд, ки хуни мо бо хуни кавмхои дигар наомехтааст? Оё окои Бурхонов барои худ ва якояки точикони Точикистон тести ДНА анчом додааст, то мутмаин шавад, ки хама ориёйианд? Ин нахваи дид ба дидгохи Хитлер бисёр шабохат дорад, ки поёни неке надошт. У хам мехост, ки дар кишвараш ва сипас саросари чахон танхо нажоди ориёйи бимонад, дар холе ки дар рагхои худи у хам хуни яхудй чорй буд.
Бурхонов мегуяд:
«Ба шарофати махалгаройи имруз мо анклавхои тозаи ориёйи мисли бадахшихову ягнобихо дорем.»
Агар танхо ин ду махал «ориёйи» бокй мондаанд, бо такя ба чи мантике Бурхонов дар чумлаи каблй иддаъо мекунад, ки «мо ориёйием»? Оё манзури у аз “мо” точикони факат хамин ду махал аст? Ва кй итминон додааст, ки хуни онхо хам бо хуне дигар дарнаомехтааст? Ва агар омехта бошад, оё бояд мафхуми «Точикистон»-ро зери суол бурд? Яъне «Точикистон» як мафхуми хунист ва хонаи факат ононест, ки «хуни ориёйи» доранд? Таклифи мардуми махалхои дигар чй мешавад? Онхо кучо хона ёбанд? Онхо аслан аз кучо омадаанд, ки ба он чо бираванд?
Идомаи ин тарзи дид метавонад анчоми вайронгар ва маргборе дошта бошад. Маколаи Сафват Бурхонов ба хубй собит кардааст, ки махалгаройи як бемории мудхиш аст ва танхо чораи кор решакан кардани махалгаройист.
Бурхонов миёни мафхумхои «махал» ва «миллат» тафовут намегузорад. Харгиз махалгаройи мучиби хифзи миллате нашудааст. Точикон ё порсихо замоне миллати азиме буданд, аммо бо табари махалгаройи пора-пора шуданд ва андозаи кучаки кишвари Точикистон, ки акнун руи накша ба зур меёбем, хосили махалгаройихост. Идомаи бовар ба махалгаройи метавонад онро кучактар хам бикунад. Пас махалгаройи на начот, балки мамоти миллат аст.
5 comments:
Оқои Бурҳонов худ бо ин ҳарфҳо ҳаққи тоҷик номидани худро ҳам надоранд. Шояд барояшон маҳалгароӣ наҷот аст ва тавонистанд дар ҳукумат курсии хубе пайдо кунанд.
Дар вокеъ, точикон ба душмани берунй ниёз надоранд. Дар хамон дарун ин хама "назарияпардоз" бо дашнае дар багал камин гирифтаанд, ки гулуи миллатро ба тамом пора кунанд.
Фикр мекнуам, агар нашрияхо намехоханд, ки дар оянда боиси шикастхои бештари миллат ва кишвар шаванд, бояд аз чопи ин гуна матолиби рухияи махалгарои дошта худдори варзанд. Нашрияхо набояд таваччухи якрузаи 2-3 хонандаашонро ба ин гуна навиштахои “хонданибоб”-ро аз манофеъи милли боло бигзоранд.
Ин Бурхонов гузин аст ва уро набояд чидди пазируфт.
Шояд дагалтар, вале мушаххас!
Беноми гиромй. Комилан дуруст фармудед. Аммо шумори гузинхои матбуъотй ру ба афзоиш аст ва аз инфичори гозолуди махалгаройи фазои матбуъот ва кишвар олуда шуда ва ёрои нафас кашидан нест. Бояд ба гунае онхоро духт.
Post a Comment